Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НАҚШИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ЭЪМОРИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ

НАҚШИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ЭЪМОРИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ

15-02-2022, 07:32
Хабарро хонданд: 387 нафар
Назарҳо: 0
НАҚШИ ЗАНОНУ БОНУВОН ДАР ЭЪМОРИ ҶОМЕАИ ДЕМОКРАТӢ




АНДЕША. Дар Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олии мамлакат Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши занону бонувонро дар эъмори ҷомеаи демократӣ ва дунявӣ хеле бузург номиданд, ки ин боиси руҳбаландии мо занон гардид. Эътирофи нақши занону бонувон дар эъмори ҷомеаи навини Тоҷикистон аз ҷониби Пешвои миллат мо занону бонувонро вазифадор месозад, ки боз хубтару беҳтар кору фаъолият намуда, сазовори боварии Пешвои миллат бошем.
Занону модарони тоҷик дар ҷанги шаҳрвандии солҳои 1990-ум дар он лаҳзаҳои бениҳоят ҳасос оқилона рафтор карда, барои аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик, расидан ба ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот хизмати шоиста кардаанд. Яъне, дар барқарор намудани сулҳ ва таҳкими ваҳдати миллии тоҷикон ҳиссаи модарон, занон, хоҳарон ва духтарон бениҳоят зиёд аст.
Ҳоло бошад занону бонувон дар баробари фаъолият дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, хизмати давлатӣ, кишоварзӣ ва саноат, инчунин дар соҳаҳои нақлиёт, энергетика, алоқа, сохтмону меъморӣ, бонкдорӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқу тартибот ва дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар низ софдилона заҳмат кашида истодаанд. Ба ҷо овардани эҳтироми модарону занон ва бонувону духтарон, саъю талош ба хотири ҳалли мушкилоти онҳо ва фароҳам овардани шароит барои илму донишомӯзӣ ва соҳиби касбу ҳунар гардидани духтарон вазифаи ҷонии мо мебошад, гуфтанд Пешвои миллат зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олии мамлакат.
Маҳз бо дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар барои духтарони ноҳияҳои дурдасти кӯҳистон квотаи президентӣ таъсис дода шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолӣ 11500 нафар духтарон мактабҳои олии кишварро хатм карданд. Ман яке аз ин духтарони хушбахти даврони соҳибистиқлолам, ки бо квотаи Президентӣ мактаби олии кишварро хатм кардаам. Соли 2009 баъди хатми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23-и ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино дохил шуда, онро соли 2015 бо ихтисоси кори табобатӣ хатм кардам. Аз соли 2015 инҷониб духтури тибби оилавӣ дар Кумаки аввалияи тиббию санитарии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ фаъолият менамоям. Ман худро аз ҷумлаи бонувони хушбахт меҳисобам, ки маҳз бо квотаи Президентӣ донишгоҳро хатм карда, ҳоло баҳри ҳифзи солимии сокинон хизмат карда истодаам.
Тарбияи фарзанди солим, бо маърифату соҳибмаърифат, ватандӯсту ватанпарвар ва бонангу номус вазифаи муҳими мо модарон мебошд.
Модар нахустин мураббии фарзанд буда, фарзандонро дар мактаби оила ба камол мерасонад. Аз ин лиҳоз, оила макони тарбияи камолоти маънавию ҷисмонии фарзанд аст. Модар фарзанди худро тавре ба камол расонад, ки ба гуфтани халқ ба боғи падар табдил ёбад.
Ҳар як мамлакатро танҳо фарзанди баору номус, худогоҳу худшинос ва донишманду соҳибмаърифат обод карда метавонад. Аз ин лиҳоз, рисолати падару модар ва оила дар рушди миллат ва пешрафти давлат хеле бузург аст.
Ҳоло сатҳу сифати ташхису табобати беморон нисбат ба солҳои пеш хеле беҳтар гардида, барои ташхису табобат ба кишварҳои хориҷӣ рафтани шаҳрвандон хеле кам шудааст. Дар Паёми имсола Пешвои миллат масъулони соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро вазифадор карданд, ки бо мақсади ташвиқи тарзи ҳаёти солим, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва беҳтар гардидани сифати кумакрасониҳои тиббию иҷтимоӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ заминаи моддию техникии муассисаҳои тиббию иҷтимоиро ҷоннок намуда, доир ба дастгирии мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани сатҳи касбияти кормандони соҳа дар самти таъмин кардани рушди саноати доруворӣ ва гиёҳҳои шифобахши ватанӣ тадбирҳои мушаххас меандешанд.
Мо табибони Маркази тибби оилавии Кумаки аввалияи тиббӣ санитарии ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо дарки эҳсоси масъулият кӯшиш менамоем, ки дар асоси дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат фаъолиятамонро баҳри ҳифзи солимии сокинон тақвият бахшида, бояд ҳамеша босабру таҳаммул бошем, ҳамдигарро дастгирӣ кунем, бо ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоат ғамхорӣ намоем. Ватанамонро сидқан дӯст дорем ва фарзандонамонро дар ҳамин руҳия тарбия намоем.
Ҳанифаи Сайдаҳмад, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: