Суханронӣ дар мулоқот бо фаъолону сокинони ноҳияи Лахш27-09-2016, 11:21
Хабарро хонданд: 303 нафар
Назарҳо: 0
Ҳамватанони азиз! Нахуст аз ҳама, кулли мардуми заҳматкашу меҳмоннавози ноҳияи Лахшро ба ифтихори 25-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизамон табрик гуфта, барои дастгирии сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат ва заҳмати содиқона ба хурду бузурги ноҳия арзи сипос менамоям. Ҳамчунин, мехоҳам хотирнишон созам, ки бо таҷлили бошукӯҳи ҷашни соҳибистиқлолӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии халқи сарбаландамон марҳалаи сифатан нав оғоз гардида, мардуми Тоҷикистонро дар роҳи боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани аҷдодӣ илҳому нерӯи тоза бахшид. Тавре ки мо имрӯз мушоҳида кардем, сокинони заҳматкаши ноҳияи Лахш дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар самти истифодаи самараноки заминҳои зархез ва имкониятҳои табиати биҳиштосои диёри худ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд. Зимни сафари қаблӣ ба роҳбарон ва шахсони масъул дастур дода будам, ки ба масъалаи таҷдиду азнавсозии маркази ноҳия, бунёди маҳаллаҳои аҳолинишин, иншооти иҷтимоӣ ва таъмиру таҷдиди роҳу пулҳо таваҷҷуҳи аввалиндараҷа диҳанд. Боиси қаноатмандист, ки ҳоло аксари дастуру супоришҳои додашуда ва чорабиниҳои дар барномаҳои давлатӣ пешбинишуда иҷро гардида, ноҳия хеле ободу пешрафта ва шароити зиндагии сокинон дар муқоиса бо солҳои пешин беҳтар шудааст. Давлат ва Ҳукумати мамлакат дар зарфи 25 сол барои рушди ноҳия ва ҳалли масъалаҳои соҳаҳои ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ, сохтмону роҳҳо ва дастгирии буҷети маҳаллӣ беш аз 600 миллион сомонӣ равона кардааст. Дар ин муддат дар ноҳия 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 370 миллион сомонӣ татбиқ гардида, ҳоло татбиқи се лоиҳаи дигар ба маблағи қариб 300 миллион сомонӣ идома дорад. Дар натиҷаи истифодаи самараноки маблағҳои ҷудошуда тӯли солҳои 1997 - 2015 дар ҳудуди ноҳия 450 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла 40 пул, 21 бинои нави таълимӣ, 22 муассисаи тандурустӣ ва дигар иншооти хизматрасонӣ бунёд гардида, биноҳои таълимии 76 мактаб аз таъмири асосӣ бароварда шуда, ба 35 деҳаи дурдасти ноҳия хатти оби нӯшокӣ гузаронида шудааст. Дар ин давра дар ноҳия якчанд нерӯгоҳҳои хурди барқи обӣ бунёд карда шудаанд, ки дар натиҷа имрӯз сатҳи таъминоти сокинон ва иншооти иҷтимоӣ бо нерӯи барқ хеле беҳтар гардидааст. Дар баробари ин, қобили зикр аст, ки саҳми соҳибкорон дар корҳои ободонии ноҳия ва бунёди инфрасохтори гуногун назаррас буда, аз ҷониби онҳо иншооти мухталифи хизматрасонӣ ва марказҳои варзишу солимгардонӣ сохта, ба истифода дода шудаанд. Ҳоло бо ташаббуси соҳибкорони маҳаллӣ сохтмону азнавсозии зиёда аз 20 иншооти гуногун бомаром идома дорад. Ҷиҳати рушди минбаъдаи ноҳияи Лахш ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинони он Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия барои солҳои 2013-2017 амалӣ шуда истодааст, ки дар асоси он 121 лоиҳа ба маблағи умумии 312 миллион сомонӣ татбиқ карда мешавад. Тавре таъкид намудам, дастовардҳои ноҳияи Лахш дар давраи соҳибистиқлолӣ назаррас мебошанд, ки афзоиши мунтазами нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия далели ин гуфтаҳост. Масалан, ҳаҷми маҳсулоти умумии ноҳия аз 15 миллион сомонии соли 1998 ба 152 миллион сомонӣ дар соли 2015 расонида шудааст, ки ин рақам нишондиҳандаи афзоиши устувори истеҳсолот мебошад. Ҳукумати мамлакат барои рушду пешрафти минбаъдаи ноҳия дар се соли оянда аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 130 миллион сомонӣ пешбинӣ намудааст ва итминон дорам, ки бо истифодаи мақсадноку самараноки маблағҳои пешбинишуда симои ноҳия боз ҳам зебо гардида, сатҳу сифати рӯзгори мардум хеле беҳтар хоҳад шуд. Дар ноҳияи Лахш захираҳои зиёди ашёи хоми саноатӣ мавҷуд буда, дар ин асос бунёд намудани корхонаҳои саноатии муосир ва рушди онҳо тақозои замон аст. Вобаста ба ин, ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, инчунин, дигар сохтору мақомоти дахлдор зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда ташкили коргоҳҳои нави истеҳсолӣ, аз ҷумла доир ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва таъсиси ҷойҳои нави кориро вусъат бахшанд. Бояд зикр кард, ки соли гузашта аз ҳисоби буҷети давлатӣ дуюним километр роҳҳои дохилии шаҳраки «Ваҳдат» азнавсозӣ шуда, то охири соли ҷорӣ боз дуюним километр роҳҳои мошингарди дохилиноҳиявӣ азнавсозӣ карда мешаванд. Умуман, дар зарфи панҷ соли охир зиёда аз 10 километр роҳҳои дохилии ноҳия таъмиру азнавсозӣ ва ду пули нав мавриди истифода қарор дода шудааст. Ҳоло дар ноҳия сохтмони иншооти обёрии ду деҳа дар арафаи анҷомёбӣ қарор дорад. Ҳамзамон бо ин, дар доираи амалисозии лоиҳаи вусъат бахшидани ҳамкории минтақавии иқтисодӣ асфалтпӯш кардани қабати дуюми қитъаи роҳи Сайрон - Қарамиқ ба масофаи 89 километр ба маблағи беш аз 110 миллион сомонӣ идома дошта, то имрӯз 73 километри роҳ пурра мумфарш гардидааст ва дар иншооти мазкур қариб 200 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин мебошанд. Ҳозирини гиромӣ! Тибқи барномаҳои соҳавию минтақавӣ инкишофи чорводориву картошкапарварӣ, ғаллакорӣ, боғдориву сабзавоткорӣ ва занбӯриасалпарварӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии соҳаи кишоварзии ноҳия ва омили муҳимми беҳдошти сатҳи зиндагии мардум мебошанд. Дар даврони истиқлолият дар ноҳия ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ тамоюли болоравӣ дошта, соли 2015 ба маблағи 256 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 1991 қариб 60 баробар зиёд мебошад. Кишоварзони ноҳияи Лахш дар истеҳсоли картошка таҷрибаи бағоят калон дошта, бо зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он дар ҳифзи амнияти озуқавории кишвар нақши арзанда мегузоранд. Онҳо соли гузашта истеҳсоли картошкаро ба 87 ҳазор тонна расонидаанд. Лекин таъкид месозам, ки захираҳои ноҳия имконият медиҳанд, ки кишоварзон дар ду-се соли оянда ҳаҷми истеҳсоли картошкаро ба 150 ҳазор тонна зиёд намоянд. Мо имрӯз ҳангоми шиносоӣ бо заминҳои корами ноҳия мушоҳида кардем, ки хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия бо истифода аз захираҳои фаровони об на танҳо дар самти афзоиши ҳаҷми истеҳсоли картошка, инчунин, ҷиҳати дар талу теппаҳо зиёд кардани майдони боғҳо, занбӯриасалпарварӣ, афзун намудани саршумори чорво, хусусан рушди қутоспарварварӣ ва муҳайё сохтани ҳазорҳо ҷойи кории нав шароиту имкониятҳои хуб доранд. Вобаста ба ин, зарур аст, ки дар се соли оянда барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративӣ ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани 250 гектар заминҳои ноҳия ва бо ҳамин роҳ васеъ намудани майдони кишти картошка, инчунин таҷдиду барқарорсозии иншооти обрасонӣ тадбирҳои иловагӣ андешида шаванд. Дӯстони азиз! Ҳукумати кишвар ба соҳаи маорифи ноҳия таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, то имрӯз барои сохтмони муассисаҳои нави таълимӣ ва муҳайё сохтани шароити мусоиди таълиму тарбия корҳои зиёдро ба анҷом расонидааст. Бо мақсади бо кадрҳои дорои таҳсилоти олӣ таъмин намудани мактабҳои ноҳия айни замон зиёда аз 500 нафар донишҷӯён дар муассисаҳои таҳсилоти олии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил менамоянд. Аз фурсат истифода намуда, бори дигар таъкид месозам, ки роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо, аз ҷумла ноҳияи Лахш бояд барои дастгирии омӯзгорони ҷавони болаёқату забондон, хусусан, дар ноҳияҳои кӯҳистон ва дурдасти мамлакат тамоми шароити кору зиндагиро фароҳам сохта, ба масъалаи тарбияи кадрҳои ҷавон минбаъд низ эътибори аввалиндараҷа диҳанд. Дар тӯли 25 соли истиқлолияти давлатӣ барои рушди соҳаи тандурустии ноҳия, хусусан бунёду азнавсозии беморхонаву марказҳои саломатӣ ва тақвияти заминаи моддиву техникии соҳа корҳои назаррас анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, ҳиссаҷудокунӣ аз буҷети давлатӣ барои соҳаи тандурустии ноҳия дар зарфи 25 сол бамаротиб афзоиш ёфта, танҳо барои соли ҷорӣ 7 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст, ки нисбат ба соли 1991 240 баробар зиёд мебошад. Дар ноҳия бо мақсади омода кардани кормандони сатҳи миёнаи соҳаи тандурустӣ коллеҷи тиббӣ фаъолият мекунад, ки ҳамасола зиёда аз 100 нафар ҷавонони маҳаллиро ба таҳсил фаро гирифта, аксари муассисаҳои тандурустии ноҳияро бо мутахассисон таъмин мекунад. Соли 2014 зимни сафари корӣ ба ноҳия супориш дода будам, ки дар маркази ноҳия варзишгоҳи наву замонавӣ сохта, ба истифода дода шавад. Супориши мазкур иҷро гардида, ҳамчунин дар ҳудуди ноҳия айни замон 59 иншооти варзишӣ ҷиҳати тавсеаи тарзи ҳаёти солим дар хизмати мардум, аз ҷумла наврасону ҷавонон қарор доранд. Мехоҳам махсус таъкид намоям, ки истифодаи имкониятҳои сайёҳии ноҳия, аз ҷумла табиати зебову мавзеъҳои ҷолиби ин гӯшаи ватанамон барои ҷалби сайёҳони дохиливу хориҷӣ аз ҷумлаи роҳҳои муҳайё кардани ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии сокинон ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки баъди соҳибистиқлол гардидани кишварамон соҳаи сайёҳӣ дар ҳудуди ноҳия аз нав эҳё гардида, аз соли 2000-ум шумораи сайёҳон мунтазам афзуда истодааст. Ҳар сол танҳо барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ садҳо нафар сайёҳону кӯҳнавардон аз даҳҳо давлати дунё ба ноҳия меоянд. Ҳамчунин, барои рушди туризми дохилӣ мавзеи Тандиқули ноҳия обод карда шуда, тибқи маълумот ба ин мавзеъ дар мавсими тобистон зиёда аз 1000 нафар сайёҳон барои истироҳату табобат меоянд. Тибқи нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат то соли 2020 дар ҳудуди ноҳия ҳамасола экспедитсияи байналмилаллӣ гузаронида мешавад. Дар ҳудуди ноҳия мавзеъҳои таърихӣ, аз ҷумла қалъа ва шаҳри қадимаи аҳолинишин ёфт шудааст, ки ҳоло аз ҷониби бостоншиносон ва муаррихони кишвар мавриди омӯзиш қарор дорад. Аз ин лиҳоз, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ ва дигар сохтору мақомоти дахлдорро зарур аст, ки дар баробари бунёди роҳу пулҳо ҷиҳати муҳайё намудани инфрасохтори муосири сайёҳӣ ва ташкили сатҳи баланди хизматрасонӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд. Боиси ифтихор аст, ки мардуми заҳматкаши ноҳияи Лахш, хусусан дар даврони соҳибистиқлолӣ ба хотири ободу зебо гардонидани ин гӯшаи хушманзари кишварамон аҳлонаву дастаҷамъона заҳмат мекашанд. Раванди босуръати созандагиву ободкориҳо аз ҳар яки мову шумо тақозо менамояд, ки дар оянда низ ҷиҳати рушди бахшҳои мухталиф, беҳдошти сифати зиндагии аҳолӣ, таълиму тарбияи дурусти фарзандон, пешгирии ҳама гуна амалҳои номатлуб ва риояи тартиботу қонуният пайваста чораҷӯӣ намоем. Дар фарҷоми сухан бори дигар изҳори итминон менамоям, ки мардуми заҳматқарину сарбаланди ноҳияи Лахш дар оянда низ барои ободии диёр ва Ватани азизамон – Тоҷикистони озоду соҳибихтиёр дучанд заҳмат мекашанд ва ба хотири боз ҳам мустаҳкам гардидани иқтидори давлатамон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон саҳми арзишманди худро мегузоранд. Барои расидан ба ҳадафҳои неку созанда ба ҳамаи шумо саломатӣ ва барори кор орзумандам. Ҳамеша комёбу сарфароз бошед! |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.