Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Ба мувозинат даровардани фаъолияти системаи меъдаву рӯда

Ба мувозинат даровардани фаъолияти системаи меъдаву рӯда

13-11-2019, 14:59
Хабарро хонданд: 425 нафар
Назарҳо: 0
Ба мувозинат даровардани фаъолияти системаи меъдаву рӯда
Системаи меъдаву рӯда-системаи муҳимтарин дар организми инсон аст, ки бо алоқамандӣ бо ғизо, яъне равандҳои ҳазмкунӣ ва ихроҷи моддаҳо аз бадан маҳдуд намешавад. Наздики 60% ҳуҷайраҳои системаи иммунӣ (муҳофизатӣ) дар рӯдаҳо буда, 80-90% серотонин-ҳормони «хушбахтӣ» дар ҳамон ҷо коркард мешавад.
Қобилияти организм ба нигоҳ доштани функсияи солими системаи меъдаву рӯда (СМР) ва солим шудани рӯда ҳангоми маризӣ на танҳо барои муҳофизат аз бемориҳои гуногун, балки барои монеа шудан ба рушди раванди фарбеҳшавӣ лозим аст. Бори дигар хотирнишон мекунем, ки фарбеҳшавӣ, ғайр аз «рафтори ғизоӣ», бо газакгирӣ, интоксикатсия ва дигар қазияҳои физиологӣ алоқаманд аст. Аз рӯи мураккабии сохти СМР, дорои функсияҳои зиёд будан ва ҳамгироии он бо дигар қисмҳои организм, барқарорсозии системаи меъдаву рӯда кори саҳл нест.
Худро бо он таскин додан, ки маризиҳои меъдаву рӯдаро бо як ҳабб метавон барканор кард, маъние надорад. Ҳабб танҳо муддате нишонаҳоро бартараф (ба одаткунӣ меорад) ва баъзан вазъро боз ҳам бадтар мекунад.
Ин ҷо муносибати системавӣ барои муътадил нигоҳ доштани фаъолияти СМР, ки дар принсипҳои тибби функсионалӣ-сабабҳои бемориро бартараф кардан ва ба организм имконият додани механизмҳои худбарқароркунӣ зарур аст:
Остеопатия (кор дар сатҳи узвҳо-бо сутунмуҳра ва системаи меъдаву рӯда бо истифода аз усулҳои гуногун).
Таъсиррасонии электростимулятивии рӯда ва дигар узвҳои системаи меъдаву рӯда бо истифода аз асбоби НАНОСтимул (дар сатҳи узвҳо ва биокимиёвӣ) дар шароити хона.
Ба меъёр даровардани вазъи равонӣ (психоэмотсионалӣ), ки аз он фаъолияти солими системаи меъдаву рӯда вобастагӣ дорад (кор дар сатҳи равонӣ, фаъолнокии биоэлектрикии майнаи сар).
Барномаи барқароркунии пайдарҳами СМР бо кумаки ғизои функсионалии тиббӣ (барномаи 4R ва ғизои функсионалии тиббии Metagenics, ИМА), (кор дар сатҳи биокимиёвӣ).
Фаъолияти бади системаи меъдаву рӯда ба ҳолатҳое, ки дар назари аввал ба СМР алақаманд нестанд, метавонад оварад. Масалан, ба пайдо шудани макромолекулҳо, ки тавассути рӯдаҳо ба системаи хунгард ворид мешаванд, сабаб мегардад. Ин ҳолат «рӯдаи сӯрохшуда» ном дорад ва ба рушди газакгириҳои систематикӣ ва заиф шудани иммунитет (ҳифозати бадан) оварда мерасонад. Ба мувозинат даровардани фаъолияти системаи меъдаву рӯда
Функсияи солими СМР «калид»-и солимист, харобшавии он ба як қатор маризиҳо меорад: дерматит (бемории пӯст), герпес, вируси масунияти бадан (СПИД), дивертикулит, ҳиссиёт ба моддаҳои кимиёвӣ, бадмастӣ (алкоголизм), экзема, маризии ғадуди зери меъда, аутизм, аллергияи ғизоӣ, захми меъда, фибромиалгия, анемияи пернитсиозӣ (камхунӣ), инфексияи гӯш дар кӯдакон, гастрит, нейропатия, геморрой, псориаз-артрити псориазӣ (бемории пӯст), маризии ҷигар, артрит, бемории Крон, энтереколити сироятӣ, спондилоаротропатия, кистаи фиброзӣ, маризии рӯдаҳо, меъда ва ғайра.
Барномаи мукаммал барои ба меъер даровардани функсияи СМР ва табобати индивидуалӣ (фардӣ) барои барқарорсозии системаи рӯда омода шудааст. Ин барнома 4R (Remove-ҳазф кардан, Replace-ҷойивазкунӣ, Reinoculate-ҷойгузин кардан, Regenerate-барқароркунӣ).
Функсияҳои СМР дар ҳолати солимӣ ва маризӣ
Тӯли зиндагӣ ба ҳисоби миёна инсон 25 тонна ғизо истеъмол мекунад, ки моддаҳои барои ҳаёт зарурӣ дорад. Аммо ин ғизо метавонад ҳамчунин бактерияҳои зарарнок, вирус ва токсинҳоро дар худ дошта бошад. Қабати болоии лағжонаки рӯдаҳо, ки масоҳаташ зиёда аз 320 метри квадратиро ташкил медиҳад, функсияи нодирро оид ба ҳифзи организм ва ворид шудан ба он танҳо нутриент, молекулаҳо ва дигар моддаҳои фоиданокро иҷро мекунад.
Дар умум, бояд танҳо нутриент ва фитонутриентҳои фоиданок ба организм ворид шуда, моддаҳои зарарнок, ҳатто бидуни алоқа бо ҳуҷайраҳо, аз он ихроҷ шаванд. Системаи меъдаву рӯдаи инсон тавассути чор механизми асосӣ инро ба амал меорад:
Биохимияи нодири ҳазмкунӣ, ки тавассути он ғизо ҳазм ва ҷаббида мешавад.
Қабати лағжонаки СМР, ки сохти мураккаб дорад, садд миёни узвҳои дарунии инсон ва муҳити атроф аст.
Системаи мураккаби иммунӣ (муҳофизатӣ), ки вокунишҳои ҳифозатии хатҳои якум ва дуввумро ба амал меорад.
Алоқаи муфид ва тарафайни СМР бо микрофлораи рӯдаҳо.
Биохимияи нодири ҳазмкунӣ ва ҷаббиш.
Азамат ДУСТОВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: