Зи ҳамроҳон ҷудоӣ маслиҳат нест22-06-2016, 11:00
Хабарро хонданд: 298 нафар
Назарҳо: 0
Зери ин унвон рӯзи 19 июни соли равон дар Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор таҷлили бошукуҳи 70-солагии «Алмоси Шарқ», овозхони маҳбуби тоҷикон, сарояндаи шӯридадил ва ғӯрамарг, дӯсти дершонои миллати тоҷик, ки боре меҳмони мо нагаштаву мизбони ҳамешагии маҳфилҳои мо ва ҷузъи фарҳанги бошукуҳи тоҷикон аст, Аҳмад Зоҳири зиндаёд доир гардид.
Кохи навбунёди фарҳангии ин шаҳри ҷавони қадимбунёд воқеан ба ҳар гуна тавсифу таъриф меарзад. Интихоби макони таҷлил ва ёдбуди рӯзи мавлуду марги ин сарояндаи беҳамто шояд ба он хотир буд, ки фарҳангдӯстону ҳаводорони мусиқии шарқро ба ин фарҳангистони намунавӣ биёранд ва бори дигар собит намоянд, ки Ҳисори шодмони 3000 сола як маконе аз тамаддуни машриқзамин буду мемонад. Ин кохи бошукуҳро ин ҷашне, ки ҳамасола ашхоси зиёдеро бо ибтикори ҳаводорони санъати волои ин марди ҳунар ба ҳам меораду ёде аз маргу тавлиди ҳунару ҳунарманд намуда, ба ҷангу ҷаҳолат лаънат мехонанд, он рӯз шаҳомати хоса мебахшид. Зеро Аҳмад Зоҳир он булбули хушилҳони пазируфтаи Шарқу Ғарб чӣ толорҳоеро ба шӯр овардаву чӣ кохҳоеро зеб надодааст, ки ҳақ дорад миёни ҳамзабонону дӯстон ва мардумоне, ки пайванди бузурги диниву ҳамзабонӣ ва фарҳангиву таърихии муштараки зиёд доранд, натанҳо дар қалбҳои тоҷикон, балки дар кохҳои ҳунарӣ ва бо ҳунармандони бешумори мо бошанд, ки бори дигар ба қадри осоиштагиву бидуни ҷанг зистан бирасем. Зеро аз марги ин марди ҳунар 37 сол гузашта бошад ҳам, маҳбубияташ дар ҳамосоякишвар афзудаву кам нагаштааст. Инак, дар Ҳисори шодмон ҳунармандону адибон, пайравони санъати касбии мактаби ин ҳунарманди бесобиқа ва мардумони дӯстдори санъати волои Аҳмад Зоҳир ба ҳам омадаву чанд соате бо ҳам ёд аз санъати асил ва ҳунарманди маҳбуб кардаву бори дигар шукр аз амониву осудагии кишвари хеш ва таассуф аз нооромиҳо дар хоки ҳамсоя карда, бо ҳам сароиданду хурсандӣ карданд. Ҳатто гоҳе, ки ногаҳонӣ барқ дар толор ба якборагӣ хомӯш гашт, ҳунармандон бо кулли тамошобинон ончунон аз сурудаҳои Аҳмад Зоҳир зиндаву бе асбоби мусиқӣ сароиданд, ки ҳамаро қойил карданд. Бори дигар собит шуд, ки на гузашти айём, на ҷанги нотамоми зодгоҳи ин марди санъату ҳунар ва на бебарқиву беасбобии технологияи муосири санъат ва на чизи дигаре наметавонад, садди роҳи санъат, ҳунар ва дӯстии мардумони кишварҳои Тоҷикистону Афғонистон бигардад. Бори дигар собит гашт, ки халқ ӯро то чӣ андоза дӯст медоранд, Аҳмад Зоҳирро тоҷикон самимона дӯст медоранд, ба хотири санъати волову нотакрораш маҳбуб медонанд. Воқеан Аҳмад Зоҳир оне, ки аксар ошиқони овозаш ҳатто баъд аз маргаш ҳам тавлид гаштаанд. Аз ин толор ва аз даҳҳо чунин ҳамоишҳое, ки ба хотираи ӯ доир шудаанд, дидаем, ки аксари мухлисону муқаллидони ӯ ҷавононанд. Оре, баъд аз вафоти ӯ касони зиёде таваллуд гаштаву ошиқи садояш, ошиқи ҳунараш гаштаанд. Аҳмад Зоҳир он булбуле, ки марг овояшро хомӯш карда натавонист. Аҳмад Зоҳир он ошиқе, ки муҳаббаташро қотилон аз дили мардумони бешумор куштаву маҳв карда натавонистанд. Баръакс, бо ин амали разилонаи худ, онҳо муҳаббати муштариёни ҳунарашро бо ин қатли ҷоҳилона бештар гардониданд, бар рағми нақшаҳои палидонаи хеш, номашро аз забонҳо акнун ба қалбҳо кӯч доданд. Аҳмад Зоҳире, ки ҳамагӣ 33-сол умр дид, вале 37-сол баъди марг ҳам чун зиндагон дӯсташ медоранду ошиқаш ҳастанд, бешак нотакрор ҳунарманд аст. Худовандо, чи сиррест дар дарозии умри марги ӯ, дар ноқабулии мавташ, ки бештару бузургтар аз соли зиндагии ӯст! Чаро сурудаҳояш кӯҳна намешаванд, чаро аз мӯд намебароянд, чаро ба дил намезананд, чаро аз ёд намераванд ва чаро гаштаву баргашта боз ва боз ҳам ба ҳар навъу ба ҳар лаҳн ва дар ҳама ҷо суруда мешаванд? Онҳоро ҳунармандона ҳам месароянду беҳунарона ҳам. Онҳоро ҳунармандони асил ҳам мехонанду навроҳони раҳи санъат ва мардум ҳам. Онҳоро хушовозҳо ҳам замзама мекунанду бе овозҳо ҳам. Вале аз забон намемонанд сурудаҳои Аҳмади Зоҳир, баръакс, бештару бештар мухлису муқаллид пайдо мекунанд. Аҷаб марде ва аҷаб марге. Сол аз сол мақтул ҷавонтар мемонаду қотилонаш гумномтар ва маргаш пиртар. Ӯ сол аз сол гӯё зеботар, шӯҳратёртар, овозадортар, серошиқтар, хушхаридортар мегардаду ту гӯйӣ бо ин ҳама ба ҳоли марг боз аз саҳнаи ҳунар механдад. Оре, ӯ бозу бозу боз меояд. Ҳар солу ҳамасол меояд. Баъд аз 37-соли маргаш боз ба саҳна «меояд» ва тарона «мехонад». Баъд аз он рӯзи сиёҳу наҳс гӯё боз ба рағми қатли ҳунар, рӯи саҳнаи ҳунар аз нав сабз мешавад. эҳё мешавад, зинда мегардад. Ово медиҳад, мехонад, месарояд. Булбулвор, зинда, бо садои дигарон бо навои онҳое, ки ӯро ҳаргиз надидаанд ва ӯ ҳам ҳеҷ гоҳе надидасташон, садо баланд мекунад. Ӯ дар садои ҳар яки онҳо боз ва боз зинда мешавад. дар саҳнаи ҳунар воло ва волотар ҷавлон мезанад. Рӯҳаш шодона парвоз мекунад. Ӯро такрори батакрор мехонанд. Аммо ӯ худ нотакрор аст, касе чун худи ӯ намехонад, касе садои хуши ӯро комилан надорад, касе мислаш бехато намехонад, касе лаҳни дилнавозашро айнан такрор карда наметавонад, вале ин ҳама муҳим нест. Муҳим он аст, ки суруди ӯро мусиқии вайро зинда медоранд, мехонанд, садояшро пайравӣ мекунанд, ба ӯ монанд сурудан мехоҳанд. Муҳим он аст, ки ӯро танҳо пайвандону фарзандонаш, ҳамшаҳриву ҳамдиёронаш, хешу ақрабояш, ҳаммиллату ҳаммаслакони худаш не, дар диёрҳои дигар ҳам бо муҳаббати хоса мехонанд. Тақлид мекунанд, такрор месозанд, пайравӣ мекунанд, зинда медоранд ва аз ҳама муҳимаш то ҳанӯз дӯст медоранд. Оре, ҳунари асилро ягон қотил наметавонад кушт ва номи ҳунарманди воқеиро ягон давру замон наметавонад аз хотираҳо аз саҳафоти таърих ва аз дилҳо зудуд. Зеро тухми муҳаббат ба асолатро дар дилҳои одамон Худованд мекорад, на одамӣ. Ин эътирофҳо, ин маҳбубиятҳо, бидуни марзҳову сиёсатҳост бидуни ҳама маҷбурсозиҳо ва хостанҳову нахостанҳост, ин маҳбубияти табиист, ки касе қудрати рабудани онро надорад, ҳатто марг. Як рӯзе, ки ба оламиён Худо ӯро дод ва як рӯзе, ки ӯро марг аз мо ӯро рабуд. Як рӯзи тавлид ва марг, як рӯзи фано, вале бобақо. Бақои як инсоне, ки мавташ аз тавлидаш умри мудаввомтаре дорад ва маҳбубе, ки ишқаш чун садояш ҷовидонист, чуноне, ки худ сурудааст: «Сароғози ман аз анҷом хезад»… Кохи фарҳанги шаҳри Ҳисор дар он рӯз бо зебоиҳои хеш, бо санъати меъмориву толори олидараҷаи худ, бо мардумони санъатдӯсту маърифатпарвари хеш бори дигар нишоне аз ҳамбастагии фарҳангҳо, тавъамии тамаддуну санъати халқҳои ҳамреша ва макони муҳаббату ваҳдат будани хешро собит карду акнун метавон гуфт, ки дар ин гӯшаи хоки Ватан дилхоҳ ҳамоиши байналмилалиро бо сари баланду ҷамъи дӯстон метавон таҷлил кард. Зеро як нишонаи шаҳр будан ин фарҳангсолорист. Ҳуриннисо Ализода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.