Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » «Толибон» дар Афғонистон дастболо мешаванд?

«Толибон» дар Афғонистон дастболо мешаванд?

23-01-2018, 10:40
Хабарро хонданд: 298 нафар
Назарҳо: 0
«Толибон» дар Афғонистон дастболо мешаванд?
Таҳдиди фарзиявии «Давлатӣ исломӣ» (ташкилоти террористии мамнуъ дар ҶТ) аз ҳудуди Афғонистон ба кишварҳои Осиёи Миёна ва Қазоқистон сокинони онро ба ташвиш овардааст. Муносибот миёни ҳаракати «Толибон» ва ДИИШ дар Афғонистон, ҳамчунин динамикаи рушд ва миқёси таъсири ДИИШ, аз ҷумла «ниятҳо» нисбат ба мамолики Осиёи Марказӣ аллакай чанд сол шуд характери мубоҳисавӣ ва «спекулятивӣ» доранд. Анқариб торумор кардани ДИИШ дар Сурияву Ироқ ба ин кӯраи ҳангомаи иттилоотӣ «равғани нав» мерезад.
Ба андешаи Александр Князев, коршиноси масоили Осиёи Марказӣ ва Шарқи Миёна, доктори улуми таърих «Толибон» ва ДИИШ (бо бренди «Вилояти Хуросон») дар Афғонистон баъд аз паси сар кардани давраҳои муносиботи бетарафона ва ҳатто дӯстона охири соли 2014 ва баланд шудани шиддати низоъ соли 2015, ки ҷанг миёни онҳо солҳои 2016-17 низ давом кард, ҳоло паҳлӯ ба паҳлӯи ҳам дар кишвар вуҷуд доранд. Паст шудани шиддати низоъ миёни онҳо бо равандҳои мураккаби дохилӣ миёни ин ду гурӯҳҳо фаҳмида мешавад. Ин равандҳои пайвастаи фрагментатсия (ба қисмҳо ҷудо шудан), иваз шудани сарварон, мавҷуд набудани алоқаҳои муайяни вертикалӣ (аз поён ба боло), ки метавонистанд гурӯҳҳои алоҳидаи ҷангиёнро маҷбур ба иҷрои бекамукости фармонҳо дар маҳаллот кунанд, маҳсуб мегарданд. Ва ин ҳам ба «Толибон» ва ҳам ба ДИИШ дахл дорад».
Тобистони соли 2016, баъд аз марги «губернатор»-и аввалини ДИИШ Ҳафиз Саидхон, вориси ӯ Ҳасибулло Лоғарӣ тактикаро тағйир дод-ӯ дар муносибот бо ҷамъиятҳои қавмии паштунҳо аз усулҳои зӯроварӣ даст кашидаву барои паштунҳои маҳаллиро ба фаъолияти худ ҷалб кардан кӯшишро пеш гирифт. Ин натиҷаҳои муайян дод, нигоҳ накарда ба он, ки ДИИШ чун пешина ҳамчун фотеҳи аҷнабӣ, ки тобеият ба он характери маҷбурӣ ва муваққатӣ дорад, қабул мешуд ва то ҳол низ чунин қабул мешавад. Моҳи апрели соли гузашта ҳангоми амалиёти муштараки хадамоти махсуси амрикоӣ ва қувваҳои ҳукуматии афғонӣ дар водии Моманди музофоти Нангарҳор Ҳасибулло Лоғарӣ кушта шуд. Ҳамин замон дар роҳбарияти марказии ДИИШ дар Сурия тағйироти муҳим рӯйи кор омад ва дар натиҷаи мағлубияти васеъ муносибат ба «Вилояти Хуросон» ба куллӣ тағйир ёфт-вазифаи муҳим акнун «худмуҳофизатӣ» ва маҳфуз доштани ҳадди аққал баъзе мавқеъҳои пешин дар Сурияву Ироқ шуд. Ин ба он оварда расонд, ки дар сохтори афғонии ДИИШ муборизаи дохилӣ барои сарварӣ оғоз гардид. Тобистони соли гузашта ихтилофи ҷиддӣ дар гурӯҳ рӯйи кор омад. Сабаби он қарори баҳсноки аксарият оид ба интихоби «губернатор»-и нав шуд. Аслам Форуқии Охундзода, аз минтақаи паштунии покистонии Оракзай, миллаташ паштун ба ин вазифа интихоб гардид. Дар ҳайати гурӯҳҳое, ки Охундзодаро эътироф карданд, компоненти покистонӣ, ҳамчунин гурӯҳҳои афғонии паштун ва балуҷ, ки асосан дар минтақаҳои покистонии Оракзай, Баҷаур, Ҳангу ва Қурам пойгоҳ доранд ва дар музофотҳои шарқӣ, марказӣ ва ҷанубии Афғонистон фаъол ҳастанд, аксариятро ташкил мекунанд.
Пештозони гурӯҳи мухолифи Охундзодаро асосан қумандонҳои гурӯҳҳои собиқ Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон ташкил доданд. Онҳо ҳангоми амалиёти сершумори қушунҳои покистонӣ хеле талафот дода, ҳамчунин бо қабилаҳои маҳаллии паштун пайваста дар низоъ қарор доштанд. Аз ҷониби раҳбарияти марказии ДИИШ дар Сурия гуфтушунид миёни ин ду гурӯҳи мухолиф ташкил карда шуд. Вале охири тобистон он бенатиҷа анҷом ёфт. Роҳбарияти марказии ДИИШ Аслам Форуқиро ҳамин тавр ҳамчун «губернатор» эътироф накард ва бо ҳамин корро «ба маҷрои худ» равона сохт.
Гурӯҳи мухолифини Форуқӣ тирамоҳи соли 2017 ба шимолу шарқ (Бадахшон) ва шимолу ғарби кишвар (Ҷузҷон-Сарипул) «кӯч баст». Онро яке аз қумандонҳои пешинаи собиқ Ҳаракати Исломии Ӯзбекистон, бо тахаллуси «Муовия», тибқи маълумоти тасдиқнашуда-шаҳрванди Ӯзбекистон сарварӣ намуд. Ба гурӯҳи ӯ дастаҳои Умар Ғозӣ («Шайх Умар», писари Ҷумъаи Намангонӣ), Азизулло (Абдураҳмон) Юлдош (писари Тоҳир Юлдошев), дастаҳои тоҷикон ва ӯзбекони Афғонистон, ҳамчунин чеченҳо, туркҳо ва уйғурҳо шомил шуданд. Онҳо дар музофотҳои шимолӣ (ҳаммарз бо кишварҳои Осиёи Марказии пасошӯравӣ) амал мекунанд, тибқи баъзе баҳогузориҳо, шумораи ҷангиёни дастаҳои ба Муовия тобеъ то 2000-2200 ва бо захираи зуд ҷамъшаванда то 3800-4000-ро ташкил мекунад. Ин, албатта, барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ҳамсояҳои мо боиси ташвиш аст.
Муносибот миёни гурӯҳҳои ДИИШ аз як тараф ва Толибон-аз тарафи дигар такя бо вазъи «дохилитолибӣ» иловатан мураккаб мешаванд. Ҳаракати «Толибон» ягон вақт сохтори «вертикалӣ», ки идораи он марказонида шуда бошад, набуд. Расман раҳбарияти ҳозираи он ба зимоми «Шӯро»-и аз ҷониби Мавлавӣ Ҳайбатулло Охундзода идорашаванда вогузор шудааст. Ин Шӯро қисман дар Қарочӣ, қисман дар Кветтаи Покистон мустақар шудааст, одатан онро «Шӯрои Кветта» меноманд. Аз ҷониби қисми зиёди қумандонҳои ҳарбӣ Ҳайбатулло Охундзода сарвари Шӯрои Кветта эътироф шудааст, аммо боз як қатор «шӯро»-ҳои монанд мавҷуд аст-Шӯрои Шимол (покистонӣ), Шӯрои Миромшоҳ («занҷираи Ҳоқонӣ») ва Шӯрои Пешовар. Илова бар ин, боз гурӯҳи оппозитсионие вуҷуд дорад, ки аз ҷониби Убайдулло Ишоқзой, хеши наздики роҳбари кушташудаи «Толибон» Мулло Ахтар Мансур сарварӣ карда мешавад. Дар воқеият қисми зиёди қумандонон дар маҳалҳо мустақилона, бе ҳамоҳангсозӣ бо Шӯрои Кветта амал мекунанд, такя бо манфиатҳои ҳозираи худ, аз ҷумла мустақиман фармоишҳои сармоягузорони хориҷиро иҷро мекунанд. Дар шимоли кишвар пайдо шудани гурӯҳи ДИИШ бо сарварии Муовия барои бисёр қумандонҳои толиб масъалаи рақобат аст, чун ин ду тараф шароитҳои гуногуни маблағгузорӣ доранд. Агар қумандонҳои «Толибон» бо фаъолияти ҷиноятӣ алоқаманданд-ҷамъоварии андоз («ушр» ва «закот»), назорати роҳҳои қочоқӣ, аз ҷумла роҳҳои интиқоли маводи мухаддир, рэкет ва на ҳама вақт аз сармоягузории берунӣ бархурдоранд, пас гурӯҳҳои ДИИШ нисбати сармоягузорӣ камбудие ҳис намекунанд, вале онҳо низ аз сарчашмаҳое, ки толибон доранд (дар боло зикр кардем) истифода мебаранд. Табиист, ки ин ҳолат миёни онҳо рақобати пайвастаро пеш меорад, нигоҳ накарда ба судури фармонҳо аз Кветта.
Кӯшишҳои иҷрои фармонҳои Шӯро аз ҷониби «Толибон» зиёд пеш гирифта мешуд, аммо онҳо самарабахш набуданд ва буда ҳам наметавонистанд, чун ба ҷаҳонбинии худи ҳаракат мухолифат доштанд. Ин ҳаракатест, ки самаранокии амалҳояш бо алоқаҳои маҳаллӣ дар ин ё он минтақа таъмин мегардад. Табиист, ки манфиатҳои чунин гурӯҳҳои маҳаллӣ на ҳама вақт бо фармонҳои аз Кветта содиршуда рост меоянд. Тибқи баъзе ҳисобҳо, шумораи ҷангиёни аз ҷониби Шӯро назоратшавандаи Миромшоҳ (Ҳоқонӣ) на кам аз 15 фоизи шумораи умумии ҷангиёни «Толибон»-ро ташкил мекунад. Тақрибан миқдори ба ин наздикро Шӯрои Пешовар ва Шӯрои Шимол назорат мекунанд, на кам аз 10 фоизи ҷангиён ба оппозитсияи аз ҷониби Убайдулло Ишоқзой раҳбаришаванда шомил ҳастанд. Дар натиҷа, шумораи ҷангиёни ба Ҳайбатулло Охундзода тобеъ аз 50% камтари шумораи умумии ҷангиёни «Толибон»ро, ки тақрибан наздики 50 ҳазор ҳастанд, ташкил медиҳад.
Дар умум, метавон чунин натиҷагирӣ кард, ки нигоҳ накарда ба он, ки Шӯрои Кветта аз тактика ва стратегияи мухолифати мустақими ҳарбӣ бо гурӯҳҳои ДИИШ даст кашидааст, худи хусусияти ташкилотии «Толибон» эҳтимолияти сар задани чунин низоъҳоро рӯйи кор меорад. Моҳи октябри соли 2017 ба Шӯрои Кветта муяссар гардид, ки бо гурӯҳи Форуқӣ созишномаи оташбас бубандад. Аммо нигоҳ накарда ба ин созишнома, дастаҳои зиёди «Толибон» шартҳои онҳоро рад карданд ва муборизаро алайҳи ДИИШ-и Форуқӣ идома доданд. Гурӯҳи Форуқӣ бо Шӯрои Миромшоҳ («занҷираи Хоқонӣ») алоқаи зич дорад ва қисми зиёди амалиёт (масалан, қисми зиёди амалҳои террористӣ дар Кобул)-ҳоро якҷоя роҳандозӣ мекунад. Аммо ин муносибот характери муайян надоранд, миёни ДИИШ-и Форуқӣ ва «занҷираи Хоқонӣ» бисёр вақт низоъҳои мусаллаҳона сар мезананд, ки асосан бо рақобат нисбати назорат сари музофотҳои шарқӣ алоқаманд ҳастанд.
Муовия барои Хоқонӣ рақиб нест, минтақаҳои амалиёти онҳо аз ҳам дур ҳастанд, муносиботи муътадил миёни онҳо аз ҷониби хадамоти ҷосусии покистонии ISI ва сармоягузорони арабӣ нигаҳ дошта мешавад. Созишномаи Шӯрои Кветта ва гурӯҳи Форуқӣ ба гурӯҳи Муовия паҳн намешавад, миёни бисёр фармондеҳон аз ду ҷониб мухолифатҳои куҳна ҷой доранд, ки баъзан характери байниқавмиро доро ҳастанд. Бинобар ин, дар шимоли Афғонистон бархӯрдҳои мусаллаҳона миёни дастаҳои паштунӣ, ки ба Шӯрои Кветта тобеъ ҳастанд ва гурӯҳҳои «осиёимиёнагӣ»-и ДИИШ-и Муовия кори муқаррарӣ ва пайваста аст. Як чизро бояд ба назар гирифт: агар рақибони «ховариназдикии» «Толибон» қодир ҳастанд танҳо шумораи на он қадар зиёди ифротиёни маҳаллиро атрофашон ҷамъ оваранд ва ё ҷангиёни кирояро аз хориҷ ҷалб кунанд, пас толибон такягоҳи маҳаллии иҷтимоӣ доранд. Кӯшишҳои Мулло Расули толиб бо гурӯҳи дастаҳоро, ки мехостанд соли 2016 ба ДИИШ бипайванданд ва ин аз ҷониби Мулло Ахтар Мансури кушташуда қотеъона дучори мухолифат гардида буд, имрӯз ягон нафар аз фармондеҳони асосии толибон намехоҳанд такрор кунанд. Ва барои ин сабабҳо низ ҳаст-миёни толибон ва «аҷнабиён» мухолифатҳои зиёд вуҷуд доранд-сар карда аз рақобати ҷиноӣ-иқтисодӣ то ҷаҳонбинии мазҳабӣ.
Маҳдуд гаштани алоқаҳо ва дастгирӣ аз ҷониби роҳбарияти марказии ДИИШ, ки айни замон дар Сурияву Ироқ дучори мағлубият аст, мухолифатҳои дохилӣ дар гурӯҳи «Вилояти Хуросон» ва ба қисмҳо ҷудо шудани он, мухолифатҳои объективӣ бо ҷиноҳҳои гуногуни «Толибон»-ҳамаи ин ДИИШ дар Афғонистон (махсусан, гурӯҳи «осиёимиёнагии Муовия)-ро дар ҳолати хеле мураккаб мегузорад. Вале мавҷуд будани сармоягузории беруна ба ин гурӯҳҳо имкон медиҳанд зарфияти муайян ва сатҳи «самаранокӣ»-ашонро нигаҳ доранд. Дар алоқа ба ин, тамоми андешаҳо оид ба «кӯчиш»-и гӯё густурдаи ҷангиёни ДИИШ аз Ховари Наздик ба Афғонистон ва ақидаҳои ба ин монанд асос надоранд. Ниҳодҳои қудратии Афғонистон нисбати ин маълумоти тозаро интишор мекунанд-масалан, дар Ҷузҷон ҳамагӣ 12 шаҳрванди Алҷазоир ва 4 ҷангии дорои шаҳрвандии Фаронса қарор доранд. Бо чунин омор оид ба «фавҷҳои бузург»-и ҷангиёни интиқолшудаи ДИИШ сухан рондан дуруст нест.
Тӯли солҳо ақидае вуҷуд дорад, ки аз нуқтаи назари таъмини бехатарии сарҳадот бо Афғонистон «занҷира»-и аз ҳама заиф Туркманистон аст («Народная газета» аз 02.02.15 сол). Рӯзҳои аввали августи соли 2017 дар минтақаи Қаҳқаҳа, наздикии сарҳадҳои Туркманистон, Афғонистон ва Эрон кӯшиши убур намудани сарҳад аз ҷониби гурӯҳи ДИИШ-и Муовия дар шумораи 50 ҷангӣ пеш гирифта шуд. Ба баъзе аз ин ҷангиён муяссар гардид, ки бо ҳамдастии тарафдорони маҳаллии худ ба воҳаи Теҷен ворид шаванд. Заифияти мақомоти қудратии туркманӣ дар худ равандҳои ташвишовар барои минтақаро дорад, агар наздик будани баҳри Каспий ва сарҳадҳои на ҳама вақт дуруст назоратшавандаи Туркманистон бо Ӯзбекистону Қазоқистон ба назар гирифта шавад.
Сохтори ДИИШ дар Афғонистон ба он гурӯҳҳои монанд ба артише, ки дар Сурияву Ироқ меразмиданду то ҳол меразманд, монанд нест. Дар Афғонистон ин барои минтақа шаклҳои классикии гурӯҳҳои хурдест, ки аз рӯи принсипи «занҷиравӣ» амал мекунанд. Чунин гурӯҳҳо метавонад бе душворӣ аз ҷониби мақомоти қудратии кишварҳои минтақа нобуд гарданд. Ғайр аз Туркманистон. Хатарҳои асосӣ зиёд на дар ДИИШ, балки дар мавҷуд будани дастгирии тарафдорони маҳаллӣ, чун дар Туркманистон ва фасод дар мақомоти маҳаллӣ буда метавонанд, менависад «Независимая газета».
Дар ҳар ду гурӯҳи ДИИШ-и афғонӣ душманони асосӣ Эрон, Русия ва иттифоқчиёни онро дар Осиёи Марказӣ мебинанд, вале бо таври махсус-гурӯҳи Форуқӣ самти баръалои алайҳиэронӣ ва зиддишиӣ дорад, гурӯҳи Муовия дар вазъҳои худ зиёд алайҳи Русия баромад мекунад. Ҳар ду ин самтро метавон фармоиш аз ҷониби сармоягузорон, ки бешубҳа, то ҳол Арабистони Саудӣ, Қатар бо иштироки «менеҷерон»-и покистониву туркӣ ҳастанд, қабул кард. Дахолати ИМА ва шарикони ғарбии ӯ ба лоиҳаи «Вилояти Хуросон» зарурати умумии сиёсӣ дорад, гурӯҳи ДИИШ танҳо яке аз асбобҳои зиёди барномаҳои амрикоӣ оид ба дастгирии бесуботӣ дар Афғонистон ва овардани фишор ба кишварҳои ҳамсоя метавон номид, мегӯянд коршиносон.
Аммо дар қазияи Афғонистон назарҳо гуногунанд. Ба наздикӣ президенти кишвар Ашраф Ғанӣ дар мусоҳиба ба шабакаи телевизионии CBS иброз дошт, ки бе дастгирии Амрико ҳукумати Кобул 6 моҳ ҳам нахоҳад побарҷо монд. ИМА то 90% харҷи буҷети мудофиавии Афғонистонро таъмин мекунад-ин дар кумаки ҳамасолаи ҳарбӣ ба маблағи зиёда аз 4 миллиард доллар зоҳир меёбад. Боз 30 миллиард доллари амрикоӣ барои барқарорсозии кишвар сарф гардидааст. Афроди зиёде дар кишвар мавҷуд ҳастанд, ки ихроҷи қувваҳои ҳарбии амрикоӣ аз хоки кишварашонро намехоҳанд. Ба гуфти онҳо, дар сурати хурӯҷи артиши ИМА Афғонистонро «гӯштқимакунак»-и боз ҳам даҳшатнок интизор аст.
Дар ҳамин ҳол, метавон гуфт, ки бо мавҷуд будани ҳукумати марказии заифе, ки такя ба дастгирии ҳарбии беруна дорад ва гурӯҳҳои мухталифи мусаллаҳ, дар Афғонистон нуфузи ҳаракати «Толибон» боз ҳам афзудааст ва ҳоло ин ягона қувваи воқеии ҳарбист, ки минтақаҳои зиёди кишварро таҳти назорат дорад. Ва айни замон муносибат ва дидгоҳ ба ин ҳаракат низ то ҳадде тағйир ёфтааст. Масалан, Франс Клинтсевич, сиёсатмадори рус, муовини аввали раиси кумитаи Шӯрои Федерасия оид мудофиа ва бехатарии Русия чанде пеш дар як конфронс бахшида ба масъалаи терроризм дар Душанбе иброз дошт, ки «толибон ба ҳудуди кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ даромаданӣ нестанд ва ҳеҷ гоҳ ин ниятро ҳам надоштанд». Яъне, вазифаҳои геополитикӣ тамоюл ба ивазшавӣ доранд ва бозигарон акнун нақшҳоро иваз мекунанд. Як чиз яқин аст: ҳаракати «Толибон» имрӯз дар Афғонистон муваффақ аст ва ҷонибдорони дохиливу берунааш меафзояд. Он аз қувваи ҳарбӣ ҳамчунин ба қудрати сиёсие табдил шуда истодааст, ки дар оянда дар сохтани ҳукумати марказӣ иштироки фаъолона хоҳад дошт.
Ҳамаи ин, албатта, барои кишвари мо, ки марзи тӯлонӣ бо Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дорад, боиси ташвиш аст. Ҳамин аст, ки дар ҳамоиши охирини сарони давлатҳои ИДМ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суханронии хеш оғоз аз вазъи мураккаби сарҳадоти ҷанубии давлатҳои Муштаракурманофеъ ва хатарҳои эҳтимолӣ аз ҷониби Афғонистон ибрози андеша намуд ва кишварҳои аъзои ин созмонро даъват намуд, ки ҷиддӣ сари қазия хулосаҳои зарурӣ бароранд.
Ҳоло вазъ чи гуна сурат хоҳад гирифт, вақт нишон хоҳад дод.
Азамат Дӯстов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: