Доир ба раванди барқароршавии сулҳи тоҷикон қаламкашони давр зиёд қаламкашӣ намудаанд. Мо хостем дар замони имрўзаи ҷаҳонишавӣ, ки бархе аз гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ зеҳни ҷавонони кураи заминро олуда намуда, дар кишварҳои ободу озод олудагӣ ба вуҷуд меоранд, аз забони шоҳиде доир ба замонҳои даргирӣ дар кишвар қисса намоем. Ба хотири бори дигар ёдовар шудан аз он ҳодисаву воқеаҳои нангин суҳбати ошкорое доштем бо бонуи сиёсатмадор, иштирокчии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Адолат Раҳмонова.
- Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна ва дар кадом вазъият ба кори худ шурўъ кард?
- Мо-вакилон моҳи ноябри соли 1992 аввал як ҷамъомаде доир кардем, ки дар он ҷо тамоми зиёиёни ҷумҳурӣ иштирок доштанд. Ягон кас бетараф набуд. Тамоми олимону нависандагон, сиёсатмадорони варзида ва дигар аҳли зиёи кишвар дар он ҷо ҷамъ омада буданд. Рўзи якум ҳама якҷоя ҷамъ шудем, то бегоҳ баҳсу мунозира кардем. Азбаски медонистем ин ҷаласа ягон қарроре қабул карда наметавонад, ба гуфти пирони рўзгор, ба хулосае омадем, ки Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба кори худ оғоз кунад. Ниҳоят, 16-уми ноябри соли 1992 Иҷлосияи 16-уми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қасри Арбоб ба кори худ шурӯъ намуд. Дар ҳамон ҷо мо мехостем иҷлосияро оғоз кунем, аммо ин осон набуд. Чунки аз 197 нафар депутат қисмате аз онҳо буданд, ки худро мухолиф ва қисме ҷонибдори ҳукумат эълон мекарданд. Бисёр баҳсу мунозираҳо буд. Иҷлосия кушода шуд, лекин рўзномаро тасдиқ карда наметавонистем. - Сабаб чӣ буд? - Фикрҳо гуногун буданд. Ба ҳамин хотир як комиссияи оштӣ ташкил кардем, ки дар он ман низ шомил будам. Мо рўзномаи худро тартиб додем. Рўзномаи тартибдодаи мо аз рўзномаи тартибдодаи Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки раиси онвақтаи он Акбаршоҳ Искандаров буд, фарқ дошт. Дар ҳамин баҳсу мунозираҳои бисёр мо ба як хулоса омада наметавонистем, ки аввал кадом масъала ба овоз монда шавад. Азбаски ҷонибдорони ҳукумати конститутсионӣ зиёд буданд, мо идао мекардем, ки бояд аввал рўзномаеро, ки Комиссияи оштӣ тартиб додааст, тасдиқ кунем. Лекин мувофиқи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда бояд аввал мо рўзномаеро, ки раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикстион пешниҳод карда буд, ба овоз мемондем. - Ба чӣ хулосае омаданд, ҳайати вакилони он замон? - Барои ба як хулоса омадан ман сухан пурсида ба минбар баромадам. Ҳамаи ин раванд дар стенаграммаҳои Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳастанд. Ман ба минбар баромада, ба депутатҳо муроҷиат карда гуфтам: «Агар мо хоҳем, ки солҳои сол гузараду ягон кас нагӯяд, ки дар ҳамин банд ё сатр мо хатогии ҷиддие содир карда будем, биёед аввал рўзномаеро, ки раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардааст, ба овоз монем. Дар сурати овоз нагирифтани он баъд ба комиссияи муросо, ки мо 13 масъаларо омода карда, пешниҳод кардем, ин масъалаҳоро мемонем». - Ҳайати Шўрои Олӣ инро чӣ гуна қабул карданд? - Ҳамин тавр ҳам шуд. - Ҳамчун бону тарсе надоштед? - Ман шукрона мекунам, ки ҳамчун як зани кўҳистон, модари 4 фарзанд, ки ду нафари онҳо ноболиғ буданд, дар чунин вазъияти бисёр вазнин ва хавфу хатари бениҳоят шиддатнок баромад кардам. Агар ман барои тинҷии кишварам заррае саҳм гузошта бошам, ин боиси ифтихорам аст, на таассуфам. - Интихоби раиси Шўрои навин чӣ гуна ҷараён гирифт? - Вакилон фикру ақидаҳояшонро мегуфтанд, кӣ бояд раиси Шўрои Олӣ шавад. Як гурўҳ вакилон аз ҳавзаи интихоботии Варзоб бархоста Изавтулло Ҳаёевро пешниҳод карданд. Он кас бархоста иброз доштанд, ки «саломатиам хуб нест, барои ҳамин аз уҳдаи ин кор намебароям». Яъне он кас номзадии худро бозхонд намуданд. Ниҳоят, Мирзо аз ҳавзаи интихоботии Ҳисор баромад намуда, таклиф карданд, ки аз номи вакилони водии Ҳисор номзадии Раҳмонов Эмомалӣ Шарипович ба вазифаи Раисии Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шавад. Дар ҳамон вазъияти ниҳоят вазнин, вақте ки номзадии Раҳмонов Эмомалӣ Шариповичро пешниҳод карданд, аз 197 нафар вакили иштироккарда агар ман хато накунам, зеро вақти зиёд гузаштааст, 186 нафар ба ҷорнибдории ў овоз доданд. - Чаро? - Барои он, ки он кас дар вақтҳои ҷаласаҳои Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад мекарду ҳалқи заҳматкашро доимо ҷонибдорӣ мекард. Таклифҳояш бисёр судманду бамантиқ буданд ва барои беҳбудии сатҳи зиндагии мардум мусоидат мекарданд. Вакилон ҳаминро ба инобат гирифта, якдилона ба таври овоздиҳии пинҳонӣ, Раҳмонов Эмомалӣ Шариповичро Раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд.
- Он кас чӣ гуфтанд?
- Он кас бархоста аз чунин суханҳое оғоз намуданд, ки «Ман бо дастгирии Шумо ба Тоҷикистон сулҳ меоварам. Ман то охирон гурезаеро, ки аз хоки Тоҷикистон берунанд, то ба Тоҷикистон наорам, худамро ором ҳис намекунам». Тамоми мардуми тоҷикро ба ояндаи нек умедвор намуданд. Ҳамон давраҳои вазнин ба вилояти собиқи Қурғонтеппа ба ҷойҳои даргир рафта, бо ҳамон одамоне, ки худашонро роҳбарони мухолифин ҳисоб мекарданд, сухан карданашон як ҷаҳон маънӣ дошт. Мо бояд шукрона кунем, ки миллати тоҷик соҳиби худашро ёфт. Дар ин солҳаи тӯлонӣ боз як бори дигар собит шуд, ки дар ҳақиқат, ба кадом дигаргуниҳо ҷумҳурии азизи мо ноил гардид. Он ҳадафҳои стратегие, ки аз рўзи аввали ба кор оғоз карданашон ин роҳбари ҷавон дар назди худ монданд, якум, ин таъсис додани комиссияи Оштии миллӣ буд, ки бо чӣ қадар заҳматҳо аъзои комисияи Оштии миллӣ ба Афғонистон, ба Эрон рафта, ниҳоят 27-уми июни 1997 баъди ҷонбозиҳои зиёд созишномаи истиқрори сулҳ ба имзо расид. Ҳамон лаҳзае, ки Эмомалӣ Раҳмон баъди имзои созишномаи сулҳ аз тайёра ба поён омад, кўчаҳо пури одам буданд. Он касро чӣ хел пешвоз гирифтанд. Модаре, ки фарзандашро дар ин ҷанги бародарӣ гум карда буд, гулчанбарро ба гарданаш овезон карда буд. Ин наворҳоро вақте аз бойгонӣ нишон медиҳанд, шахс бе ҳаяҷон, бе оби чашм нигоҳ карда наметавонад. -Сухани нахустини Раиси Шўрои Олии навтаъин «Ман ба шумо сулҳ меоварам», дар он замон то куҷо боварикунанда буд? - Ин боварикунанда буд. Чунки ҳамин суханро гуфтанду дар берун оши оштӣ доданд. Аз намояндагони вилояти ҳукумати собиқ Ленинобод, муовини раиси ҳукумат ба назди банда омаданду хоҳиш намуданд, ки толори театри Камоли Хуҷандӣ пури одаму Шуморо мунтазирем. Ман гуфтам, охир, имрўз оши оштӣ, бояд мо ин ҷо баромад кунем. Хайр, баъд рухсат пурсида рафтам. Шахсоне буданд, ки омада дар назди мо ашк мерехтанд. Мепурсиданд аҳволи мардум чӣ мешавад? Ман баромад карда, гуфтам, Шумо баромади Раиси Шўрои Олии навро шунидед? Он зал пур аз одам ва ҳатто қисме рост то беруни ҳавлии театр истода буданд. Зеро мардум чашминтизор буданд, ки кай вазъияти кишвар тинҷ мешавад? Гуфтам шунидед, он кас чӣ гуфтанд? Мардум мегуфтанд он кас гуфтанд: «Ман ба Тоҷикистон сулҳ меоварам». Ин суханон дар он солҳо дар дили мардуми Тоҷикистон як шуълаи умедро бедор ва ба ояндаи нек умедвор кард.
- Ба онҳоке, ки имрўз аз шакли давлату давлатдорӣ норозигӣ баён менамоянд, чӣ гуфтаниед?
- Ман имрўз ҳамчун як модар дар ҳайрат мемонам, ки чаро баъзе одамони тангдил ҳастанд, ки ҳамин қадар дигаргуниҳое, ки дар саросари ҷумҳурии мо шуда истодааст, нодида мегиранд. Вақте ки ман имрўз мешунавам, шахсоне, ки норозигӣ мекунанд, хомўш истода наметавонам. Ношукрӣ накунед, ношукрӣ мезанад. Ман ба он гурўҳҳое, ки имрўз берун аз кишвар санги маломат ба вазъи он мезананд, гуфтаниам, ки агар як заррае хуни тоҷик дар рагҳояшон ҷорӣ гардад, аз номи ҳамин давлате, ки Тоҷикистон аст, бояд фахр кунанд. Ҳамон ҷавонмардо бояд, ки нангу номус дошта бошанд, ҳамин курдҳора ҳамеша пеши назарашон биёранд, ки дар дунё чанд миллион нафаранд. Онҳо магар давлат доранд? Ҳамаи онҳо дар орзуи доштани давлат ҳастанд. Чаро ҳамон нафароне, ки худро ҷавонмард мепиндоранд, дар давлатҳои хориҷ аз кишвар зиндагӣ мекунанд, барои ҳамин давлати Тоҷикистон, барои ҳамин дигаргуниҳо, барои пешрафти он ифтихор ва шукр намекунанд? Бо давлати кўҳанбунёди худ фахр намекунанд. Ҳамин аст ҷавонмардӣ? - Як каф дуои Адолат Раҳмонова - Ман шукр мекунам аз пешравиҳои имрўзаи кишварамон. Калонсолони кишвар дар ёд доранд, чӣ гуна дар навбати нон мардум якдигарро пахш карда буданд. Чӣ қадар мардум дар навбати нон ҷон бохтаанд. Чаро имрўз мо онҳоро фаромӯш кунем? Чаро имрўз мо ба ёд наорему ба ҷавонон нагўем? Барои ҳамин ҳам ман ҳамчун як модар, як зани Тоҷикистон, ки бисёр чизҳоро аз сарам гузаронидаам, аз дигаргуниҳои Тоҷикистон, аз ҳамин қадар гулгулшукуфиҳои Тоҷикистон, баланд шудани сатҳи зиндагӣ шукрона мекунам, шукронаи ҳамин давлат, шукронаи ҳамин Пешвои миллат. Дуогӯи он ҳастам, ки Парвардигор ўро нигоҳбон бошад. Зеро кору фикр ва ақидаашон ҳама барои беҳбудии зиндагии мардуми тоҷик, шахсони бесарпаноҳ аст. Парвардигор солҳои сол дар болои сари мо бошанд. Ман ҳамчун як модар дуогӯи онам, ки солҳои сол умри дарози бобаракат бинанду роҳбарии ҳамин Тоҷикистони азизро ба уҳда гиранд ва кишварамонро аз ин ҳам ободу зебо гардонанд. -Ташаккур барои суҳбати пурмуҳтаво!
Сухбаторо-Давлатзода Ҳангома Рустам