Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ТАБИАТ ҲАМ ТАБИБ АСТ

ТАБИАТ ҲАМ ТАБИБ АСТ

17-10-2019, 16:12
Хабарро хонданд: 477 нафар
Назарҳо: 0
ТАБИАТ ҲАМ ТАБИБ АСТ
Бузургони русто ҳикоят мекарданд, ки асри гузашта иддае аз ҳамдиёрони мо тариқи Роҳи Абрешим ба Ҳиндустон сафар карда, муддате чанд дар он ҷо сукунат варзидаанд. Ҳавои тафсони мулки Ҳинд ба саломатии онҳо аслан бетаъсир будааст. Мизбонон дар ташвиш будаанд, ки мабодо иқлими гарму ғизоҳои гуногуни мардуми маҳаллӣ боиси костагии саломатӣ ва нороҳатии меҳмонон шавад. Аз ин рӯ, барои эҳтиёт табибонро низ дар ҷараён гузоштаанд, ки дар ҳолати нохуб шудани вазъи саломатии меҳмонон ба эшон мададрасон бошанд. Сафар аз муҳлати муқарраршуда тӯл мекашад, вале меҳмонон, баръакси пиндошти мизбонон, бо вуҷуди иваз шудани боду ҳаво ва истеъмоли анвои гуногуни ғизо аз саломатии худ шикоят пеш намеоранд. Мизбонон ба тааҷҷуб меафтанд ва дар ниҳояти хатми сафар қабл аз худоҳофизӣ ба ҳамдиёрони мо мегӯянд, ки аз он шодем, ки иқлими гарми мо ба саломатии шумо осеб нарасондааст ва бо тааҷҷуб мепурсанд, ки чӣ омил дар ватани мо боиси ҳифзи саломатии шумо шудааст?
Дар посух роҳбалади гурӯҳ мегӯяд, ки мо дар домони кӯҳистон зиндагӣ дорем. Кӯҳҳои мо ба ҷуз канданиҳои фоиданок боз макони дарахту гулу гиёҳҳҳои табобатӣ аст, ки истеъмоли он ба саломатӣ хеле муфид мебошад. Таркиби ғизои моро асосан гиёҳу рустаниҳои кӯҳӣ ташкил медиҳанд. Баробари фарорасии фасли баҳор мардуми мо ба таври фаровон чукрӣ, торон, ров, рошак, сиёҳалаф, қоқу, сечак ва бисёр дигар рустаниҳои табии мавсимиро истеъмол мекунанд, ки захираи онҳо дар организм ба сифати маводи зидди сироятӣ (антибиотик) хизмат мерасонад. Дар ин сафар ҳамон захираи аз ҳисоби гиёҳҳои шифобахши дар ҷисмамон ҷамъшуда, моро аз гармию сироят наёфтан аз ҳар гуна бемориҳо наҷот дод.
Бале, ба ин гуфтаҳо ҳеҷ шакку шубҳа нест. Имрӯз низ дар гӯшаю канори Тоҷикистон мардум аз гулу гиёҳҳои табиӣ истифода мебаранд, зеро ҳар яке аз ин гиёҳҳо қобилияти хоси табобатӣ доранд. Дастрас кардани ин гуна алафу гиёҳҳо мушкил нест. Аз растаҳои бозору дӯконҳо онҳоро метавон дарёфт ва харид кард.
Сайидалӣ Назаров, сокини мавзеи Хоҷаобигарм, ки 65 сол дорад, имрӯз фаъолияташро пурра ба ҷамъоварӣ ва фурӯши ҳамин гуна гиёҳҳо бахшидааст ва аз ҳамин ҳисоб рӯзгори хешро мечархонад. ӯ мегӯяд, ки асосан касби ронандагиро интихоб карда буд. Аммо мутолиаи зиёди китобҳое, ки ба гиёҳдармонӣ бахшида шудаанд, вайро ба ин амал водор намуд. Аз ин китобҳо ва аз суҳбат бо табибони гиёҳшинос дар бораи хусусиятҳои табобатии рустаниҳои табиӣ маълумоти зиёд аз бар кард ва дар ниҳоят бо ин роҳ дар амри хизмат расонидан ба мардум шуд.
Мавсуф 15 сол дар бозори «Саховат»-и пойтахт машғули гиёҳфурӯшӣ буд. Акнун, ки синаш ба нафақа расидааст, ба зодгоҳи худ баргашта, дар назди осоишгоҳи машҳури Хоҷаобигарм дӯкон кушода ба истироҳаткунандагону дигар меҳмонон гиёҳу рустаниҳои табобатиро пешкаш мекунад ва дар бораи хусусиятҳои шифоии ҳар кадоме аз онҳо маълумот медиҳад.
Дар дӯкони акаи Сайидалӣ беш аз 60 намуд гиёҳу растанӣ, алафҳои гуногуни табобатӣ, қиёму хокаи гулу бутта ва решаи ниҳолҳои кӯҳӣ ба фурӯш гузошта шудааст. Масалан, меҳригиёҳ барои бемориҳои ҷигар, талха ва санги гурда, татум барои паст кардани фишор ва бемории қанд, донаи бодоми талх барои дарди сар ва қавӣ гардонидани ҳофиза, решаи тиллоӣ, ки дар баландиҳои се-чор ҳазор метр мерӯяд, бо мақсади табобати захми меъда ва рафъи простатит, бобуна барои табобати ғадуди зери меъда, гули чукрӣ барои табобати қанд ва фишор, қот (смародина) барои фишор ва табобати ҷигар, сумбула барои резонидани санги гурда ва бемориҳои дилу асаб , қиёми пудина барои хунукзадагӣ ва сулфа, кучула барои табобати буғумдард ва қавӣ гардонидани боҳ ва мумиё барои барқарор кардани осеби устухонҳо истифода мешаванд. Дар бораи хусусиятҳои табобатии тамоми гиёҳҳо, вақти ҷамъоварӣ ва тарзи хушконидани онҳо қомусҳои алоҳида ба табъ расидаанд, ки дардмандон аз рӯйи маълумоти дар ин китобҳо овардашуда амал мекунанд.
Акаи Сайдалӣ мегӯяд, ки чанде аз ин гуна гиёҳҳои табобатӣ ва қиёму мумиёро аз мавзеъҳои Ромит, Кӯҳистони Мастчоҳ ва Помир аз шиносҳояш, ки ба ҷамъоварӣ ва фурӯши онҳо машғуланд, дастрас мекунад.
Гиёҳдармонӣ як шохаи илми тиб аст. Имрӯз низ чун гузашта мардум аз он ба таври васеъ истифода мекунанд. Вақте ки эътимод ба доруҳои пастсифату гаронарзиш коста мешавад, табиист, ки беморон ба гиёҳдармонӣ рӯ меоранд. Онҳо хуб медонанд, ки табиат ҳам табиб аст, агар ин ё он гиёҳ бо тавсияи табибони гиёҳшинос истифода шавад, ба дардашон дармон мебахшад.
Алӣ ҶӯРА,
Душанбе –Хоҷаобигарм-Душанбе


Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: