Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » АЗ САДДОМ ҲУСЕЙН ТО ЛУКАШЕНКО

АЗ САДДОМ ҲУСЕЙН ТО ЛУКАШЕНКО

27-08-2020, 11:26
Хабарро хонданд: 261 нафар
Назарҳо: 0
АЗ САДДОМ ҲУСЕЙН ТО ЛУКАШЕНКО АЗ САДДОМ ҲУСЕЙН ТО ЛУКАШЕНКО
Чанд рӯзи охир расонаҳои иттилоотӣ аз суҳбатҳои В. Путин – Президенти Федератсияи Русия бо Садри аъзами Олмон Ангела Меркел ва раиси Шӯрои аврупоӣ Шарл Мишел гузориш медиҳанд. Расонаҳо таъкид менамоянд, ки суҳбатҳои телефонӣ перомуни вазъияти печидаи Белорусия, дахолати хориҷӣ дар умури давлатдории ин кишвар ва дасти давлатҳои аврупоӣ дар таҳрики мухолифини давлати Лукашенко мебошанд.
Ин таҳаввулот замоне пеш омад, ки иддае аз мардуми норозӣ аз натиҷаи интихоботи 9 август ба кӯчаҳо баромада, даст ба бетартибиҳои оммавӣ заданд. Коргарони корхонаҳои азими истеҳсолӣ, конҳои маъдани зеризаминӣ ва дигар ашхоси норизо дастаҷамъона корпартоӣ намуда, талаби аз мақом барканор шудани Президенти Белорусия Александр Лукашенко намуданд.
Сарони кишварҳои аврупоӣ бошанд, расман ҷонибдории худро аз муътаризон эълон намуда, ба кӯчаҳо баромадану даст ба корпартоиҳои оммавӣ задани мардумро ҳаққи қонунии аҳолӣ дониста, иттиҳомро болои Лукашенко мезананд, ки «ӯ диктатор асту аз тариқи мақомоти интизомӣ болои эътирозгарон таарруз намуда, онҳо ва пайвандону наздикони мардумро азият мекунад». Вале ҳам ҳукумати Белорус ва ҳам вазорату идораҳои интизомӣ ин иддаои аврупоиёнро рад намуда, дар бештари эътирозҳо мақомоти интизомӣ таъминкунандаи амнияти эътирозгарон ва нозири тартиботи ҷамъиятӣ дар ҷодаву хиёбонҳо ва майдонҳои марказӣ будаанд.
Таҳлилҳои муқоисавии воқеаҳои сиёсии ҷаҳон ва махсусан таҳаввулоти геополитикии 20 соли охири сайёра нишон медиҳад, ки ташкили эътирозҳои оммавӣ, ба кӯчаҳо баровардани мардум, таҳрикот оид ба корпартоиҳои оммавӣ ва ташкили флешмобҳои эътирозӣ аз қабили чорабиниҳои терҳрезишудае мебошанд, ки моҳҳо ва солҳо қабл тарроҳи гардида, дар марҳилаи ҳассосу лозимӣ рӯи кор оварда мешаванд.
Агар ба таҷрибаҳо назар намоем, то имрӯз даҳҳо давлати сайёраро медонем, ки маҳз бо ташкили чунин эътирозҳои оммавӣ аз байн рафтаву ҷойи онҳоро ҳукуматҳои дастнишонда гирифтааст. Барои намуна кишварҳои Ироқ, Сурия, Либия, Яман, Гурҷистон ва Украина аз барҷастатарин намунаҳое мебошанд, маҳз ташкили эътирозҳо амнияту оромии ин давлатҳоро ба тамом аз байн бурдаанд ва дар ҳамаи ин маъракаҳо Амрико ва кишварҳои аврупоӣ аз асоситарин неруҳои таҳрикбахш ва ташкилкунанда буданд.
Маҳз ҳамин неруҳо бо тавтеаву таҳрики оммаи халқ Саддом Ҳусейнро ба дор овехтаву кишвари Ироқро бо он ҳама иқтидору сарвату сармояааш дар банди оташу ҷангу хун гузоштанд. Куҷост демократияи ваъдагии Амрико? Куҷост озодиҳои матбуотии Амрико? Куҷост санъату мусиқию фарҳанги Аврупо? Куҷо шуд корхонаву истеҳсолоту дунёи наве, ки Амрико ба ироқиён ваъда намудаву мардумро ба майдонҳо баровард??? Имрӯз Ироқ ба 3 қисмат ҷудо шудаву чоҳҳои нафти ӯро бегонагон, махсусан, амрикоиҳову туркони урдуғонӣ ғорат мекунанд. Ҳар рӯз дар ҷодаҳои Ироқ таркишу оташу хун аст. Ҳар рӯз дар фазои Ироқ паҳподҳои бегона гашту гузор намуда, ракетаҳои ношинос ин ё он нуқтаро ҳадаф қарор медиҳанд. Ҳатто ягона макони амн, ки ҳукуматҳои пасосаддомӣ барои худ дар маркази Бағдод бо номи «нуқтаи сабз» бунёд карданд, як соли охир дар тирраси рокетҳо қарор гирифтааст. Яъне мардуми Ироқ фирефта шудаву бар алайҳи давлати ягонаи худ иқдом намуданд ва дар посух ҷуз оташу хун ва қашшоқию мусибат чизе надиданд. Имрӯз Ироқ ба майдони рақобатҳои низомии Амрикову Эрон ва Туркия мубаддал шудааст. Ироқиҳо кушта мегарданд, ватанашон хароб мешавад, то дар Амрикову Эрон роҳбарон хушнуд шаванд. Пас ҳамин аст демократияву озодӣ?
Аҳволи Сурия низ ба ҳама маълум аст. Курдҳо як самт ҳаракат доранду сунниҳо самти дигар. Асад бошад, бо низоми мазҳабияш дар ҳалқаи ду қударти низомии дигар мондааст: яксӯ ҳарбиёни Русия кошолааш мекунанду як су сипоҳи посдорони Эрон. Сиёсати ягонаи суриёнӣ бо баҳонаи мубориза бар зидди ДИИШ аз байн рафтааст. Зарари молиявии Сурия беш аз триллион доллар аст. Шаҳрҳои зебову барҳаво, корхонаҳои истеҳсолӣ, бозору мағозаву дукон ва боғу гулгаштҳои ин кишвар комилан аз байн рафтаанд. Сурия бо иқтидори иқтисодие, ки дар ихтиёр ба кишварҳои аврупоӣ нафт содир менамуду моли абрешимини Сурия дар бозорҳои азими туркия харидорони байналмилалӣ дошт. Чину Куриё ва Малайзияву Зеландия аз Сурия нафт мехариданду нақлиёт. Имрӯз бошад, Сурия ҳатто имкони таъмини сӯзишвории артиши худро надорад.
Либия низ аз бузургтарин кишвари иқтисодӣ ба давлати қашшоқу фалаҷ мубаддал шудааст. Амрико ва аврупоиён бо баҳонаи демократия низоми Қаззофиро аз байн бурданд ва Қаззофиро як тӯдаи аблаҳ зери мушту лагад куштанд. Вале имрӯз Либия ба ду қисм ҷудо шудаву аз кишварҳои ҳамсоя вобаста шудааст. Муаммар Қаззофӣ ин кишвари қабиланишинро, ки зери султаи Туркияи усмонӣ ва Италияи мусаллинӣ қарор дошт, ба як давлати мутараққӣ мубаддал намудаву охирин либиёию туркро аз кишвар берун кард ва давлатро дар ихтиёри либиёиён қарор дод. Дар ин кишвар боғча, мактаб ва донишгоҳ комилан ройгон, стипендияи донишҷӯён 50 доллари амрикоӣ буд. Дармонгоҳ ва табобатгоҳҳо комилан ройгон ва истироҳатгоҳҳо барои кормандони буҷавӣ ройгон. Таҳсил дар хориҷа бо сарпарастии давлат. Барои ҳар як навхонадор аз 15 то 25 ҳазор доллар маблағ. Тиҷорат озод ва кишту кори зироат аз андозҳо комилан озод буд. Ин навъ кишваре, ки асолати миллӣ дошт бо тавтеаи аврупоиҳо аз байн рафт. Мардуми Либия хору залил шуд, гурезаву овора гардид. Имрӯз касе аз кишварҳои аврупоӣ ва ё хориҷӣ аҳолии Либияро ба таври ройгон нон медиҳад? Паноҳгоҳи амн медиҳад? Асло!!! Имрӯз либиёиҳо дар давлатҳои аврупоӣ таҳти унвонӣ гуреза ба сар мебаранд ва барои зинда мондан моҳона чанд суме пул мегиранд ва ё рӯзона як гамбургер. Аммо нафти Либия ҳар рӯз бо танкерҳо аз хоки ин кишвар хориҷ мешавад ва ба давлатҳои номаълум меравад. Пас бояд инро фикр кард, ки мардум аз чи рӯз ба чи ҳолате гирифтор шудаанд.
Дар Украинаву Гурҷистон низ мардум фирефтаи хориҷиён шуда, кишвари худро торумор намуда, сарватҳои арзию иқтисодии худро аз байн бурданд. Имрӯз бошад, ақрабаки сиёсатмаобон болои Белорусия рост шудаву мардуми ин давлати зебову ободро бар зидди ҳукумати худ ба шӯр овардаанд. Ин кишваре, ки иқтисоди мутараққӣ ва корхонаву коргоҳҳои муосир дорад. То ин тавтеаҳо дар ҷодаҳои Белорусия мардуми бекор дучор намеомад. Корхонаҳо дар се баст фаъолият намуда, то ҳол колхозу савхозҳо фаъолият менамоянд ва мардум сармояву рӯзгори худро пайдо менамоянд. Пас чи ниёз аст ба майдоннишинию корпартоӣ? Маълум мешавад, ки тавтеаи бегонагон мардумро аз худ бехуд намудаву чун Либияву Ироқ хоҳони ба даст овардани сарвати Белорусия мебошанд. Дар воқеъ сарвати Белорусия маблағи азим аст. Танҳо хароҷоти буҷети солонаи давлат беш аз 60 миллиард доларро ташкил медиҳад. Маҳсулоти белорусӣ дар бозорҳои Русия, Украина, Гурҷистон, Полша ва дигар давлатҳои аврупоӣ харидор доранд. Бозори истеъмолии Русия вобастаи маҳсулоти Белорус аст. Яъне давлат аст, низом аст ва кишвари соҳибистиқлол аст.
Хулоса чунин аст, ки Лукашенко, бо вижагиҳои сиёсӣ ва низоми миллии идоракунӣ, ки манфиатҳои миллати худро аз тамоми бозиҳои минтақавӣ авло гузошта, боиси ранҷиши иддае аз сиёсатбозони ҷаҳонӣ шудааст. Маҳз ин режимҳои ҷаҳон, хостори сарнагунии ин шахсияти содиқу созанда мебошанд. Зеро ӯ тӯли ҳукуматдории худ, боре ҳам иҷозат надод, ки Ватани ӯ помоли бегона бошад ва кишвари ӯ бар зидди ин ё он давлат истифода шавад. Дар воқеъ, Лукашенко қаҳрамони кишвари худ ва сарнагунии он сарнагунии Белорусия мебошад.

Саъдӣ МАҲДӣ,
декани факултети журналистикаи ДМТ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: