
Дар кўдакиям бо падарам ба тамошои сирк рафтем. Ба мақсади гирифтани чипта навбат истодем. Назди мо зану шавҳар бо шаш нафар кӯдакашон меистоданд ва мунтазири харидани чипта буданд. Либоҳҳои кўдакон кўҳна шуда бошад ҳам, аммо тозаю озода буданд. Онҳо бо хурсандии зиёд дар бораи сирк сўҳбат менамуданд.
Баробари расидани навбаташон падари кўдакон назди оина рафта, нархи чиптаро пурсид. Нархи чиптаро шунида, каме ақибноки рафта, ба занаш зери лаб чизе гуфт. Дар рўи ў аломатҳои нороҳатӣ баръало эҳсос мешуд.
Ин вақт падарам аз ҳайбаш 20 доллар гирифта, ба замин ҳаво дод ва хам шуда, онро гирифта, ба кафи он мард гузошт ва «пулатон афтид», гуфт. Мард бо чашмони ашколуд «раҳмат, ҳаноб», гуфт.
Пас аз ба толори тамошо ворид шудани онҳо падарам аз дастам кашид ва мо берун баромадем.
Чунки падарам ғайр аз 20 доллари ба он одам додааш пули дигар надошт. Аз ҳамон рўз то ҳоло аз чунин падар доштанам ифтихор дорам. Ин манзараи ниҳоят зебо дар ҳаётам аз сирки тамошо намуда натавонистаам ҳам зеботар буд.
Бисёртар бовар ҳосил намудам, ки тарбия на бо назорат, балки бо ибрат мешавад!
Аз ўзбекӣ тарҳумаи Муҳаммадраҳаб БЕРДИЁРОВ