Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » Чаро усули Бутейкоро эътироф намекунем?

Чаро усули Бутейкоро эътироф намекунем?

11-03-2016, 10:00
Хабарро хонданд: 582 нафар
Назарҳо: 0
Чаро усули Бутейкоро эътироф намекунем?
ва ё бардоште аз мусоҳиба бо бемороне, ки бо ин усул шифо ёфтаанд

Ҳар ибтикори нав дар оғоз ба зиддияти сангин мувоҷеҳ мешавад. Шояд табиати инсон ҳамин бошад, ки ба чизи урфӣ ва суннатӣ сахт меҳр мебандад ва падидаи нав бо ҳама бартарияш барояш чизи бегона аст ва онро ба ҳеҷ ваҷҳ қабул надорад. Вале як чиз мусаллам аст, ки бидуни навоварӣ ва таҳаввулот дар илму афкор пешравии ҷомеа ғайриимкон аст. Бахусус имрӯз, дар замони рушди бесобиқаи технологияҳои инноватсионӣ, ки ҳар дақиқа чизи наве ихтироъ мешавад ва ҷои чизи кӯҳнаро мегирад…

Агар мо ба таърихи миллати худ назар афканем дарк мекунем, ки баъзе амалдорону рӯҳониёни сарсахт то кадом андоза рӯзгори олимон ва ихтироъкоронеро, ки баъдтар офаридаҳояшон барои рушду пешравии тамаддуни ҷаҳонӣ хизмати хеле назаррас анҷом додааст, талх кардаанд. Ҳаёти бузургоне мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Берунӣ, Розӣ ва Камоли Хуҷандиро ба хотир овардан кифоя аст, ки якеро дар чашм мил кашидаву дигареро кофар эълон кардаанд ва савуми дур аз Ватан дар ғурбату муфлисӣ порае хишт зери сар ҷон ба Ҳақ таслим кардааст…

Вале қаҳрамони мақолаи банда аз табори бузургоне нест, ки шояд дар риштаи илм кори ҷаҳониеро анҷом дода бошад. Балки як табиби оддист, ки мехоҳад бо усули нав, яъне бидуни истеъмоли доруи зиёд маризонро табобат кунад. Дар бораи ӯ қабл аз ман ҳам дар рӯзномаҳо мақолаҳои зиёд навиштаанд ва дар шабакаҳои мухталифи телевизионии кишвар барномаҳо пахш кардаанд. Аммо ҳеҷ не, ки мушкилаш осон шавад... Чаро?

Барои он ки ин усули табобат комилан аз усули табобати тибби суннативу замонавӣ тафовут дорад,- мегӯяд ҳамсуҳбати ман Мирзоқурбон Ҳамдамов. Бубинед, ки имрӯз дар ҳар як шаҳру навоҳии кишвари мо садҳо аптекаҳои доруфурӯшӣ амал мекунанд. Гардиши рӯзмарраи дору ба миллионҳо сомонӣ мерасад. Агар ин доруҳо фоида мекарданд оё кори доруфурӯшон рӯз то рӯз ривоҷ меёфт? На!

Пас Шумо чӣ пешниҳод доред?- мепурсам аз ӯ. Ӯ ишорачӯбро (указка) гирифта назди лавҳае меравад, ки дар он рақамҳои барои ман номаълум сабт шудаанд: - Усуле, ки пешниҳод мекунам, ихтирои ман нест, балки методи профессор Константин Павлович Бутейко аст, ки имрӯз дар кишварҳои мисли Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Русия ва ҳатто Чин, ки бо тибби суннатии худ ифтихор дорад, маъмул аст. Имрӯз дар Британияи Кабир аз рӯи ин усул мутахассис тайёр мекунанд. Муаллифи ин усул порфессор Бутейко собит намудааст, ки усули дурусти нафаскашӣ дар организми инсон таносуби кислород ва гази карбонро ба танзим медарорад. Яъне кислород бояд 4-4,5% ва гази карбон 6-6,5 % бошад. Бубинед, ки саг дар як дақиқа 40 маротиба, инсон 15-17 маротиба ва сангпушт 1-3 маротиба нафас мекашанд. Мутаносибан саг 20 сол, инсон 70-80 сол ва сангпушт то 500 сол умр мебинад. Вақти зуд-зуд ва ё чуқур нафас кашидан мо гази карбонро аз бадан хориҷ мекунем, ки ба ихтилоҷи рагҳои хунгард (спазма) ва нарасидани кислород сабаб мегардад.

Чаро усули Бутейкоро эътироф намекунем?
Мирзоқурбон Ҳамдамов табиби соҳибдиплом аст, солҳои тулонӣ дар бемористонҳои шаҳри Хуҷанд фаъолият намудааст. Ӯ нақл мекунад, ки ҳангоми табобати беморон ҳолатҳоеро муоина менамуд, ки ёфтани илоҷи он дар тиби муосир ғайриимкон буд. Ӯ ба суолҳои худ пайваста посух меҷуст, вале бенатиҷа. Тасодуфан мақолаеро дар бораи фаъолияти К.П. Бутейко дар рӯзнома мехонад ва бо ин шахси шинохта дар тамос мешавад. Бутейко ба суолҳои ӯ посухи дуруст медиҳад ва ӯро барои таҳсил ба шаҳри Новосибирск даъват мекунад. Ҳамин тавр соли 1983 баъд аз мулоқот бо Константин Павлович Бутейко тасаввуроташ дар мавриди усулҳои табобати муосир комилан тағйир меёбад. Мирзоқурбон Ҳамдамов имрӯз дар кишвари мо ягона табиб аст, ки барои бо усули Бутейкои машҳур табобат кардан иҷозатнома дорад.

Ба Маркази эҳёи солимии «Ҳамдам» ворид мешавам. Маркази мазкур дар як гӯшаи шаҳри Хуҷанд, дар назди бозори ба истилоҳи мардум «микрорайони 34» дар бинои якошёна воқеъ буда аз чанд утоқи корӣ иборат аст. Дар утоқи кории роҳбари марказ чеҳраҳои ошноро мебинам, ки дар байни онҳо табиби шинохта Муллозуҳур Тоҳирӣ низ нишастааст.

Ман бо усули табобати Мирзоқурбон Ҳамдамов солҳои тӯлонист, ки шинос ҳастам,- мегӯяд доктор Тоҳирӣ. Ин усул дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия хеле машҳур аст, вале чаро, ки дар кишвари мо ба он таваҷҷуҳ надоранд. Бо ин кас суҳбат кунед, нависед шояд баъд аз мақолаи Шумо масъулини соҳа ба фаъолияти ӯ каме эътибор диҳанд.

Бо худи бемороне, ки дар ин марказ табобат ёфтаанд, мусоҳиб шаванд, беҳтар аст,- хоҳиши ӯро рад мекунад мизбон. Ин пешниҳод ба камина низ хуш омад. Ҳар кас метавонад кори худ баҳо диҳад, вале агар дигарон баҳо диҳанд ҳароина ба воқеият наздиктар аст.

Ба толори хеле кӯчак мегузарем, ки тақрибан 20 ҷои нишаст дорад. Дар он ҷо чанд нафар марду занро мебинам, ки аз шаҳру навоҳии гуногуни вилоят ташриф овардаанд. Мирзоқурбон Ҳамдамов эшонро ба ихтиёри ман мегузораду оҳиста аз толор берун мешавад.

Дар болои миз «таърихчаи тиббӣ»-и чанд нафар бемор. Як-як варақ мезанам. Ғолибан таърихи бемориҳое сабт шудаанд, ки музмин (хроническый) буда, аз назари тибби муосир табобати пурраи онҳо ғайриимкон аст ва бояд ба таври ҳамешагӣ таҳти назорати табибон бошанд.

Бо беморон суҳбат мекунам. Бештари онҳо дар гузашта гирифтори бемориҳои вазнин буда, аз илоҷи дардашон ноумед шудаанд. Ҳама ба хотири мулоқот бо банда аз шаҳру навоҳии мухталифи вилоят, аз ҷумла Конибодом, Истаравшан, Ҷаббор Расулов омадаанд. Пешорӯи ман Бурҳонов Пӯлод, мӯйсафеди нуронии тақрибан 80-солае нишастааст, ки дар чеҳрааш асари беморӣ мушоҳида намешавад. Вале, -мегӯяд ӯ,- агар 25 сол қабл аҳволи маро медидед, бовар намекардед, ки ин қадар умри бобаракат мебинам. Вазъам комилан хароб буд, бемориҳои қалб, ҷигар, меъда ва аз ҳама даҳшатовараш диққи нафас маро лаҳзае ором намегузошт. Аз зиёд дар бемористонҳо табобат гирифтан ҳатто роҳи хонаро фаромӯш карда будам. Ҳар лаҳза каф-каф дору истеъмол мекардам. Ба табобати бидуни истеъмоли дору бовар намекардам. Вале маҷбур шудам, ки ба Мирзоқурбон муроҷиат кунам. Бовар кунед, баъд аз бист рӯзи табобат ҳатто фаромӯш кардам, ки дору чист…

- Баъд аз табобат ёфтанам дар маркази табобатии «Ҳамдам» ҳамсарам ба ман гуфт, ки чанде пеш аз сиҳатшавии ту умед канда, бо маслиҳати мӯйсафедон тӯшаи охирататро омода карда будем, - нақл мекунад А. Ҳамроқулов.

- Ман бошам комилан аз зиндагӣ умедамро канда будам, -ба сӯҳбат ҳамроҳ мешавад Абдуллоев Ёқубҷони 29-сола. Ман ба бемории норасоии музмини гурда гирифтор будам. Чанд муддат дар Пажӯҳишгоҳи гастроэнтрологӣ бистарӣ будам. Баъд аз ташхиси ҳамаҷониба табибон ба хулосае омаданд, ки ба ҷуз иваз кардани гурдаҳо дигар чора нест. Вале ман агар хонаву дари худро фурӯшам ҳам, маблағи заруриро пайдо карда наметавонистам. Бо маслиҳати як нафар дӯстон ба Маркази саломатии «Ҳамдам» муроҷиат намудам. Инак беш аз як сол аст, ки дар ин ҷо табобат мегирам ва дигар аз диализ (тоза кардани хун аз заҳролудшавӣ) даст кашида миқдори истеъмоли доруро низ бамаротиб кам кардаам.

Сарнавишти дигарон, мисли Фозилова Бисаноат, Амонов Атҳам, Ғафурова Гулчеҳра, ки дар маркази мазкур шифо ёфтаанд, низ ҳамин тавр аст.

Дархости ягонаи мо аз шумо журналистон танҳо ҳамин аст, ки ба Мирзоқурбон Ҳамдамов кӯмак расонед, кори ӯро таблиғ кунед, то дигарон низ бохабар шаванду мисли мо аз беморӣ наҷот ёбанд, -вақти хайрухуш хоҳиш мекунанд наҷотёфтагон.

Чаро чунин «артиш»-и бузург дореду (ба собиқ муштариёни ӯ ишора мекунам) аз онҳо истифода намекунед?- шӯхиомез мепурсам аз табиб. Ӯ маҳзунона табассум мекунад: - Ман борҳо таърихчаи тиббии онҳоро ба шуъбаҳои дахлдори Вазорати тандурустӣ, Раёсати тандурустии вилоят пешниҳод кардам. Ҳатто борҳо ба роҳбарон ва кураторони соҳа аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва шаҳри Хуҷанд муроҷиат кардам, вале ҳеҷ натиҷа надод… Ман фолбин ё ба истилоҳи дигар экстрасенс нестам,- ба дард мегӯяд ӯ.- Балки ягона табиби соҳибдипломи тоҷикам, ки дар мактаби Константин Бутейко таҳсил гирифтаам. Бубинед, ки муроҷиатҳои маро дар тамоми сатҳҳо нодида гирифтанд. Ниҳоят маҷбур шудам аз ниҳодҳои масъули соҳаи тиби кишвар хоҳиш кунам, ки даҳ беморро, ки дарди музмин доранд, ба ихтиёри ман гузоранд ва даҳ нафари дигарро ба ихтиёри яке аз бемористонҳои пешрафтаи вилоят супоранд. Комиссияи босалоҳияте таъсис диҳанду воқеъбинона санҷанд, ки усули табобатии Бутейко манфиатовар аст ва ё хайр. Вале сад афсӯс, ки ҳатто ин пешниҳоди маро низ қабул накарданд.

Мирзоқурбон Ҳамдамов барои тарвиҷи ин усули замони Шуравӣ собит шудааст, аз мақомот маблағ ё бино намепурсад. Барои ӯ ҳамин чиз кофист, ки ҷиҳати бунёди маркази нав, ки имконияти қабули бештари беморон ва ҷалбу тарбияи мутахассисони ҷавонро дорад, қитъаи замин ҷудо кунанд. Барои беморони илоҷнаёфта, ки аз зиндагӣ дасту дил шустаанд, як равзанаи умед боз кунанд.

Гаштаву баргашта ба худ суол медиҳам, ки чаро як хоҳиши хеле хоксоронаи ягона шогирди Бутейкои машҳур дар кишвари мо, ки ҳадафаш хизмати мардуми оддист, ҷавоби рад мегирад? Шояд иллат дар он бошад, ки агар ин усул ба таври густурда паҳн шавад, тиҷорати баъзе табибону ширкатҳои доруфурӯшӣ зарар бинад.

Ҳароина итминон дорам, ки ин сатрҳоро масъулини соҳаи тандурустӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мутолиа мекунанд ва дар ҳалли ин қазияи печида иқдоме нишон медиҳанд…
Бахтиёр Ҳамдам
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: