Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Зодбуми Мавлоно- Левикант (Сангтўда)-и Вахшонзамин

Зодбуми Мавлоно- Левикант (Сангтўда)-и Вахшонзамин

1-09-2021, 11:16
Хабарро хонданд: 171 нафар
Назарҳо: 0
Зодбуми Мавлоно- Левикант (Сангтўда)-и Вахшонзамин

Сангтўда макони родмардон,
Оромгаҳи беҳтарин азизон.
Шуҳраткадаи мамолики даҳр,
Озода диёри бахти инсон.

Аз таърих огоҳӣ дорем, ки қисмати ҷанубии Осиёи Марказӣ, Хуросон ва шимоли Ҳиндустон дар давраҳои аҳди қадим бо унвони мулки Бохтар ёд мешаванд, ки дар ибтидои солшумории мелодӣ он номи Балхро мегирад. Балх барои мардуми ғайриараб- тоҷикон чун Маккаи Мукаррама муқаддасу муборак ва мояи ифтихор буд. Чунончи Фирдавсии бузург мефармояд:

Ба Балх гузин рафт он Навбаҳор,
Ки яздонпарастон дар он рўзгор.
Мар он ҷойро доштандӣ чунон,
Ки мар Маккаро тозиён ин замон.

Аз ин рў, асрҳо мардуми мулку сарзаминҳои гирду атрофи Балх дар кишварҳои хориҷ бо ифтихор “Балхӣ” худро муаррифӣ менамуданд. Асрҳо Вахшонзамин қисмате аз кишварҳои Бохтар- Балхи бузург буд, аз ин рў, Мавлоноро бо унвони “Балхӣ” ном бурдан ҳеҷ ҷойи тааҷҷуб нест. Вале то ба ин рўз муҳаққиқон ба як хулосае наомадаанд, дар куҷои Вахшонзамин Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ ба дунё омадааст.
Муҳаққиқи зиндагиномаи Ҷалолуддини Балхӣ- Радий Фиш дар китоби худ “Ҷалолуддини Балхӣ” падари Ҷалолуддин- Баҳоу Валад (Султонулуламо)-ро бо номи “қозии Вахш” ном мебарад. Ў бо дидани ватани Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ ба Левакант омаданӣ шуда, соли 1983 гузораш ба шаҳри Қурғонтеппа афтода, вориди редаксияи “Навиди Вахш” шуда, аз сармуҳаррири рўзнома Пирумқул Сатторӣ куҷо будани Левакантро мепурсад. Шодравон магар, ки аз таърих бехабар буд, ки Левакантро ба ҷойи Сангтўда, Вахш муаррифӣ мекунад. Хато аз ҳаин ҷо сар мешавад. Баъд аз чопи китоб ватани Мавлоноро Вахш гуфтаанд.
Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ , ки ба зиёраташ мушарраф гаштааст, дар ашъораш Вахшро бо унвони мулк ва ё кишвар ном бурда, аз бузургони Вахш ёдовар шудааст. Дар ҷойе овардааст:


Шунидам, ки бигрист донои Вахш,
Ки ё Раб, мар ин мардро банда бахш.
Ин ҷо “донои Вахш” падари Мавлоност, зеро хонаводаи онҳо чун фақеҳу донишманди бузург обрўю эътибори баландро соҳиб буд. Инчунин, муҳаққиқи Эронӣ- Алиакбари Деҳхудо ва Сайид Нафисӣ мутақиданд, ки гузаштагони Мавлавӣ ва худи Мавлавӣ зодаи мулки Вахшанд.
Шоҳи Балх-Муҳаммад Хоразмшоҳ соле ду-се моҳи тобистон ба Левакант (Сангтўда) кўч баста, ин ҷо ҳукумат мекардааст. Айвони шоҳнишини Хоразмшоҳ зери челонзори азиму сабзу анбўҳи лаби соҳили дарёи Вахш, паҳлуи мазори “Хоҷаи Зинда” будааст, ки ҳавои сарду хушгувори басо салқинаш, ки роҳатбахши тани инсон буд, фароғат мекардааст. То истилои муғул Сангтўда (пештара Левакант) маркази азими тиҷоратӣ ва яке аз ҳалқаҳои тиҷоратии “Роҳи Абрешим”буд. Аз гумрукхонаи тиҷоратии ин ҷо Шоҳ Хоразмшоҳ суди бисёр мебардошт. Сангтўда чун шаҳри тиҷоратӣ дорои корвонсаройҳои бузург буд. Тоҷирон аз Ҳиндустону Эрону Арабистон ва ҳатто аз Руси Қадим ба ин ҷо ба тиҷорат омада, молу колои худро савдо карда, куфти роҳро бароварда, ба Чин ба савдо мерафтанд. Чиниён лаб –лаби дарёи Вахш ба ин ҷо ба савдо омада, ҳафтае ин ҷо савдо карда, баъд ба Ҳиндустону Эрон ва дигар мамоликҳо ба савдо мебаромаданд. Бинобар ин, Сангтўда (Левакант) нисбат ба дигар шаҳрҳои Вахшонзамин; Айваҷ, Қубодиён ва Ҳиловард хеле ободу сернуфўс буд. Шаҳр дорои қалъаи шоҳнишин ва сикахона буд. Қалъаи баланди шоҳнишин, ки то ба ин рўз боқӣ мондааст, дар соҳили чапи дарё, дар шафати шаҳрнишин ҷойгир аст, ки аз баландии ин қалъа тамоми минтақаи шаҳр намоён аст. Мардумони шаҳр дар хизмати тоҷирон буданд. Барои таъмини ғизои тоҷирон ба чорводорӣ ва боғу сабзавоткорӣ машғул буданд. Шаҳр дорои масҷиди ҷомеъ ва мадрасаи толибилмон буд, ки дар он падари Мавлоно Муҳаммад ибни Ҳусайн ибни Аҳмади Хатибӣ, ки ўро “Баҳоувалад” меномиданд ва “Султонулуламо” мехонданд, мударрисӣ мекард. Ихлосмандону иродатмандон пиёдаву савора аз Ҳиловард (ҳозира Қурғонтеппа), Айваҷу Кўшон ба намози ҷумъа меомаданд. Аз ин рў, фақеҳону донишмандони бузург дур аз Балх ин ҷо сукунат мекарданд. Баҳоуддини Валад соли 1200- милодӣ аз Балх ба ин ҷо кўч баста буд. Сабаби омадани ў дар он буд, ки Баҳоуддини Валад дар дарбори Султон Хоразмшоҳ, чун соҳиби обрў ва манзалати бештар мегардад, писархолаи шоҳ Фахрии Розӣ, ки яке аз фақеҳони бузурги ислом буд, ба ў сари кин мегирад. Рўз ба рўз мавқеи ўро танг мекунад. Ў маҷбур мешавад, ки дуртар аз дарбор ҳиҷрат кунад. Дар ҷилди дуюми “Маориф”- и асари худ Баҳоуддин муноқишаҳои байниҳамдигарии худу Фахрии Розиро дар саҳ. 61 ёдовар шудааст.
Султонвалад ба Левакант (Сангтўда) омада, воизи масҷид ва мударриси мадраса мешавад. Муҳаққиқи афғон Маҳбуб Сироҷ зикр кардааст, ки дар даврони таваллуди Мавлоно падари ў бо оилааш дар Леваканти Вахш зиндагӣ мекардааст.
Олими эронӣ Бадеуззамон Фурўзонфар дар бораи дар Вахшонзамин тарбият ёфтани ин мутафаккири барҷаста сухан кардааст. Яке аз муҳимтарин тадқиқот дар ин самт ба қалами муҳаққиқи амрикоӣ Франклин Люис тааллуқ дорад. Он ҷо баъд аз мутолиаи китоби “Маориф”- и Баҳоуддини Валад оварда аст, ки Баҳоуддин шояд дар Балх таваллуд шудааст, вале баъдтар ба Вахш кўч бастааст. Дар Вахш таваллуд шудани Муҳаммад Ҷалолуддини Балхиро исбот мекунад. Дар ин боб муҳаққиқи амрикоӣ меоварад. Баҳоуддин то соли 1200 - 1218 дар Вахш буд, баъд он ҷоро тарк кард. Люис ба масъалаи он, ки чаро Румиро зодаи Балх меҳисобанд, дахл намуда, қайд мекунад, ки Балх дар дурии тахминан 250 километр аз Вахш ҷой гирифтааст. Вақте ки Баҳоуддин ва Ҷалолуддин бо муҳоҷирони дигар аз Хуросон гуфтугў мекарданд, эҳтимолан шаҳри аслии худро аниқтар муайян мекарданд, яъне изҳор медоштанд, ки аз Вахш омадаанд. Вале бо мардуми Анатолия онҳо шояд мегуфтанд, ки аз Балх омадаанд, ки номи он шаҳр барои онҳо маъмулан гўшрас буд. Он вақтҳо силсилаи шаҳрҳои Левакант, (Сангтўда), Ҳилавард (Қурғонтеппа, ҳозира Бохтар), Айваҷ ва Кушонро шаҳрҳои Вахшонзамин мегуфтанд, дар саҳ. 47 овардааст:
“Вахш, ки одатан ҳамчун шаҳри асримиёнагии Левкант ё Сангтўда мегардад, аз дохили марзҳои Тоҷикистони муосир, тахминан 65 километр дар ҷанубу шарқии Душанбе, 35 километр дар шимолу шарқии Қурғонтеппа ва 500 километр дуртар аз сарҳади Хитой қарор дорад”. Дар ин хусус, ў дар иловаҳо ба тадқиқоти фавқузикри худ харитаи ин мавзеъро низ бо номи “Минтақаи Вахш”, ки он ҷо Ҷалолуддини Балхӣ таваллуд шудааст, меоварад.
Яке аз бузургтарин муҳаққиқи амрикоӣ Колман Брокс, дар ин ақида аст, ки зодгоҳи Ҷалолуддин Вахш аст.
Бузургтарин муҳаққиқи эронӣ доктор Абдулҳусайни Зарринкўб дар асари машҳури худ “Пилла - пилла то мулоқоти Худо” борҳо аз Вахш ёдовар мешавад.
Хонум, пажўҳишгар, профессори олмонӣ Аннамери Шиммел бар он бовар аст, ки зодгоҳи Мавлоно маҳз Вахш мебошад. Ба қавли олими суитсӣ Фритс Мейер дар шимолии Балх бо номи Вахш падари Ҷалолуддин ҳамчун фақеҳ ва воизи дорои ақидаи тасаввуфӣ кору зиндагӣ мекард.
Ҳолноманависи Мавлоно Аҳмади Афлокӣ дар “Маноқиб-ул-орифин” ривоят кардааст, ки падари Мавлоно қозии Вахш марде буд муттабар ва аз уламои аълами замони худ.
О. Ф. Акимушкин мегўяд: “Ҷалолуддин Муҳаммад дар таърихи 30 сентябри соли 1207 дар яке аз музофотҳои Балх, дар чорроҳаи шаҳри корвонгузари Левакант дар роҳи Чин ба Ҳинд ва Эрону Мовароуннаҳр қарор дошт, таваллуд шуд”.
Худи Мавлоно дар асари “Маснавии маънавӣ”-и безавол ҷойе аз Вахш ёд карда мегўяд:

Ақли ҷузвӣ ҳамчу барқасту дурахш,
Дар дурахше кай тавон шуд сўйи Вахш.

Муаррихони рус академикҳо В. В. Бертолд ва В. С. Соловёв Левакантро Сангтўда хондаанд.
Донишманди тоҷик Хуршед Зиёев таҳти унвони “Дурахше аз Вахш” дар бораи зодгоҳи аслии Мавлоно Ҷалолуддин будани Вахшонзамини тоҷикон дар рўзномаи “Ҷумҳурият” (26 июли соли 2007) мақолаи пурарзише ба табъ расонид. Хуршед Зиёев он ҷо гуфта буд, ки ҳанўз солҳои сиюми садаи гузашта олими рус В.А. Гордлевский Ҷалолуддини Румиро ҳамчун зодаи Осиёи Миёна зикр карда буд.
Ин гуфтаҳои донишмандони бурназмарзӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки қазияи аз Вахшонзамин будани Мавлоно Ҷалолуддин бофтаву сохта набуда, аз ҷониби олимони Шарқу Ғарб тасдиқ ва таъкид қарор гирифтааст, месазад, ки мо тоҷикон ифтихор дошта бошем, ки ин нобиғаи нотакрори дунё ҳаммиллат ва ҳамдиёри мост.
Мувофиқи маълумоти ду нафар муллоҳои мадрасаи Бухороро хатмкарда, падари марҳум эшони Назруллоҳ, домулои калон эшони Салим ва марҳум эшони Қилич Мавлоно Ҷалолуддин Мауҳаммадро зодаи Сангтўда мегуфтанд ва пайваста аз асрҳои ў маҳфилҳои маснавихонӣ омода мекарданд. Онҳо мегуфтанд, ки Баҳоуддин Валад қозии Вахш ва воизу мударриси мадрасаи Сангтўда, ки он вақт Леваканташ мехонданд, аз фақеҳони бузурги ислом буданд. Ҳама гуна балоҳои ба сари мардум омадаро бо даму нафас ва каромати худ бартараф мекард. Аз ин рў, ўро “Баҳоуддиини Балогардон” ҳам мегуфтанд.
Доираи илмии Баҳоуддини Валад дар Сангтўда торафт ба як ҳавзаи бузурги илмӣ мубаддал гашт. Иродатмандон ва эътиқодмандон чи аз Балху чи аз Бухоро барои ҳалли масоили динӣ ба назди ў меомаданд. Ин болоравии нуфузи Султонулуламоро дида, Султон Хоразмшоҳ ўро ба Балх даъват кард, вале даъвати Хоразмшоҳро напазируфт.
Фахрии Розӣ яке аз олимони маъруфи Балх холабачаи Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ чашми ҳасад бар ў дошт. Баъд аз ба унвони “Султонулуламо” сазовор гаштани Баҳоуддини Валад, Фахрии Розӣ якбора кини ў боло гирифт ва бо шоҳи Балх забон як карда, ўро маҷбур карданд, ки Баҳоуддин қаламрави Балх Левакантро тарк кунад.
Баҳоуддини Валад бо чаҳордаҳ тан хонаводаи худ аз пули сангини дар болои дарёи Вахшбудаи Сангтўда, ки Балху Бухороро ба ҳам мепайваст, берун карда шуд.
Ба қавли аксари мавлоношиносон замони тарк карда рафтани Баҳоуддини Валад фарзандаш Муҳаммад Ҷалолуддин шашсола, вале ба қавли Сайид Нафисӣ ва Алиакбари Деҳхудо дувоздаҳсола будааст. Ў таълими ибтидоиро дар мадрасаи падар омўхта будааст.
Сараввал хонаводаи Баҳоуддин дур нарафтанд, чор километр болотар дар ҳамвории лаби рости соҳил, ки ба замини Бухоро тааллуқманд буд, ки то имрўз он ҷоро чун қадамҷои “Баҳоуддини Балогардон” зиёрат мекунанд, сокин мешаванд.
Кини шоҳ то ба ҷойе мерасад, ки иродатмандону эътиқодмандон ва муридони Султонулуламоро аз пули сангин гузаштан намемонад ва роҳи омадурафти онҳоро мамнуъ мекунад. Зиндагонии аҳли хонавода басо сангин мегузарад. Баъд аз як сол дар хоб Худованд ўро ба зиёрати Макка ҳидоят кард ва ҳушдор кард, ки ба сари ин қавм балои азим хоҳад омад, то худро аз ҷафо вораҳонад. Аз ҳамон ҷо, бо аҳлу ақрабо рахти сафар кард ва қасам хўрд, ки то шоҳ Султон Муҳаммади Хоразмшоҳ султони мулк аст, ба Балх бар намегардад.
Баъд аз тарки ватан, урдуи муғул ба Сангтўда ҳуҷум карда, шаҳри тиҷоратиро ба хоку хун оғўшта кард, қалъи шоҳнишинро валангор сохта, сарваташро ба ғорат бурд. Пули аз сангсохтаи болои дарёи Вахшро, ки бо аспу ароба миёни Балху Бухоро рафтуомад доштанд, барканда, валангор сохт. Қисми ками мардум дар кўҳистон панаҳ бурда, ҷон ба саломат бурданд. Сангтўда ба мадфанистон мубаддал гашт. Заминашро ҷуфт карда, барои аспонашон ҷав кориданд. Қариб тули 250 то 300 сол касе муқими Сангтўда набуданд. Баъдтар замони ба сари ҳокимят омадани Убайдулохони Шайбонӣ Бухорои Шарқӣ, аз ҷумла Сангтўда айлоқи гўсфандчаронии ҳокимон гашт. Сангтўда дигар ба мардуми таҳҷойӣ насиб накард. Ҷойи онҳоро одамони аз тарафи ҳоким таъиншуда, аз қабили қарлиқу қазоқу туркман омада, чи ном доштани ин мавзеъро намедонистад. Сангтўпи калони миёни ин мавзеъро дида, Сангтўда гуфтанд. Ҳамин тавр, номи пештараи Сангтўда Левакант аз хотири мардум сутурда шуд, минбаъд ин ҷоро Сангтўда ном бурданд. Мардуми бумӣ оҳиста - оҳиста ба ҳамворӣ баргашта, боз муқимнишин шуда, пули рўйи дарёро аз нав аз чўб барқарор карда, ҷойи зисти орифи бузургашон Баҳоуддинро ба зиёратгоҳ мубаддал карданд, ки то 800 сол боз ин ҷониб он ҷоро азиз дониста, аз роҳҳои дуру наздик ба зиёрат меоянд. Соли 1967 марҳум бобои эшони Назрулло, ки аз аҳли маърифат буданду мутавалии мазори “Баҳоуддини Балогардон” буданд, аз номи падарашон эшони Салим, ки замони зинда буданаш ҳафтсола будааст, аз ў шунида будааст, ки ҳамин зиёратҷо ҷойи қадамҷойи Баҳоуддини Валад будааст ва фарзанди маъруфи ў Ҷалолуддини Балхӣ ном доштааст, ба ман нақл карданд.
Вахш, ки як қисмати Балхи бузурги он замон буд, ҳамаи шаҳрҳои дар ин музофот ҷойдоштаро мардуми Балх ва ё берун аз он, бо номи Вахш ном мебурданд. Забону андешаҳои тоҷиконаи Мавлоно худ оини таҷаллии ҳақиқат аст. Имрўз бисёр клима ва вожаҳои дар маснавӣ ва осори дигари Мавлоно бакоррафта бештар дар гўйиши мардуми Сангтўда маҳфўз мондаанд ва ҳанўзам истифода мешаванд.
Имрўз ин орифи бузург фарзанди тамоми оламиён аст. Тоҷикистониён ҳақ доранд бигўянд, ки ў аз вахшонзамин аст, афғонҳо бигўянд, ки ў Балхист. Эрониён бигўянд, ки вай аз Хуросони бузурги Эрон аст, туркҳо ҳаққанд бигўянд, ки Ҷалолуддин Муҳаммад ҳамватани мост ва ин ҷо парвариш ва мақому манзалат гирифта, бо номи Мавлои Рум дар ҷаҳон шуҳрат пайдо кардааст. Олмониҳо, фаронсавиҳо, англисҳо, амрикоиҳо ва дигар қавму миллатҳо чун фарзанди диёри худ дониста, аҳволу осори ин нобиғаи нотакрори оламро ҳаматарафа зинда кардаанд, онҳо низ ҳаққанд бигўянд, ки ў фарзанди мост. Чи тавре ки замони зиндагиаш ирқу мазҳабҳои дар Анатолияи Рум буда, пешвову раҳнамои содиқи худ дониста, гуфтаанд:

Аҳли ҳар мазҳабе ба ў содиқ,
Қавми ҳар миллате бар ў ошиқ.
Карда ўро масеҳиён маъбуд,
Дида ўро ҷуҳуд хуб чу Ҳуд.
Исавӣ гуфта, ўст Исии мо,
Мусавӣ гуфта, ўст Мусии мо.
Муъминаш хонда сирру нури расул,
Гуфта ҳаст ў азим баҳри нуғул.

Аз ин рў, Ҷалолуддини Балхӣ имрўз симбули фарҳангии дунё гаштааст.

Сайҳомиддин НАЗРУЛЛОЕВ,
Раиси ташкилоти ҷамъиятии маҳфили илмӣ-оммавии “Бонги най”
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: