Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ДЕВБАНДӢ ПАРЧАМИ ТОЛИБОН

ДЕВБАНДӢ ПАРЧАМИ ТОЛИБОН

6-10-2021, 09:54
Хабарро хонданд: 233 нафар
Назарҳо: 0
ДЕВБАНДӢ ПАРЧАМИ ТОЛИБОН
Дебочаи кӯтоҳ
Тамоми размандагон ва ҷангҷӯён дар таърихи башар заминаи иделогӣ доштанд. Дар зеҳни Адолф Гитлер фашизм ба ҳайси идеологияе қарор гирифт, ки дар заминаи он ҷаҳонро ба ҷанги хунбор кашид. Як нафар бо идеологияи аблаҳонаи худ боис шуд, ки даҳҳо миллион нафар одамони бегуноҳ ба таври даҳшатбор қурбон шаванд. Ӯ ба сандуқи синаи худ мезад ва мегуфт: “Барои амалӣ шудани идеяи бузурги ман фазо тангӣ мекунад”.
Зерпояи идеологияи ҳаракати даҳшатафкани толибон низ таълимоти фирқаи иртиҷоии Девбандӣ аст. Пайравони он дар қаламрави шимолии Покистон ҳаракатеро таъсис доданд, ки ҳадафи аслиаш бунёди Хилофат буд. Ҳаракат дар заминаи мазҳаби суннӣ соли 1867 дар шаҳри Девбанди Ҳиндустон бунёдгузорӣ шуд. Ба таври густурда ва ба зудӣ паҳн шудани ҳаракати Девбандӣ дар охири асри 19 ва ибтидои асри 20 байни мусалмонони Ҳинд, вобаста ба он буд, ки ҷараёни мазҳабии Девбандӣ алайҳи мустамликадорони Инглис ба мубориза бархостанд. Вале баъдтар ҳадафу барномаҳои он тағйир ёфт ва дар манотиқи шимоли Покистон, ҷануби Афғонистон, Африқои Ҷанубӣ ва Британияи Кабирро тарвиҷ кард.
Назарияи Девбандӣ ба таълимоти ҳаракати Салафия ва Ваҳҳобия, ки иделогияи ғолиб дар баъзе кишварҳои араб, аз ҷумла Арабистони Саудӣ ва Ќатар маҳсуб мешавад, хеле наздик аст. Гурҳҳои “Сипоҳи Саҳоба” ва “Толибон” аз мадориси Девбандӣ дар шимоли Покистон обишхуре доранд.
Алоқамандони Девбандӣ шиамазҳабони Покистонро мусалмон намешуморанд. Бархурди онҳо бо шиаҳои исмоилӣ боз ҳам тундтар аст. Онҳо дастовардҳои тамаддуни ҷаҳони муосирро инкор мекунанд ва талош мекунанд, то шеваи зиндагии қуруни вусторо дар қаламрави ислом эҷод кунанд. Дар мадориси Дор ул улуми Девбандӣ кӯдаконро аз тамос бо фанҳои ғайриисломӣ, мисли риёзиёт, нуҷум, ҳандаса ҷилавгирӣ намуда, сайъ карданд бо тамаркуз, бо улуми суннатӣ, танҳо ҳуввияти динии онҳоро тақвият диҳанд.

ДЕВБАНДӢ ПАРЧАМИ ТОЛИБОН
Ҳатто мутакаллимон ва адибоу файласуфони маъруфи ҷаҳони Ислом, ки то андозае назарашон таҳдид ба низоми давлатдории замонашон эътироф мешуд, мисли Саид Аҳмади Ҳиндӣ, Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ, Саид Абдул Алии Маъдудӣ, танҳо ба хотири пешниҳод, ки ислом бояд аз тамаддуни ҷаҳонӣ андешаҳои мусбиро бардошт кунад, мавриди таҳдиди ҷиддӣ қарор гирифтанд.
Ба ин фирқаи иртиҷоӣ ҳатто фалсафаи инсонпарваронаи бузургоне мисли Муҳаммад Ал Форобӣ, Абуалӣ Ибни Сино, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Саъдӣ ва Ҳофиз, ки мероси гаронмоя ва арзишманди онҳо ба хазонаи фарҳанги ҷаҳонӣ ворид шудааст, бегона мебошад.
Девбандия нисбат ба занон хостаҳои шадид дорад. Кор ва таҳсили занон мамнуъ аст. Маъмурияти зан танҳо дар хона нишастан, таваллуд ва бузург кардани фарзандон аст. Зан бидуни ҳамроҳӣ бо мард, иҷозати ба кӯча баромаданро надорад. Сурати ӯ бояд бо ниқоб ва ё ҳиҷоб комилан пӯшонида шавад. Барои зане, ки ин талаботро вайрон мекунад, ҷазо дар шакли зарбаҳо бо чӯб пешбинӣ шудааст. (Дар Интернет видеои ҳайратангез мавҷуд аст. Дар Кобул Толибон як ҷавондухтареро, ки хилофи хостаҳои онҳо амал кардааст, бо чӯб мезананд. Аз навҳаи дилхароши зан ҳар як инсони солимақл хеле нороҳат мешавад.)
Даҳсолаҳои охир таълимоти Девбандӣ бо суннат ва оини мардуми пуштун, пуштунволӣ омезиш ёфта бархӯрди онҳо бо занон боз ҳам бераҳмонатар шудааст. Баъзе қавонини пеш аз исломии Пуштунволӣ бо дастури Ќуръон ва ҳадисҳои паёмбари Ислом ихтилофи сахт доранд. Мутобиқи қавонини шариат зане, ки муртакиби гуноҳ шуд (ба шавҳараш хиёнат кард), бо шиддат муҷозот, яъне сангсор мешавад. Вале ин амр дар ҳолате татбиқ мешавад, ки чаҳор нафар мусалмони намозгузор ба хиёнати зан шаҳодат диҳанд. Бар асоси қонуни Пуштунволӣ гумон ва шойеот кифоя аст, ки зан ба бадтарин усул ба марг маҳкум шавад.
Дар заминаи таълимоти Девбандӣ, шароити зер ба мусалмонон таҳмил мешавад:
Танҳо марзҳои мазҳабии худро ташхис диҳанд ва ҳеҷ гоҳ ба марзи миллӣ маҳдуд нашаванд;
Дар ҳолати лозим ба хотири ҳифзи мусалмонони дигар кишварҳо дар ҷиҳод ширкат кунанд.
Ин ақида ва ҷаҳоншиносӣ, ба онҳо имкон медиҳад, ба ҳар кишваре, ки ба назари эшон дар умури ислом кӯтоҳӣ кард, ҷиҳод эълон кунанд.
Ҳамин минвол, таълимоти девбандӣ бо баъзе қонунҳо давраи ҷоҳилӣ омезиш ёфта, нерӯеро рӯи кор овард, ки аз номи ислом ва мазҳаби Ҳанафӣ ҳарф мезананд, вале ба он ҳеҷ иртибот ва наздикӣ надоранд. Таълимоти ин мадорис на танҳо ба фармудаҳои Қуръон ихтилоф доранд, балки ба обрӯи исломи суннатӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ латма ворид месозанд ва пайравони дигар адёнро алайҳи ислом ангеза медиҳанд.
Девбандӣ имрӯз хатаре барои оташ гирифтани хушунати мазҳабӣ ва динӣ, таҳдид ба ҷомеаи мутамаддин аст. Назди инҳо ҳаёти инсон арзиш надорад. Аз ин лиҳоз ҳангоми ба қатл расонидани инсон, гумон мекунанд, ки даст ба кори савоб задаанд ва инсонро аз содир кардани гуноҳҳои дигар дар замин озод кардаанд.
Ҳанӯз солҳои 70 қарни гузашта дар Покистон мадориси зиёде бунёд шуданд, ки бар асоси таълимоти девбандия барномасозӣ мешуд. Собиқ Президенти Покистон Парвиз Мушарраф аз пайравон ва алоқамандони ин назария буд. 8 нафар хатмкардагони мадрасаи “Хақонӣ”, ки бо таълимоти девбандӣ алоқаманд буданд, дар Ҳукумати Толибон ба вазифаҳои калидӣ таъин шуданд.
ДЕВБАНДӢ ПАРЧАМИ ТОЛИБОН

АМИРАЛМУЪМИНИН – АМИРИ МУСАЛМОНОНИ ТАМОМИ ҶАҲОН
Яке аз иллатҳои муносибати хушбинонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ҳаракати террористии Толибон , ба назари мо ин надонистани табиат, ҷаҳонбинӣ ва зеҳнияти хоси онҳост.
Чанде қабл Президенти Русия Владимир Путин дар яке аз баромадҳояш таъкид кард. ки бояд ба Толибон фурсат дода шавад, ки худро дар воқеъият нишон диҳанд ва муаррифӣ кунанд.
Толибон ин фурсатро хеле устокорона истифода намуданд. Аз рӯзҳои аввали зери тассалути худ қарор додани хоки Афғонистон, ваъдаҳои пешини худро ба боди фаромӯшӣ доданд ва дар тамоми қаламрави кишвар иҷборан қавонини асримиёнагии худро, ки дархури зарфияти мафкураашон аст, ҷорӣ намуданд.
Дар рӯзҳои аввали тасхири Кобул ба хубӣ дарк намуданд, ки озодии занон ба ҳукумати онҳо хатар дорад. Аз роҳи террор ва таҷовуз, хушунат пешгирии ин хатар ғайриимкон аст, чунки ин иқдом метавонад эътирози ҷомеаи башариро алайҳи ҳукумати онҳо ба бор орад.
Ҳамоишҳои эътирозии занон дар Кобул ва дигар шаҳрҳои бузурги музофот роҳбарияти Толибонро дар ҳоли шок андохт. Вале онҳо зуд ба худ омаданд ва чораҳои пешгириро андешиданд:
1. Ба занон иҷозаи кор ва таҳсил дода намешавад. Ин дастур аз нисф бештари аҳолии Афғонистонро, ки иборат аз занонанд ба ҳабси хонагӣ маҳкум кард. Акнун гирифтани ҷилави нисфи дигари аҳолии кишвар осонтар шуд.
2. Ректори Донишгоҳи Кобул, олими маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ Муҳаммад Усмон Бобурӣ барканор ва ба ҷои ӯ Муҳаммад Ашраф Ғайрат, ки бо террори донишҷӯён маъруф аст, ба ин мансаб таъин шуд.
3. Забони ӯзбекӣ аз мақоми давлатӣ маҳрум шуд.
4. Мазҳаби аҳли суннат дини расмии Афғонистон эълон шуд, ки ҳазораҳои ба Толибон завқзадаро аз мазҳабашон маҳрум кард
Дур нест, ки дар Донишгоҳи Кобул ва дигар макотибу мадориси Афғонистон ба ҷои улуми замонавӣ таълимоти девбандӣ тадрис шавад ва бо ин равия тамоми кӯдакон ва наврасони ин кишвар фаро гирифта шаванд.
Ниёз ба ҳадсу гумон нест, ки ин кӯдакон чи гуна бузург хоҳанд шуд ва аз кадом маърифат баҳравар хоҳанд буд. Мағзи онҳоро, ки дар заминаи террор, хушунат, бадбинӣ нисбат ба намояндагони дигар мазҳабу адён, мусалмонои муртад ташаккул меёбад, дигар тағйир додан ғайри имкон аст.
Дар ин ҳол ҷомеаи ҷаҳонӣ на бо артиши садҳазорнафараи Толибон, балки бо “муҷоҳидин”- и миллионнафарае, ки алайҳи ҷомеаи мутамаддин мубориза хоҳанд кард, рӯ ба рӯ мешавад.
Биёед ба хотир меорем, чӣ гуна кӯдакони 10, 12 солае, ки падаронашон шомили ДОИШ буданду баъд аз фавти онҳо, аз Сурия баргардонида шуданд, бо наҷотбахшони худ аз кадом зовия бархурд мекарданд. Ба нерӯҳои низомӣ ва амниятии кишвар қасам мехӯрданд, ки барои падаронашон аз ҳама қасд мегиранд ва вақте, ки бузург шуданд ҳатман ҷиҳод хоҳанд кард. Агар ин назару андешаро ба мағзи кӯчаки онҳо ҳамагӣ дар давоми ду, се сол ҷой карданд, пас тасаввур кунед, ки баъд аз даҳ сол ҷомеаи ҷаҳонӣ шоҳиди чӣ гуна Афғонистоне хоҳад буд.
Пешорӯи таслим шудани Кобул, дар гуфтушуниди Маскав Толибон ба Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров итминон доданд, ки ба Осиёи Миёна ба ҳеҷ ваҷҳ ҳамла нахоҳанд кард.
Аммо... Чанде қабл намояндаи аршади ҳукумати Толибон дар як нишасти матбуоти зикр кард: “Амиралмуъминини мо амири тамоми мусалмонони ҷаҳон аст. Аз ин лиҳоз хоки Эрон, Тоҷикистон ва Узбекистон қаламрави аморати мост” (ин навор дар Ютуб ҳамвора чарх мезанад ва хонандаи гиромӣ метавонад онро пайгирӣ бикунад). Толибон шояд ҳоло аз ҳамла ба кишварҳои ҳамсоя худдорӣ кунанд. Вале чанд сол пас, ки аз ҳисоби кӣдакону наврасон артиши миллионнафараро парвариш ва тарбият карданд, ҳатман ба васеъ кардани сарҳади Аморати исломии Афғонистон тасмим мегиранд.

«АҲКОМИ ШАРИАТ”-И ТОЛИБОН


Қабл аз ҳамла ба Афғонистон роҳбарони қаноти ҷангии Толибон (Сироҷиддин Ҳаққонӣ, фарзанди Ҷалолиддин Ҳаққонӣ асосгузори шабакаи террористии “Ҳаққонӣ” ) размандагони толибро итминон медоданд, ки мутобиқи фармудаи Шариат “ҷанговарони Ислом” аз ҳама гуна имтиёзҳо бархурдор хоҳанд буд:
“Бахши ғолиби халқи Афғонистон “муртад” (зоҳиран мусалмон, вале ботинан такфирӣ). Аз ин лиҳоз ҳангоми тасхири ҳар улусволӣ ва ё музофот, толибон ҳақ доранд, ғаноим бигиранд (ғанимат амволе, ки пас аз пирӯзӣ аз душман ситонида мешавад, тороҷ, ғорат). Замин, хона, зироат, боғ, ҳайвонот ва амволи дигар метавонанд дар истифода ғолибон бошанд. Занон ва духтарони муртад, низ имкон дорад зан ва ё канизи “лашкари ислом”, яъне толибон бошад. Агар бо онҳо алоқаи ҷинсӣ кунанд, муртакиби гуноҳ намешаванд.
Дар ҳамин ҳол роҳбарони сиёсии ҳаракати Толибон ҷомеаи ҷаҳониро мутмаин месозанд, ки баробарҳуқуқии тамоми мардуми Афғонистонро таъмин мекунанд ва иҷоза намедиҳанд, ки хона ва моли касе тасарруф ва тороҷ шавад.
Алорағми ин изҳоротҳо, размандагони шабакаи “Ҳаққонӣ”, ки амалҳои худро побанди “аҳкоми шариат” меҳисобанд, ба хонаҳои шаҳрвандон ворид мешаванд, ҳарами онҳоро халалдор месозанд ва бо духтаронашон ба таври иҷборӣ издивоҷ мекунанд ва ё ба унвони каниз аз онҳо истифода мекунанд.
Дар аксари музофоти Афғонистон аз манзили зист берун кардани мардуми мулкӣ, мусалмонони “муртад” оғоз шудааст. Чанд рӯз қабл дар вилоятҳои Панҷшер, Қундуз, Дойкундӣ ва мисли ин мардуми маҳаллӣ аз хонаҳояшон ба самти номаълум ронда шуданд. Дар Дойкундӣ 800 оилаи ҳазораҳо таъкид шуданд, ки дар давоми се руз хонаҳои худро тарк кунанд. Ба онҳо иҷоза шудааст, ки танҳо либосе, ки дар бар доранд ва маводи ғизоиро барои чанд рӯз ба ҳамроҳ гиранд.
Тамоми хоҳишҳои Мулло Бародар, ки ҳадди ақал то муддате пеши чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ аз террору, хушунату, ғорат даст бардоранд, ба пайравони Ҳаққонӣ ҳеҷ таъсир надорад. Мо дар заминаи ваъдае, ки додед, дар доираи фармудаи шариат амалкард дорем, моли муртад ба мо ҳалол аст.
Даргирии лафзӣ ва гоҳо бархурдҳо байни Толибони дуронӣ ва ғалҷоиҳо (ғалзоиҳо), хеле шиддат гирифтааст ва имкон дорад ба даргирии ҷиддӣ мувоҷеҳ шавад.

ДАВЛАТ ДАР ДОХИЛИ ДАВЛАТ
Покистон кишварест, ки шаҳрвандонаш чандин даҳсолаҳо дар гаравгони террористон қарор гирифтаанд. Дар ин кишвар амалиёти инфиҷории зиёд рух медиҳад, ки садҳо шаҳрвандони мулкӣ ва бегуноҳ қурбон мешаванд. Ин амалиётҳои террористиро толибони покистонӣ анҷом медиҳанд.
Артиши Толибон, ки беш аз сад ҳазор сарбоз дорад, аз фориғутаҳсилини мадрасаҳои вижаи “Ҳаққонӣ”, ки бо таълимоти девбандӣ алоқаи бевосита дорад, ташкил шудаанд ва бештари онҳо имрӯз зери парчами девбандӣ аз роҳи террор ва ваҳшат низоми асри миёнаро дар Афғонистон барқарор кунанд. Бахши дигари он бо номи “Таҳрики Толибон” дар Покистон мустақар аст ва ҷомеаи ин кишварро мавриди ҳадаф қарор додааст.
Имрӯз Ҳукумати Покистон худ зери фишори “Таҳрики Толибон” қарор дорад.
Чанд рӯз қабл дар шаҳри Лоҳур, толибони покистонӣ ба қисми низомӣ ҳамлаи интиҳорӣ анчом доданд, ки дар натиҷа 25 - нафар афсарону сарбозон ҷон бохтанд. “Тамоми кишварро ба хок яксон мекунем!” таҳдид намуданд роҳбарони толибони Покистон. Ин ҳушдоре буд ба ҳукумати Покистон. “Ҳар чи зудтар ба ҳукумати Толибонро дар Афғонистон ба расмият шиносед, вагарна Покистонро ҳам ба хуну хок мекашем!”
Аз ин лиҳоз ҳукуматдорони Покистон ҳеҷ имкон надоштанд, ки амалиёти инфиҷориро алайҳи шаҳрвандони худ интиқод кунанд. Онҳо бо изҳороти духураи худ ба толибони покистонӣ паём доданд, ки мо омодаем шуморо эътироф кунем, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ ин қазияро ҳанӯз ба дарозо мекашад.
Бубинед, Вазири дифои Покистон Парвиз Хатток, рӯзе пас аз террор чӣ изҳороте дод: “Ба расмият шинохтан ва дастгирии ҳукумати Толибон дар Афғонистон, ба манфиати Покистон аст”.
Сарвазири Покистон Имрон Хон низ аз минбари иҷлосияи 76 Маҷмааи умумии СММ ҷомеаи ҷаҳониро даъват ва ҳатто илтиҷо мекард, ки ҳукумати Толибонро дар Афғонистон таҳким ва танзим кунанд: “Танҳо як роҳ ҳаст. Мо бояд ҳукумати феълиро ба хотири мардуми афғон таҳким бахшем ва ба низом дарорем” Аҷаб “меҳрубонӣ” ... Мисли ин, ки Имрон Хон қабл аз баромади худ аз минбари СММ бо халқи Афғонистон маслиҳат карда буд ва инак хостаҳои онҳоро ба ҷомеаи ҷаҳонӣ мерасонад. Ҳамоишу эътирозҳои пайиҳам дар Кобулу шаҳрҳои музофотии Афғонистон алайҳи ҳузури низомӣ ва дахолати Покистон ба умури дохилии ин кишвар бошад, гӯё “изҳори сипос”-и мардуми афғон ба Имрон Хон аст.
Эҳтимоли зиёд дорад. ки паси амалҳои террористӣ, хадамоти истихборотии Покистон ISI истода бошад, ки ба ҳукуматаш итоат намекунад ва баъзан амалиётеро анҷом медиҳад, ки Ҳукумати Покистон аз он ҳатто дарак надорад.

ОХИРСУХАН

Лоиҳаи Толибон мисли лоиҳаҳои пешини Ал - Қоида ва ДОИШ аст, вале хеле дурандешона ва густурдатар.
Аз ин рӯ бо “Толибон” гуфтушунид ғайри мумкин аст. Аз онҳо тақозои таъсиси як ҳукумати ҳамашумул низ маънӣ надорад. Ҳамон панҷ нафаре, ки аз шумули тоҷикон ва дигар қавмҳои Афғонистон ба ҳукумати такқавмии Толибон шомил шуданд, хатмкардагони мадориси девбандӣ, дақиқтараш теъдоде аз онҳо муҳассилин “Зиё ул мадорис” буданд, ки аз ҷониби ISI сарпарастӣ мешавад.
Толибон ҳеҷ гоҳ ҳукумати ҳамашумул намесозанд, пеши онҳо вазифаҳои дигар гузошта шудааст. Сар то сари Афғонистон ҷорӣ намудани ҳукумати пуштунтабор ва танг кардани мавқеи миллатҳои дигар.
Толибон чанд рӯзи ахир ба унвони таҳдид ба кишварҳои Осиёи Миёна, ба вижа Тоҷикистон ҳазорон нафар ҷангиёни интиҳории худ. Гуруҳи “Лашкари Мансур”-ро ба Тахор, Қундуз ва Бадахшон фиристоданд, ки гурӯҳи террористии “Ансоруллоҳ” низ он ҷо мустақар аст.
Ин таҳдид на танҳо ба Тоҷикистон, балки ба кишварҳои Осиёи Миёна, Қазоқистон ва Русия низ ҳаст.
Русия ва кишварҳои Осиёи Миёна танҳо дар ҳоли дар шимоли Афғонистон аз ҷониби Нерӯи муқовимат ташкил шудани минтақаи амн, метавонанд сарҳади худро аз вуруди ҳар гуна нерӯҳои радикалӣ ҳифз кунанд. Мо дар ин маврид навишта будем ва зарур донистем, ки дар ин матлаб бори дигар ёдовар шавем.

Саломуддин Мирзораҳматов
Бахтиёр Ҳамдамов




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: