Дар Анҷумани ХХ ПК Иттиҳоди Шӯравӣ роҳбари давлати Шўроҳо Никита Сергеевич Хрушёв дар маърўзааш Сталинро ҳамчун шахспараст ва хиёнаткори Ватан эълон кард. Баъди ин, сиёсатмадорони иддае аз мамлакатҳои ғарб идао мекарданд, ки ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, тавассути Амрико ба даст омадааст. Ин овоза як андоза роҳбарони Иттиҳоди Шўравиро ба ташвиш овард. Баъди он, ки Хрушёв аз сари ҳокимият барканор шуд (1964), таблиғотчиёни шӯравӣ муддао карданд, ки ҳақиқати Ҷанги Бузурги Ватанӣ бояд ба ҷаҳониён ошкор гардад. Ҳамин тавр,филмномаи “Озодшавӣ” рӯи навор омад.
“Озодшавӣ” яке аз калонтарин ва гаронмоятарин филмномаи таърихӣ – ҳарбӣ дар замони худ дониста мешуд. Дар сабт ва таҳияи филми мазкур - Иттиҳоди Шӯравӣ, Югославия, Италия, Полша ва Олмон иштирок намудаанд.
Коргардони филм Юрий Озеров буда, муаллифонии филмнома Юрий Бондарев, Оскар Курганов ва Юрий Озеров мебошанд. Игор Слабневич онро наворбардорӣ ва Юрий Левитин ба филм оҳанг бастааст. Давомнокии он 445 дақиқа буда, аз панҷ серия иборат аст ва дар давоми 4 сол (1967-1971) сабт ва таҳия гардидааст. Нақшҳои марказиро дар филми мазкур ҳунармандони машҳури Иттиҳоди Шӯравӣ, Италия, Олмон, Руминия, Полша ва Югославия бозӣ кардаанд.
Дар таҳияи филмномаи мазкур ашхосе ҷалб шуда буданд, ки ҳодисоту воқеоти ҷанг, набардҳои мудҳишу хунини онро бо чашми худ дида буданд.
Имрўз, дар офаридани филмҳои бадеӣ, силсилафилмҳо ва филмҳои ҳуҷҷатӣ маблағи зиёд харҷ мешавад. Дар замони муосир филмҳое ҳастанд, ки дар сабт ва таҳияи онҳо то 300 миллион доллари амрикоӣ масраф гардидааст. Филмҳои “Роҳзанҳои баҳри Кариб” (317 млн.), “Ҷангҳои кайҳонӣ” (275 млн), “Бозгашти Супермен (” 270 млн), “Қасос“ (240 млн) ва боз даҳҳо филмномаҳои дигаре ҳастанд, ки серхарҷанд ва айни замон харидорону ҳаводорони зиёди худро доранд. Аммо маблағе, ки дар филмномаи “Озодшавӣ” дар замони худ масраф гардида буд, пушти парда монд ва то имрӯз сарфи мояи онро касе намедонад.
Чуноне гуфтем, филми мазкур дастаҷамъӣ буда, дар ҳамкорӣ бо филмофарони дигар давлатҳо сабт гардидааст. Мебоист давлатҳои ҳамкор дар сабт ва таҳияи филм аз ҷиҳати иқтисодӣ саҳм мегузоштанд, аммо мутаассифона ин тавр нашуд, балки 80 дар сади маблағи масрафшуда аз ҳисоби Иттиҳоди Шӯравӣ буд.
Онҳое, ки ин филмро дидаанд, эҳсос кардаанд, ки дар саҳнаҳои он лавозимоти ниҳоят калони ҳарбӣ, тупу аслиҳа, танку автомобилҳо, моддаҳои тарканда (пиротехника) ва реквезиту бутафорҳои ниҳоят зиёд истифода шудаанд, ки қиммати ниҳоят гарон доштанд.
Дар солҳои 60-70 асри гузашта, дар таҳияи филмҳо ороишоти компютерӣ вуҷуд надошт ва тамоми лаҳзаҳои сабт шуда ё бо бутафор ва ё бо ашёҳои аслӣ сабт мегардиданд. Дар филми “Озодшавӣ” лаҳзаҳои ҷангӣ қариб, ки бо техника ва ё ашёҳои ҳақиқии ҳарбӣ сабт гардидаанд. Масалан барои инъикоси муҳорибаи Курск дар майдони сабт 150 танки ҷангӣ ва 3000 ҳазор аскар иштирок намудааст.
Ба ҳар иштирокчӣ либосҳои ҳарбӣ мувофиқ ба қаду баст ва дараҷаи хизматиашон дӯзондаанд. Барои офарандаи нақши Сталин дўзандаи шахсии ӯ, Наум Матусов либосҳои ҳарбӣ дӯхт. Инчунин барои намояндагони тамоми мамлакатҳои дар ҷанг иштирок дошта, либосҳои ҳарбӣ мувофиқ ба рутбаи онҳо (чина) дӯхта шуданд.
Дар филм мушкилоти назаррасе, ки ба таҳиягарони он монеа овард, набудани танкҳои номии немисии тамғаи “Паланг”, “Пантера”, “Фердинанд” буд, зеро ин танкҳоро ботамом нест карда буданд ва онҳоро дар Олмон пайдо карда натавонистанд. Аз ин рӯ ба танкҳои Т-34 шўравӣ қолаби (бутафор) танкҳои олмониро васл карда, ба онҳо салиби фашистӣ кашиданд ва дар филм чун танкҳои номӣ ва ҳақиқии фашистӣ ба назар мерасанд. Инчунин, дар сабти филмномаи мазкур қариб 120 ҳавопаймо, 170 автомобилҳои тамғаҳои гуногун ва киштиҳо истифода шудаанд.
Онҳое, ки филми “Озодшави”-ро дидаанд медонанд, ки филми якуми он “Хати оташ” ном дошта, аз муҳорибаи Курск (1943 ) оғоз мешавад. Барои чӣ солҳои аввали ҷанг нишон дода намешаванд?
Юрий Озеров аз ҷониби КМ ПК Иттиҳоди Шӯравӣ супориш гирифта буд, ки давраи шикастхӯрии давлати Шӯроҳо нишон дода нашавад ва коммунистҳо ин айёмро барои худ ҳамчун таҳқир медонистанд.
Сабти муҳорибаи Курск барои коргардони филм Юрий Озеров якчанд мушкилотро пеш овард. Мебоист, сабт дар Украина, дар атрофи шаҳри Переяслав-Хмелинский, наздикиҳои Киев баргузор мегардид. Аммо аз тарафи ҳукумати Украина барои сабт иҷозатнома дода нашуд, зеро дар майдони интихобшуда то ҳанӯз аз давраи ҷанг минаву снарядҳо боқӣ монда буданд ва хатари таркидани онҳо аз эҳтимол дур набуд. Аз ин рӯ, дигар мавзеи ба мазмуни сенария мувофиқ бударо интихоб намуданд ва сабт ба хуби анҷом пазируфт.
Ҳамин тариқ, сабти филми якум соли 1968 ба итмом расид ва он аз тарафи генерал Сергей Штеменко ба хуби қабул шуд. Сергей Штеменко танҳо ба ду лаҳзаи он, яке лаҳзаи ишқварзии лейтенант Василий дар танк ва ба лаҳзаи инъикоси образи худи Штеменко дар филм эрод гирифт. Генерал Штеменко ба Озеров фаҳмонд, ки дар он давра ў рутбаи баландтаре дошт ва дар як ситораи дигар намерасад, инчунин, ордену медалҳояш зиёдтар буданд. Дар ҷавоб Борис Озеров ба ӯ фаҳмонд, ки тамоми ҳуҷҷатҳо аз Хазинаи марказии ҳарбӣ гирифта шудаанд ва филм аз рӯи ҳамин ҳуҷҷатҳои таърихии дар хазина маҳфуз буда сабт гардидааст. Ин ҷавоб генералро қонеъ гардонд ва дигар чизе нагуфт.
Дуюмин шуда, филмро маршал Андрей Гречко ва генерали артиш Алексей Епишев тамошо карданд. Филм ба онҳо тамоман маъқул нашуд ва ҳар ду бо қовоқҳои овезон чизе нагуфта, баромада рафтанд. Тӯли як сол филм ба гӯшаи фаромўшӣ рафт.
Тобистони соли 1969 коргардон қисми дуюми филм «Рахнаро» ба итмом расонд ва ҳар ду филм якбора ба марази тамошо гузошта шуданд. Охири соли 1970 ва аввали соли 1971 қисми сеюми филм - «Самти асосии зарба “ ба итмом расид ва то охири соли 1971 қисмҳои хотимавии филмнома - «Муҳориба барои Берлин» ва «Иҳотаи охирин» сабт гардиданд.Дар филми мазкур зиёда аз 51 симоҳои ҳақиқии таърихӣ нишон дода шудаанд, ки ҳангоми сабти филм қисми зиёди онҳо дар қайди ҳаёт буданд. Дар он давра гурӯҳе аз онҳо мансабҳои баланди давлатӣ доштанд ва ин барои офарандагон гаронии зиёд меовард, зеро бисёре аз онҳо дар ниҳод эҳсоси таккабурӣ ва худхоҳӣ дошта, барои як ҷузъиёти ночизе хурдагирӣ мекарданд. Ин когардонро маҷбур мекард, ки барои истифодаи обарази онҳо дар филм бо ҳар кадоме аз онҳо аз наздик суҳбат карда, маслиҳат пурсад.
Яке аз симоҳои асосии филм Иосиф Виссарионович Сталин мебошад ва барои офаридани ин образ ҳунарманди гурҷӣ Бухутӣ Закариадзе даъват карда шуд. Дар байни филмофарон ва санъатшиносон чунин ақидае ҳаст, ки образи Сталин аз ҷониби Закариадзе чунон моҳирона офарида шудааст, ки кас гумон мекунад, ки ӯ Сталини ҳақиқӣ аст. Дар ҳақиқат, Бухути Закариадзе ҳунарманди асил ва истеъдоди баланди нақшофарӣ дошт. Симои ӯ пеш аз ҳама ба Сталин шабоҳати беандоза наздик дошт ва коргардон дар инихоби ин ҳунарманд хато накарда буд. Бинанда ин образро хуб қабул мекунад, зеро чеҳра, ҳаракат, нигоҳ, овоз ва дигар таҳрикоти образофарии Бухути Закариадзе таваҷҷуҳи бинандаро ба худ чалб мекунад.
Нақши Георгий Константинович Жуковро ҳунарманди шинохтаи Россия Михаил Улянов бо маҳорати хеле баланд офаридааст. Жуков бисёр мехост коршиноси филм шавад, аммо ӯро ба ин кор вогузор накарданд. Аммо ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ӯ ҳангоми сабти филм ба Юрий Озеров пайваста ҳамкорӣ мекард. Ин кораш ба вазири мудофиаи Иттиҳоди Шўравӣ Андрей Гречко, Алексей Епишев, Сергей Штеменко маъқул набуд ва онҳо пайваста кўшиш мекарданд, ки ба ӯ халал расонанд Аммо нақши Жуков аз ҷониби Михаил Улянов хеле самимӣ ва бо маҳорати баланд офарида шуд. Баъди офаридани ин нақш Михаил Улянов шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард ва ҳамчун “Жуков” машҳур шуд. Гарчанде, ки Улянов ба Константин Жуков зиёд монандӣ надошт, аммо дар оянда ӯро боз дар чанд филмҳои ба мавзӯи ҷанг бахшида шуда, даъват карданд ва нақши Жуковро бозид.
Дигар образи хотирмоне, ки дар филмномаи “Озодшавӣ” дида мешавад, ин нақши генерали хоин ва лаънатшуда Андрей Власов мебошад. Бори аввал дар таърихи кинои Шӯравӣ ба Юрий Озеров иҷозат доданд, ки симои хоини ватан, генерал лейтенент Андрей Власовро бо пинҳон доштани номаш нишон диҳад. Дар филм суҳбати Власов бо писари Сталин Яков Ҷугашвилӣ дар лагери Заксенхаузен нишон дода мешавад. Иҷозат набуд, ки номи Власов ба забон оварда шавад ва дар филм генерал гуфта, Яков Ҷугашвилӣ ба ў муроҷиат мекунад. Ин нақшро ҳунарманди театр аз Қазоқистон Юрий Померансев бозӣ намуд. Баъди иҷрои нақши Власов коргардон Озеров ба ӯ гуфт: “Юрий Борисович агар накши худатонро дар филм пайдо карда натавонистед хафа нашавед. Гумон мекунам, ки ин эпизоди бозидаи шуморо мебуранд. Мо ҳатто барои пайдо кардани сурати Власов аз хазинаи ВКД хеле азият кашидем”. Аммо баръакси гуфтаҳои Озеров ин эпизод бурида нашуд.
Барои пайдо кардани нақши Адолф Гитлер Юрий Озеров рӯ ба ҳунармандони олмоние овард, ки пештар ин образро дар театр ва кино иҷро карда буданд. Барои иҷрои ин нақш ҳунарманди киностудияи ДЕФА Фрис Дис интихоб гардид. Образи Гитлерро ӯ якчанд маротиба дар саҳнаҳои театр ва кино бозида буд ва тамоми паҳлуҳои хислат ва рафтори ин образро медонист. Маҳз ҳамин буд, ки образи мазкур аз тарафи ӯ дар филм ҷолиб ва хеле моҳирона офарида шудааст.
Дигар образҳои шахсиятҳои таърихиро ҳунармандони шинохтаи саҳнаи синамо иҷро кардаанд. Нақши Уинстон Черчилро Ҳунарманди халқии СССР Юрий Дуров ва образи маршал Коневро Василий Шукшин бозӣ намудааст. Ҳунарманди итолиёвӣ Иво Гарранӣ нақши Бенито Муссолиниро иҷро кард.
Дар филм ҳунармандони зиёди хориҷӣ Ханно Хассе, Зигфрид Вайс, Петер Штурм, Герд-Михаэл Хеннеберг, Барбара Брилска, Даниэл Олбрихский, Франсишек Печка, Игнасий Маховский, Адам Пежик, Станислав Микулский ва боз чандин нафарони дигар нақшҳои мухталиф офаридаанд.
Филмномаи “Озодшавӣ” умри зиёда аз 50 сола дорад ва то ҳанӯз аз ҷониби тамошобинони сину соли гуногун ҳамчун дастури таърихӣ, бадеӣ ва ҳуҷҷатӣ дониста мешавад. Чунин филмномаи таърихӣ ва дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшидашударо то ҳанӯз филмофарони дунёӣ дигар рӯи навор оварда натавонистанд.
Тағоймуроди Орифӣ