Раъйпурсии Англия: Ҷаҳон дигар мешавад?8-07-2016, 08:00
Хабарро хонданд: 441 нафар
Назарҳо: 0
Дар раъйпурсие, ки 23 июн дар Британияи Кабир баргузор шуд, 51,9 дарсади овоздиҳандагон барои хориҷ шудан аз Иттиҳоди Аврупо овоз доданд. Агарчӣ ин тасмими шаҳрвандон аз нигоҳи ҳуқуқӣ ҳатмӣ нест, аммо дар заминаи сиёсӣ давлатро уҳдадор мекунад, ки иқдомҳоеро дар ҷиҳати хоҳиши сокинони кишвар иҷро кунад.
Хориҷ шудан аз узвияти ИА-ро моддаи 50 Аҳдномаи Лиссабон муайян кардааст. Бар асоси он давлат бояд Шӯрои Аврупоро дар бораи нақшаҳои ояндааш огоҳ кунад ва он дар навбати худ дастурамали берун рафтани кишварро таҳия менамояд. Манбаъҳо хабар доданд, ки барои боқӣ мондани Британия дар Иттиҳоди Аврупо 48,1 дарсад ё 16,141 миллион нафар овоз дода ва 17,41 миллион шаҳрвандон ё 51,9 дарсад овоздиҳандагон пешниҳоди хориҷ шудан аз онро ҳимоят карданд. Пас аз баргузории раъйпурсӣ ҷаласаи изтирории парламенти Аврупо дар Брюссел баргузор гардид, ки дар он санаде бо мазмуни зайл тасвиб шуд: «… ПА хоҳиши шаҳрвандони Британияи Кабир барои тарки ИА намуданро ба инобат мегирад ва изҳор мекунад, ки иродаи мардум бояд пурра риоя шавад.» Дар лоиҳаи қатъномаи Шӯрои ИА аз Комиссияи Аврупо даъват шудааст, ки ваколат барои гуфтушунид ва таъмини «тартиби ҳар чӣ зуд ва ба тадриҷро ҷиҳати берун рафтани Британия аз ҳайати ҷомеаи Аврупоро пас аз дарёфти огоҳиномаи расмӣ аз Лондон таъмин намояд. Равиши як узв оё оғози пошхӯрии ИА аст? Иттиҳоди Аврупо ташаккули иқтисодӣ ва сиёсии 28 кишвари аврупоӣ аст, ки соли 1952 таъсис шудааст. Он дар солҳои пас аз барҳам хӯрдани СССР ба шакли имрӯзаи худ такмил ёфт. Баъзе аз коршиносони мухолиф ба сиёсати аврупоиҳо мегӯянд, ки дар муддати бист соли ахир ИА фақат як вазифа дошт: ғасбу ғорат кардани кишварҳои Аврупои Шарқӣ, яъне кишварҳои собиқи шомил ба Иттиҳоди Шуравӣ ва блоки сотсиалистӣ. Ҳоло дигар аз ин блок нишонае намондааст, вале акнун таҳдиди пурра зери нуфузи Америка қарор гирифтани худи Аврупо пеш омадааст. Бино ба қавли таҳлилгарон, аврупоиҳо ҳоло бо эҳсоси ин хатар ба дасти худ ИА-ро барҳам мезананд, то ҳамагӣ гирифтори як кишвари дигар нашаванд. Ин андеша низ садо медиҳад, ки амалӣ шудани қарори аз ИА берун рафтани Британияи Кабир оғози таҳаввули ҷиддии сиёсию иқтисодӣ ва ҳатто тағйир дар нуфузи сиёсии баъзе кишварҳо дар ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Бесабаб нест, ки сафири собиқи Америка дар Русия чанд соат пас аз эълони натиҷаҳои ин раъйпурсӣ бо ҳасрат гуфт, ки «Агарчӣ Русия масъулияте барои натиҷаҳои раъйпурсӣ надорад, аммо В. Путин ғолиби асосӣ аст. Зеро раҳбари Кремл фурӯпошии ИА- ро мехоҳад ва ин рӯйдод барои расидан ба ҳадафҳои дарозмуддати ӯ дар Аврупо роҳро ҳамвор мекунад. Сафири собиқ, ки замони кораш дар Москва ошкор ва берӯёна аз оппозитсияи фаъол дар Русия ҳимоят мекард, ИА, Бртанияи Кабир ва ИМА- ро аз ҷумлаи мағлубшудагон донист. Аз ӯ пурсиданд, ки «Путин ҳамеша ғолиб мебарояд, оё рост аст?» Дар посух ӯ боз ҳам иқрор кард: «На ҳамеша, аммо имрӯз Путин барои расидан ба ҳадафҳои сиёсати хориҷии худ пирӯзии бузург ба даст овард. Инро бояд эътироф кард… Путин гунаҳккор нест! Кэмерон гунаҳкор аст. Путин аз ин танҳо бурд кард.» Дар Аврупо ба таҳлука афтоданд Президенти Франсия Франсуа Олланд ва сарвазири Олмон Ангела Меркел чанд соат пас аз раъйпурсӣ телефонӣ гуфтугӯ ва паёмади онро барои ҷомеаи Аврупо баррасӣ карданд. Дэвид Кэмерон сарвазири Британия бошад, пас аз шикасти тарафдорони узвият дар ИА эълон кард, ки ба истеъфо меравад. Дар рӯзҳои аввали пас аз раъйпурсӣ таъсири он дар бозори пули Аврупо ҳам мушоҳида шуд. Фунд стерлинги англисӣ дар нисбати пули русӣ шаш рубл арзон шуд ва акнун онро бо нархи 89,64 рубл мефурӯшанд. Қурби «евро» ҳам 1,03 фоиз арзиши худро гум кард. Чунин ба назар мерасад, ки ин танҳо таъсири аввалияи раъйпурсӣ буда, натиҷаҳои он, агар кадом рӯйдоди сиёсии дигар ҷойгузини он нашавад, дар оянда бештар маълум хоҳад шуд. Аврупо дар остонаи таҳавули таърихии худ аст ва эҳтимол меравад ба он шакле, ки дар муддати пас аз Ҷанги Дуюми Ҷаҳон ба вуҷуд омада буд, дигар зиста наметавонад. Тағйир дар муносибатҳои Туркия ва Русия ҳам ба раъйпурсӣ рабт мегирад 27 июн хабари рӯйдоди дигаре вирди забонҳо шуд. Чор рӯз аз раъйпурсӣ дар Британияи Кабир нагузашта, Президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон дар паёме ба Владимир Путин Президенти Русия барои сарнагун кардани ҳавопаймои низомӣ ва кушта шудани пилоти рус узр хост. Дар ҳоле, ки мақомоти Туркия дар муддати нуҳ моҳи пас аз ин ҳодиса ҳар гуна узрхоҳиро қатъиян рад мекарданд. Коршиносон мегӯянд, ки Анкара хеле зуд эҳсос кард, ки раъйпурсӣ паёмади сахте барои Аврупо дорад ва талоши ин кишвар барои пайвастан ба он дар оянда ҳам як амали беҳуда хоҳад буд. Ба ин далел, Эрдуғон бо таваҷҷуҳ ба таъсири бади сардии равобит бо Русия барои аз байн бурдани ихтилофҳо иқдом кард. Манбаъҳои хориҷӣ иттилоъ медиҳанд, ки пас аз раъйпурсӣ аъзои дигари ИА, аз ҷумла Италия, Юнон, Дания, Австрия ва Финландия ҳам мавқеи худро ба зудӣ дигар хоҳанд кард. Лозим ба зикр аст, ки ИА ва ниҳодҳои вобаста ба он тайи солҳои гузашта ва имрӯз бо сармоягузорӣ ба тарҳҳои таҳияшуда ба дастур ва фоидаҳои онҳо, ки созмонҳои ғайридавлатӣ дар кишварҳои собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла Осиёи Марказӣ таҳия мекунанд, аз равандҳои зиддидавлатӣ ошкор ҳимоят мекунанд. Ин иттиҳод зери ниқоби ҳимоят аз демократия, озодии баён ва… мубориза бо коррупсияву дигар шиорҳои сохта аз созмон ва ҷараёнҳои зиддидавлатӣ пуштибонӣ карда, аммо дар амал хостаҳои худро барои пайдо кардани ҷои пой дар ин минтақа ва дастрасӣ ба манбаъҳои обу энергияи он талош дорад. Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.