Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ, 5 январи соли 2017

Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ, 5 январи соли 2017

10-01-2017, 11:19
Хабарро хонданд: 214 нафар
Назарҳо: 0
Суханронии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҷлиси КИМ ҲХДТ, 5 январи соли 2017
Муҳтарам аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрӯз барои ҳар як аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон даврае фаро омадааст, ки аз фаъолияти ҳизб дар соли 2016 ҷиҳати амалӣ гардондани ҳадафҳо ва барномаҳо натиҷагирӣ намоем ва барои соли нави 2017 нақшаҳоямонро муайян созем.
Зеро таҳлилу натиҷагирӣ аз корҳои иҷрогардида ва дарёфти самтҳои мушаххаси фаъолияти минбаъда имкон медиҳад, ки кори ҳизб, бахусус, дар шароити имрӯзаи кишвар, минтақа ва ҷаҳон дуруст ба роҳ монда шавад.
Мо дар марҳалае кору фаъолият дорем, ки ҷаҳонро буҳрони амиқи молиявию иқтисодӣ ва сиёсиву иҷтимоӣ фаро гирифтааст. Дар гӯшаҳои мухталифи сайёра ва дар кишварҳои гуногуни олам воқеаву таҳаввулоте ба амал омада истодаанд, ки ба раванди табиии тараққиёти ҷомеаи мо низ бетаъсир намемонанд.
Бинобар ин, моро лозим аст, ки ин тағйироту дигаргуниҳоро ҳамаҷониба баррасӣ намуда, ба онҳо баҳои воқеӣ диҳем ва дар заминаи онҳо фаъолияти минбаъдаи худро мушаххас гардонем.
Ҳанӯз чор сол қабл дар баргузории чорабинии тантанавӣ бахшида ба 20 – солагии Иҷлосияи таърихии 16 –уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мо “Ҳадафҳо ва самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ”–ро муайян ва мушаххас намуда будем, ки татбиқи ин ҳадафҳои воло яке аз вазифаҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон низ мебошад. Аз ин рӯ, таъкиди ин ҳадафҳоро, ки ба таҳкими истиқлолият, суботу амнияти кишвар ва рушди ҷомеа заминаи боэътимод мегузорад, бори дигар зарур мешуморам.

Ҳадафи якум ва муҳимтарини мо ҳифз кардан ва таҳким бахшидани давлатдории миллӣ мебошад.
Масъалаи ҳифзи ин дастоварди бузург, яъне ҳимояи давлату давлатдории миллӣ ва таҳкими аркону пояҳои он хусусан дар шароити пуртазоду печидаи солҳои охир, яъне рӯз аз рӯз мураккаб шудани вазъи геополитикии минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани рақобат ва бархӯрди манфиатҳои кишварҳои абарқудрат ва таҳти таъсири равандҳои ҷаҳонишавӣ осебпазир гардидани истиқлолияти давлатҳои миллӣ аҳамияти торафт ҷиддии ҳаётӣ пайдо мекунад.
Аз ин лиҳоз, вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар кадоми мост, ки ҳатто як лаҳза ҳам масъалаи ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани суботу оромии ҷомеаро фаромӯш насозем.
Ҳамаҷониба густариш бахшидани худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватандории мардум ва баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии аҳолии кишвар, ба хусус наврасону ҷавонон ҳадафи дуюми мо маҳсуб меёбад.
Зеро ҳар кадоми мо солҳои охир шоҳиди ҳодисаҳое мебошем, ки баъзе доираҳои муайян тавассути расонаҳои иттилоотӣ ва бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии қисмате аз ҷомеа, махсусан гурӯҳҳои алоҳидаи ҷавонон, авзои сиёсиву иҷтимоии як қатор кишварҳоро ноором ва давлатҳои ободро ба харобазор табдил медиҳанд.
Мардум бояд моҳияти равандҳои сиёсии дохиливу хориҷӣ, мақсади нерӯҳои ғаразноки берунӣ ва ҳадафи нақшаву барномаҳои давлати худро мустақилона дарк карда тавонанд.
Ҷомеаи мо бояд донад, ки ҳадафи стратегии давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар заминаи таҳкими истиқлолияти давлатӣ баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум мебошад.
Дар атрофи ғояи «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол – Ватани маҳбуби ҳамаи мо» муттаҳид намудани тамоми гурӯҳҳо ва қишрҳои ҷомеаи кишвар ҳадафи сеюми мо мебошад.
Ба андешаи ман, маҳз ҳамин ғоя нуқтаи пайванд ва ҳалқаи ба ҳам оварандаи тамоми мардуми кишвар, сарфи назар аз миллату забон, дину мазҳаб ва ақидаву мавқеи сиёсӣ буда, дар айни замон воситаи муассиртарини ҳифзи Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳамчун вазифаи меҳварӣ ва асосии мо ба шумор меравад.
Ҳадафи чорум ҳарчи бештар густариш додани фарҳанги сулҳ ва решадор сохтани ваҳдату ризоияти миллӣ ҳамчун дастоварди нодиртарини мардуми Тоҷикистон мебошад.
Халқи тоҷик сулҳу ҳамдигарфаҳмиро ба ивази азияту заҳмати сахту сангин ва қимматтар аз ҳама, ба баҳои ҷони даҳҳо ҳазор қурбониёни ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ба даст овард ва имрӯз шукргузор аст, ки дар фазои неъмати бузурги суботи сиёсӣ ва оромии ҷомеа кору зиндагӣ дорад.
Бинобар ин, мо вазифадорем, ки ба хотири тарбияи насли наврас ва ҷавонони имрӯза дар рӯҳияи ватандӯстиву сулҳҷӯӣ ва ободкориву созандагӣ, инчунин барои наслҳои ояндаи халқамон ба мерос гузоштани ин дастоварди муқаддасу нодир, фарҳанги сулҳро ҳамчун ҷузъи доимии фарҳанги зиндагии мардум густариш бахшем.
Ҳадафи панҷум, фаъолияти тамоми сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳар кадоми моро доир ба ҳалли масоили ҷавонон дар бар мегирад, ки ин ҷавҳар сиёсати “Рӯй овардан ба ҷавонон” мебошад.
Дар роҳи расидан ба ин ҳадаф мо бояд, пеш аз ҳама, барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва кору фаъолияти ҷавонон заминаву имкониятҳои муносибро фароҳам оварем.
Дар ин раванд мо бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандӯстӣ, ахлоқи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омӯзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдӯстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоиста кору пайкори насли имрӯзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд.
Ҳадафи шашум ҳифзи ҳувияти миллӣ ва арзишҳои волои халқи куҳанбунёдамон дар шароити ҷаҳонишавист.
Раванди ҷаҳонишавӣ дар баробари паҳлуҳои мусбати худ имрӯз башариятро дар рӯ ба рӯи омезишу бархӯрди арзишҳо ва фарҳангҳои гуногун қарор додааст. Мо ҳамчун миллати қадима ва фарҳангӣ ҳаргиз мухолифи ҳамкориҳои фарҳангу тамаддунҳои гуногуни башарӣ нестем.
Баръакс, мо ҷонибдори гуфтугӯи тамаддунҳо ва истифода аз сарватҳои илмӣ ва дастовардҳои фарҳангии халқҳои Шарқу Ғарб ба хотири таҳкими низоми дунявии давлати худ мебошем.
Маҳз бо дарназардошти чунин воқеият фарҳангу арзишҳо ва ҳувияти миллии мо ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷомеа ва давлат ниёз доранд.

Ҳамсафони арҷманд!
Дар Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки барои солҳои 2015-2020 қабул гардидааст ва самтҳои афзалиятноки пешрафти кишвар ва фаъолияти ҳар яки моро муқаррар менамояд, ба масъалаи таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ аҳамияти аввалиндараҷа дода шудааст. Дар он гуфта мешавад, ки “Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро асоси пешравии ҷомеа шуморида, барои таҳкими ваҳдат ва ризоияти миллӣ, ташаккули фарҳанги ваҳдатгароии шаҳрвандон, густариши ғояи миллии «Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол - Ватани маҳбуби ҳамаи мо» саъю талош менамояд”.
Маҳз ҳамин муқаррарот бояд маҳаки асосии фаъолияти моро ташкил диҳад.
Соли равон мо 20-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистонро таҷлил мекунем. Бинобар ин ҳамаи чорабиниҳои оммавию сиёсӣ бояд ба таҳкими минбаъдаи ваҳдати миллӣ ва суботи ҷамъиятиву сиёсӣ мусоидат намоянд. Ин масъаларо ҳар як узви ҳизб ва тамоми масъулони ҳизб бояд дар мадди назар гирифта, дигар табақаҳои иҷтимоӣ ва доираҳои сиёсиро ба ин масъалаи ҳаётӣ сафарбар намоянд.
Нақши аҳзоби сиёсӣ, бахусус мавқеъ ва мақоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки дар ҷомеа нуфузи хоса дорад, барои солимгардонии афкори мардум ва ба самти муайян сафарбар намудани онҳо аҳамияти аввалиндараҷа касб мекунад. Дар ин росто ҳадафи аслии ҳизби мо ҷалби мардум ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, таҳкими сулҳу субот ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар мебошад.

Дар давраи баъди Анҷумани ХII Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чорабиниҳои муҳими сатҳи давлатӣ ба монанди интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, раъйпурсии умумихалқӣ барои ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули як қатор санадҳои ҳуқуқӣ ва аз ҳама асосӣ мо ҷашни фархундаи 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шукуҳу шаҳомати хоса истиқбол гирифтем, ки омили боз ҳам муттаҳид гаштани сокинони кишвар ва таҳким бахшидани ваҳдати миллӣ гардиданд.
Дар ҳамаи ин чорабиниҳо аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва ҷонибдоронамон фаъолона иштирок намуда, ҷиҳати муташаккилона гузаштани онҳо саҳми арзандаи худро гузоштанд. Тадбирҳои мазкур аҳамияти калони созандагию бунёдкорӣ дошта, барои иттиҳоду якпорчагии мардум, таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, баланд гардидани ифтихори миллӣ ва меҳандӯстию ватандорӣ мусоидат менамояд.
Бо қаноатмандӣ гуфтан лозим аст, ки маҳз дар ҳамин давра ташкилотҳои ҳизбии мо фаъолияти баланди сиёсӣ нишон дода, аъзои ҳизб тавонистанд, ки оммаи васеи мардумро барои маъракаҳои сиёсӣ ҷалбу сафарбар намоянд.
Дар ин росто, дар баробари таҳкими ваҳдати миллӣ ҳизби мо ва аъзою ҷонибдорони онро лозим аст, ки дар масъалаи таъмини амнияти миллӣ ва давлатӣ ҳушёру зирак ва дастёри мақомоти дахлдори давлатӣ бошанд.
Маҳз бо назардошти ҳамин муҳимият созмонҳои ҳизбӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» бо мақсади баланд бардоштани фарҳанги сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ, худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватанпарастии хонандагону донишҷӯён дар тамоми донишгоҳу донишкадаҳо, коллеҷу омӯзишгоҳҳо ва аксарияти литсейю гимназияҳо ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ муташаккилона ба роҳ монда шуд, ки зимни баргузории онҳо устодону донишҷӯён ва хонандагон фаъолона изҳори назар намуданд.
Бо назардошти ташаккули мавқеи ҷавонон дар рушди ҷомеа ва вусъати ташаббускории онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ мо соли 2017-ро Соли ҷавонон эълон намудем. Бовар ва эътимод дорам, ки дар доираи чорабиниҳои ин сол эҳсоси ватандориву ифтихори миллии онҳо боз ҳам тақвият ёфта, дар ҳифзу ҳимояи Ватан ва соҳибистиқлолии кишвар нақши сазовори худро мегузоранд.
Мардуми шарафманди мамлакат барои ҳифзи суботу амният, ваҳдати миллӣ ва оромиву осудагии кишвар, ки бо талошу заҳматҳои сокинони ҷумҳурӣ ба миён омадаанд, дар ҳар маврид омодагии худро иброз менамоянд. Дар вохӯриҳо роҷеъ ба мавзуъҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, дастовардҳои истиқлолият, сиёсати дохиливу хориҷӣ, вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ ва марҳила ба марҳила татбиқ гардидани ҳадафҳои стратегии давлат муҳокимарониҳо сурат гирифтанд.

Таҳаввулоте, ки ҳоло дар ҷаҳони ислом, хусусан дар кишварҳои мусулмоннишин ба амал омада, доман паҳн карда истодаанд, боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад. Гурӯҳҳои ифротӣ, террористӣ ва ғайриқонунии ба ном исломӣ бо мақсади ноил гаштан ба ҳадафҳои нопок ва ғаразҷӯёнаашон даст ба куштору ғорату террори мардуми осоишта зада, авзои сиёсию иҷтимоии кишварҳоро ноором мекунанд.
Бо куштори мусулмон аз ҷониби мусулмон, даҳшатафканӣ ва террор мардумро иҷборан ба зиндагии асримиёнагӣ бурданианд ё худ зери парчами ислом ҳадафҳои ғаразнок ва қудратталабии баъзе доираҳои муайяни хориҷиро амалӣ кардан мехоҳанд.
Ҳамин аст, ки як идда ҷавонони гумроҳшудаи мо мустақиман аз Тоҷикистон ё ки аз кишварҳои хориҷӣ ба ҷангҳои ба ном исломӣ мераванд. Ҳатто ба тариқи оилавӣ озими кишварҳои ҷангзада мешаванд. Ҷойи пинҳон кардан нест, ки шумораи ночизи онҳо дар заминаи эътиқодашон ин роҳи хаторо интихоб мекунанд. Аксари онҳо бар ивази маблағи муайян ва орзуи соҳиби маблағҳои калон шудан худро ба оташи ҷанг мезананд.
Бинобар ин ташкилотҳои ҳизбиро лозим аст, ки ба раванду рӯйдодҳои муҳими сиёсиву иҷтимоӣ баҳои дуруст дода, барои пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъшуда ва узвият дар ниҳодҳои низомии давлати ба ном исломии Ироқу Шом минбаъд низ чораҳои мушаххас ва муассирро амалӣ намоянд.

Муҳтарам аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ!

Чуноне ки иттилоъ доред, мо Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030-ро таҳия ва қабул кардем. Имрӯз ҳуҷҷати мазкур дастраси умум мебошад ва аз масъулин тақозо мешавад, ки барои татбиқи он қотеона амал намоянд. Дар зимн мехоҳам ба баъзе нуктаҳои он равшанӣ андозам.
Масъалаи муҳиму стратегии мо ҳамоно:
дар навбати аввал таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ;
дуюм, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан;
сеюм, таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат боқӣ мемонад.
Дар марҳилаи нави рушд се вазифаи асосӣ дар назди кишвар меистад: якум, ноил шудан ба сатҳи рушди иҷтимоию иқтисодии кишварҳои сегменти миёна бо даромади миёнаи муқоисашаванда; дуюм, таъмин намудани рушди устувор ба воситаи диверсификатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ; сеюм, вусъатдиҳӣ ва таҳким бахшидани табақаи миёна.
Мусаллам аст, ки дар ҳамин доира Барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон роҳҳои дастёбӣ ба муҳимтарин ҳадафу вазифаҳоро дар бар гирифта, он вазифаи ҳар фардро дар рушди иқтисодиёт ва бахшҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ бо такя ба фарҳангу анъанаҳои мардуми тоҷик ва дигар миллатҳои сокини Тоҷикистон муайян менамояд.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон чун ҳизбе, ки ҳақиқату адолатро маҳаки фаъолияташ қарор додааст, талош мекунад, ки дар заминаи дастёбӣ ба рушди устувори иқтисодии кишвар сатҳи камбизоатии мардумро минбаъд ҳам коҳиш дода, зиндагии тоҷикистониён боз ҳам беҳтару осудатар гардонида шавад.
Қисми таркибии Барномаҳои моро бахши иқтисодӣ ташкил медиҳад, ки дар он масъалаҳои тақвият бахшидани рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ва боло бурдани сатҳи зиндагии аҳолӣ махсус таъкид гаштааст.
Тадриҷан беҳтар гардонидани сифати зиндагии мардум ва то соли 2020 то ба 20 фоиз коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои асосии сиёсати иқтисодии мо мебошад.

Дӯстони азиз!

Пешбурди корҳои таблиғотиву ташвиқотӣ ва ба низом даровардани корҳои дохилиҳизбӣ дар раванди корҳои ҳизбӣ омили муҳим ба ҳисоб меравад.
Дар мавриди корҳои анҷомдодаамон гуфтан лозим аст, ки он қаноаткунанда мебошад. Новобаста аз ин моро лозим аст, ки корҳои ҳизбию сиёсиамонро бояд боз ҳам такмилу тақвият бахшем.
Дар ин росто, Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ бо мақсади ташвиқу тарғиби Паём нақшаи алоҳидаи чорабиниҳоро таҳия карда, аз рӯи он фаъолияташро роҳандозӣ мекунад.
Баҳри амалӣ намудани нақшаи мазкур аз ҳисоби кормандони масъули Дастгоҳи марказӣ, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказӣ ва Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гурӯҳҳои таблиғотӣ таъсис дода шуд. Вобаста ба ин кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо ҷиҳати амалӣ намудани нақшаи мазкур ва сафарбар намудани гурӯҳҳои таблиғотӣ чораҳои амалӣ меандешанд. Кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар асоси нақшаи мазкур дар корхонаҳо ва ташкилоту муассисаҳо силсилаи вохӯриҳоро баргузор мекунанд.
Дар Паёми Президенти кишвар ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фарогири натиҷаҳои фаъолият ва самтҳои асосии корбарии минбаъдаи соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқи кишвар аст, таъкид гардидааст, ки ҳадафи аслии мо расидан ба сатҳи шоистаи зиндагӣ ва шароити мусоиди иҷтимоӣ барои ҳар як фарди ҷомеа мебошад.
Мехоҳам дар инҷо чанде аз дастовардҳоямонро, ки дар солҳои истиқлолият ба даст овардаем, номбар намоям.

Дар давоми 20 соли охир музди миёнаи меҳнат 60 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 85 баробар афзуд ва дар ниҳоят сатҳи камбизоатӣ се баробар паст гардид.
Дар соҳаҳои саноат, энергетика, сохтмон, алоқа, инфрасохтор, маорифу тандурустӣ ва бахшҳои дигари иҷтимоӣ зиёда аз ҳазор лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 48 миллиард сомонӣ ҷалб карда шуд.

Дар давраи соҳибистиқлолӣ ба маблағи 11,4 миллиард сомонӣ зиёда аз 2 ҳазор километр роҳ ва беш аз 30 километр нақбҳои мошингузар сохта ва мавриди истифодабарӣ қарор дода шуданд, ки дар натиҷаи ин мо аз бунбасти коммуникатсионӣ баромадем.
Мо дар бобати рушди соҳаи боғу токпарварӣ ба пешрафтҳои назаррас ноил гардидем. Аз ҷумла тибқи барномаи рушди боғу токпарварӣ майдони боғу токпарварии ҷумҳуриро ба 180 ҳазор гектар расондем, ки нисбати соли 1991 қариб 100 ҳазор гектар зиёд мебошад. Чунин пешрафти соҳа дар амри ҳалли масъалаи таъмини амнияти озуқавории мамлакат беш аз пеш мусоидат карда истодааст.

Дар баробари ин бояд зикр намуд, ки майдони кишти пахта кам шуда, 134 ҳазор гектар замин барои сохтмони манзилу қитъаҳои наздиҳавлигӣ ва 10 ҳазор гектар замин барои бунёди корхонаҳои саноативу фарҳангӣ ва муассисаҳом иҷтимоӣ ҷудо гардидааст. Мақомоти дахлдор бояд ин масъаларо зери назорати ҷиддӣ гиранд. Ғайр аз ин барои азхуд намудани заминҳои нав чора бинанд.
Ҳамзамон мо муваффақ гаштем, ки дар соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, тандурустӣ, шуғл ва фарҳангу варзиш ба пешрафтҳои қобили мулоҳиза ноил шавем. Дар давраи зикргардида зиёда аз 2500 муассисаи таълимӣ ва беш аз 1000 муассисаи тандурустӣ бунёду навсозӣ карда шуданд. Шумораи донишҷӯёни макотиби олӣ қариб сад ҳазор афзудааст. Шумораи фавти модару кӯдак ҳангоми таваллуд то 2,7 баробар кам шудааст.

Мо барои ба ҳадафи асосии давлату ҳукумат, яъне таъмини зиндагии арзандаи сокинони кишвар расидан тамоми захираву имкониятҳоямонро сафарбар карда истодаем. Танҳо дар соли гузашта бо ин мақсад 52 фоизи хароҷоти буҷет ё ки 8,1 миллиард сомонӣ равона карда шуд.
Соле, ки сипарӣ гардид, сарфи назар аз омилҳои берунӣ рушди босуботи иқтисодиётамонро таъмин кардем. Аз ҷумла, ҳаҷми Маҷмуи маҳсулоти дохилӣ 54 миллиард сомонӣ ва афзоиши он 7 фоизро ташкил дод. Таваррум бошад, дар сатҳи 6 фоиз нигоҳ дошта шуд.

Дар соле, ки гузашт, мо имконият пайдо кардем, ки ҳаҷми маоши кормандони соҳаҳои буҷетӣ ва нафақаю стипендияҳоро ба андозаи аз 20 то 30 фоиз зиёд намоем. Мо чунин иқдомҳоро минбаъд низ идома медиҳем.

Дар зимни татбиқи ислоҳот дар ҷумҳурии мо фазои мусоиди соҳибкориву сармоягузорӣ фароҳам омада, шарикии давлат бо бахши хусусӣ таҳким ёфт ва Тоҷикистон аз рӯи баҳогузории созмонҳои байналмилалии молиявӣ дар чанд соли охир се маротиба ба қатори 10 кишвари ислоҳотгари пешсаф дохил гардидааст. Ҳамин аст, ки ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди миллӣ танҳо дар соли 2016 7,5 миллиард сомониро ташкил дод, ки беш аз 50 фоизи он сармояи мустақим мебошад.

Мо дар оянда ҳам ба масъалаҳои тавсеаи истеҳсолот, муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани сифати таълим ва касбомӯзии ҷавонон эътибори аввалиндараҷа медиҳем. Солона бояд то 100 ҳазор ҷойҳои нави корӣ ташкил намоем. Дар ин маврид вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо супоришҳои дахлдор гирифтаанд.

Дар ин замина Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои он бояд ҷидду ҷаҳд намояд, ки дар тарғиби дастовардҳои истиқлолият ва сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат, таблиғи ҳамешагии сиёсати бунёдкорона ва созанда, ки ба рушди ҳамаҷонибаи иқтисодиёт ва саодати мардуми кишвар нигаронида шудааст, ҷойгоҳи муносиб дошта бошад.
Бо мақсади амалӣ намудани иқдому ҳадафҳои созанда Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ чун Ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, Анҷумани тоҷикон ва форсизабонони ҷаҳон “Пайванд”, Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи нақшаи муштарак чорабиниҳои хотирмон гузаронда истодаанд ва лозим аст, ки ин корро боз ҳам тақвият бахшанд.
Кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо аз доираи васеи тарғиботчиён, олимону сиёсатшиносон, аҳли фарҳангу адаб, аъзои кумитаҳои иҷроия ба таври васеъ истифода мебаранд. Ташкилотҳои ибтидоӣ «соатҳои сиёсӣ»-ро ба маҳфили мубоҳисаҳои идеологӣ табдил медиҳанд, ки ин иқдом бахусус дар вилоятҳои Суғду Хатлон дар сатҳу сифати баланд ҷараён гирифта истодааст.
Зимни баргузории чорабиниҳои оммавӣ ва таблиғотӣ собиқадорони ҳизб ба таври фарогир ҷалб карда мешаванд. Собиқадорони мо, ки соли гузашта Шӯрои онро дар назди Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказӣ таъсис додем, яке аз гурӯҳҳои фаъол ва собитқадами ҷомеа мебошанд. Онҳо ҷиҳати татбиқи идеяҳои низоми давлатдорӣ саҳми худро мегузоранд. Бовар дорам, ки аъзои он таҷрибаи бою ғании тӯли солҳо андӯхтаи худро барои пешрафти ҷомеа ва беҳдошти зиндагии мардум истифода мекунанд.

Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки ба ҳайси сарпарасти маънавии Неругоҳи барқи обии Роғун шинохта шудааст, дар сохтмони ин иншооти муҳими аср саҳми муносиб дорад. Чанде қабл мо маҷрои дарёи Вахшро баста, ба ҷараёни сохтмон вусъати тоза бахшидем. Дар ин рӯйдоди таърихӣ ҳазорон нафар одамон аз тамоми гӯшаю канори ҷумҳуриамон ширкат варзида, онро мушоҳида намуданд. Бо мақсади рӯҳбаланд намудани кормандони иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии “Роғун” Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон пайваста дар макони сохтмон мулоқоту вохӯриҳо, намоишу фурӯши маҳсулот ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор менамояд, ки ин кори хайрро бояд идома диҳанд.
Барои сохтмони иншооти тақдирсози НБО-и Роғун то ҳол 12 миллиард сомонӣ ва танҳо дар соли сипаришуда 2 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шуд. Ва назар ба нақшае, ки мо дорем, агрегати аввали он бояд дар соли 2018 ба кор андохта шавад. Дар ҳамин замина раванди саноатикунонии мамлакат идома дода шуда, сохтмони корхонаҳои саноатиро дар ноҳияҳои Ёвон, Айнӣ, Данғара, Сарбанд, Ваҳдат, Панҷакенту Ҳисору Спитамен ва дигар шаҳру навоҳӣ вусъат мебахшем, ки дар натиҷа даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешавад.
Дар охири соли гузашта дар заминаи ба истифода додани навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳӣ иқтидорҳои нав ба 1300 мегаватт расида, низоми ягонаи энергетикии кишвар бунёд карда шуд. Барои истифодаи захираҳои гидроэнергетикӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ҳоло 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 10 миллиард сомонӣ амалӣ гашта истодааст.

Ҳозирини гиромӣ!
Зимнан тазаккур бояд дод, ки мардуми кишвар сиёсати имрӯзаи роҳбарияти давлату ҳукуматро ҷонибдорӣ намуда, ҳамеша аз он дастгирӣ ва пуштибонӣ менамоянд. Дар тамоми мулоқоту вохӯриҳо, ки ман бо мардум анҷом медиҳам, мебинам, ки қишрҳои гуногуни аҳолӣ чӣ гуна муштоқи суҳбату мулоқотҳо бо роҳбарон мебошанд. Чунин самимияту маҳбубиятро ман дар вақти таҷлили иди Наврӯз ва ҷашни шукуҳманди Ватанамон 25 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дидам, ки чӣ гуна мардум бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва ифтихормандона санаи муборакро истиқбол гирифтанд.
Тарғиби ин ва дигар дастовардҳои миллию давлатӣ ва дар маҷмуъ пешбурди корҳои таблиғотии ҳизбӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ яке аз самтҳои асосии пешбурди фаъолияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Роҳандозии дурусти кор дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ бешубҳа, ба оммавӣ ва шинохта шудани ҳизб дар байни аҳолӣ, бахусус ҷавонон замина мегузорад.
Аммо зикр бояд намуд, ки мутаассифона ҳоло ҳам сомонаҳои марказии ҳизб ва минтақавии он дар вилоятҳо ҷойгоҳ ва мавқеи сазовори худро пайдо накардаанд. Муроҷиати мардум ба ин шабакаҳо дар сатҳи зарурӣ нест.
Дар бобати ба низоми дуруст ва самарабахш ворид намудани сомонаҳо лозим аст, ки пеш аз ҳама базаҳои моддию техникии онҳо такмил дода, ба кори онҳо шахсони соҳибтаҷриба ҷалб карда шаванд. Истифодаи дурусту самараноки механизмҳои муосири таблиғотӣ метавонад мавқеи ҳизбро дар ҷомеа боз ҳам таҳким бахшад.
Бо ахбори таъҷилии сиёсиву ҳизбӣ фаро гирифтани аъзо ва алоқамандони ҳизб мавзуи дигари муҳими таблиғоти ҳизбӣ мебошад. Барои ин мо нашрияҳо ва сомонаҳои ҳизбӣ дорем, ки онҳо пайваста ба дастгирии масъулин ва аъзои ҳизб эҳтиёҷ доранд.
Пӯшида нест, ки фазои иттилоотӣ саҳнаи муҳими муборизаи сиёсӣ мебошад. Дар замони муосир ахбору иттилооти мухталиф ба афкори мардум таъсири ҷиддӣ мерасонад. Ба замми ин, садҳо васоити ахбори электронӣ, шабакаҳои радио ва телевизионҳо дар ихтиёри шаҳрвандон қарор доранд.
Худи одамон интихоб мекунанд, ки чиро бинанду хонанду шунаванд. Табиист, ки дар чунин ҳолат мазмуну муҳтавои нашрияҳо мақоми муҳим касб мекунанд.
Аз ин лиҳоз, ташкилотҳои ҳизбиро лозим аст, ки ба ин масъала аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намуда, ба интиқоду матолиби муғризонаи ҳангомаҷӯён, ки дар расонаҳои мустақилу васоити хабарии хориҷӣ ва сомонаҳои интернетӣ ба нашр мерасанд, вокуниши саривақтӣ нишон дода, мардумро аз асли воқеаву рӯйдодҳо бохабар созанд ва ҷиҳати иҷрои ин ҳадаф хониш ва соатҳои сиёсӣ гузаронанд.
Моро лозим аст, ки корҳои сиёсиву ҳизбиамонро дар ҳамин замина роҳандозӣ намоем ва мардумро ба моҳияти аслии онҳо ошно кунем, ба онҳо фаҳмонем, ки барои кишвари мо дар шароити ҳозира танҳо оромӣ ва сулҳу субот лозим аст. Бояд барои таҳкими ваҳдати миллӣ ҳарчи бештар ҷидду ҷаҳд кунем ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоем.
Ман рӯйдоду воқеаҳои ҷаҳонро бесабаб хотиррасон накардам. Зеро ҳамаи ин воқеаҳо, албатта, бо ин ё он восита ба вазъи ором ва сулҳу суботи кишвар, бахусус, афкору андешаи мардуми мо, аз ҷумла ҷавонон бетаъсир намемонанд.
Бо дарназардошти чунин вазъият таъкид месозам, ки нақши Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар тарғиби арзишҳои давлати дунявӣ, солимгардонии афкори ҷомеа ва ба самти созанда сафарбар кардани онҳо бояд назаррас бошад.
Дар ин росто, ҷалби мардум ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ, таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва таъмини зиндагии шоистаи сокинони кишвар бояд ҳадафи аслӣ ва меҳвари фаъолияти ҳизби моро ташкил диҳад.

Муҳтарам аъзои Кумитаи иҷроияи марказӣ!

Таваҷҷуҳ ба занону ҷавонон ва тарбияву сафарбар кардани онҳо ба корҳои давлативу ҷамъиятӣ яке аз самтҳои афзалиятноки кори ҳизбӣ мебошад.
Боиси қаноатмандӣ аст, ки дар парламенти ҳозира сафи бонувону ҷавонон зиёд гардидааст. Аз ҷумла, шумораи занон дар Маҷлиси намояндагон ба 13 нафар мерасад.
Аммо, мутаассифона, шумораи бонувон дар маҷлисҳои маҳаллӣ хеле кам аст. Бинобар ин, ташкилотҳои ҳизбиро лозим аст, ки дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба масъалаи пешбарӣ ва тарбияи кадрҳо аз ҳисоби занон ва ҷавонон эътибори ҷиддӣ диҳанд.
Ман бо истифода аз фурсат як пешниҳодро ба шумо расониданиам. Мувофиқи мақсад аст, ки барои дастгирии занон дар зинаҳои гуногун квотаҳо ва имтиёз муқаррар намоем ва дар ин самт ҳизби мо намунаи ибрат бошад. Ин таҷрибаро беш аз 110 кишвари дунё, аз ҷумла кишварҳои аврупоӣ истифода мекунанд ва яке аз роҳҳои таъмини баробарҳуқуқии занону мардон мебошад.
Вақте ки занону ҷавонон ба мақомоти маҳаллии намояндагӣ пешбарӣ шуда, фаъолият мебаранд, онҳо сабақу таҷриба мегиранд ва дар оянда барои иҷрои масъулият дар мақомоти болоӣ омода мешаванд.
Вобаста ба ин, дар шароити имрӯза моро лозим аст, ки ба масъалаи кор бо ҷавонон низ аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир намоем. Зеро ҳама гуна зуҳуроти номатлуб метавонад таъсири худро аввал ба мафкураи қишри ҷавони ҷомеа расонида, тафаккури онҳоро тағйир диҳад, ки ин ҳолат ба ҷомеаи мо таъсири манфӣ мерасонад.
Чуноне ки дар боло тазаккур додам, сол то сол фаъолияти сиёсии ҷавонон бояд тақвият дода шавад. Дар ин самт Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ҷумҳурӣ ва ташкилоти ҷамъиятии ҷавонони ҳизб “Созандагони Ватан”, ки панҷ сол пеш таъсис ёфта буд, ҷиҳати ҷалбу сафарбар намудани ҷавонон ба корҳои созандагию бунёдкорӣ нақши созгор дошта метавонанд.
Масъалаи тарбия ва ба корҳои роҳбарии ҳизбӣ ҷалб намудани ҷавонон яке аз масъалаҳое маҳсуб меёбад, ки мавриди таваҷҷуҳи доимии роҳбарияти олии ҳизб қарор дорад. Дар ин масъала, зимни баргузории ҷаласаи аввалини Шӯрои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ибрози назар карда будам.
Аз ин рӯ, ба Дастгоҳи Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дастур дода мешавад, ки оид ба ин масъала аҳамияти ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати пешбарии ҷавонон ба вазифаҳои роҳбарии ҳизбӣ таклиф пешниҳод намояд.
Ҳамчунин, ташкилотҳои ҳизбиро лозим аст, ки бо мақсади боз ҳам самаранок намудани фаъолияти бахшҳои маҳаллии созмони ҷавонон сохтори ташкилии онро такмил диҳанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ барои танҳо аз тариқи таҳияи барномаи мушаххас нуфуз пайдо кардан дар байни мардум ва овози зарурии интихобкунандаҳоро ба даст овардан барномаҳояшонро амалӣ мегардонанд.
Дар ин амр Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон обрӯ ва нуфузи калон пайдо кардааст. Барномаҳои он танҳо барои пешрафту тараққиёти мамлакат, беҳдошти зиндагии мардум ва таҳкими сулҳу субот нигаронида шудаанд. Ин рисолатро мо бояд пайваста тақвият бахшем ва ҷидду ҷаҳд намоем, ки ҳизби воқеан ҳам мардумӣ бошем.
Дар Барномаҳои ҳизби мо ҳамаи ин проблемаҳо ва масъалаҳои дигари муҳими ҳаёти мамлакат бараъло нишон дода шудааст. Аммо камбуди кори мо дар он аст, ки иҷрои ин санадҳоро назорат ва мониторинг намекунем.
Бо дастури ман ҳоло ташкилотҳои ҳизбӣ ба санҷиши ин санадҳо машғул ҳастанд. Мо бояд донем, ки нуктаҳои ин санадҳоро вакилони мо дар парлумони кишвар ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ то куҷо амалӣ гардонда истодаанд. Набояд фаромӯш кард, ки мардум ва бахусус интихобкунандаҳо маҳз барои амалӣ гардонидани ҳадафу нақшаҳои мо овоз додаанд.
Дар шароити ноорому пуртазоди ҷаҳони муосир мо бояд насли ҷавонро аз оқибатҳои манфии равандҳои ҷаҳонӣ эмин дорем, онҳоро бо дастовардҳои навини илм ва технологияҳои замонавӣ шинос кунем, барои таъмини зиндагии шоистаи мардум талош намоем, анъанаҳои миллиамонро рушди тоза бахшем ва ҳамеша кӯшиш кунем, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мавқеи сазовор дошта бошем.
Ҳизби мо дар давоми беш аз бист соли фаъолияташ аз имтиҳонҳои зиёде гузашта, обрӯ ва манзалаташро дар миёни табақаҳои мухталифи ҷомеа таҳким бахшид. Ҳамин аст, ки дар маъракаҳои сиёсӣ пешсаф буда, дар сабқатҳои интихоботӣ пайваста ба пирӯзӣ мерасад.
Марҳалаи имрӯза аз ҳар як узви ҳизби мо, роҳбарону кормандони сохтору мақомоти гуногун ва ҳамаи шаҳрвандони мамлакат тақозо менамояд, ки ба ҳалли проблемаҳои ҷойдошта эътибори ҷиддӣ диҳем. Чунки дар баробари комёбиҳо дар кори ҳизбӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат ҳанӯз проблемаҳои ҳалталаб зиёданд.
Бо дарназардошти ин, ҳар яки мо, пеш аз ҳама, роҳбарони кумитаҳои иҷроияи вилоятӣ ва шаҳриву ноҳиявиро зарур аст, ки барои нигоҳ доштани эътимоди мардум ва ҳалли мушкилоту масъалаҳои онҳо кӯшиши бештар намоянд.
Созмонҳои ҳизбӣ дар шаҳру ноҳияҳо бояд талош кунанд, ки ҳамқадами ҳаёт бошанд, дар чорабиниҳои ҷамъиятӣ ва ҳукуматӣ иштироки фаъолона дошта бошанд ва пешсафи ҷомеа буданашонро бо кори амалӣ нишон диҳанд.
Бинобар ин, бори дигар таъкид менамоям, ки роҳбарон ҳамеша бояд ба истиқболи мардум раванд, бо онҳо мулоқоту суҳбатҳо дошта бошанд, арзу ниёзмандиҳои онҳоро шунаванд ва дар ҳаллу фасли мушкилоташон расидагӣ кунанд.

Ҳамкорони муҳтарам!
Дар Барномаи ҳизб омадааст, ки вазифаи стратегии мо дар солҳои наздик аз таъмини рушди устувори иқтисоди кишвар, истиқлолияти энергетикӣ, озуқаворӣ, раҳоӣ ёфтан аз бунбасти коммуникатсионӣ, баланд бардоштани сифату сатҳи зиндагии мардум, бунёди корхонаҳо, муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ, рушду таҳкими низоми демократӣ, такмили минбаъдаи қонунгузорӣ, тақвияти асосҳои давлати ҳуқуқбунёд, дунявӣ, иҷтимоӣ ва идома додани сиёсати самарабахши хориҷӣ бо назардошти волоияти манфиатҳои милливу давлатиамон иборатанд.
Татбиқи чунин вазифа, пеш аз ҳама ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳамкории гурӯҳҳои сиёсиро дар асоси принсипи волоияти қонун ва бо назардошти манфиатҳои умумимиллӣ тақозо менамояд.
Чуноне ки дар боло таъкид намудам, дар ҷомеаи демократӣ меъёри муайянкунандаи доира ва ҳудуди ҳар гуна амалу рафтор қонун мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз оғози фаъолияти худ ба масъалаи таъмини волоияти қонун ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мекунад, зеро эҳтиром ва риояи қонунҳои кишвар кафолат ва шарти аввалиндараҷаи суботу оромӣ, рушди иқтисодиву иҷтимоӣ ва рӯзгори ободу осудаи ҳар як хонадон аст.
Дар ҳамин замина таъкид намудан мехоҳам, ки барои дарку фаҳмиши меъёрҳои демократӣ мардум ва пеш аз ҳама масъулинро омода кардан лозим аст. Мо бояд мутахассису кадрҳое дошта бошем, ки дар институтҳои байналмилалӣ манфиатҳои Тоҷикистонро ҳимоя карда тавонанд. Кордону забондон бошанду вазъият ва ҳолати воқеии ҷумҳуриро шарҳу эзоҳ дода тавонанд.
Дар робита ба ин зикр намудан ба маврид мебошад, ки ҳанӯз ҳам ҳизби мо неруи созанда ва қудрати бунёдкоронаи худро барои пешрафти ҷомеа, татбиқи ормонҳои демократӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум комилан истифода накардааст. Эътимоди қавӣ дорам, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бо иқдомҳои созанда ва барномаҳои воқеии худ мардуми ҷумҳуриро барои ободию шукуфоии Тоҷикистони азиз-Ватани маҳбуби ҳамаи мо муттаҳиду сафарбар менамояд.
Яке аз масъалаҳои дигари муҳим дар ҳамин замина мусоидат намудан ба ташаккули институти ҷомеаи шаҳрвандӣ мебошад. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷонибдор аст, ки заминаҳои ҳуқуқии фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ боз ҳам қавитар гардонида шаванд.
Бояд тазаккур дод, ки мафҳуми демократия ва бунёди давлати демократӣ барои мо вожаҳои нав нестанд. Мо бо онҳо аз наздик шинос ҳастем. Аммо дар ин бора борҳо таъкид намудаам, ки бояд қолаби демократии кишварҳои пешрафтаро айнан нусхабардорӣ накунем, балки лозим аст, дар Тоҷикистон демократияе созем, ки дар пояи арзишу унсурҳои миллӣ ва фарҳанги сиёсии худамон устувор гашта бошад. Танҳо дар ҳамон сурат мо ба ҷонибдории оммаи васеи мардум, пешрафту шукуфоӣ ва зиндагии шоистаи сокинон ноил мегардем.
Имрӯз мо дар асри пешрафту инкишофи илму технологияҳои нав қарор дорем. Насли ҷавонро бояд бо дастовардҳои навини он шинос кунем ва омӯзонем, меъёрҳои демократии бунёди ҷомеаро амалӣ гардонем, анъанаҳои миллиамонро рушди тоза бахшем.
Ташкилотҳои ҳизби мо пайваста дар ҷараёни ҳаллу фасли мушкилоти мардум мебошанд. Одамон бо эътимоду боварӣ ҷиҳати баррасии масъалаҳои рӯзмарра ба қабулгоҳҳои ҷамъиятии ҳизб муроҷиат мекунанд. Ягон таклифу дархост ва арзу пешниҳодоти онҳо бенатиҷа ва беэътибор намемонад. Бинобар ин, ҳизби моро на ҳизби ҳоким ё ҳукмрон, балки ҳизби мардумӣ ва хизматгори халқ гуфтан беҳтару хубтар аст. Зеро ки мо мудом бо халқ ва дар хизмати халқ ҳастем.
Ин аст, ки имрӯзҳо ҳарчи бештари мардум мехоҳанд, ки тақдири худро ба Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бипайванданд. Алҳол шумораи он қариб ба 450 ҳазор нафар расидааст. Боз зиёда аз 50 ҳазор нафари дигар барои аъзошавӣ бо ариза ба ташкилотҳои ибтидоӣ муроҷиат кардаанд.
Муҳоҷирони кории мо дар Русия низ мехоҳанд, ки дар сафҳои ин ҳизб бошанд ва ормонҳои халқро амалӣ гардонанд. Дар зимни ҳалли ин масъала мо ба истиқболашон рафтем. Барои онҳо тибқи қонун дар назди комиҷроияҳои ҳизбиамон ташкилотҳои алоҳидаи ҳизбӣ таъсис додем. Ҳамзамон шахсони ватандӯсту ташаббускорро барои раҳнамоии онҳо сафарбар намудем.

Ҳозирини муҳтарам!

Тоҷикистони маҳбуби мо маҳз ба шарофати истиқлолият ҳамчун узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф гардид ва дар харитаи сиёсии ҷаҳон чун кишвари дорои низоми давлатдории муосир арзи ҳастӣ намуд.
Ҳамзамон набояд фаромӯш кард, ки фазои басо мураккаб, печида ва зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, вазъи геосиёсии сайёра ва минтақаи Осиёи Марказӣ, афзудани таҳдиду хатарҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир, қочоқи силоҳ ва дигар ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ ба ҳар яки мо ҳушдор медиҳад, ки истиқлолияти миллӣ, манфиатҳои халқ ва давлати Тоҷикистонро аз ҳарвақта бештар ҳифз намоем.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро лозим аст, ки дар марҳилаи наздиктарин тамоми қувва ва маҳорату истеъдоди аъзояшро барои тавсеа ва тақвият бахшидани ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва амният, волоияти қонун, муборизаи беамон зидди коррупсия ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, таъмини рушди устувори кишвар бо истифодаи васеъ аз дастовардҳои илмию технологии муосир сафарбар намояд.
Мо омода ҳастем, ки сиёсати пешгирифтаамонро дар мавриди муборизаҳои осоиштаи ҳизбу ҳаракатҳо аз тариқи интихоботи озоду шаффоф ва демократӣ идома дода, ҳамкориҳоро бо дигар аҳзоби сиёсӣ барои ҳифзу таҳкими манфиатҳои умумимиллӣ тақвият бахшем ва барои оромию осудагӣ ва суботи ҷомеа ба муқобили ҳама гуна зуҳуроти номатлуб, ифротгароии динию мазҳабӣ, вуруди идеологияи харобкорона ва ҷараёну равияҳои ҷудоиандоз мубориза барем.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон барои мустаҳкам намудани пояҳои ахлоқии ҷомеа, ташаккули афкори эҷодиву созандаи халқ ва гиромидошти арзишҳои фарҳанги милливу умумибашарӣ бояд нақши сазовор дошта бошад.
Дар ин замина ба як масъала таъкид кардан мехоҳам, ки мо аз пешрафту муваффақиятҳо бояд хотирҷамъ нашуда, фаъолияти ҳамешагии худро пайваста таҳким бахшем ва пеш аз ҳама ба масъалаҳои зерин эътибори ҷиддӣ диҳем:
Ҳамкориҳоро бо тамоми сохторҳои давлатию ҳукуматӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ пайваста таҳким бахшида, ба он муяссар гардем, ки дар ҳалли масъалаҳои сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ нақши шоиста дошта бошем.
Комиҷроияҳои ҳизбиро лозим аст, ки нисбати рӯйдодҳои муҳими сиёсию иҷтимоии ҷумҳурӣ, минтақа ва ҷаҳон бетафовут набошанд, балки онҳоро таҳлилу баҳогузорӣ намоянд ва фаъолияти сиёсию ҳизбии худро мутобиқи онҳо роҳандозӣ кунанд.
Ҳар як созмони ибтидоӣ, ташкилотҳои ноҳиявӣ ва шаҳрию вилоятӣ вазифадор карда мешаванд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, барои пешгирии ҷавонон аз гароиш ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъ, узвият дар ниҳодҳои низомии давлати ба ном исломии Ироқу Шом чораҳои мушаххас ва муассирро амалӣ намоянд.
Иқдоми муҳими ҳамкорӣ бо ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия ва ҷалби муҳоҷирони кориро ба фаъолиятҳои ҳизб, нақшаву ҳадафҳои созандаи он тақвият дода, ба он муваффақ шудан лозим аст, ки сафи аъзои ҳизб аз ҳисоби онҳо минбаъд низ афзоиш ёбад.
Ташкилоти ҳизбиро лозим аст, ки ба интиқоду матолиби муғризонаи мухолифони сиёсӣ, ки дар расонаҳои хабарии мустақилу хориҷӣ ва сомонаҳои интернетӣ ба нашр мерасанд, вокуниши саривақтӣ нишон дода, мардумро аз асли воқеаву рӯйдодҳо бохабар созанд ва ҷиҳати иҷрои ин ҳадаф соатҳои ахбори сиёсӣ гузаронанд.
Комиҷроияҳои ҳизбии ҳамаи зинаҳоро зарур аст, ки ба масъалаи ташкилу ба таври муваффақона пеш бурдани маъракаи обуна ба нашрияҳои ҳизбӣ, бахусус ҳафтавори марказии он “Минбари халқ” диққати ҳамешагӣ дода, дар ин амри муҳими сиёсӣ кулли аъзои ҳизб, фаъолон, кормандони ҳамаи сохторҳои ҳукуматиро, ки узвияти ҳизбро доранд, ҷалбу сафарбар намоянд.

Дар фарҷоми сухан бо эътимод иброз медорам, ки тамоми аъзои ҳизб барои амалӣ шудани вазифаҳои стратегии давлат, мукаммал гардидани низоми қонунгузорӣ, густариши минбаъдаи ғояҳои ватандӯстӣ ва худшиносиву ваҳдати миллӣ саҳми арзишмандихудро мегузоранд.
Саломату сарбаланд бошед
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: