Наворҳои ҷовидонӣ17-10-2018, 08:36
Хабарро хонданд: 385 нафар
Назарҳо: 0
Яке аз рукнҳо ва муқаддасоти истиқлолият, ин хештаншиносӣ ва ба зинҳори заҳмати гузаштагон расидан буда, аз пайраҳаи пуршебу фарози гузаштагони хеш гузаштан, қарзи фарзандии ҳар як ватанхоҳ мебошад. Ояндаро бе омӯхтани гузашта сохтан, аз доираи фазилатҳои инсонӣ берун мебошад. Ҳар як миллати соҳибтамаддун ва бофарҳангу созанда, гузаштагонашро ҷустӯҷу намуда баъдан, ба омӯзиши таҷрибаи созандагиву ободкориаш мепардозанд. Дар қаламрави Осиёи Ориёӣ, тоҷикон, ки реша ва нашъа аз мағз андар мағзи Пешдодиён доранд, созандагиву иттиҳод, ҳамзистиву осоиштагӣ, дӯстиву бародарӣ, боҳамоиву боҳамсозӣ ва кишваркушоиву сулҳоварӣ пешаи аҷдодиашон буда, бо ин одати аҷдодӣ зиннати қаламрави хирад ва фарҳанги ҷаҳониён гардидаанд. Пешиниёни ин миллати хирадафрӯз дар ҳама давру замонҳо ва қудратҳои бузурги салтанатхоҳиву салтанатдории ҷаҳон, чароғафрӯзи торикиҳо ва шуоафкани тирагиҳо будаву ҳастанд. Ҳамин матонату қаҳрамонӣ, муҳаббату садоқати ватанхоҳии мардуми таърифофари тоҷик буд, ки истиқлолияти дар даврони нави кишваркушоӣ қариб аздастрафтаро, дар баҳои хонумони хеш нигоҳ дошта нагузоштанд, ки бо васвасаи Аҳриманҳо ин хиттаи таърихофари достонангез тӯъмаи муру магасҳо гардад. Худованди дӯстдоштании Кариму Раҳим, дар рӯзҳои сангини ин миллати ҷафои таърихкашида гармтарин ва самимитарии чеҳраи пур аз муҳаббати инсонии аҷдодиро, аз дудаи Пешдодиёни кишваркушо, рӯи кор овард ва ба ӯ неруву тавонои созанда бахшида, дар ҳимояташ содиқтарин фарзандони қаҳрамонро омода сохт. Рақибони бадсиришти кинатузашро саркӯб ва шармандаву расвои ҳарду оламашон намуд. Пайроҳаи созандагиву ободкорӣ ва башардӯстии аҷдодонашро ба ӯ ҳидоят намуд. Ва ин абармарди таърихи навини миллати соҳибтамаддун кишвари азизи маро маъруфи ҷаҳониён гардонид. Имрӯз номи ин кишвари биҳиштосо бо номи неки ӯ тавъам буда, аз ҳафт то ҳафтод пушти рӯҳи поки фарзандони асили ин марзу бум дуогуи рӯҳи поки гузаштагони ин абармарди таърихи миллат мебошад. Эҳёи расму суннатҳои инсонгароӣ, қадршиносиву қадрдонии фарзандони асили кишвар, ки созандагони имрӯзу фардои ватани биҳиштосояшон мебошанд, маҳбубияти ӯро миёни тамоми мардумони кишвар даҳчанду садчанд намудааст. Ҳамин суннати аҷдодии башардӯстӣ, хамҷаворӣ, ҳамкешӣ, боҳамоӣ эътибори инсонии ӯро миёни роҳбарияти кишварҳои ҳамҷавор хеле ва хеле афзун гардонида, соҳиби арҷгузории роҳбарият ва халқхои он кишварҳо гардидааст. Боз намудани дарҳои наздики сӣ сол баста ба рӯи ду бародари ҳамдину ҳаммазҳаб ва ҳамкешу ҳамрайъ муҳаббати ӯро миёни халқҳои тоҷику ӯзбек афзун гардонида аст. Роҳбари Ҷумҳурии дӯсту бародари Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз сидқ ва самимият ӯро бародар хондааст ва бори аввал баъди наздики сӣ сол ӯ иброз намуд, ки саҳми асилтарин фарзандони модари тоҷик, дар эъмори як ҷомеаи башарии Ӯзбекистон хеле ва хеле бузург буда, миллат ва халқи Ӯзбекистон ин саҳми бародаронаи онҳоро зинҳор фаромӯш нахоҳад кард. Номи неки он фарзандони фарзонаи тоҷик дар дилу дидаи мардуми номвари ӯзбек абадан сабт хоҳад гардид. Ин суханони пурмӯҳтавову самимӣ ва пур аз муҳаббати роҳбари хирадманди Ӯзбекистони бародар, муҳаббати ӯву мардуми ин ҷумҳуриро дар қалби ҳар як сокини Тоҷикистон даҳчанду садчанд намуд. Дар ҳамин ҳавою ҳавас ва муҳаббатҳои самимии бародарона, китоби зиндагӣ ва фаъолияти эҷодии яке аз фарзонагони ҳунари киноофарии тоҷик, филмофари шуҳрати ҷаҳонӣ касб намудаи тоҷик, ки шуҳрату шони кинои узбекро маъруфи ҷаҳониён намудааст, мехоҳем чанд сатрҳои нагуфта ва нашунидаро манзури гӯшу ҳуш ва дилу дидаи хонандагони азизи тоҷику ӯзбек гардонем. Бигузор довари арҷгузори хидматҳои як тоҷики қаҳрамон ва башардӯст хонандаи тоҷик ва ӯзбек бошанд. Комил Ёрматов. Оре ҳамон нафаре, ки худшиносӣ ва истиқлолияту истиқлолхоҳиро дар хонадони тоҷики сарбаланду соҳибэҳтиром, зиёӣ ва ашрофзодаи миёни сойири қавму миллатҳои гуногуни Осиёи Марказӣ ва Русияи подшоҳии тавоно, мавқеъ ва мақоми хеле ва хеле пурэътибордошта, полковники артиши Русияи подшоҳӣ, ҳокими аввалин қаламрави тоҷикӣ дар Осиёи Миёна, дорандаи ду нишони пурарзиштарини Русияи подшоҳӣ орденҳои Гиоргии бузурги мағлубнашаванда, Ёрмуҳаммади тоҷик бо шири модар дар обу хоки поки Конибодом дар мағз- мағзи устухонаш ҷо намуда. Бале, ин хонадони соҳибэҳтироми номбардори миллати номвари тоҷик, эътибор ва шаъну шарафи тоҷикро, тӯли сад сол то инқилоби болшевикӣ, дар ҷаридаи олами ҳастӣ, бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт намудаанд. Бародари хурдии Ёрмуҳаммад. Тӯли бист сол сарфармондеҳи артиши рус, дар хонигарии Куқанд буда, бародари калониаш полковники хадамоти кашфи низомии артиши рус дар Осиёи Марказӣ ифои вазифа намуда,ба забонҳои фаронсавию олмонӣ, туркӣ, форсӣ ва арабӣ озод ҳарф мезадааст. Ӯ бо духтари яке аз фармондеҳони легионҳои Фаронса хонадор шуда, аз ин никоҳ як писар ва як духтар доштааст. Ҳамакнун хонандаи арҷманд он тарафашро худатон қазоват намоед, ки ин хонадони ашрофзодаи конибодомӣ соли 1903 на имрӯзӣ, балки қаламрави баробари як вилоят будаи собиқ Конибодоми Шоҳигарии Русия чӣ арзишҳо ва эътибору эҳтироми зиёде миёни зиёиён ва ашрофзодагони Осиёи Марказӣ ва Русия дошт. Ана дар ҳамин хонадон қаҳрамони мо таваллуд шуда ва ҳамаи донишҳову арзишҳои милливу хештаншиносиро, дар ин хонадон аз бар намудааст. Ӯ дар зери сарпарастии падар ва модари бузургвораш тарбият ёфта, дар аввалин мактаби мутаваситаи русӣ, ки соли 1912 ба ибтикори хонадони Ёрмуҳаммад Муҳаммад¬каримов бунёд гардида буд таҳсилро фаро мегирад. Аз синни понздаҳ¬солагӣ ба фаъолияти меҳнатӣ оғоз намуда, соли 1920 ба отряди ихтиёриёни дифои инқилоби Октябр зери фармондеҳии Ҳамдам Ҳоҷӣ Қаландаров шомил гардида то мансаби сардори гурӯҳи тирандозии савораи калтакдорони сурхи (бо таъбири имрӯза сардори милитсия) Конибодом мерасад. Тирамоҳи соли 1922 ҳунармандони театри касбии Ӯзбекистон таҳти сарварии Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ бо намоишномае меҳмони мардуми Конибодом мегарданд. Аввалин тамошобинони намоишнома кормандони милиция буда, ин ошноӣ бо ин чеҳраи шинохтаи фарҳангӣ, шахсияти барҷастаи адабиёт ва фарҳанги Ӯзбекистон Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Комили ҷавонро шефтаи ҳунарӣ нақшофарӣ намуд. Чобукиву далерӣ, тавонмандиву доноӣ, ахлоқи ҳамидаву ватандӯстӣ ва фарҳангдӯстии Комил, Ҳамзаро низ ором нагузошт. Гӯё ин марди фарҳангсолори донишманд ба Конибодом маҳз ба хотири Комил омада бошад. Қомати баланди сарв, китфу бозуи паҳлавонӣ, матонату қаҳрамонӣ, чашмони зебои тезбин дарки баланди маърифати Комил ӯро воқеан маҳву мот намуда буд. Ӯ намехост, ки бозёфташро аз даст бидиҳад. Дар ҷабҳаи муборизаҳои тезу тунд, бо душманони инқилоб миёни яксаду ҳафтод нафар калтакдорони сурх Комил ангуштнамо буд. Ин ҳамаро Ҳамза бо диққат мавриди омӯзиши хеш қарор дода, дар интиҳо ба Комил пешниҳод намуд, ки бо онҳо ҳамкорӣ намояд. Ҳамин тавр нақши аввал иҷро гардид. Нахуст қадами ӯ бар ин остони муқаддас гузошта шуд. Чанд муддат ҳам сардори калтакдорони сурх ва ҳам нақши сарвари калтакдорони сурхро рӯи саҳнаи ҳунар манзури тамошобинон гардонид. Ӯ, ки аз сиру асрори муборизон ва муҳофизони инқилоб хуб огаҳӣ дошт, нақшро хеле ва хеле бо маҳорати баланди касбӣ иҷро намуд. Интиҳои ин ҳамкорӣ бо он анҷомид, ки ӯро бо курсҳои маҳорати саҳнавӣ ва актиёри кинои омӯзишгоҳи Б.Н. Чайковскии шаҳри Маскав фиристоданд. Ногуфта намонад, ки ҳангоми таҳсил тӯли ду сол ӯ вазифаи сардори милитсияи Конибодомро низ бар дӯш дошт. Ниҳоят баъди хатми ин мактаби ҳунару маҳорат соли 1926 пурра ба арсаи театр ва кино гомҳои нахустиншро мегузорад. Аввал ба вазифаи корсоз, дастёри наворбардор, актёр ба студияи «Шарқ Юлдузӣ» - «Звезда Восток» ба шаҳри Тошканд меояд. Тӯли ду сол дар ин студия нозукиҳои касби киноро аз бар намуда, соли 1928 ӯро барои таҳсил ба факултаи филмбардорӣ (режиссиёрӣ) бо Техникуми давлати киномотографии Маскав мефиристанд. Баъди хатми бомуваффақияти ин даргоҳи ҳунари филмофарӣ, ӯ вориди Донишкадаи давлатии киномотографии шаҳри Маскав гардида, ин даргоҳи пурифтихорро ба итмом расонида фаъолияти филмофариаш аз соли 1931 оғоз мегардад. Ва номи Комил Ёрматов дар сафаҳоти матбуоти собиқ Шӯравӣ, хамчун актёр ва наворбардори касбӣ зиннати фарҳанги кишвар гардида, атрофи ҳунари фавқулодааш сару садоҳои зиёде ба миён меояд. Ин даргоҳи пурифтихор, ки пур аз шебу фарозҳои зиндагӣ ва пуртаҳлукаи рӯзгори одами нави Шӯравӣ буд, ӯро водор месохт, ки бинобар таъбири мардумӣ «Дар сари мижгон чу ашк истодаӣ ҳушёр бош…». Ҳунар ва ҳунарманд душман надорад, аммо ҳасудони нотавонбини кажназари зиёде ҳаст, ки садди роҳи ҳунар ва ҳунарманд. мегарданд. Аз чӣ бошад, ки ин сиёҳкосагони бадфарҷом аз ҳама зиёд садди роҳи донишмандон ва хирадмандони ватанхоҳу ватанпарвар гардида, аз шикасти фарзандони фарзонаи миллат нашъа мегиранд. Ана ҳамин тавр ин абармарди дунёи ҳунар дар миёни рашку ҳасади нотавонбинони замонаш зиндагӣ карда, барои созандагони ояндаи дурахшони Ватан ва миллат чун падар ва ҷадди бузургвору хонадони пурифтихораш сӯхтаасту сохтааст. Пайроҳаи муҳаббат ва садоқату бародарие, ки ӯ бо падар ва ҷадди бузургвораш миёни қалбҳои ду миллати бо ҳам дӯсту бародар ва ҳамхуну ҳамкеши тоҷику ӯзбек боз намудааст, асрҳои зиёде барои ҳамдигар хидмат хоҳанд намуд. Ҳанӯз соли 1931 ӯ бо тамоми нерӯи созандаи ҷавонӣ бо пойтахти кишвари азизи хеш (шаҳри собиқи Сталинобод) Душанбеи имрӯза омад, то ба чашми ҷаҳониён собит созад, ки миллате, ки Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Хайём, Носири Хусрав, Саъдии Шерозӣ, Ҳофизи Шерозӣ,Шайх Аттор, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ Сайидо, Мулҳам, Шавкати Бухороӣ, Шамсиддин Шоҳини Кӯлобӣ, Айнӣ, Турсунзода ва садҳои дигарро барои хидмат ба халқи ҷаҳон додааст, имрӯз низ дар эъмори як ҷомеаи башардӯст хидматҳои хеле ва хеле арзишманде хоҳад намуд. Бо шавқу шӯри ватандӯстиву ватанхоҳ гом бар остонаи муқаддаси филмофарӣ ниҳод. Мехост ба ҷаҳониён нишон диҳад, ки тоҷикон дар қатори дигар қавму миллатҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, соҳиби арзишҳои бузурги фарҳангӣ буда, дар роҳи эҷоди як ҷомеаи башардӯсти Иттиҳоди абарқудрати собиқ Шӯравӣ саҳми арзандаи хешро хоҳанд гузошт. Ҳамин тавр нахустин филмҳои тоҷикӣ ба заҳматҳои зиёди Комил Ёрматов соли 1929 рӯ ба саҳнаи кинои Шӯравӣ, бо номи «Коллективонӣ», «Панҷ соли Тоҷикистони Шӯравӣ», «Дар сохтмонҳои кишвар», «Фарзанди ҳафтуми Шӯравӣ» рӯи кор омаданд. Баъдан филмҳои бадеие, ки аз аҳвол ва рӯзгори мардуми тоҷик, дар роҳи пойдории сулҳу амният ва ватанхоҳиву ватандӯстии ин миллати номвар рӯи навор омадаанд: «Аз зери гунбази масҷид»- (1928), дар ин филм нақши асосӣ Умарро худи Комил Ёрматов иҷро намуда соҳиби баҳои баланди киношиносони Шӯравӣ гардидааст. «Беки охирин»- (1930), дар ин филм ҳам нақши қаҳрамони асосӣ Ботурро Комил худаш иҷро намуда ин филм низ соҳиби обрӯву эътибори зиёди ӯ ва кинои тоҷик гардид. Филми «Муҳоҷир»- (1934) – обрӯву эътибори Комил Ёрматовро дар саросари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ даҳчанду садчанд намуда, киностудияи Тоҷикфилм аз ҷониби шинохтатарин чеҳраҳои фарҳанги кишвари собиқ Шӯравӣ, аз қабили Феофан Платонович Кулешов ва Анатолий Василевич Луначарский соҳиби баҳои баланд гардида, Комил Ёрматовро ҳамчун коргардони шинохта бисёре аз киностудияҳои кишварҳои собиқи Шӯравӣ ба кор даъват намуданд. Аммо ӯ ҳеҷ даъватеро напазируфт. Ӯ мехост кинои тоҷикро соҳиби арҷу эҳтироми саросари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ намояд. Филми «Муҳоҷир» дар саросари қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ шӯру валвалаи зиёдеро бар по хезонда буд. Дар нақши асосии филм, ки қаҳрамони он Комил ном дошт, худи ӯ нақш бозида нақши завҷаи Комил- Марямро, ҳунарманди шинохта ва маъруфи кишвар София Тӯйбоева иҷро намудааст. Ин нахустин филми тоҷикие буд, ки соҳиби баландтарин мукофоти пуливу молии Шӯравӣ гардида буд. Ба иҷрокунандаи нақши асосӣ ва филмбардор Комил Ёрматов 2000 рубл ва соати тилло, ба иҷрокунандаи нақши Марям актириса София Тӯйбоева 500 рубл ва соати дастӣ, ба ёвари коргардон низ 500 рубл ва соати дастӣ тақдим карда шуд. Ин муваффақияти кинои тоҷикро бархе аз роҳбарони вақт нодида мегирифтанд. Ана аз ҳамин лаҳза сар карда, ба сари ин фарзанди фарзонаи миллат фишорҳо оғоз гардид, ҳарчанд ки киностудияи Иттиҳоди Шӯравӣ номи Комил Ёрматовро ҳамон замон бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт намуда буд. Дар тамоми чорабиниҳои фарҳангии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ӯро мехонданд. Ҳамагон бо маслиҳату машварати ӯ ниёз доштанд. Мактаби ҳунарии Комид Ёрматов, дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ аз ҷониби машҳуртарин филмбардорон ва киношиносони шуҳрати ҷаҳонӣ дошта мавриди омӯзиш ва тадқиқот қарор гирифта буд. Соли 1939 бо унвони Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон сарфароз гардида, миёни фарҳангиёни кишвар соҳиби обуруву эътибори хеле ва хеле зиёд мегардад. Соли 1940 аҳли санъат ва кинои тоҷик омодагии зиёде доштанд барои гузаронидани даҳаи санъат ва кинои тоҷик дар шаҳри Маскав Комил Ёрматов аз ҷониби аҳли ҳунар ва фарҳангиёни кишвар ба сифати роҳбари даҳаи санъати кинои тоҷик пешбарӣ мегардад. Бо васвасаи кадоме аз нотавонбинони рашкзадаи ҳунараш роҳбари Комисарияти Халкии кишвар М. Қурбонов номи ӯро аз ин ҳайат гирифта, бо виқор мегӯяд, ки «хватит ему получать ордена». Ногуфта намонад, ки ҳамагӣ шаш моҳ қабл аз ин Комил Ёрматов ба мукофоти олии Ватан ордени «Нишони фахрӣ» сарфароз гардида буд. Ин нишони пурифтихорро ӯ дар шаҳри Маскав аз дасти Раиси Кумита оид ба Киномотографияи Иттиҳоди Шӯравӣ гирифта буд. Ин танбеҳи Раиси Комиссарияти халқ ӯро маҷбур сохт, ки аз нав барои гилаву гузор назди роҳбари касбии хеш И. Большаков ба Маскав рафта асли воқеаро ба ӯ мефаҳмонад. Ӯро ҳеҷ бовараш намеояд, ки чунин ҳунарманд ва филмбардори машҳурро чунин беқадрӣ намоянд. Баъди ин И. Большаков ба хулосаи лозимӣ омада, чунин қарор мебарорад: 1. Филмбардори дараҷаи аввали Киностудияи Сталинобод Ёрматов Комил ба филмбардори дараҷаи Олӣ бо маоши дараҷаи олӣ гузаронида шавад… 2. Филмбардори дараҷаи Олӣ Комил Ёрматов бо Киностудияи Ӯзбекистон ба шаҳри Тошканд таҳвил дода шавад. 3. Филмбардор Комил Ёрматов роҳбари бадеии Киностудияи Тошканд таъин карда шавад. 4. Киностудияи «Тоҷикфилм» бинобар норасоии мутахассиси кино муваққатан баста шуда, дар шакли хроникавӣ фаъолият намояд. Ана ин мукофоти амал ба роҳбарони вақти кишвар буд. Ҳамин тавр фаъолияти эҷодии чунин як ҳунарманди воқеан шуҳратёри кишвар аз ватани аслӣ канда, ба як порчаи дигари хоки ватани бузурги Шӯравӣ пайваст гардид. Ин ҳунарманди асилро киностудияи «Ӯзбекфилм» гарму самимӣ истиқбол намуда, минатдории хеш ва роҳбарияти Ӯзбекистонро ба И. Большаков иброз намуданд. Фаъолияти эҷодии ин абармарди кинои собиқ Иттиҳоди Шуравӣ дар Ӯзбекистон хеле ва хеле пурсамар буд. Чун ватани умумии наздики сесад миллион мардумон Иттиҳоди абарқудрати Шӯравӣ буд ва Тоҷикистону Ӯзбекистон узви пайкараи ин қудрати ҷаҳонӣ ба шумор мерафтанд, ҳаёти ӯ аз Тоҷикистон ва фарзандони фарзонаи он канда набуд. Тамоми мардуми Ӯзбекистон, ҳам тоҷикон ва ҳам ӯзбекон ва сойири қавму миллатҳои Ӯзбекистони Шӯравӣ бо номи Комил Ёрматови тоҷик ифтихор мекарданд. Шуҳрати кинои ӯзбек бо номи Комил Ёрматов на танҳо дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ, балки дар тамоми Осиёву Аврупо шоистаи иззату икроми ҷаҳониён гардид. Обуранг ва бадеияту характерҳои офаридаи ӯ дар тамоми филмҳояш муҳаббат ва самимияти тоҷикӣ дошта, ин муҳаббат ва самимият дархури дардҳои ҳазорсолаи ин ду миллати ҳамхуни ҳамкеш ва ҳамдину ҳаммазҳаб мебошад. Дар машҳуртарин филмҳои ӯ, аз қабили «Алишери Навоӣ» ва «Сино» муҳаббати поки дӯстиву бародарӣ, ҳамдиливу ҳамкешии ин ду халқи ҳамсиришт он гуна пуробуранг тасвир ёфтааст, ки ҳафтод сол боз филми «Алишери Навоӣ» -ро тамоми тоҷику ӯзбекҳои дунё писандидаанд. Ҳамин муҳаббат ва садоқатеро, ки Комил Ёрматов ҳафтод сол қабл аз имрӯз рӯйи саҳнаи кинои Шӯравӣ оварда буд, шодбоше бар руҳи поки Мавлоно Ҷомӣ ва Мир Алишери хирадманд будааст, ки Роҳбари муаззами кишвар, Бунёдгузори Тоҷикистони навин, Пешвои миллат, Президенти мардумии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти муҳтарами кишвари дӯст ва бародари ҳамхуну ҳамдилу ҳаммазҳабу ҳамкеши ӯзбек Шавкат Мирзиёев дарҳои бо васвасаи аҳриман наздики сӣ сол бастаро боз намуданд. Тамоми хонадони мусалмони дӯсту бародари тоҷику ӯзбек дар ҳаққи ҳафтод пушти ин ду абармарди таърихи нави кишваркушоӣ дуои хайр хоҳанд намуд. Ин ҷо як нуктаеро мебояд мавриди назари хонандаи хеш қарор бидиҳам ин аст, ки роҳбари арҷманди Ӯзбекистони бародар Шавкат Мирзиёев ҳангоми сафари расмии давлатиаш ба Тоҷикстон, дар мавриди дӯстиву бародарии ин ду қавми ҳамдину ҳамкешу бародар ва саҳми фарзандони тоҷик, дар эъмори давлати кунунии Ӯзбекистон хеле ва хеле бо эҳтироми бузургу самимӣ ҳарф заданд, ки шоистаи арҷгузории ҳарду миллат мебошад. Пас нашояд, ки бо васвасаи аҳриманҳо ин арҷгузорӣ ва саҳми мардуми тоҷик дар Ӯзбекистон пушти пардаҳои сиёҳ бимонад. Фарзанди фарзонаи Шӯравии собиқ, фарзанди номбардори Ӯзбекистони бародар Комил Ёрматови тоҷик ва даҳҳои дигарро, ки барои ободиву шукуфоии кишвари Ӯзбекистони бародар хидмат намудаанд он гуна, ки Иттиҳоди абарқудрати собиқи Шӯравӣ арҷгузорӣ намуда буд, имрӯз, ки ихтиёр дар дасти худамон мебошад, мебояд арҷгузории миллӣ намоем. Ҳамзамон номи поки онҳоеро, ки бо васвасаи бадхоҳе, аз лавҳи заррини таърих шуста гардидаанд, аз нав зинда гардонида шавад. Хиёбону мактаб, театр, кохи фарҳанг ва кино гулгаштҳое, ки 70 – соли Шӯравӣ номи неки фарзонагони тоҷикро доштанд аз нав барқрор карда шаванд. Ин аст шарти авввали дӯстиву бародарӣ ва ҳамкушиву ҳамрайъӣ. Ӯ фарзанди азизи Тоҷикистону Ӯзбекистон мебошад. Хидматҳои бузурги Комил Ёрматов барои мардуми бародари ӯзбек ва кишвари Ӯзбекистон на камтар аз фарзонатарин фарзонагони Ӯзбекистон мебошад. Нашояд, ки номи Комил Ёрматов аз мактаби кинову фарҳанги баланди Ӯзбекистон шуста гардад. Охир филми Алишери Навоӣ истеҳсоли киностудияи «Ӯзбекфилм», аз ҷониби Комил Ёрматов рӯи навор омада, аз ҷониби роҳбари муаззами Иттиҳоди Шӯравӣ сазовори мукофоти давлатии СССР ва сазовори ордени пурифтихори дараҷаи ІІ – Сталин гардида буд. Ва дигар чизе, ки боиси ёдҳои пурифтихор мебошад, ин аст, ки ин филм, бо маслиҳат ва машварати фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, собиқ Сарвазири Тоҷикистони Шӯравӣ, собиқ вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, соҳибэҳтироми аҳли фарҳангу ҳунари кишвар, шодравон Абдулаҳад Қаҳҳоров рӯи навор омадааст. Ин аст хидмати мардуми фарҳангофари тоҷик ба халқи дӯсту бародар ва ҳамдину ҳаммазҳабу ҳамкеши ӯзбек. Ва набояд фаромӯш кард, ки Комил Ёрматов вакили мардумии даъватҳои 6,7,8 ва 9-уми Шӯрои Олии Ӯзбекистон низ буда ҳамзамон Артисти Халқии Ӯзбекистон, Барандаи ҷоизаи давлатии Узбекистон, Ходими давлатии Ӯзбекистон, Раиси кинои Ӯзбекистон аз соли 1958 то 1978 будааст. Ана ин аст, хидматҳои бузургу содиқонаи фарзанди арҷманди тоҷик ба ҷумҳурии бародари Ӯзбекистон. Оре! Ин ҳама, ки гуфтем ва гуфтанд дардҳое аз рӯзгори гузаштаи ин миллати гурдзои фарҳангофар мебошад. Зиндагиномаи Комил Ёрматови тоҷики пурифтихори мову манҳо ва ояндагони миллат мебошад. Хидматҳои бузурги фарзанди арчманди миллат, Пешвои муаззами халқ, Бунёдгузори Тоҷикистони навин, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи боҳамоии ин ду миллати ҳамдунину ҳамкешу ҳаммазҳабу бародари ориёӣ шоистаи арҷгузории ҳар як нафари бофарҳангу бомаърифати кишвар мебошад. Ӯ дар тамоми вохӯриҳояш ба мардуми кишвар бо таъкид дар бораи фарзандони фарзонаи миллат сухан ронда, аз зиёиён ва фарҳангиёни кишвар даъват ба амал меорад, ки фарзонагони миллатро арҷгузорӣ намоянд. Фаъолияти пурфазилати онҳо миёни мардум аз тариқи фарҳангу маориф ва радиову телевизионҳои кишвар таблиғу ташвиқ карда шавад. Имрӯз аҳли зиё ва фарҳангиёни кишварро мебояд, ки ин таъкидҳои хирадмандонаи Роҳбари муаззам, Пешвои Миллат, Президенти мардумӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо камоли майл дар амал татбиқ намоянд. Нагузоранд, ки ин хидматҳои пурарзиши таърихӣ, аз ҷониби бебасаре, бехабаре, кӯрдили тангназари ноошное беқадрӣ карда шавад. Ҷумъахони Темурзода, Шаҳри Душанбе. PS: Салом эй рӯҳи поки ба ҳақ пайвастаи родмарди Ватан. Ман аз хоки поки зодгоҳат, аз он диёре, ки тифливу бачагиатро пушти регзору талу пуштаҳои сабзпӯши дарахтони гулбасари бодомзораш гузаронидаӣ, пайғом овардаам. Ин пағом мушти хоки поки он диёр, атри кафани орзуву ҳасрати ёру диёрат ҳаст, ки болои мазори покат мепошам. То гулҳои армонат шукуфон гашта, бӯи муаттари ёру диёрро ба машоми рӯҳи покат биёранд. Ҳамон гуна, ки устод Айнӣ аз забони Темурмалики сафшикан овардааст: Атри кафан зи хоки Ватан кардам орзу Во ҳасрато ки мебарам ин орзу ба хок. Номаи пур аз дарду ҳасрататро, ки ҳамагӣ ду сол пеш аз видоят ба номи дӯсти бисёр ҳам азизат, сари хирадмандони вақт, шодравон Абдулаҳад Қаҳҳоров нигошта будӣ, хондам. Дареғо, ки дасти хирад ва донишу фазилату фарҳанг он замон аз дасти сиёсат кӯтоҳтар буд. Вопасин хоҳишат, аз роҳбарияти кишвар он буд, ки ҷисми бе ҷони пур аз дарду ҳасрати диёратро, дар хоки поки Лучоб гӯронанд. Ёздаҳ нафар бузургони миллат бо сарварии аллома Бобоҷон Ғафуров поёни хоҳишат имзои ризоят гузоштанд. Дареғо, ки … Роҳбари вақту замони зимомдории кишвар пушти ҳамаи ин ризоиятҳо аломати рад гузошт. Ва ин ёздаҳ абармарди таъриху фарҳанги миллат ин дардро бо муҳри хомӯшӣ бо дарду ҳасрат ба хок бурданд. Осуда бош, ай қаҳрамони қалбҳои реш-реши Ватанхоҳони кишвар. Шумо танҳо нестед. Паҳлӯи шумо дар як мушт хок бо ҳамин дарду ҳасратҳо Аҳмад Махдуми Дониш. Шамсиддин Шоҳин, Мунзим Хайрат. Шавкат, Мулҳам ва садҳо хирадмандони дигари миллат хобидаанд. Осуда бош, фарзандони барӯманди миллат бо камоли эҳтиром ба шумо ва хонадони Ёрмуҳаммади Муҳаммадкарим арҷгузор ҳастанд. Фарзандони номбардори Конибодом номи покатро ливои ифтихори миллатдӯстиву меҳанпарастӣ намуда, мактаби ҳунар ва ахлоқи хонаводагиатро ба фарзандони хеш меомӯзонанд. Душанбеи азиз бо роҳбари ҷавону Ватанхоҳ, фарзанди номбардори миллат, Рустами Эмомалӣ, ки дасти пурэъҷози созандагиаш Душанберо ҳамрадифи шаҳрҳои бузурги дунё намудааст, гулгаштеро бо номи покат хоҳанд гузошт. Пайкараи зебоят низ дар Душанбеи азиз қомат хоҳад афрохт. Эҷоду маҳорат ва матонату ватанхоҳият сабти китоби фарзонагони миллат гардида, мавриди омӯзиши тамомии хонандагони кишвар хоҳад гардид. Осуда бош эй абармарди дунёи ҳунари даври замонҳо… Имрӯз ба гӯши ҷон наҷвое садои азизонатро аз қаҳри таърихи корномаи пурифтихорат мешунавем, ки бо ҳасрату дард, дар рӯзи видоят набуданашонро чунин баён доштаанд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.