Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲИЗБЕ, КИ РАҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН АСТ

ҲИЗБЕ, КИ РАҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН АСТ

30-08-2024, 17:00
Хабарро хонданд: 204 нафар
Назарҳо: 0
ҲИЗБЕ, КИ РАҲНАМОИ ФАРДОИ ДУРАХШОН АСТ
Ба истиқболи 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ


Дар асоси Оинномаи ҲХДТ 24-уми марти соли 1998 бо иштироки 10 нафар аъзои ҳизб дар ноҳияи Ҷаббор Расулов маҷлиси муассисони ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баргузор гардид ва ташкилоти ибтидоӣ таъсис ёфт. Аввалин узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Абдуғафур Самадовро ном мебаранд, дар сафи пеш ҳамчунин Мавлон Бойтемиров, Тоштемир Ҷӯрабоев, Гилман Аҳмедова, Руслан Бойтемиров, Абдурасул Абдураҳмонов, Ҳикматулло Негматуллоев, Абдушукур Турсунқулов, Матлуба Бойтемирова, Шукрулло Бекмирзоев, Зокирҷон Мусоев, Султонзода Бахтиёр ва дигарон буданд. Дар асоси қарори маҷлиси муассисон мудири шуъбаи маорифи вақти ноҳия Мавлон Бойтемиров раиси ташкилоти ибтидоии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов интихоб гардид. Қайд намудан бамаврид аст, ки аз 10 нафар созмондиҳандагони ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар миқёси ноҳия 5 нафари онҳо аҳли хонаводаи Мавлон Бойтемиров буданд. Ин нахустин лаҳзаҳоест, ки аз фаъолияти ин ҳизби навтаъсис дар ин ноҳия шаҳодат медиҳад. Бале, душвории ҳар кор дар оғози он аст. Ҷойизи зикр аст, ки яке аз ташаббускорони асосӣ дар таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар миқёси ноҳия фарзанди барӯманди ин диёр, ду карат Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ , академики илмҳои кишоварзӣ Абдуғаффор Самадов, раиси колхози ба номи Ленини собиқ ноҳияи Пролетар (ҳозира Ҷаббор Расулов) маҳсуб меёбад, ки дар синни 85 солагӣ узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон шуда, боварӣ ва эътимоди мардуми ноҳияро ба ин ҳизби навтаъсиси ояндасозу бунёдкор қавитар намуд. Гуфта мешавад, ки Абдуғаффор Самадов ҳанӯз дар соли 1994 дар қатори аввалинҳо ба сафи ҳизб пайваста буд.
Ӯ барои таъсиси ҳизб дар ноҳия кӯшиш ба харҷ медод, аммо умр вафо накард. Соли 1996 риштаи умри ин пахтакори номӣ канда мешавад ва соли 1998 ба таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон асос мегузоранд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки нахустраиси ҳизб дар ноҳия Мавлон Бойтемиров тавонист аз рӯзҳои аввал такя ба неруи созандаи мардум ва шахсиятҳои саршиноси кишвар намуда, дар як муҳлати кӯтоҳ обрӯву нуфузи ҳизбро дар минтақа ба таври шоиста муаррифӣ намояд.
-Ибтидои ҳар кор душвориҳои худро дорад, - ба ёд меорад Мавлон Бойтемиров. Таъсиси ташкилотҳои нави ибтидоӣ, дар як қолабу низоми муайян ба тартиб даровардану ба роҳ мондани ҳуҷҷатгузорӣ, роҳандозӣ намудани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ, қабули аъзои нав ва афзудани ҳамсафон аз шумори зиёиён ва пешқадамони истеҳсолот, гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ, шиносоӣ бо Оиннома ва барномаҳои ҳизб аз вазифаҳое буданд, ки аз ҳар роҳбари тозаинтихоб масъулияти баланд талаб менамуд. Паёмҳои навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дастгирии ҳамаҷониба ва дар амал татбиқ намудани супоришҳои Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дастуру супоришҳои Кумитаи иҷроияи марказии ҳизб аз ҷумлаи он корҳоест, ки ташкилоти ҳизбии ноҳиявӣ баҳри ба амал татбиқ намудани онҳо аҳаммияти аввалиндараҷа медод.
Баъди баргузории Анҷумани 4-уми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки санаи 18–уми апрели соли 1998 дар пойтахти кишвар, шаҳри Душанбе баргузор гардид, теъдоди аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бамаротиб афзуда, ин шумора якбора ба 368 нафар расид ва мувофиқи Оиннома ба ташкилоти ибтидоӣ мақоми Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ дода шуд. Омили асосии афзудани аъзо ва ҷонибдорони ҳизб натанҳо дар ноҳия, балки дар саросари кишвар аз он иборат буд, ки дар ин Анҷумани таърихӣ бо пешниҳоди Абдулмаҷид Достиев муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб гардиданд. Дар замоне, ки мардум воқеан ба як ҳизби созанда ва ба як пешвои ҳақиқӣ ниёз доштанд, хушбахтона ба Раисии ҳизб шахсе интихоб гардиданд, ки Тоҷикистонро аз хавфи нобудшавӣ, миллатро аз хатари нестшавӣ эмин доштанд, дар фазои мамлакат сулҳу субот ва Ваҳдати миллӣ парафшон гардид. Фарзонафарзанди миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шахсияти барҷастаи таърихӣ буда, барои давлату миллат борҳо аз ҷон гузаштаанд ва бар ин марзу бум ва миллату давлат содиқона ҷонфишонӣ намудаанд. Дар ҳақиқат, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум тамоми ҳастии хешро бахшиданд, ки ин амали Пешвои миллат минбаъд шиори ҳизбамон шуд. Вақте ки Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон интихоб гардиданд, дар радифи чеҳраҳои саршинос аз тамоми табақаҳои аҳолии кишвар мардум мавқеи сиёсии худро муайян вкарда, ба сафи ҳизб мепайвастанд, ки ин падида дар ноҳияи Ҷаббор Расулов низ возеҳу равшан ба назар расида, рӯз аз рӯз шумораи ҳамсафонамон бамаротиб меафзуд. Ҳамсафони мо дар ноҳия бо ифтихори баланди ватандорӣ, зери сиёсати созандаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ намудани ҳадафҳои ба пеш гузошта ва пиёда сохтани барномаҳои саодатофари ин ҳизби ояндасоз кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Хусусан, дар фазои сиёсии ноҳия мушоҳида намудан душвор набуд, ки мардум аз сиёсати дохиливу хориҷии Сарвари давлат сидқан пуштибонӣ менамоянд, аъзои ҳизб буданро барои хеш шараф мешуморанд ва худро ҳамсафу ҳамфикру ҳамраҳу ҳамақидаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мехонанд, ки воқеан мо соҳиби ваҳдати комил ва зиндагии арзандаву шоиста гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ бо ташаббусҳои беназири Пешвои маҳбубамон ҷойгоҳи хешро пайдо намудем.Зеро фаъолияти ҳизб барои бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва самти иҷтимоидошта, барои тараққӣ бахшидани иқтисодиёт ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишвар нигаронида шудааст. Имрӯзҳо мо бо итминони комил ба насли имрӯзу фардои кишвар баён месозем, ки ҳизби мо бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон бо хиради волои сиёсӣ, сифатҳои ҳамидаи ахлоқӣ ва фарҳанги баланди аъзои худ ҳамеша такя менамояд. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани ғояҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва мақсаду ҳадафҳои барномавии хеш аз донишу идроки баланд ва маҳорати олии аъзо такя, эътимод ва боварӣ дорад. Дар интихоботи соли 2000 –ум 13 нафар аъзои ҲХДТ вакили маҷлиси вакилони ноҳиявӣ интихоб гардиданд, ки ин адад 32,5 фоиз буд. Шумораи умумии вакилони Маҷлиси вакилони ноҳия 40 нафарро ташкил медод. Ба маҷлиси вакилони Маҷлиси вилоятӣ дар соли 2000-ум аз ноҳия намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Анвар Эгамбердиев интихоб гардид. Дар ноҳия низ аз рӯзи таъсисёбии ҳизб дар назди Кумитаи иҷроия гурӯҳҳои тарғиботӣ –ташвиқотӣ фаъолият дошта, аз 25-уми ноябри соли 2002 дар асоси қарорҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия комиссияи кор бо занон ва ҷавонон ташкил карда шуда, дар асоси Оиннома ва Барномаи ҳизб, нақшаи чорабиниҳо мушаххас дар байни мардум ва аҳли ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳиро беҳтар намудааст. Ба мардум дар бораи мақсаду мароми ин ҳизби созандаву бунёдкор маълумоти кофӣ дода тавонистанд. Дар остонаи 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ қайд намудан зарур аст, ки якумин семинари умумиҷумҳуриявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон моҳи августи соли соли 2002 маҳз дар қалъаи “Хитойреза” –и деҳаи Узбекқишлоқи Ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Давлаталӣ Давлатзода баргузор гардида буд. Дар натиҷа самти дурусти корбарӣ самар дод ва аъзои ҳизб дар ноҳия аз 10 нафар ба 10414 нафар расиданд, ки ин рақам аз дуруст ба роҳ мондани тарзи кори фаъолон шаҳодат медиҳад. Бо ризоияти роҳбарияти олии ҳизб аз 16-уми феврали соли 2024 то имрӯз Бахтиёр Султонзода дар вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов фаъолияти назаррас дорад. Тарзи дурусти корбарӣ дар байни мардуми ноҳия, минбаъд натиҷаҳои самаровар дод. Ёдовар бояд гардид, ки дар асоси қарори Кумитаи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз таърихи 21-уми декабри соли 2005 дар Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов якчанд шуъбаҳо ва аз моҳи июли соли 2014 шуъбаи таблиғот, матбуот ва иттилоот фаъолият дошта, аз таърихи 4-уми ноябри соли 2011 фаъолияти намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” дар ноҳия назаррас аст. Айни замон зиёда аз 3360 нафар ҷавонон аъзои ин ташкилот гардид, Алҳол 10414 нафар аъзои ҲХДТ дар 69 ташкилоти ибтидоӣ сарҷамъ буда, аз шумораи умумӣ 7137 нафарро занону бонувон ва 3360 нафарро ҷавонони аз 18-сола то 30 - сола ташкил медиҳанд. Мардуми ноҳия такя ба неруи созандаи ҳизб намуда, мақсаду мароми бунёдкоронаи онро хуб дарк карда, интихоботи вакилон дар соли 2005 ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2006 натиҷаҳои хуб ба бор оварданд. Ҳамин қайд намудан бамаврид аст, ки ба маҷлиси маҳаллии вакилони халқ 37 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон вакил интихоб шуданд, ки ин нишондод 75% -ро ташкил медиҳад. Ба маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд 3 нафар, аз ҷумла Анвар Эгамбердиев, Нурулло Умаров ва Абдузафар Иномов вакил интихоб гардиданд. Соли 2005 дар интихобот намояндаи халқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байни 6 нафар номзад, узви Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Ахунов Ином Нурматович вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид. Соли 2006 дар интихоботи Президенти мамлакат дар ноҳия ба тарафдории номзад аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 73,1 % овоз доданд. Натиҷаи интихоботи соли 2010 чунин аст - ба маҷлиси вакилони маҳаллии вакилони халқ 37 нафар аъзои ҲХДТ интихоб гардиданд, ки ин нишондод 92,5 фоизро ташкил медиҳад. Ба маҷлиси вакилони халқии вилоят 4 нафар узви ҲХДТ - Бозор Алиев, Ҳамидулло Шамсиев, Насим Обидҷонов ва Башорат Рӯзиева интихоб шуданд. Дар интихоботи вакил ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз байни ду номзад, узви ҲХДТ Мақсуда Самадова бо гирифтани 75,9 фоизи овози интихобкунандагон намояндаи халқ интихоб гардид. Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар интихоботи соли 2010 дар ноҳияи Ҷаббор Расулов 74,5 фоизи овозҳоро соҳиб гардид. Соли 2013 дар интихоботи Президенти мамлакат дар ноҳия ба тарафдории номзади арзандаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 80,1 фоиз овоз доданд. Мардуми меҳнатқарини ноҳия мақсаду мароми ҲХДТ –ро дуруст дарк намуданд, аз ин натиҷаи интихоботи соли 2015 интихоботи Маҷлиси намояндагон ва маҷлисҳои маҳаллӣ шаҳодат медиҳад, ки натиҷаи самаровар дорад. Дар он Комил Салимзода – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Марҳамат Каримова, Сангимурод Ҳакимзода, Ҳакимҷон Собиров ва Салимҷон Мирмӯҳсинов вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд , 40 нафар вакили маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 149 нафар вакили маҷлиси вакилони ҷамоатҳо интихоб гардиданд. Ҳамчунин, натиҷаи интихоботи соли 2020 низ дар ноҳия дар сатҳи баланд ҷамъбаст гардид, ки он аз дарки воло ва ҳисси масъулияти амиқи аъзо ва ҷонибдорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гувоҳӣ медиҳад. Дар натиҷа Файзулло Қосимӣ – вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Абдурасул Ғаффорзода, Дилором Саломова ва Маҳбуба Абдусаминова вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд, 39 нафар вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва 165 нафар вакили Маҷлисҳои вакилони ҷамоатҳо интихоб гардиданд. Айни замон, дар радифи ҳамсафонамон 1101 нафар тоҷикон, 9241 нафар узбекон, 36 нафар русҳо ва 36 нафарро дигар халқу миллатҳо ба қайд гирифта шудаанд, ин шумора аз он гувоҳӣ медиҳад, ки дар ноҳия чандин халқу миллатҳо дар фазои дӯстӣ ва якдигарфаҳмӣ зери парчами парафшони Тоҷикистони азиз ба сар мебаранд. Бо итминони комил метавон номи беҳтарин ташкилотҳои ибтидоиро дар остонаи ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ном бурд, ки дар ин саф ташкилотҳои ибтидоии “Ҷамоати деҳоти “Ғӯлакандоз”, “Гулшан”, “Сомониён”, “Шифокор”, “Дармонбахш”, “Меҳрубон”, “Зуҳал”, деҳаи “Қӯрғонча”, “Парасту”, “Раёсати молия”, “КАТС”, “Кумитаи замин”, “Сино” ва “Фарҳанг” қарор доранд.
Эълон гардидани соли 2024 ҳамчун “Соли маърифати ҳуқуқӣ” барои шарҳу тавзеҳи Паёми Сарвари давлат, омӯзонидани донишҳои ҳуқуқӣ, эҳтироми Конститутсия ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, арҷ гузоштан ба Ваҳдати миллӣ ва истиқлолияти кишвар ва яке аз масъалаҳои калидӣ - тарбия ва таълими дурусти насли ояндасози миллату давлатамон амри зарурӣ мебошад. Дар ин самт барои вусъат бахшидани маърифати ҳуқуқӣ корро бояд аз тарбияи ҳуқуқӣ оғоз намуд. Аз ин рӯ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов миёни сокинони деҳаҳо, шаҳраку маҳаллаҳо, ташкилотҳои ибтидоии ҳизб пайваста суҳбату вохӯриҳо мегузаронад ва усули ҷадид, яъне “Деҳа ба деҳа”, “Маҳалла ба маҳалла” ва “Хона ба хона”-ро ба роҳ мондааст. Дар байни ҷомеа тарғиби либоси миллӣ, ҳифзу нигаҳдошти фарҳанги беш аз ҳазорсолаи аҷдодиро аз омехташавӣ ба фарҳангу тамаддуни ба халқу миллати мо бегона ва тақлиду пайравии кӯр- кӯронаро пешгирӣ намудан вазифаи аввалиндараҷаи ҳизбиён ва фаъолон маҳсуб меёбад. Таҳлилҳо баёнгари онанд, ки ҳарчанд шомилшавии шаҳрвандон, хосатан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ дар ноҳия ба назар намерасад, мо, кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар ин самт барои пурра аз байн бурдани ҷаҳолату хурофотпарастӣ, таассубу бегонапарастӣ, риёкориву зиёдаравӣ ва намоишкориву шуҳратпарастӣ, сафарҳои чандинкаратаи Ҳаҷҷи фарзӣ ва умра, пӯшидани сатру ҳиҷоб ва ба бар намудани либосҳои занонаи сиёҳ, ки мутаассифона то ҳол ба назар мерасанд, корҳои фаҳмондадиҳӣ мебарем. Дар ҷаҳони муосир илму маориф нақши муҳим дошта,ба рушду инкишофи давлат нақши калидӣ дорад, соҳаи маориф дар ташаккули ҷомеаи мутамаддин нақши пешсаф дошта, бунёди ҷомеаи муосир бе ташаккули маърифат ва илмҳои дақиқ ғайриимкон мебошад. Кумитаи иҷроияи ҳизб дар ноҳия пайваста ба ин неруи бузург такя ва эътимоди комил дорад. Равобити байни Кумитаи иҷроия ва шуъбаи маорифи ноҳия боиси қаноатмандист, мо, ҳизбиён пайваста ба неруи созандаву бунёдкоронаи кормандони маорифу тиб ва бо зиёиёни ноҳия баҳри босавод ва соҳибмаърифат гардидани наврасону ҷавонон, густариши худшиносиву худогоҳии онҳо, ҷалби доимии насли нав ба таърихи куҳан, арзишҳои миллӣ, забон, фарҳанг, расму оин, анъанаву суннатҳои миллиро дар мадди аввал мегузорем. Дар ҳаёти рӯзмарра ва дар замони марҳилаҳои навин ягон самти фаъолиятро бе ширкати фаъолу назарраси занону бонувон тасаввур намудан ғайриимкон мебошад. Барои тақвияти гуфтаҳои боло оид ба чорабиниҳои баргузорнамудаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия қайд намудан аз манфиат холӣ нест, ки санаи 18 –уми январи соли равон бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа гардида, дар МТМУ № 16 бо иштироки аъзо, фаъолон ва ҷонибдорони ҳизб мизи мудаввар таҳти унвони “Паёми Пешвои миллат – роҳ ба сӯйи ояндаи дурахшон” баргузор шуд. Бо мақсади тарғибу ташвиқи Паёми Пешвои миллат “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” аз ҷониби кормандони шуъбаи таблиғот ва иттилооти ҳизб 13-уми феврали соли ҷорӣ аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Раҳнамои мо – Паёми Пешво” доир гардид. Барои татбиқи ҳадафҳои созандаву бунёдкоронаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ғояҳои ватандӯстиву хештаншиносӣ, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои наврасу ҷавон, бахшида ба таҷлили сазовори 31- солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таълимӣ озмуни ноҳиявии иншои беҳтарин дар мавзуи “Хизмат ба Ватан – шарафи ҷавонмардист” дар сатҳи шоиста доир гардид. Санаи 22-уми феврали соли 2024 дар баталйони якуми зудамали қисми низомии мустақар дар ноҳияи Ҷаббор Расулови Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Рӯзи дарҳои кушод” гузаронида шуд. Бо мақсади арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, омодасозии ҷавонон ба ҳаёти мустақилона, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ, ҳувияти миллӣ, мустаҳкам намудани эҳтирому садоқат ба модар ва сазовор истиқбол гирифтани “Рӯзи модар” санаи 21-уми феврали соли равон даври ноҳиявии озмуни “Аллаи модар” дар ноҳияи Ҷаббор Расулов дар сатҳи шоиста баргузор гардид. Баҳри тарғиби либосҳои миллии мардумӣ дар ташкилоти ибтидоии “КМО –и ноҳияи Ҷаббор Расулов” аксияи “Тоҷикона мепӯшем” бо шукӯҳу шаҳомати хосса доир карда шуд. Дар таърихи 4-уми май дар бозори марказии “Ашроф”-и ноҳия ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ баҳри таъмини аҳолӣ бо шуғли доимӣ ташкил гардид. Дар раванди кори ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ширкат варзида, барои сафарбар намудани кормандони техникӣ ва коргарон дар иншоотҳои ҶСК НБО “Роғун” зиёда аз 100 нусха маводҳои тарғиботӣ, маълумот дар бораи шароити корӣ ва ҷойҳои кории холӣ ба сокинони ноҳия дастрас намуданд. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани “Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон” аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Пешвои миллат – ҳомӣ ва раҳнамои ҷавонон” дар маркази ноҳия баргузор карда шуд. Бахшида ба эълон гардидани санаи 25-уми май ҳамчун “Рӯзи ҷаҳонии футбол” мусобиқаи варзишии футболи хурд барои дарёфти “Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” байни дастаҳои футболи ғайрикасбӣ байни маҳаллаҳо ва деҳаву ташкилотҳо дар сатҳи баланд баргузор карда шуд. Бо мақсади дар сатҳи шоиста таҷлил намудани чорабиниҳои варзишӣ бахшида ба “Рӯзи ҷаҳонии футбол” дар доираи “Ҳафтаи футбол” 24-уми майи соли 2024 дар Осорхонаи таърихии кишваршиносии ноҳияи Ҷаббор Расулов мизи мудаввар ташкил гардид. Санаи 30-юми апрел дар ташкилоти ибтидоии МДТ Коллеҷи муҳандисӣ -омӯзгории ноҳия мизи мудаввар дар мавзуи “Дастовардҳои даврони Истиқлолият” ва “30- қадами созанда” бахшида ба 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар сатҳи шоиста гузаронида шуд. Бахшида ба 27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ маҳфили “Адибони ваҳдатсаро” таҳти унвони “Ман Ватанро беш аз ҳар вақта дорам дӯсттар” басо хотирмон таҷлил гардид. Дар асоси нақшаи тасдиқгардида, аз санаи 5-уми июн то 24-уми июли соли равон дар 69 ташкилоти ибтидоии ҳизбии ноҳия маҷлисҳои ҳисоботӣ – интихоботӣ гузаронида шуд. Дар раванди баргузории мизҳои мудаввар, чорабиниҳо, семинарҳо ва суҳбату вохӯриҳо нақши ҷавонон ва бонувони ноҳия басо муассир ва шоистаи таҳсин мебошад. Боиси таҳсин аст, ки аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ноҳия ҳанӯз 12-уми июл аз иҷрои нақшаи обуна ба ҳафтаномаи Нашрияи марказии ҲХДТ “Минбари халқ” мужда доданд ва бо дастгирии ҳамаҷонибаи роҳбарияти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҷаббор Расулов сохтмони бинои нави Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия ба итмом расида, то ҷашни бошукӯҳи 30-солагии таъсисёбии ҲХДТ ба истифода дода мешавад.
Хосатан, саҳми назарраси занон дар бахшҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, сиёсат ва дигар самтҳо баҳри пешрафти ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Ҷаббор Расулов басо назаррас аст. Шумора ва нақши занону бонувон дар Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия, ташкилотҳои ибтидоӣ боиси қаноатмандист. Дар остонаи ҷашни 30-солагии таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вазъияти кунунии ҷаҳони муосир моро мебояд, ки пеш аз ҳарвақта муттаҳиду сарҷамъ бошем, дар шароити ҳассосу ноорому пуртаҳаввул ва афзоиши хатару таҳдидҳои ҷаҳони пешгӯйинашаванда ба сулҳу суботу озодӣ ва амнияти кишвар ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, талошҳои худро ба манфиати давлату миллат, зиндагии шоистаи мардум ва ободии Тоҷикистони азиз дареғ надорем. Вазифаи ҷонӣ ва қарзи виҷдонии ҳар як аъзо ва ҷонибдори Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст, ки ҳифзи давлату давлатдорӣ, таъмини амнияти кишвар ва нигоҳ доштани Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботро аз ҳама арзишҳо муқаддас шуморем.

Гулнора САИДАҲМЕДОВА, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти
Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов,
Акмал АКРАМОВ, хабарнигори “Минбари халқ”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: