Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ КОҒАЗ

НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ КОҒАЗ

22-05-2020, 08:59
Хабарро хонданд: 325 нафар
Назарҳо: 0
 НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ КОҒАЗ
Таърихи тамаддун ҳангоме шурӯъ шуд, ки инсон он чизеро эҳсос мекард, медид ва ё дар зеҳни худ ҳифз менамуд, аз тариқи расонаҳо ё маҳмилҳои физикӣ мехост онро ба дигарон интиқол диҳад. Ба он маъно, ки инсон пас аз пайдоиши хат тавонист он чиро қаблан ба таври шифоҳӣ ва ҳофизаи маҳдуди худ ба наслҳои баъдӣ интиқол медод, ба шакли нома ва ё мактуб ба онҳо бирасонад. Шурӯъ аз он замон инсон бо роҳи ба коргирии навъҳои расонаҳои иттилоотӣ, ба монанди лавҳаҳои сангӣ ва гилӣ, папирус, пӯсти ҳайвонот ва коғаз ҳаҷми азимеро аз манбаҳои иттилоотӣ ҷамъоварӣ намуд.
Инсоният хатро дар рӯи санг, филиз, гил, чӯб, папирус, чарм сабт мекард. Яке аз беҳтарин расонаҳое, ки инсон тавонист барои сабту забти дониши худ аз он истифода намояд, коғаз буд. Ин васила ба далели қобилиятҳо ва вижагиҳои хоси он аз қарни дувуми мелодӣ то кунун нақши муҳиме дар китоб ва китобат доштааст ва яке аз аносири физикии муҳим барои ифшои дониш дар сатҳи ҷаҳон маҳсуб мешавад.
Коғаз нисбат ба дигар воситаҳои қаблӣ фаровонтару арзонтар буд. Ба ҳамин далел, муҳимтарин элементҳои китоб аз монополияи дарбориён, рӯҳониён ва табақаҳои баргузида хориҷ гардид ва дар ихтиёри мардум қарор гирифт. Ин масъала сабаб шуд, то китоб низ фаровонтар ва арзонтар гардад. Алҳол, яъне дар қарни XXI бо вуҷуди рушди назарраси расонаҳои электронӣ, ҳамоно коғаз муҳимтарин воситаи навишторӣ ва ифшои иттилоот дар сатҳи ҷаҳон аст ва гумон аст, ки дар ояндаи наздик он аҳамияти зиёда аз 1800-солаи худро аз даст диҳад.
Пайдоиши коғаз яке аз падидаҳои муҳим дар ҳаёти инсоният мебошад, ки он ба мисли дигар масолеҳи навиштори таърихи тӯлонӣ дошта, пайдоиши онро Н. П. Лихачёв чунин навиштааст: «Аз рӯи нигоришҳои таърихӣ оварда шудааст, ки коғаз саддаи II мелодӣ аз ҷониби яке аз ихтироъкорони Чин Чай Лун ба вуҷуд оварда шудааст. Солноманависи чинӣ инро ба инобат гирифтааст, аммо гуфтаҳои онҳо ба якдигар начандон мувофиқанд. Чунки ривоятҳои овардашуда аз рӯи сол хеле фарқ доранд. Яке соли 95, дигаре соли 105, сеюмин соли 153- и мелодӣ мебошад, ки байни ин солҳо қариб шаст сол фарқият вуҷуд дорад. Солноманависе чунин овардааст, ки «Чай Лун соли 105 ба императтори Чин тарзи омода намудани коғазро аз зағирпоя, канаб, пӯсти дарахти лиф, латапора, бамбук ва пахол ёфта буд». Н. П. Лихачёв аз ин ривоёту далелҳо ба хулосае меояд, ки Чай Лун эҳтимол ба Туркистони Шарқӣ омада, ба касбу кори намадмолии мардумони ин кишвар шинос шуда бошад, чун тарзи намадмолӣ заррае талқину ангезиши пайдоиши коғаз мебошад. Аз ҳамин лиҳоз олими рус ватани аз латапораҳо тайёр кардани коғазро дар Туркистони Шарқӣ меҳисобад. НИГОҲЕ БА ТАЪРИХИ ПАЙДОИШИ КОҒАЗ
Ҳанӯз соли 650 мелодӣ дар шаҳри бостонии Самарқанд аз коғаз истифода бурдаанд. Вале коғази истифодашуда дар куҷо истеҳсолшуданаш маълум набуд. Дар боби коғази истеҳсоли Самарқанд ривоятҳои эътимоднок мавҷуданд. Ин ривоятҳо чунинанд: Дар Чин тарзи омода намудани коғазро сирру асрори махфии давлатӣ медонистанд. Онҳо намехостанд, ки ихтирои коғаз ба дигар кишварҳо паҳн гардад. Соли 751 лашкари чинӣ аз дарёи Тироз гузошта, ба шаҳри Ҷамбул наздик мешавад. Ҳокими онвақтаи Самарқанд- Абулмуслим сипоҳи худро барои муҳофизати қаламраваш мефиристонад. Дар байни онҳо задухӯрди сахте сурат мегирад, дар натиҷа 20 ҳазор сарбози чинӣ асир меафтанд. Дар байни асирон чандин нафар косибон, ҳунармандон, аз ҷумла устоҳои коғазгар низ будаанд. Онҳо барои ҳифзи ҷони худ ин ҳунарро ба суғдиён ошкор менамоянд. Ҳамин тавр санъати коғазгарӣ дар Самарқанд густариш меёбад ва шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо мекунад. Коғази самарқандиро тоҷирон ба арабу форс, Ҳинд ва Хоразм мебурданд. Чунончи миқдори зиёди дастхатҳои порсию арабии асри IX-X дар коғази самарқандӣ иншо шудаанд.
Бинобар ривоятҳои таърихӣ, иддае аз санъатгарони чинӣ, ки дар соли 750 мелодӣ дар канораи рудхонаи Тироз ба асорати Зиёд ибни Солеҳ сардори мусалмонон даромаданд, коғазсозиро ба самарқандиён омӯхтанд. Кам-кам ин санъат дар он ҷо равнақ ёфт ва коғази Самарқанд мояи тиҷоратӣ барои мардуми Самарқанд ва аз колоҳои машҳур ва мунҳасир маъруф гардид, ки тавлиди он бисёр ва ба ҳама кишварҳои ҷаҳон содир мешуд. То поёни қарни X мелодӣ коғази самарқандӣ дар кишварҳои исломӣ комилан ривоҷ ёфт.
Самарқанд дар давраи Сомониён ҳамчун маркази муҳими санъати коғазсозӣ буд. Ба гунае, ки ҳатто Миср низ воридкунандаи коғази Самарқанд буд. Дар Самарқанд бо супориши Ибни Фурот Абулфазл Ҷаъфар ибни Фазл Маъруф ва ибни Ҳинзо ба вазири ишхидиёни Миср коғаз месохтанд ва ҳар сола барои вай ба Миср мефиристоданд. Ба навиштаи Ибни Надим коғази хуросониро аз катон месохтанд ва дорои анвое будааст. Аз он ҷумла, яке аз коғази нуҳӣ буд мансуб ба амири Сомонӣ Нуҳ ибни Наср ё Нуҳ ибни Мансур. Дигар коғази ҷайҳонӣ бо қатъи бузург буд, ки эҳтимолан мансуб ба Абулфазли Ҷайҳонӣ вазири Сомониён будааст. Барои сайқал кардани коғазҳои номарғуб аз сафедоб (шарбат исфизор) истифода мекардаанд. Дар баробари Самарқанд, санъати коғазгарӣ, инчунин, дар шаҳрҳои Бухоро, Балх, Ҳирот, Чорҷӯй ва дертар дар асри XIX дар шаҳри Ҳуқанд рушд мекунад, ки аз қадим се навъи коғази самарқандӣ вуҷуд дошт. Навъи беҳтарини он коғази абрешимӣ ном дошт, ки аз лоси шоҳӣ тайёр гардида, рангаш зардчатоб буд. Наъи дуюмашро коғази нимкатонӣ мегуфтанд, ки ҳангоми кӯфтан ба лоси шоҳӣ нахи катон илова менамуданд. Навъи сеюмаш аз хамираи латапораи пахтагин истеҳсол карда мешуд, ки сифати он аз коғази абрешимӣ пасттар буд. Коғазҳои сохтаи устоҳои Осиёи Марказӣ ба мисли коғазҳои аврупоӣ нақши обӣ надоштанд. Ягона нақши обӣ дар коғази мириброҳимӣ вуҷуд дошт, ки он ба шакли ҳалқаи сафед намудор мешуд. Ин нақшро усто Мир Иброҳими Самарқандӣ дар садаи XVI эҷод карда буд ва он то ба ибтидои асри XX дар Самарқанду Бухоро ба ҳамин ном шуҳрат дошт.
Тарзи истеҳсоли дастии коғази абрешимӣ ё шоҳӣ чунин аст: Навдаи яксолаи дарахти тутро баҳорон, ҳанӯз он барг набароварда мебуранд. Чӯбро як шабонарӯз дар об тар карда пӯсташро ҷудо мекунанд. Пӯсти сафедро дар таги об андохта, тақрибан 4-5 соат меҷӯшонанд. Баъди ҷӯшонидан нахҳо мулоим мешаванд, сипас, онро обгардон намуда, таротар дар дуди обҷувоз 7-8 соат мекӯбанд. Як нафар коргар онро ба таври мунтазам омехта кардан мегирад. Маҳсули куфташударо дар тағораи махсуси обдор андохта мекубанд, то ки ин нах дар об титу тунук шаванд. Сипас ба қолиби махсуси турдор онро аз об оҳиста мебардоранд ва ба болои тахтаҳои амудии болои тағора мегузоранд ва он ҷо обаш метаровад. Чун обаш таровид, нахҳо болои ҳам омада шакли коғазро мегиранд. Баъдан коғази тарро аз қолиб ҷудо карда, дар байни матоъи пахтагин мегузоранд ва он нимхушк мешавад. Дар гузашта барои ин амал аз турҳои бо мӯи асп сохташуда истифода мекарданд. Коғази нимхушкро дар зери тахтаҳои ҳамвор гузошта дар муддати як шабонарӯз ба болояш санги вазнинро мегузоранд, то ки он фишор дода, коғазро мустаҳкам ҳамвор намояд, пас аз он коғази ҳосилшударо ба тахтаҳои амвор мечаспонанд, ки дар он ҷо коғаз дар муддати 4-6 соат пурра хушк мешавад. Амали охирини истеҳсоли коғаз сайиқалзанӣ ба шумор меравад. Коғази ҳосилшударо рӯи тахтаи ҳамвор, маъмулан рӯи тахтасанги мармар гузошта, ба порасанги ҳамвори ҳақиқ ё шохи гов ва ё садафи баҳрӣ 10-15 дақиқа сайиқал зада, ҳамвор менамоянд. Ҳамин тавр, коғази нафису ҳамвор ва ҷилонок ҳосил мешавад. Тибқи ривоятҳо дар гузашта коғази самарқандӣ бо ҳамин сайиқалзаниаш аз коғазҳои чиниву ҷопонӣ фарқ мекардааст. Шарҳи ҷараёни коғазгарӣ, ки дар ин ҷо тасвир шуд, дар асоси шакли устоҳои Кони Гил навишта шудааст.
То солҳои 20-уми асри XX коғазҳо пас аз рушди технологияи коғазбарорӣ ва ташкили корхонаҳои саноатӣ усули дастии истеҳсолӣ коғаз тақрибан дар шаҳрҳои Осиёи Марказӣ аз байн рафт.
Ҳамин тавр, нимаи дуюми садаи VIII дар шаҳр корхонаҳои коғазбарорӣ ба вуҷуд меояд ва минбаъд тарзи омода кардани коғаз аз Самарқанд ба дигар мамолик мегузарад.
Корхонаи коғазбарории Самарқанд бисёр кишварҳои машриқзамин ва Арабистонро ба коғаз таъмин менамуд. Тарзи тайёр намудани коғаз аз он ҷо асрҳоиXII-XIII ба Фаронса ва дигар мамолики Аврупо низ гузаштааст. Коғази истеҳсоли Самарқандро баъзан «коғази Самарқанд» ва «коғази Хуросон» мегуфтанд. То садаи XVII се навъи коғази Самарқанд маъмул буд. Навъи беҳтарини он коғази абрешимии зардчатоб аз лоси шоҳӣ омода карда мешуд. Навъи дуюми коғаз нахи катон (нахи зағирпоя)-ро илова мекарданд. Навъи сеюми коғази Самарқанд аз хамираи латапораҳои пахтагин истеҳсол мешуд. Ин се навъи коғази аълосифат, пурбардор ва хушнавис буданд. Мо дар бисёр дастхатҳои қадим бо китобҳое рӯ ба рӯ меоем, ки аз коғази Самарқанд таълиф шуданд ва ҳоло ҳам қимату намуди худро гум накардааст.
Манбаи асосии истеҳсоли коғаз бешазорҳои бузург маҳсуб меёбад, ки коғаз аз селюлозаи дарахтони мухталиф ва рустаниҳои яксола омода мешавад. Коғаз аз масолеҳи моддаҳои кимиёвии елим ва оҳар иборат мебошад, ки ин имконият медиҳад коғаз сафеду суфтаю рангногузар барояд. Сараввал онро орд карда, пас аз он ба хамираи аз рӯи навъ моддаҳои кимиёвӣ, ранг ва об илова намуда, хамираро дар таҷҳизот соф ва хушк мекунанд. Бояд ҳаминро қайд намуд, ки истеҳсоли коғаз на онқадар кори осон буда, заҳмати хеле зиёдро талаб менамояд, ки барои бартараф намудани ин мушкилӣ маҳз таҷҳизоти пуриқтидор лозим меояд. Таҷҳизот коғазро ба тариқи варақаи яклухти дароз ва лӯлапеч истеҳсол мекунад ва ба рӯи баъзе навъҳои коғаз моддаҳои равшанҳискунанда (эмулсия) низ молида, навъи коғазҳои хушсифатро аз зағирпоя ва коғази маъмулии хатнависиро бошад, аз мағзи чӯби дарахти сӯзанбарг тайёр менамоянд.
Истеҳсолоти коғаз дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ҳар сол 11 миллион тоннаро ташкил медод, ки онҳо коғаз ва коғазҳои ғафси муқовабоб буданд. Навъҳои коғаз зиёд буда, аз рӯи вазифаи худ 22 навъи онро навъи беҳтарин мешуморанд:
- коғази абрешими – коғазе, ки аз абрешим истеҳсол мекарданд, нозук зариф будааст;
- коғази бағдодӣ ин коғаз ғафстар аз анвои дигари коғазҳо будааст;
- коғази беҳтарин - сафед, нарму пухта, софу суфта мебошад. Беҳтарин коғаз, коғази чинист, баъд аз он самарқандист;
- коғази давлатободӣ- номи дараҷаи дуюми он коғази одилшоҳист;
- коғази оҳарӣ- коғази дар модаи махсус таркибшуда. Коғазро дар моддаи махсус тар мекунанд. Баъд хушк карда ду варақро ба ҳам мечаспонанд, ба тавре ки ҳарду коғаз якто шавад, муҳр зада баъд менависанд, ки хат ниҳоят зебо менамояд;
- коғази пӯсти дили оҳу- аз пӯсти дили оҳу коғаз месохтанд Моили Хиравӣ дар китоби худ «Луғот ва истилоҳоти фанни китобсозӣ» қайд менамояд, ки дар китобхонаи оммавии Афғонистон китоби «Қуръон» вуҷуд дорад, ки дар пӯсти дили оҳу навишта шудааст;
-коғази самарқандӣ-аз коғазҳои хуби китобатӣ шинохта шуда, дар байни хатон машҳур аст;
-коғази чинӣ- аз коғазҳои беҳтарин буда, софу бадошт аст. Султоналии Машҳадӣ дар «Сират-ус-судур» ин коғазро таъриф кардааст;
-коғази хуросонӣ-аз картон сохта мешудааст. Ихтироъкунандааш мардуми Хуросон буда, аз давраи Бани Умия маълум будааст;
-коғази ҳуқандӣ-ин коғаз дар охири асри XIX ва аввали асри XX истеҳсол мешуд;
-коғази ҳиноӣ-коғазро аз ҳиною заъфарон ва чанд қатра ранг истеҳсол мекарданд. Ранги коғази чопшуда дар чашм зебо менамояд;
-коғаз барои чопи китобҳо, матбуоти даврӣ ҷуғурофӣ, расмҳо ранга;
-коға барои мукотиба;
-коғаз барои расмкашӣ;
-коғаз барои муҳофизат аз таъсири барқ;
-коғази тунук барои саноати тамокубарорӣ;
-коғази обчинак;
-коғази нурпазирбарои суратгирӣ;
-коғази махсуси нусхабардорӣ;
-коғази дурушт барои печонидани хурокворӣ ва маҳссулоти саноатӣ;
-коғази саноати техникӣ;
Дар аввал тавлиди коғаз бо сабаби кам истифода шуданаш хеле маҳдуд буд, вале бо ихтирои мошинаи чопӣ, ки онро яке аз олимони олмонӣ бо номи Гутенберг тавсия ва таҳаввул бисёр ёфт ва коргоҳҳои коғазсозӣ бо суръат густариш ёфт. Имрӯз тавлиди коғаз тавассути мошинаҳои ғуволиосиёи коғазсозӣ анҷом мепазирад. Бахше аз ин коғаз ба сурати китоб ҷузва, нашрия, санаду акс ва назарҳои он ба китобхонаҳо ва марказҳои аснод роҳ меёбанд ва дар он ҷо созмондиҳӣ ва нигоҳдорӣ мешаванд, то дар ихтиёри истифодакунандагон қарор гирад.

Шукрона Каримзода,
корманди МД “Китобхонаи миллии Тоҷикистон”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: