Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НБО «и Роғун»: Кори зарбдор андаруни кўҳҳо

НБО «и Роғун»: Кори зарбдор андаруни кўҳҳо

6-10-2021, 10:07
Хабарро хонданд: 129 нафар
Назарҳо: 0
 НБО «и Роғун»: Кори зарбдор андаруни кўҳҳо
- Ҳо ана он кўҳро мебинед? - бо даст ба маҳали ҷунбуҷўли техникаи зиёди кории машғули кандану ба мошинҳо бор кардани сангу хок ишора карда, пурсид роҳбалади мо ва интизори посух нашуда, худ давом дод: - Ин кўҳ аз байн бардошта мешавад ва ҷойи он сарбанди иборат аз сангу хоки аз маҳали дигари сохтмон овардашуда сохта мешавад.
Табиист, ки роҳбалад зарурати шунидани ҷавоби моро надошт, зеро ончиро ў пурсид, ба ҳеҷ сурат аз мадди назар берун намемонд ва надидан ҳам мумкин набуд. Панорамаи корӣ ончунон васеъ буд, ки мо аз баландие, ки қарор доштем, майдони амалиёт аз наздик то ба дуриҳо мисли як тасвири густурда дар экрани васеъ дар рў ба рўйи бинанда намудор мешуд. Он майдони набардеро мемонд, ки мо то ин вақт дар филмнамоҳо ва намоишҳои ҷангӣ дидаем. Аммо ин бор манзарае аз корзори меҳнати коргарони бузургтарин неругоҳ ва бо тўлонитарин таърихи сохтмон дар кишвар ва минтақа – иншооти НБО «Роғун» аст. Иншооте, ки нафақат бо тарзи эҳёву таърихи бунёд, балки баъд аз пурра мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанаш дар кишварҳои гирду атроф ва шояд дар ҷаҳон ба муддати солҳо беҳамто хоҳад буд.
Муовини сардори раёсати лоиҳасозии техникии ин иншоот - Неъматулло Азизов ин саҳнаро, ки ба ҷойи овози тиру тўп ва таркиши снарядҳо чангу хоки чарху ковишҳои мошинҳои калони боркаш, трактору булдозер ва садои дигар навъҳои техникаи гуногуни дар поён ва мисли мўрҳо дар баданаи кўҳ машғули корро шарҳ медоду мо бо саросемагӣ варақҳои сафеди дафтарҳоямонро бо сатрҳои ёддошт пур мекардем.
Ҳамроҳонамро намедонам, аммо бо дидани ин манзара дар зеҳни ман эҳсосе пайдо шуд, ки як варақи одӣ ва ранги кабуди арзонтарин ручка аммо бо тавони зиёди корӣ дар сабти нақли роҳбалад ва тасвири он чӣ дар бағали кўҳҳо мегузашт, боз ҳам камӣ мекард ва ин ҳамаро фақат бо камераву дурбин мешуд пурра сабт кард ва ё ба навор гирифт, то он муҳити васеи корӣ инъикос меёфт ва ҳамаи ин ҳолати кориро, ки як замонҳо бо ибораи гўшнавозу пурмаънои «симфонияи меҳнат» баён мекарданд, то пеши назари хонандаву бинандаи дигар ҷилвагар шавад.
Роҳбалад ба суфаи васеъ ва ҳамвори манзараи пеши рўямон ишора карда, гуфт, ки кор инҷо тамом ва ду туннели обпарто ҳам тайёр аст. Хокҳои рехтаро бор карда, ба ҷойи дигар мебаранд ва аз ҷойи дигар сангу хок меоранд, ин яке аз талаботҳо барои таъмини бехатарӣ ва ҳам барои бунёди сарбанди устувор мебошад.
Маълум шуд, ки мо айни ҳол дар баландии 1190 метр қарор дорем ва дар доираи лоиҳа то поёни сатҳи 1300 метр кор анҷом мегирад. Яке аз ҳамроҳонам ин маҳалро «шинохт» ва пурсид, ки инҷо магар маҳали баргузории маросими кушоиши расмии агрегати якуми неругоҳ дар соли 2018 набуд? Роҳбалад бо ишораи сар тасдиқ кард ва афзуд, ки сарбанди инҷо аз чанд қабат иборат хоҳад буд ва то он замон танҳо як қабати он сангпўш ва мустаҳакам шуда буд. Пас аз анҷоми маросими расмӣ ва ба кор оғоз кардани чархаи якум сарбанд бо қабати дуюм пўшонида шуд ва акнун кори мустаҳкамкунӣ дар поёни он идома дорад. Бахше аз корҳо дар самти бетонрезӣ кардани сарбанд, овардани регу санг ба ин мавзеъ идома дорад, аммо мағзи сарбанд аз хоку санг иборат хоҳад буд, хоку санге, ки аз маҳали дигар оварда мешавад. Туннелҳои обқабулкунӣ барои чархаҳои якуму чоруми НБО дар иртифои 1152 метр бунёд мешаванд. Айни ҳол, сатҳи об дар обанборе, ки мисли санги қиматбаҳои фирўза бо ранги каб- кабуд байни дараи кўҳиро пур мекард, 80 метр аст.
Аз ончӣ гуфта мешуд, ин маъно бармеомад, ки барои пеши обро гирифтан аз хоку санг як кўҳи дигар бунёд мешавад, ки маҳсули дастон, таҷассуми мояи фарогир, ақлу фаросат ва хиради одамӣ хоҳад буд. Барои сохтани ин кўҳ сангҳои дорои таркиби махсус кашонида меоранд.
Неъматулло Азизов ба саволи мойи ҳайратзада, ки пурсидем: - Аз куҷо? - бо табассум ҷавоб дод, ки аз маҳдудаи ҳамин сохтмон, вале аз маҳали дигари он. Ва боз ҳам бо даст самти болообро нишон дода гуфт: - Онҷо захираҳое дорем, ки вақти кандани роҳҳову нақбҳо чунин хоку сангҳои даркориро ҷамъу ғун кардаем.
Замоне буд, ки дар вақти авҷи иҷрои амалиёти сохтмон ва махсусан барои ҳар чӣ зуд ба кор даровардани чархаҳои якуму дуюм дар иншоот аз 20 ҳазор нафар зиёд кор мекарданд, имрўз ба сабаби паст шудани рафти иҷроиши лоиҳа шумораи коргарон дар ҳудуди 10-11 ҳазор нафар гуфта мешавад. Коргарон аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни Тоҷикистон омада, ба шакли вахтаи 15 - рўза дар ду баст кор мекунанд. Онҳо дар ҳайати кории ширкатҳои тоҷикистонӣ, эронӣ ва италиявӣ машғули фаъолият мебошанд. Ҳар яке дар бунёди ин иншооти беназир ва бо таърихи пурмоҷаро бо иштирок дар сохтани сарбанд ва бунёди обанборҳояш саҳм мегиранд.
Аз Фокс Ривер то Роғун
Гарчанде бори нахуст истеҳсоли қувваи барқро дар Аврупо асрҳои XVII- XVIII ихтироъ карда ва бори аввал соли 1878 ихтироъкоре аз Британияи Кабир, бо номи Улиям Армстронг аввалин Неругоҳи барқи обиро дар мавзеи Фокс Ривер дар шаҳри Эплтони ИМА сохта буд, аммо дар асри 20 муттахассисони Шўравӣ, ки дар ҳайаташон дастпарварони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон ҳам кам набуданд, ин соҳаро то ба сатҳи баланд рушд доданд. Лоиҳаҳое, ки сар аз солҳои 30 –ум дар Тоҷикистон сохта шуданд, намунаи беназири пешрафту густариши соҳаи энергетикаи обӣ дар ҷаҳон мебошанд.
Ҷойи ҳайрат ва зарурат ба пеш гузоштани саволе ба ин маъно нест, ки таълим ва таҷрибаи бунёди чунин иншоотро мо аз куҷо гирифтаем. Зеро Тоҷикистон пас аз таъсис дар ҳамон солҳои 1924 -29 ба гаҳвораи бунёди сохтмонҳои хурду калони неругоҳҳои барқӣ обӣ, бо истифода аз маҷрои табиии оби рўдҳои кўҳиаш табдил ёфта буд. Неругоҳи барқи обии «Варзоб-1» аз аввалин чунин иншоот буд, ки сохтмонаш соли 1931 бо мақсади истеҳсоли барқ ва ҳамзамон, барои полоиши об барои шабакаи обрасонии дар ҳоли сохту шаклгирии Душанбе - пойтахти навбунёди ҷумҳурӣ оғоз ёфт. Оби паси сарбанди он, ки ду агрегати онро дар солҳои 1936 ва 1937 ба кор даровард, барои танзими воридшавии об ва таҳшину тозакунии он низ хизмат мекард. Обанбораш то ҳамин солҳои наздик захираи оби шаҳриён буд.Сохтмони ин неругоҳи барқӣ дар соли 1938 ба анҷом расид. Аз ҳамон замон буд, ки дар манбаъҳои илмӣ ва забони мутахассисони соҳаи барқи кишвар мафҳумҳое ба монанди: сарбанди обпарто дар дарё, системаи обрасонӣ, манбаи оби нўшиданӣ, зарфияти камераҳои обгузар, канали қабули об, ҳавзаи фишор, танзими ҷараёни об, қубурҳои фишор, бинои неругоҳ, стансияи электрикии обӣ канали баромад ё обпарто ва даҳҳо вожаҳои дигар пайдо шуданд, ки имрўзҳо хеле маъмул буда, зиёд ба кор бурда мешаванд.
Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ (соли 1943) сохтмони НБО «Варзоб-2» оғоз шуд ва чархаи якуми он соли 1949 ба кор даромад, ки шаҳри Душанберо бо барқ таъмин кард.
Ногуфта намонад, дар сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат аз ҳамон оғози фаъолият (охири соли 1992) ва марҳалаи ибтидоии ба нақшагирии лоиҳаҳо ҷиҳати баҳрабардорӣ аз захираҳои обӣ, тараққӣ додани соҳаи энергетикаи кишвар такмилу навсозии неругоҳҳои дар он вақт фарсуда ва ё бо тавонии камтар коркунанда низ дар мадди назар буд. Ба ин сабаб, НБО «Варзоб -2» ҳам, ки тавонии 9,5 МВт-ро дораду солона 84 млн кВт.соат барқ истеҳсол мекунад, бо кўшиш ва саъю талоши бевоситаи Пешвои миллат дар соли 2012 навсозӣ шуд ва ду агрегати куҳна ва фарсудаи он бо агрегатҳои замонавии сохти Ҳиндустон такмил гардид.
Рафти корҳои созандагӣ дар се иншооти ба ҳам пайванди Неругоҳи «Роғун»- маҳали бунёди сарбанд, толори чархаҳои истеҳсоли барқ ва туннели бунёди чоҳҳои обпартоҳоро дида, суҳбати мутахассисон ва коргаронашро шунида, дар зеҳн ин ақида устувор мегардад, ки Тоҷикистон акнун дар баробари кишвари дорои захираҳои фаровони об будан ба манбаи таҷрибаву тарбияи кадрҳои босалоҳият табдил ёфтааст.
Чуноне медонем, иқтидори умумии муқарраршудаи системаи энергетикии ҷумҳурӣ тақрибан 5,8 ҳазор МВт -ро ташкил медиҳад. Истеҳсоли миёнаи шабонарўзии барқ дар соли 2020 дар ҷумҳурӣ тақрибан 54 миллион кВт -ро ташкил дода, тибқи маълумоти расмӣ, фақат дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 10,73,1 миллион киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шуд.
Мо бо иқтидори барқии обии худ дар ҷаҳон ҷойи 8-умро пас аз Чин, Русия, ИМА, Бразилия, Зоир, Ҳиндустон ва Канада мегирем. Як нуктаи дигари ҷолиб ин аст, ки агар дар ин кишварҳо барқ ба шаклу истифода аз роҳҳои гуногун истеҳсол шавад, 95 % барқи Тоҷикистон маҳсули кори неругоҳҳои обӣ буда аз нигоҳи экологӣ поку барои муҳити зист безарар аст. Захираҳои асосии энергияи обии мо дар дарёҳои Вахш, Панҷ, Амударё, Сирдарё ва Зарафшон нуҳуфтааст.
Баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ дар ҷумҳурии нав ба истиқлол расидаи Тоҷикистон норасоии қувваи барқ ба миён омад. Аз ҳамин сабаб, ҳукумати ҷумҳурӣ барои таъмини аҳолӣ бо неруи барқ «Лоиҳаи сохтмони НБО-ҳои хурд»- ро барои солҳои 2009 - 2020 қабул намуд. Бар асоси ин барнома таҳия ва иҷрои лоиҳаҳои зиёда аз 190 НБО-и хурду калон пешбинӣ мешуд. Яке аз иншооти калонтарин дар Осиёи Марказӣ ин НБО «Роғун» буда, ки сохтмонаш соли 1976 оғоз ёфта, аммо ба чанд сабаб, пеш аз ҳама фурўпошиии низоми Шўравӣ, пеш омадани бесуботиву нооромиҳо дар кишварҳои то он замон шомили ин маҳдуда ва саршавии кашмакашҳои сиёсиву мусаллаҳона дар кишварамон иҷроиши ин лоиҳа ба таъхир афтод. Роҳбарияти нав ва дар айни ҳол ҷавони Ҳукумати мамлакат бо дарку эҳсоси масъулияти баланд идомаи сохтмони онро корзори нангу номус эълон намуда, талқин кард, ки НБО «Роғун» на танҳо манбаи баланд бурдани ҳаҷми неруи барқ, аз байн бурдани норасоии он, балки барои рушди истеҳсолу саноатисозии кишвар, таъмини аҳолӣ бо қувваи барқ низ зарур мебошад. Аммо, ҳамзамон, бо оғози талошҳои давлати Тоҷикистон барои аз сар гирифтани сохтмони неругоҳи номбурда, ки дар Осиёи Марказӣ калонтарин аст ва аз соли 1976 кори сохтмонаш сар шуда буд, ақдомҳои мухолифони ин лоиҳа низ ба таври ошкору пинҳон шурўъ гардид. Яке аз мақсадҳои рақибони лоиҳа ин буд, ки иқтидори лоиҳавии НБО «Роғун» коҳиш дода шавад ва он на ба ҳадди 3600 МВт, балки камтар аз он бунёд гардад, он аз 6 агрегат бо иқтидори 600 МВт ва сарбанде бо баландии 335 метр набошад. Ҳол он ки аз ҳамон оғоз ин неругоҳ бо ҳамин нишондиҳандаҳои техникӣ тасдиқ шуда буд ва дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол 17млрд. кВт-соат неруи барқ бояд истеҳсол кунад. Лозим ба зикр аст, ки лоиҳа бо иқтидори техникию истеҳсолии дар оғоз муайяншуда, маҳз бо кўшишу талошҳои зиёди Пешвои миллат ҳифз шуда, имрўзҳо мавриди иҷрост. Мо ҳам ҳангоми шиносоӣ аз рафти сохтмон дар иншооти он аз лаҳзаҳои бебарорӣ дар иҷрои қарордодҳои сохтмонаш ёдовар мешудем. Яке аз ин қарордодҳо соли 2005 байни Тоҷикистон ва Ширкати «Русский алюминий» («Русал»)-и Федератсияи Русия имзо шуд, вале он амалӣ нагардид. Тоҷикистон соли 2007 шартномаро бо ширкати «Русал» бинобар таъхир дар иҷрои уҳдадориҳо бекор ва азм кард, ки нерўгоҳро бо маблағи худ месозад. Бо ҳамин мақсад Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун» таъсис ёфт ки аллакай соли 2009 он ба миқдори 6 млрд. сомонӣ сармоя дар ихтиёр дошт.Дар пайи он Ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати сохтмонии Salini Impregilo (Италия) қарордоде ба имзо расонида, барои сохтмону ба кор даровардани ду агрегати барқии НБО 3,9 млрд. доллари америкоӣ пешбинӣ кард. Ҳукумат, инчунин, тавонист дар ҳамон давраи ҳассос барои ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ ба тавофуқ бирасад. Ба гуфтаи мутахассисон, танҳо барои бунёди сарбанди сангу хокии ин неругоҳ, тақрибан 2 миллиард доллар маблағ сарф хоҳад шуд. Дар ин иншооти муҳим имрўзҳо дар баробари ҳазорҳо нафар мутахассису коргар, зиёда аз 3100 адад техника ва мошину дастгоҳҳои сохти ширкатҳои бонуфузи истеҳсолкунандаи механизмҳои ҳаффориву пармакорӣ сафарбар ва мавриди истифода қарор гирифтааст.
Барои санҷидани таъсири экологии НБО «Роғун» ва обанбори он, ки кишварҳои мухолиф дар мактубу шикоятҳои худ ба созмонҳои байналмилалӣ даъво мекарданд, бо маблағгузории Бонки ҷаҳонӣ сохтмони НБО ва обанбораш тахминан 3 сол аз санҷиши ҷиддӣ гузаронида шуд. Дар хулосаи комиссияи бонуфузи таъсисшуда аз сўйи ин ниҳоди молӣ ба безарар будани ин иншоот барои муҳити атроф ва экологияи минтақа таъкид гардид.
Пас аз он, 29 октябри соли 2016 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маросими густурдае оғози кори сохтмон худ савори булдозер шуда, муддати якуним соат бо пеш кардани сангу шағал ба дарёи Вахш маҷрои обро баста, саршавии бунёди сарбанди неругоҳро эълон кард.
Хамсуҳбати мо Неъматулло Азизов ҳам аз ҷумлаи иштирокчиёни ин рўйдоди таърихӣ аст. Агар ба шарҳи ҳоли ў бингарем, ин нукта равшан мегардад, ки ў яке аз садҳо мутахассисони обутобдида дар мактаби энергетикии Тоҷикистон аст. Ў дар ҷавоб ба саволи мо ба ёд овард, ки чӣ гуна пас аз хатми мактаби миёна дар яке аз ноҳияҳои дур аз марказ ба Душанбе омада, ба Институти политехники Тоҷикистон дохил шуд. Пас аз соли аввали таълим аз курси дуюми ин муассисаи таҳсилоти олӣ ба Институти ирригатсия ва мелиоратсияи Москва (ҳоло тағйири ном карда, ба Донишгоҳи давлатии муҳандисии экологии Москва табдил ёфтааст), фиристода шуд. Соли 1991 баъди хатми донишкада ба Тоҷикистон баргашта, дар неругоҳҳои «Норак» ва «Сангтўда-1» кор кард. Аз соли 2008 ба «Роғун» омада, дар иҷрои ин лоиҳа саҳм мегирад. Ба гуфтаи ў, ҳоло 10 – 12 нафар аз хатмкардаҳои донишкадаи номбурда дар ин сохтмон кор мекунанд.
Ин ба маъноест, ки иншооти неругоҳ барои ў ва дигар мутахассисони маҳаллӣ, ки дар муассисаҳои гуногуни соҳаи энергетика таҳсил кардаанд, хонаи дуюм ва мактаби бузурги омўзиши таҷриба аст.
Дар толори чархаҳо
Маҳали сохтмонро агар ба таври рамзӣ ба шаҳре монанд кунем, пас ҳар иншооти сохташаванда як ноҳияи он аст, ки барои аз яке ба дигаре рафтан вақти зиёд лозим аст. Агар одам пиёда бошад (ва агар дар дохили нақбҳо ва байни роҳҳои аз бари кўҳ гузаранда роҳгум назанад) шояд дар давоми рўз аз як маҳал ба маҳали дигар бирасад. Мо пиёда набудем ва мошини ҳарҷогарди японии «Тойота» - бо нимасоғуи боркашӣ, ки аз ҷумла барои ҳаракат дар шароити кўҳистон сохта шудааст, моро аз як маҳал ба ҷойи дигари таъиншуда мерасонад. Вале ҳамин навтарин сохти нақлиёт ҳам ҳар гоҳ аз вазнинии бору хатари роҳ бо садое хабар медод. Яке аз ҳамсафарон инро пай бурда, овоз баровардани мошинро ба ронанда гўшзад кард. Ронанда гуфт, сабаб ин аст, ки дар радаи дуюм, ки бояд ду нафар шинад, вазн аз меъёр зиёд аст, ба ин сабаб мошин инро хабар медиҳад. Мо дар ҳақиқат ба ҷойи ду нафар чор кас дар нишастгоҳи ақиби ронанда ҷой гирифта будем ва қисмати соғуи борбарии мошин тамоман холӣ буд ва ин боис мешуд, ки дастгоҳи танзими кори мошин моро ҳушдор медод.
Вақте аз роҳҳои кўҳӣ ва аз чанд тунел гузашта, ба толори агрегатҳо ворид шудем, онҷо дар идомаи маҳали ду агрегати сохташуда, кор рўйи чархаи сеюм идома дошт. Аз як сўй овози яке аз чархаҳо меомад ва аз сўйи дигар садои техникаи машғули кор дар идомаи ин толор. Неъматулло гуфт, аз соли 1991 то замони оғози корҳо ин маҳал пури об буд ва ҳолати бахше аз корҳои анҷомшударо хароб кард. Ман ҳам ба ёд овардам, ки соли 2004 вақте намояндагии «Русал» аз иншоот боздид кард, мо гуруҳе аз хабарнигорони расонаҳои дохиливу хориҷӣ низ ин ҳайатро ҳамроҳӣ доштем. Дар ҳақиқат толоре, ки барои агрегатҳо пешбинӣ мешуд, аз об пур буд. Ин ҳамон даврае буд, ки ширкати русӣ мехост, иқтидори лоиҳа тағйир ёбад ва сарбанди он аз он чӣ дар лоиҳа буд, пасттар сохта шавад. Дар муддати иҷрои корҳо барои роҳандозии ду агрегат дохили толори чархаҳо ба таври қиёснашаванда то бо ҳолати аввала такмил ва навсозӣ гардид. Корҳои дренажӣ – зеркаш кардани об тавассути системаи траншеяҳо ва гузаронидани қубурҳо, инчунин кандани хандақҳо, шинонидани лўлаҳои обкашӣ ва семенкорӣ аз иқдомҳое буд, ки дар ин толор ба иҷро расид.
Дар рафти суҳбат мефаҳмем, ки оби ба чархаҳо воридшаванда бояд тоза ва соф бошад, вагарна дастгоҳҳоро аз кор мебарорад. Ба саволи дигари мо ҳам ҷавоб дода, мегўяд, ки таркиби оби аз чарха беруншуда ҳамон ҳолатеро дорад, ки то ворид шудан ба чарха дошт, яъне бо давр занонидани агрегат таркиби он тағйир намеёбад.
Дар ин миён, роҳбалади асосии мо ба ин нукта ишора мекунад, ки ҳоло амалиёти сохтмону коркарди неруи барқ баробар пеш меравад. Дар асл неругоҳҳо сохта мешаванду пурра ба кор медароянд ва баъд истеҳсоли қувваи барқ оғоз меёбад. Зеро дар ин раванд нозукии дигаре ҳаст. Ҳо ана ба он тараф нигоҳ кунед, онҷо кори сохтмон идома дорад. Ин боиси хестани чангу ғубор мешавад, ки бахше аз толорро фаро мегирад. Садоҳои иловагӣ ҳам баланд аст, вале аз рўйи меъёрҳои муайяншуда чунин набояд бошад. Барои кам кардани таъсири ин ҳолат мо байни маҳали сохтмон ва ҷойи кори агрегатҳоро бо пардае мепўшонем, то таъсираш камтар шавад.
Толор дар баробари ин ҳама ба синфхонаи таълимии як омўзишгоҳи касбӣ-техникӣ монанд аст. Шиносоӣ бо таблоҳои пур аз навиштаҳо ба ҳар нафари воридшуда хеле маълумот медиҳад. Аз фурсат истифода бурда ба чанде аз таблоҳо нигоҳ мекунам. Зери нақшае мехонам: Лўлаҳои обгузари агрегатҳои 1-6 (Трубинные водоводы агрегатов 1-6). Ба ин шакл барои ҳар 2 агрегат ба таври ҷудогона нақшасозӣ ва маълумоти техкникӣ пешниҳод шудааст. Дар нақша, инчунин, аз тамғаи зарурии металл барои истеҳсол ва монтажи қубурҳову агрегатҳо сар карда, то меъёри зарурӣ барои оби ҷоришаванда ҳамаи маълумоти лозим баён шудааст.
Навиштаҳоро мушоҳидакунон бехабар мемонам, ки болои даври бо фулуз пўшидашудаи чархаи дар ҳолати истеҳсоли қувваи барқ баромадаам.
Ин вақт сардори мудирияти назорати техникии иншоот Нурулло Шарифзода аз оринҷам дошта, ба оҳистагӣ ба беруни давра мебарад ва мегўяд: - Сонияе пеш болои генератор бо шиддатнокии 1570 волт будед ва ба кормандаш ишора мекунад, ки дохили ҳуҷра равад ва таблои дастгоҳеро равшан кунад. Мошини ҳисоби истеҳсоли барқ, дар ҳақиқат ин рақамро зинда ва гоҳе аз ин камтару гоҳи дигар зиёдтар аз онро нишон медод. Ҳамсуҳбати нави мо, ки назорати тамоми ҳолатҳои бехатарӣ ва кори агрегатҳоро зери назорат ва таҳти масъулияти худ дорад, хатмкардаи Институти политехникии Тоҷикистон аст. Ў дар ин толор аз ҳама чиз огоҳ аст ва ягона касест, ки миқдори барқи истеҳсолшударо ҳам дақиқ медонад. Ба пурсиши мо дар бораи он ки чӣ миқдор барқ дар «Роғун» истеҳсол шудааст, рақамеро аввал бадоҳатан эълон карда, пас аз он дастгоҳеро аз ҷайбаш бароварда дақиқан мегўяд: - Аз замони ба кор даромадани нахустин агрегат то шаби 17 сентябр, яъне то 13 соат пеш аз замони суҳбатамон 3 миллиарду 255 миллиону 900 киловат қувваи барқ истеҳсол шудааст. Баъд мефаҳмем, ки то замони омадан ба «Роғун» ў аллакай таҷрибаи кор дар неругоҳҳои «Бойғозӣ», «Норак», Сарбандиро дошта, дар НБО «Сангдўда-1» ҳам замоне вазифаи директори техникиро анҷом медодааст.
Аз оғози кори сохтмони неругоҳ 5 сол гузашт, вале дар ҳамин муддати кутоҳ чуноне мушоҳида мекунем, дар ин оғўши кўҳистон таҳаввулу дигаргуниҳои азиме шудааст. 16 ноябри соли 2018 дар вазъияти тантанавӣ агрегати якуми Нерўгоҳи барқи обии «Роғун»-ро ба кор даромад. То он вақт дар маҳали сохтмони неругоҳ системаи интиқоли неруи барқи 500 кВ-и «Душанбе-Роғун» сохта шуд, хатти интиқоли неруи барқи 500 кВ-и “Душанбе- Роғун” дар доираи лоиҳаи “Барқарорсозӣ ва сохтмони хати интиқоли неруи барқи 500 кВ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ” амалӣ шуд. Маркази пўшидаи тақсими элегазии неругоҳ ҳам ба кор оғоз кард, ки дар он 19 дастгоҳи элегазии 500 кВ ва 4 дастгоҳи элегазии 220 кВ насб гардидааст. Фаъолияти ин маркази муқтадир дар ҳамкорӣ бо ширкати овозадори олмонии Siemens бо сифати баланд бунёд шуда, маҳз аз ҳамин толор тавассути дастгоҳҳои истеҳсоли ин ширкати бонуфузи ҷаҳонӣ неруи барқи дар НБО «Роғун» истеҳсолшаванда ба хатҳои баландшиддат интиқол меёбад.
Маълум аст, захираҳои энергетикӣ, ки дар замони муосир ба тамоми паҳлўҳои ҷомеа таъсир дошта, асоси иқтисоди ҳар кишвар ба шумор меравад. Гузашта аз ин, манбаъҳои энергетикӣ шароити иҷтимоии зиндагии мардумро муайян мекунанд, ба муҳити зисту ҳар яке аз мо таъсири бавосита ва ё ғайримустақим мерасонанд. Ба ин сабаб аст, ки нафақат кишваре, балки рўзгори ҳатто хонаводаеро бе неруи барқ тасаввур кардан номумкин аст. Ана ба ин сабаб, неругоҳҳоямон, аз ҷумла НБО «Роғун» барои ҳар яке аз мо азиз аст.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: