Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Интихоботи Эрон: Тоҷикистон хоҳони робитаҳои холисона аст

Интихоботи Эрон: Тоҷикистон хоҳони робитаҳои холисона аст

23-06-2021, 09:31
Хабарро хонданд: 257 нафар
Назарҳо: 0
Интихоботи Эрон: Тоҷикистон хоҳони робитаҳои холисона аст
Дар интихоботи президентии Эрон, ки 18 июн баргузор шуд, аз миёни 4 номзад Иброҳим Раисӣ –роҳбари собиқи мақомоти судии ин кишвар ба пирӯзӣ расид. Мӯҳсин Ризоӣ – котиби Шӯрои мақсадноки қарорҳои қабулшуда, Ҳусейн Ғозизода Ҳошимӣ – муовини раиси парламент ва Абдулносир Ҳимматӣ – раиси собиқи Бонки марказии Эрон аз дигар довталабони курсии раёсати ҷумҳурӣ буданд, ки пас аз эълони натиҷаҳои ҳисоби аввалияи овозҳо ғалабаи Раисиро эътироф ва табрикаш гуфтанд.
Ин таҳаввулоти сиёсӣ дар Эрон дар ҳоле ба вуқӯъ омад, ки президенти амалкунанда Ҳасани Рӯҳонӣ бинобар ду муҳлати чорсола дар ин мақом будан дар давраи нави интихобот ширкат накард.
Ҳанӯз дар марҳалаи оғоз ва авҷи корзори интихоботӣ коршиносон ғалабаи Раисиро пешгуӣ мекарданд ва далелашон ин буд, ки номзадии ӯро роҳбари олии Эрон Алии Хоманеӣ дастгирӣ мекунад.
Ин бори дуввум аст, ки Раисӣ дар интихобот иштирок намуд, соли 2017 ӯ дар чунин як рақобат ноком гардида, аз Шӯрои нигаҳбон, ки вазифаи он назорати интихобот аст, таҳқиқи қонуншиканиҳо дар рафти овоздиҳиро хоста буд. Он вақт Ҳасани Рӯҳонӣ, ки бори дуввум вориди рақобат шуд, бо гирифтани 57% овозҳо ба муҳлати чор соли дигар интихоб гардида, эълон шуд, ки Раисӣ қариб 38% овозҳоро ба даст овардааст. Акнун ӯ дар интихоботи президентӣ, ки дар тӯли 43 соли пас аз инқилоби исломӣ бори сездаҳум баргузор шуд, қариб 18 миллион, ё 62 дарсади овози интихобкунандагонро соҳиб шудааст.
Ба мушоҳидаи соҳибназарон, иштироки васеи мардум дар интихоботи ахир тамоми сенария ва тавтиаҳои душманҳои Эронро нақше бар об кард. Зеро мардум бо вуҷуди мушкилот ва сахтиҳои маишатӣ ва иқтисодии худ, ки ба сабаби идома ёфтани таҳримҳои ғарб ба сари эрониҳо таҳмил шудааст, бо иштироки густурда ҳамбастагии худро бо давлат ва сиёсати роҳбарӣ нишон доданд. Интихобот ҳамосаи пуршукӯҳи ин ҳамраъйӣ буд.
Интизориҳои Душанбе аз натиҷаи ин рӯйдоди муҳим

Тоҷиикистон ва ҳар тоҷик аз Эрон ба унвони як кишвари шарику ҳамкор дар иҷрои тарҳҳои гуногуни иқтисодӣ хоҳони муносибатҳои нек буда, аз таҳаввулоти ахир низ умедвориҳои зиёд дорад.
Таҳлилгари масъалаҳои сиёсӣ, Рашид Абдулло бар ин назар аст, ки бо вуҷуди ин ки ҳақиқати сиёсии Эрони муосир - ҳама тасмимҳои бунёдии марбут ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии Эрон аз ҷониби роҳбари инқилоби исломӣ қабул мешаванд ва сиву ду сол боз ин мақомро Сайид Алӣ Ҳоманей бар уҳда дорад, аммо ин воқеият ҳам ҳаст, ки маҳз президент сарвари ҳокимияти иҷроия ва дорои ҳуқуқҳои муҳими конститутсионӣ мебошад. ӯ бо кори маъмулии ҳаррӯзаи рушди кишвар машғул буда, имконоти рушди бисёрҷанбаи ҳамкориҳои Тоҷикистону Эрон, бахусус дар соҳаи иқтисод, ба чигунагии муносибати президенти Эрон ва дастаи ӯ ба он вобаста аст.
Р.Абдулло бо ёдоварӣ аз ин нукта, ки муносибатҳои Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Исломии Эрон дар тӯли солҳои истиқлол нобаробар рушд кардааст, таъкид намуд, ки болову поин рафтани сатҳи ин робитаҳо, аз ҷумла ба муносибати роҳбарони сиёсии ин кишварҳо рабт доштанд. Робитаҳои мо дар давраи раёсати Алӣ Акбар Ҳошимии Рафсанҷонӣ рӯ болоравӣ дошт ва он даврае буд, ки Тоҷикистон пас аз пошхӯрии СССР дар нимаи дуюми соли 1992 ба ҷанги шаҳрвандӣ рӯ ба рӯ гардид. Раванди робитаҳо дар давраҳои баъдӣ, гуфтушунидҳои тарафҳои вориди муқовимати мусаллаҳонаи тоҷикон, ки дар ҷараёни муваффақонаи он Эрон низ саҳми назаррас гузоштааст, болоравии нави муносибатҳои Тоҷикистону Эрон оғоз ёфт. Баъд чанд сол ин робитаҳо сард шуданд. Дар давраи роҳбарии Сайид Муҳаммад Хотамӣ, рушди равобити ду кишвар, бахусус дар соҳаи иқтисод, такони иловагӣ гирифт.Муҳимтарин саҳми Эрон дар рушди нерӯи иқтисодии Тоҷикистон эълони омодагии ин кишвар ба сармоягузории зиёда аз 250 миллион доллар барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» буд. Силсилаи рӯйдодҳо ва қарорҳои баъдӣ имкон доданд, ки пайи ҳам сохтмони НБО-ҳои Сангтӯда 1 ва 2 дар дарёи Вахш оғоз ёбад.
Қосими Бекмуҳаммад - таҳлилгари дигари тоҷик, бо ишора ба аҳамияту таъсири ҳар яке аз давраҳои ҳамкорӣ боз ҳам беҳтарин замон дар ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистонро ҳашт соли раҳбарии президент Маҳмуди Аҳмадинажод медонад, замина барои иҷрои тавоффуқоти дар солҳои президенти пешин М. Хотамӣ ба дастомадаро тавсеа бахшид. Дар ин муддат гардиши солонаи тиҷоратӣ байни ду кишвар дар сатҳи 200 миллион доллар устувор монд, дар ағбаи Анзоб сохтмони марҳалаи аввали туннели Истиқлол ба иҷро расид. Чархаи якуми нерӯгоҳи Сангтӯда – 2 дар сентябри соли 2011 ба кор даромад.
Солҳои 2010 ва 2011 Эрон ҳамчун бузургтарин сармоягузор дар иқтисоди Тоҷикистон шинохта шуд. Дар охири июни соли 2013, яъне то замоне, ки Ҳасани Рӯҳонӣ президенти Эрон интихоб шуд, дар Тоҷикистон 200 ширкати эронӣ фаъолият мекарданд.
Ба бовари ӯ, дар чунин вазъият сарфи назар аз душвориҳо ва сардие, ки дар муносибатҳои дуҷониба як муддат ҷой дошт, Эрон, ҳамчун кишвари ҳамзабон ва ҳамфарҳанг барои Тоҷикистон боқӣ монда, гарм шудани мносибатҳо ба соҳаи иқтисод ҳам таъсиргузор хоҳад буд. Аз сӯи дигар, ин ҳамгироӣ барои ҳифзи ҷойгоҳи кишвар лар минтақа низ муҳим аст.
Ба эътиқоди мо низ дар пасманзари ёриҳои Туркия ба Озарбойҷон дар рӯзҳои ҷанг бо Арманистон барои Қарабоғи Кӯҳӣ дар соли 2020, ки ба ҷаҳон ҳамчун зуҳури ҳамбастагии муштараки туркҳо ба намоиш гузошта шуд ва бо дар назар гирифтани таҳаввулоти ахир дар Афғонистон, афзоиши мавҷи нави таваҷҷуҳи ҳамсоягони Тоҷикистон дар минтақа барои рушди муносибатҳо бо Туркия, сафари президенти Қирғизистон ба Анкара зарурат ба ҳамбастагиии Тоҷикистону Эрон бештар эҳсос мешавад. Душанбе ҳам ин заруратро хуб эҳсос мекунад ва ба тадриҷ барқарор шудани робитаҳои ду кишвар, ки сафарҳои мутақобилаи роҳбарони вазоратҳои муҳими Тоҷикистон ва Эрон, дубора ба фаъолият пардохтани комиссияҳои дуҷонибаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ аз таҳаввули мусбат дар рушди муносибатҳои ду кишвар гувоҳӣ медиҳанд. Агарчӣ дар соли 2020 гардиши савдои хориҷӣ байни Тоҷикистон ва Эрон ҳамагӣ 57,7 миллион долларро ташкил доду нисбати соли 2013 чор бор камтар аст, аммо метавон умедвор шуд, ки бо интихоби ҳайати давлати нав дар Эрон ин муносибатҳо ба сатҳи пешинаи худ бармегардад.

Эрон ва дигар шариконаш

Бино ба гузоришҳо, сарфи назар аз сахт боқӣ мондани шароити таҳримҳо, иқтисоди Эрон аз ҳолати таназзул берун омада, ҳаҷми фурӯши нафти ин кишвар ба Чин воқеан ба сатҳи панҷ сол пеш баргаштааст. 27 марти имсол дар Теҳрон вазирони корҳои хориҷии Эрон ва Чин Созишнома "Дар бораи ҳамкориҳои сиёсӣ, стратегӣ ва иқтисодӣ" -ро ба муҳлати 25 сол имзо карданд. Тибқи он, ҶХХ мақсад дорад ба соҳаҳои муҳимтарини иқтисоди Эрон - аз истеҳсоли нафт сар карда, то технологияҳои иттилоотӣ 400 миллиард доллар сармоягузорӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки кишварҳои алоқаманд ба ҳали масъалаи ҳаққи Эрон ба истифодаи нерӯи атомӣ дар шаҳри Вена дар бораи бозгашт ба созишномаи ҳастаӣ ба гуфтушунид идома дода, тарафҳо хоҳони ба натиҷа расидани ин муколама мебошанд.
Дар сурати ба натиҷа расидани музокирот заминаи ҳамкорӣ, аз ҷумла, ба афзоиши назарраси имконоти сармоягузории Эрон ба ҳолати солҳои 2016-2018 бармегардад, ки Тоҷикистон ба сабабҳои воқеӣ он вақт натавониста буд, аз он шароит истифода кунад.
Раисӣ кист?

Манбаъҳои хабарӣ бо овардани ҳолномаи Иброҳим Раисӣ таъкид мекунанд, ки президенти нави ҶИЭ, ки то як ҳафта пеш роҳбари додгоҳи олии кишвар (раиси қувваи қазоия) буд, аз ҷумлаи шахсиятҳоест, ки дар интихобот аз дастгирии густурдаи ҷомеа, сиёсатмадорон ва гурӯҳҳои муҳофизакор бархурдор шудааст. ӯ 14 декабри соли 1960 дар шимолу шарқи Эрон – шаҳри Машҳад ба дунё омада, онҷо ба воя расид, дар муассисаи таҳсилоти олии шаҳри Қумро хонда, аз рӯҳониёни маъруфи Эрон сабақ гирифт.
Пас аз пирӯзии Инқилоби исломии соли 1979, Раисӣ ба идораи додситонӣ дар Масҷиди Сулеймон дар ҷанубу ғарби Эрон ба кор гузашта, баъдан додситони чанд қаламрав шуд. Дар соли 1985 пас аз ба мансаби муовини прокурор таъин шудан ба пойтахт- шаҳри Теҳрон кӯчид.
Дар тӯли се даҳсола ба ҳайси додситони Теҳрон, роҳбари Созмони нозироти умумӣ, додситони Додгоҳи вижаи рӯҳониён ва муовини раиси адлия кор кардааст.
Марти соли 2016 ӯ сарвари остони Қудси Разавӣ, ки оромгоҳи Имом Ризо онҷост, интихоб шуд. Раисӣ инчунин роҳбари яке аз бузургтарин бунёдҳои хайрияи Эрон буду назорати дороиҳоеро ба андозаи миллиардҳо доллар бар уҳда дошт.
Ҳамзамон бо ин, пойгоҳҳои хабарии давлатҳои мухолифи Эрон Иброҳим Раисии 60-соларо аз додрасҳое медонанд, ки соли 1988 таҳқиқи як теъдод мурофиаҳои сахтро назорат кардааст. Бо ин парвандаҳо ва зери назари ӯ, гӯё ҳазорон маҳбусони сиёсӣ ба қатл маҳкум шудаанд.. Созмонҳои ҳуқуқи башар низ, ки ихтиёрашон ба дасти ғарбиҳо мебошад, мегӯянд, ки Раисӣ дар ҷиноятҳои зидди башарӣ айбдор ва ба ин сабаб ИМА ӯро таҳти таҳрим қарор додааст.
Аммо дар изҳори назарҳо, коршиносон Раисиро на танҳо президенти оянда, балки ҳамчун вориси эҳтимолии худи Роҳбари олӣ Алӣ Хоманеӣ низ медонанд. Зеро дар марҳалаи интихоби номзадҳо худи Раҳбар барои сабти номи ду сиёсатмадори маъруф: собиқ президент Маҳмуди Аҳмадинажод ва собиқ раиси Маҷлис (парламент) Алӣ Лориҷонӣ, ки метавонистанд, бо Раисӣ рақобати сахт кунанд, монеъ шуд. Ин нукта ҳам ишора мешавад, ки довталаби аввал метавонист овозҳои тарафдорони ислоҳотро бигирад ва метавонист шумори муҳофизакорони ҷонибдори Раисиро коҳиш диҳад.
Далели тарафдорони ин фикр, ки Президенти нав имкони васеи интихоб ба мақоми роҳбариро дар оянда хоҳад дошт, ин аст, ки вазъият саломатии Хоманеии 82 –сола монанд ба чандсоли пеш нест ва ба ин сабаб ӯ фикри интихоби ҷонишини худро ҳам бояд дар сар дошта бошад.
Тоҷикистон хоҳони робитаҳои нек аст

Президанти нави Эронро сарварони бисёре аз кишварҳо табрик гуфтанд. Дар ин миён Паёми муборакбодии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси тозаинтихоби Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ ҷойгоҳи хос дорад. Бисёре аз пойгоҳҳои хабарӣ, аз ҷумла саҳифаҳои интернетӣ ин хабарро дар саҳифаи аввали худ бо акси ду президент ба нашр расонида, таъкид ба ин банди барқия кардаанд, ки дар номаи мубракбодии Сарвари Тоҷикистон омадааст: «Тоҷикистону Эронро арзишҳои безаволи фарҳангиву таърихӣ ва тамаддунӣ ба ҳам мепайванданд».
Дар воқеъ миллати тоҷик ба монанди Сарвари худ ҳамеша хоҳони таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои судманд бо Эрон буда, бар ҳақ, тарафдори онанд, ки муносибатҳо байни кишварҳоямон бар асоси усули ҳусни тафоҳум, некхоҳӣ ва эътимоди холисона бошанд.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: