Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ДАСТУРИ ПУРҒАЛАТ ВА БЕЭҲТИРОМӢ НИСБАТ БА ЗАБОН

ДАСТУРИ ПУРҒАЛАТ ВА БЕЭҲТИРОМӢ НИСБАТ БА ЗАБОН

23-08-2019, 10:40
Хабарро хонданд: 633 нафар
Назарҳо: 0
ДАСТУРИ ПУРҒАЛАТ  ВА БЕЭҲТИРОМӢ НИСБАТ БА ЗАБОН Яке аз корҳҳои наҷҷиби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар раъси он Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд, соҳаи афзалиятнок ҳисобидани соҳаи маориф аст. Сарвари Ҳукумати кишвар борҳо дар баромаду суханрониҳояшон таъкид кардаанд, ки маориф соҳаи тақдирсози кишвар маҳсуб мегардад.
Устод С. Айнӣ ҳанӯз дар мақолаи «Дар роҳи барҳам додани бесаводӣ», ки соли 1921 дар «Шӯълаи инқилоб» нашр шуда буд, таъкид кардааст: «Ин як қазияи аз офтоб равшан аст, ки то кас соҳиби хату савод ва дорои дониш набошад, агар дунё аз адолат пур шавад, боз ҳам беҳуқуқ ва маъзур хоҳад монд». Ин навиштаи С. Айниро мадди назар дошта Пешвои миллат соҳаи маорифро тақдирсоз номидааст.
Ба шарофати Истиқлолияти давлатист, ки шароит муҳайё гаштааст, то ки ҳар эҷодкору аҳли илм навиштаҳояшро бемалол нашр ва пешкаши мардум гардонад. Ба ин хотир сензура аз миён бардошта шудааст. Ин амал ба он хотир ба роҳ монда шудааст, ки пояҳои истиқлолият таҳким ёбанд. Мусаллам аст, ки ҳар як дастоварди илмию таҳқиқоти истеҳсолию амалҳои шоистаи нави ибтикорона дар қавӣ гаштани заминаҳои Истиқлолияти давлатӣ нақши муҳим мебозанд. Офаридани асарҳои илмии саҳеҳу дуруст, пухтаю беғалати тибқи талаботи замон ва риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаи ҳаёти ҷамъиятӣ бавуҷудомада дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ нақши бориз дорад.
Дурӯғ гуфтану навиштан, ахбору маълумот ва тавсияҳои нодурустро пешкаши аҳли ҷомеа гардонидан пояҳои истиқлолро заифу бефурӯғ мегардонад. Ҳар он асаре, рисолае, мақолаҳое, ки таълифу пешкаши омма гардонида мешаванд, бояд беғалату воқеӣ бошанд ва аз сарчашмаи илму фарҳанги миллӣ об хӯранд.
Ин гуфтаҳо ҳар як фарди худогоҳи ҷомеаро водор месозад, ки кору пайкори хешро бар манфиати ҷомеа равона созад. Ва агар неруи ақлонӣ, ё ба ифодаи дигар, неруи илмиаш имкон надиҳад, беҳтар аст, ки аз навиштану эҷодкорӣ даст кашад. Зеро асарҳои нодурусту сирқати моликияти зеҳнии дигарон ба ҷойи манфиат овардан ба бунёди забону илму фарҳанги миллӣ зарбаҳои зараровар мезананд.
Дар вақтҳои охир аз баракату файзи Истиқлолияти давлатӣ сӯистифода карда, ба майдони илм анбуҳи «олимони замонавӣ» ворид гаштаанд, ки навиштаашон сару нӯг надорад, ба ҷуз пораҳое, ки аз манобеи дигар «орият» гирифтаанд. Кас, замоне ки аксар рисола, дастур ва ё мақолаҳои ба соҳаи таълиму тарбия, яъне педагогика бахшидашударо мехарад ва ба хондан меоғозад, пай мебарад, ки муаллифи он на танҳо аз илми педагогикаю психология, балки аз забони тоҷикӣ огаҳӣ надорад.
Яке аз дастурҳое, ки бо тавсияи Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.11.2015, № 09 нашр шудааст, «Луғатомӯзӣ ва инкишофи нутқ дар кӯдакистон» унвон дошта, ба қалами номзади илмҳои педагогика Шарифа Котибова мансуб аст. Возеҳ аст, ки аксар ҷумлаҳои навиштаи соҳибдастур, ки худро «муаллиф ва мураттиб» зикр кардааст, подарҳавоанд. Ба ин тарзи баёни муаллиф-мураттиб таваҷҷуҳ кунед: «Омӯзиши забони модарӣ дар муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи самтҳои гуногун таълим дода мешавад»; «Одамон аз замонҳои қадим адабиёти аҳамияти адабиёти бадеӣ ва мутолиаро дарк намуда, онро яке аз роҳҳои гирифтани дониш ҳисобиданд. Аҳамияти бадеиро фаҳмида, вазифаҳои он, аз ҷумла фаҳмидан ва шарҳ додани маънои матн, саволу ҷавоб, инкишофи нутқ, гирифтани маълумоти иловагӣ ва ғайраро амалӣ мегардонанд» (саҳ. 3).
ДАСТУРИ ПУРҒАЛАТ  ВА БЕЭҲТИРОМӢ НИСБАТ БА ЗАБОН
Агар навиштаҷоти дастурро бамулоҳиза хонед, мебинед, ки ҷумлаҳои «ориятӣ» гирифтаи муаллиф-мураттиб дурустанд. Ҳамин ки ҷумлаҳои худ таълифкардааш шурӯъ мешаванд, ҳамагӣ бемантиқанд. Бо овардани нуктаҳои боло иктифо мекунем.
Тааҷҷубовар ин аст, ки дастури Шарифа Котибова «Луғатомӯзӣ ва инкишофи нутқ дар кӯдакистон» пур аз ғалат аст. Пас маълум мешавад, ки сарчашмаи паҳн кардани чунин дастурҳои пурғалат Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон будааст. Шӯрои миллии таҳсилоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ин дастурро баррасӣ ва ба чоп пешниҳод карда бошад?
Ба хотири ин ки гуфтаҳоямонро тасдиқ намоем, баъзе нуктаҳои дар дастури мазкур баёншударо мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
Чунон ки дар боло ишора кардем, навиштаҳои муаллиф-мураттиб Шарифа Котибова дарҳам барҳам аст. Масалан, чунин навиштааст: «Одамон аз замонҳои қадим адабиёти аҳамияти адабиёти бадеӣ ва мутолиаро дарк намуда, онро яке аз роҳҳои гирифтани дониш ҳисобиданд. Аҳамияти бадеиро фаҳмида, вазифаҳои он, аз ҷумла фаҳмидан ва шарҳ додани маънои матн, саволу ҷавоб, инкишофи нутқ, гирифтани маълумоти иловагӣ ва ғайраро амалӣ мегардонанд» (саҳ. 3). Муаллиф-мураттиб чӣ гуфтан мехоста бошад?
Поинтар, яъне дар ҳамон саҳифа «адабиёти аҳамияти адабиёти бадеӣ»-ро як тараф мегузораду ба шарҳи бозӣ мегузарад. Бозӣ гӯё «зинаҳои аввалини луғатомӯзӣ мебошад».
Боз поинтар ба ин ҷумла вомехӯрем: «Забони тоҷикӣ, ки яке аз забонҳои қидимии дунёст, дар масири таърих бо таҳаввулоту асароти дигар қавму қабилаҳо мувоҷеҳ шудааст, вале новобаста ба ҳамаи ин мардуми тоҷик тавонистанд асолати миллӣ ва фарҳанги оламшумули хешро тавассути ин забон ҳифзу гиромӣ бидоранд», «Омӯзиши забони модарӣ на танҳо аз рӯйи аломату овоз ва гузашти айёму таҷрибаи зиндагӣ дар фарзандони ин миллат пайдо мешуд, балки ба гуфтаи педагоги машҳури рус К. Д. Ушинский сармашқи омӯзиши забони модарӣ ин аз пистони модар аст» (саҳ. 5).
Ҳар ҷое, ки ҷумлаҳо равонанд, сирқати андешаю афкори дигарон аст ва ҷумлаҳои бемантиқ таълифи худи муаллиф-мураттиб Ш. Котибова мебошад.
Аввалан дастури методӣ «Луғатомӯзӣ ва инкишофи нутқ дар кӯдакистон» унвон дорад, вале оид ба роҳҳои луғатомӯзӣ ҳарфе нест. Сониян, дар дастур маводе аз панду ҳикмат пешниҳод гаштаанд, ки аксарият ба хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ нофаҳмою дастрас нестанд. Яъне ба синну соли тарбиятгирандагони кӯдакистон ҳеҷ мувофиқат надоранд. Агар бачагони вундеркинд ҳам бошанд, маводи дастури зикршуда ба талаботи синнусолии кӯдакони томактабӣ рост намеояд. Ин амали муаллиф-мураттиб аз он дарак медиҳад, ки ҳарчанд номзади илмҳои педагогика бошад ҳам, психологияи синнусолиро намедонад. Таваҷҷуҳ кунед ба абёти зерин, ки дар боби «Панду андарзҳо» овардаанд ва худ қазоват кунед, ки мавод то кадом андоза панду ардарз асту барои кист?
1. Ёрам ҳар гоҳ, ки дар сухан меояд,
Бӯи аҷибаш аз даҳан меояд.
М. Бедил (саҳ. 46)
2. Аз он тарсам, ки ғофил по ниҳӣ боз,
Нишинад хори мижгонат (?) ба поят.
Бобо Тоҳири Урён (саҳ. 46)
3. Ин умр ба абри навбаҳорон монад,
Ин дида ба сели кӯҳсорон монад.
Абусаид Абулхайр (саҳ. 47)
4. Тараб, эй дил, ки навбаҳор омад,
Аз сабо бӯи зулфи ёр омад.
Фахриддини Ироқӣ (саҳ. 47)
5. Оташ аст оби дидаи мазлум,
Чун равон гашт (?) хушку тар сӯзад.
Сайфи Фарғонӣ (саҳ. 48)
6. Устоди ғазал Саъдист назди ҳама кас, аммо
Дорад сухани Ҳофиз тарзи сухани Хоҷу…
Хоҷуи Кирмонӣ (саҳ. 49)
7. Хирадманд гӯяд: хирад подшост,
Ки бар хосу ом фармонравост.
Абушакури Балхӣ (саҳ. 49)
8. Ва гар гӯӣ, наку гӯ, эй бародар,
Ки некуӣ бо нафъ аст бе зар.
Носири Хусрав (саҳ. 45)
Дар дастур баъзе калимаҳо дар шакли нодуруст, ба ифодаи дигар – ғалат оварда шудаанд. Масалан дар ин байт вожаи «Ҳақ», ки номи дигари Худост, аз тарафи муаллиф-мураттиб Ш. Котибова ғалат тафсир шудааст:
Мадад деҳ, то ки Ҳақ ёри ту бошад,
Ҳама олам мададгори ту бошад.
Носири Хусрав (саҳ. 47)
Дар дастур вожаи «Ҳақ» ин тавр маънидод шудааст:
«Ҳақ – ростӣ, дурустӣ, ҳақиқат» (саҳ. 48)
Мисоли дигар аз тезгӯякҳо:
Алвончак дар таги бед,
Чӯби алвончак сафед.
Аввалан, шакли дурусти калимаи «алвончак» бояд «алвонҷ» бошад. Сониян, алвончак – «ҳой, ҳой додан» нест. Устод С. Айнӣ ин вожаро дар шакли «алвонҷ» оварда, чунин шарҳ бастааст: «анвонҷ – 1. ҷои хоби овеза аст, дар он бачагонро хобонда меҷунбонанд; 2. Ресмони дуқат карда аз ҷое овехта, ки дар вай нишаста ё истода бачагон ба ҳар сӯ ҷунбиш хӯранд» (Айнӣ, ҷ. 12, 1976, саҳ. 27). Дар ҷилди якуми «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (М. 1969) калимаи «алвонҷ» чунин тафсир ёфтааст: «алвонҷ – арғунчак, танобе, ки ду нӯгашро ба ду ҷой банд намуда, дар миёнаш барои шинондан ё хобонидани кӯдак ҷой тайёр мекунанд» (саҳ 56).
Ё ин ки дар тезгӯяки
Ғарғара дар Данғара
Данғара ҷои сара
Вожаи «сара – баргузида, беайб» тафсир шудааст, ки, ба назари мо, саҳеҳ нест. Устод С. Айнӣ вожаи «сара»-ро ин тавр тафсир кардааст: «сара – 1. покиза, холис (тилло ва тангаи беғаш ва роиҷ); 2. хубтар, беҳтар; 3. порчаи ях, бастаи набот» (ҷ. 12, саҳ. 335). «Сара» ба маънои баргузида низ меояд, вале ба маънои интихоби асп ё чизи дигар аст. Дар ин тезгӯяк вожаи «сара» бояд ба маънои «ҷойи хубу беҳтар» маънидод гардад.
ДАСТУРИ ПУРҒАЛАТ  ВА БЕЭҲТИРОМӢ НИСБАТ БА ЗАБОН
Баъдан, бояд донист, ки ҳар як тезгӯякро, ки ба забони шева гуфта шуда, аз маънӣ қариб орист, барои таълим додан пешниҳод кардан зарурате надорад. Тавассути чунин тезгӯякҳо чӣ тавр луғати кӯдаки синни томактабиро рушд додан мумкин аст?
Тезгӯяки зерин далели ин гуфтаҳост:
Шоҳимардон
Гова гардон.
Хара иш гӯ,
Мурға киш гӯ.
Ба андешаи мо, мавод бояд ба меъёри забони адабии тоҷик созгор бошад. Вазифаи мактаб омӯзонидани шеваи ин ё он маҳал набояд бошад.
Чӣ педагогу педагогикаест, ки аз тифлӣ ба кӯдакон бадбиниро талқин мекунад? Ба муҳтавои тезгӯяки зерин таваҷҷуҳ кунед:
Бадро бад бин, ки бад бадӣ биёрад.
Наримон Бақозода (саҳ. 8)
Ва ё вожаи «ланг»-ро муаллиф-мураттиби дастур Ш. Котибова чунин шарҳ додааст:: «ланг – чӯлоқ, шахсе, ки як пояш маҷруҳ аст»
Дар ҷангал паланг дидам,
Палангаки ланг дидам.
Дар ин тезгӯяк гап сари паланг меравад, на одам. (Ланг – аз роҳ рафтан бозмонда ё ба рафтораш халал расида, ба сабаби шикаст пайдо шудан дар пояш (хоҳ одам бошад хоҳ ҳайвон) (С. Айнӣ, ҷ. 12, 1976, саҳ. 178).
Муаллиф-мураттиб Ш. Котибова вожаҳои маъмули баромадаш туркии «байтал» ва арабии «қосид»-ро нодуруст шарҳ бастааст. Нигаред:
Чавалай гала дорад,
Ду байтали ала дорад.
Калимаи «байтал» асп маънидод шудааст (саҳ. 20), ҳол он ки аспи модаро байтал мегӯянд.
Ё «қосид» – бояд муждарасон ё хабарбар бошад, муаллиф-мураттиб Ш. Котибова онро «қасдкунанда» маънидод кардааст, ки дар он ҷо носаҳеҳ аст.
Эй муждаи баҳор,
Қосиди кишту кор.
Луғат: қосид – қасдкунанда (саҳ. 19).
Чунин менамояд, ки муаллиф-мураттиб Ш. Котибова ба кадом маъно омадани калимаҳоро худ муайян карда наметавонад.
Нуқсонҳои забонии дар дастури Шарифа Котибова «Луғатомӯзӣ ва инкишофи нутқ дар кӯдакистон» роҳёфтаро агар як-як шарҳ диҳем, як китоби калонро ташкил мекунад.
Хонандаи азиз, намунаҳои зеринро хонед ва худ қазоват кунед:
Ҳандалакро аз палак, (?)
Овард ба мо Нор-амак. (?) (саҳ. 19)
Палак – макон, замин, ҷои растаниҳои полизӣ, ки тана ва барги онҳо ба замин паҳн шуда мехобанд (бодиринг, каду, тарбуз, харбуза) (саҳ. 20);
Уштури гардандароз, (?)
Меравад дуру дароз (саҳ. 25);
Бечорагӣ айб нест, ғарию дуздӣ айб аст (?) (саҳ. 37);
Бо бад шинӣ (?) бад шавӣ… (саҳ. 37);
Дониш хоҳӣ (?) пурсон бош (саҳ. 39);
Кӯш (?) то халқро ба кор оӣ (саҳ. 40);
Хандаи бемаврид – (?) аломати аҳмақист (саҳ. 42);
Худписандӣ – (?) далели нодонист (саҳ. 43);
Як гап (?) хуб беҳ аз сад қанду асл (саҳ. 43);
Ҳар ки доно бувад (?) тавоно бувад (саҳ. 44);
Ҷӯянда (?) ёбанда аст (саҳ. 44);
ӯ ба ман мегуфт, ки дар самти ҷануб
Кишваре зебояст, бисёр хуб.
(Шакли дурусташ ин тавр аст:
ӯ ба ман мегуфт дар самти ҷануб,
Кишваре бисёр зебоясту хуб.
М. Турсунзода, ҷ. 1, саҳ. 198) ва ғайраҳо.
Ин мисолҳои оварда бар он далолат мекунанд, ки муаллиф-мураттиби дастур оид ба аломатҳои китобат ва мавқеи онҳо одитарин маълумот надорад.
Вой бар ҳоли мураббиҳои синни томактабӣ, ки чунин дастури пурғалату хомро харидаанду мехоҳанд, ки онро зимни фаъолият истифода баранд. Чунин дастурҳои ғалатро барои мураббиён, ки қоидаҳои имлои дарҳам барҳамшударо дуруст намедонанд, бор кардан беинсофист. Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз пешниҳоди чунин дастурҳо худдорӣ намояд. Муаллифон-мураттибонеро ба ин корҳо ҷалб намояд, ки худ саводи комил дошта бошанд.
Ба андешаи мо, чунин дастурҳо барои мураббиёну омӯзгорон лозим нест, зеро маводи ғалатро таълим додан ин хонандагонро ба гумроҳӣ бурдан аст ва хидмати хирсонае ба забони миллату тарбияи тифлони кишвар мебошад. Мураббиёну омӯзгорони андаке кӯшишдошта беҳтар аз ин дастур мавод гирд оварда метавонанд.
А. АБДУЛЛОЕВ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: