Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ16-03-2018, 08:01
Хабарро хонданд: 205 нафар
Назарҳо: 0
15 марти соли 2018 дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Мулоқоти кории сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок ва суханронӣ карданд. Барои ширкат дар ин ҳамоиш Сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев, Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев, Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков ва раиси Парлумони Туркманистон Оқҷа Нурбердиева дар шаҳри Остона ҷамъ омаданд. Меҳмононро Сарвари кишвари мизбон Нурсултон Назарбоев истиқбол гирифт. Дар толори Қасри “Оқ Орда” дар ҳошияи кори ҳамоиш маросими аксбардории сарони давлатҳо баргузор шуд. Зимни суханронии хеш Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст сарони давлатҳоро бо фарорасии ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ табрик гуфта, ба онҳо аз номи мардуми тоҷик сулҳу субот, рӯзгори хуш ва саодату шукуфоӣ орзу карданд. Дар ҷараёни мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ миёни онҳо табодули озод ва судманди афкор оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкории минтақавӣ дар ҳамаи соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт. Таъкид гардид, ки Осиёи Марказӣ — ин минтақаи дорои захираҳои васеи табиӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва неруи зиёди инсонӣ мебошад ва изҳори умед карда шуд, ки ин имкониятҳо бояд ба манфиати халқҳои тамоми минтақа самаранок ва оқилона истифода карда шаванд. Зиёда аз ин афзоиши таҳдиду хатарҳои амниятӣ давлатҳои минтақаро водор месозад, ки бо истифода аз тамоми воситаҳои мавҷуда ва вокуниши фаврӣ бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷиноятҳои фаромиллӣ ва радикализми динӣ якҷоя муқовимат намоянд. Бино ба андешаи иштирокчиёни мулоқот, ҳалли масъалаҳои мазкур самти муҳими ҳамкории минтақавӣ мебошад, зеро дигаргуншавии вазъ дар як мамлакат ба амнияти тамоми минтақа таъсири манфӣ мерасонад. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи тамоми имкониятҳо баҳри таҳқими ҳамкорӣ дар ин самт изҳори омодагӣ карданд. Сарвари давлати Тоҷикистон зикр намуданд, ки минтақа дорои имкониятҳои бузурги истифоданашуда ҷиҳати тавсеа ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ дар асоси манфиатҳои тарафайн мебошад. Дар ин робита Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон андешидани тадбирҳои дахлдорро баҳри аз байн бурдани монеаҳои мавҷуда дар роҳи таъмини рафтуомади озоди сокинони минтақа, табодули мол, қувваи корӣ ва сармоя муҳим арзёбӣ намуданд. Ба роҳ мондани истифодаи имкониятҳои нақлиётӣ-коммуникатсионӣ ва иқтидори транзитӣ барои тарафҳо муфид номида шуд. Яке аз бахшҳои муҳими ҳамкории минтақавӣ истифодаи дуруст ва самараноки захираҳои обию энергетикӣ бо дарназардошти манфиати ҳамаи тарафҳо мебошад. Ин яке аз омилҳои асосии пешрафт ва рушди устувори минтақа хоҳад буд. Дар ин робита Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуданд: “Ман чандин маротиба аз минбарҳои баланд, аз ҷумла, Созмони Милали Муттаҳид, инчунин дар Паёмҳои худ ба Парлумони мамлакат зикр намуда будам, ки Тоҷикистон барои кишварҳои ҳамсояи худ дар масъалаи об ҳеҷ гоҳ мушкил эҷод накарда буд ва нахоҳад кард. Имрӯз ман мехоҳам бори дигар таъкид намоям, ки мо ҳамсояҳои худро ҳеҷ гоҳ бе об нахоҳем гузошт. Боварӣ дорам, ки муколамаи озод, таҳкими ҳамдигарфаҳмӣ ва рушди ҳамкории созанда метавонад ба амалишавии ҳадафҳои мо дар ин самт мусоидат намояд”. Сарвари давлат ҷиҳати рушди ҳамкории минтақавӣ дар соҳаи истифодаи самаранок ва оқилонаи захираҳои об изҳори ҳавасмандӣ намуданд. Бино ба андешаи Президенти мамлакат, иншооти мавҷуда ва бунёдшавандаи гидроэнергетикӣ барои ҳалли масъалаҳои вобаста ба обу энергетика дар минтақа аҳамияти бузург доранд. Эмомалӣ Раҳмон инчунин барои тавсеаи муносибатҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳангию гуманитарӣ ва илмию техникӣ изҳори андеша карданд. Пешвои миллат зикр намуданд, ки таҳкими ҳамкорӣ дар ин соҳаҳо омили муҳими наздикшавии фарҳангии давлатҳо ва халқҳои минтақа мегардад. Ҳамкории минтақавиро яке аз заруратҳои бебаҳси замон номида, аз дигаргуниҳои мусбати вақтҳои охир дар ин самт изҳори қаноатмандӣ намуданд. Инчунин Сарвари давлат ҷиҳати дастгирии қатъии тамоми кӯшишу талошҳо бо мақсади истифодаи имкониятҳо баҳри рушди тарафайни кишварҳои минтақа мавқеи устувори худро эълон доштанд. Дар охир Президенти мамлакат изҳори умедворӣ намуданд, ки натиҷаҳои бобарори Мулоқоти кории сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ омили таҳкими раванди беҳдошти сатҳи зиндагии мардумони минтақаи мо мегардад. Дар охири кори ҳамоиш Изҳороти муштараки Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба ҷашни байналмилалии Наврӯз қабул гардид. Дар бораи натиҷаҳои Мулоқоти кории Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ орост. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.