Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » МАРҲИЛАҲОИ НАВ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН

МАРҲИЛАҲОИ НАВ ДАР МУНОСИБАТҲОИ ДИПЛОМАТИИ ҶУМҲУРИҲОИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН

17-05-2021, 09:00
Хабарро хонданд: 157 нафар
Назарҳо: 0
 МАРҲИЛАҲОИ  НАВ  ДАР  МУНОСИБАТҲОИ  ДИПЛОМАТИИ  ҶУМҲУРИҲОИ  ТОҶИКИСТОНУ  ӮЗБЕКИСТОН
Мардуми тоҷику ӯзбек аз қадим дар зисти иҷтимоиву иқтисодӣ ва сиёсӣ ҳамтақдир ҳастанду фарҳангу эътиқод, илму адабиёти онҳо муштарак афтодааст. Ин як халқи дузабона қарнҳо инҷониб зери як ҳукумат, зери як шоҳигарӣ зиндагӣ доштанду ҳеҷ омиле байни онҳо ба ҷуз забон тафриқа нагузоштааст. Ҳатто дар ибтидои асри ХХ, ки аз ҷиҳати минтақаву сиёсат ба ду ҳукумати расмӣ – РСС Тоҷикистон ва РСС ӯзбекистон тақсим гардид, ҳамоно байни рафоқату самимият ва ҳамкориҳои мардум ҳеҷ таѓйироте ба вуҷуд наомад. Далелҳои фаровону равшан ба ин гуфтаҳо аз он робитаҳои гуногуншакли ин ду миллат оварда метавонем, ки аз ибтидои асри ХХ то даврони ташаккули давлати шӯравӣ, давраҳои ҳассоси Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва то пош хӯрдани ИҶШС-ро дарбар мегиранд. Дар давлатдориҳои Тоҷикистон ва ӯзбекистон пас аз ба истиқлоли милливу сиёсӣ соҳиб шудан давраи нави таърихӣ оѓоз гардид. Ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки дар ин марҳила муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии ӯзбекистон аз 22 октябри соли 1992 барқарор гардидааст ва аз соли 1995 дар шаҳри Тошканд Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад.
Тоҷикистони соҳибистиқлол дурнамои рушди иқтисодӣ, мавқеи ҷуѓрофӣ ва инчунин муносибатҳои таърихан ташаккулёфтаи халқҳои ду кишварро ба инобат гирифта, ба рушду таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд бо Ҷумҳурии ӯзбекистон таваҷҷуҳ зоҳир мекунад.
Ин ҷо зикраш ба маврид аст, ки дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳким ва густариш бахшидани муносибатҳои дуҷонибаи босубот ва дарозмуддат бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мавқеъ ва аҳамияти хос дорад. Вобаста ба ин, давлати мо пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки заминаи мусоидтареро барои густариши муносибатҳои гуногунҷанба ва судманд дар фазои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фароҳам оварад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати одилона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар замони истиқлол на танҳо алоқаҳои манфиатбахш бо мамлакатҳои дунё бунёд намояд, ҳамчунин бо дипломатияи хоси худ ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масъалаҳои глобалӣ худро муаррифӣ намояд.
Бояд ёдовар шуд, ки ба роҳ мондани робитаҳои беруна ва муаррифии Тоҷикистон чун як давлати соҳибистиқлол аз муҳимтарин ва мушкилтарин масоили давлат дар ибтидои истиқлол маҳсуб меёфт. Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон 29 сентябри соли 1993 нахустин бор аз минбари Созмони Милали Муттаҳид сухан ронда, ҷомеаи ҷаҳониро бо ҳадафи сиёсии сулҳҷӯёна ва таҳкиму тақвияти ҳамкорӣ бо кишварҳои дӯсту сулҳпарвари ҷаҳон ошно намуд ва то кунун он суханони худро комилан ба исбот расонид.
Чунин муносибати дӯстона ва сулҳҷӯёна дар муносибат бо Ҷумҳурии ӯзбекистон низ равшан ба назар мерасад. То имрӯз асоси шартномавию ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва ӯзбекистонро садҳо созишнома ва аҳдномаҳо ташкил медиҳанд, ки аз соли 1992 то имрӯз дар сатҳҳои байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ ба имзо расидаанд.
Бо вуҷуди баъзе нофаҳмиҳо ё ки шакли дигар гирифтани муносибатҳои сиёсиву иҷтимоӣ ва иқтисодии ин ду кишвар дар давоми 30 соли охир робитаҳои дипломативу иқтисодӣ дар шаклҳои гуногун идома доштанд. Ба сари қудрат омадани сарвари дуюми кишвари ҳамсоя дар симои Шавкат Мирзиёев ва муносибати хайрхоҳонаи роҳбарони ҳар ду давлат марҳилаҳои нави равобитро дар байни давлатҳо ба вуҷуд овард.
Минбаъд санадҳое, ки миёни ду кишвар қабул шудаанд, самтҳои муҳими ҳамкориҳоро дар бар гирифта, барои рушду тавсеаи минбаъдаи робитаҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, тиҷорат ва ѓайра заминаи мустаҳками ҳуқуқиро ба вуҷуд овардаанд. Вохӯриҳои дуҷониба, ки пайваста дар сатҳи олӣ ба вуқӯъ мепайвандад, ҷиҳати густариш ва таҳкими муносибатҳои тарафайн мусоидат менамоянд.
Ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии ӯзбекистон Ш. Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон (моҳи марти соли 2018) ҳамчунин аз аҳамияти хоса бархурдор буд. Зимни сӯҳбат дар ин вохӯрӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таъкид сохта буд, ки “Мардумони моро суннатҳои бисёрасраи дӯстӣ, ҳамсоягии нек ва эҳтироми ҷонибайн муттаҳид месозанд. Ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии ӯзбекистон яке аз афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Тасмимоти имрӯзаи мо бар заминаи музокироти суратгиранда аз бисёр ҷиҳат хислати таърихӣ дошта, такконбахш мебошанд. Онҳо барои марҳала ба марҳала боло бурдани муносибатҳои Тоҷикистону ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав асосу заминаи боэътимодро фароҳам меоваранд”.
Мувофиқаҳои дар рафти музокироти мазкур бадастомада заминаи боэътимоди ҳалли маҷмӯи мушкилоти ҳалталабро, ки тайи ду даҳсолаи ахир ба рушди табиии муносибатҳои ду кишвар монеа эҷод мекард, фароҳам меорад. Хушбахтона, имрӯз қариб ҳамаи масъалаҳои баҳсноки вобаста ба сарҳад ҳалли худро пайдо карданд ва ин воқеият ба ҷонибҳо имконият дод, ки Шартномаи дахлдорро дар ин хусус ба имзо расонанд. Дар натиҷаи чунин муносибатҳо ва ҷаласаҳои судманд масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои электроэнергетика, хоҷагии об, саноат, кишоварзӣ, нақлиёту коммуникатсия ва инчунин ҷалби васеи доираҳои соҳибкор ва саноати ду кишвар ба раванди тавсеаи муносибатҳои тиҷорию иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба натиҷаҳои он протоколҳои марбута ба имзо расидаанд.
Баргузории ҷаласаҳои байниҳукуматии Тоҷикистону ӯзбекистон дар солҳои охир оид ба масъалаҳои ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва масъалаҳои сарҳадӣ гувоҳи он аст, ки раванди муносибатҳои ҳарду кишвар тамоюли густаришёбандаро ба худ касб менамояд. Ба туфайли чунин ҷаласаҳо мушкилиҳои ҷойдошта ҳаллу фасл мегардад.
Таҳлили табодули савдои дуҷониба нишон медиҳад, ки ду кишвари ҳамсоя барои ҳамкории муфид иқтидори кофии дорои имкониятхои фарохи истифоданашуда мебошанд. Бояд гуфт, ки Тоҷикистон ва ӯзбекистон дорои фазои бузурги фарҳангӣ-гуманитарӣ, сарҳади умумӣ ва робитаҳои инкишофёфта буда, метавонанд рафтуомади озоди аҳолӣ ва маҳсулоту хизматрасониҳоро фароҳам оранд, барои инкишофи таъсирбахши соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти ҳарду давлат мусоидат намоянд ва иқтидори транзитии якдигарро барои баромадан ба дигар бозорҳо истифода баранд.
Таърих, сарватҳои умумии фарҳангиву маънавӣ, инчунин анъанаҳои чандинасраи эҳтироми якдигар ва ҳамсоягӣ принсипҳои асосии муносибатҳои Тоҷикистону ӯзбекистонро таҳкурсии мустаҳкам гузоштанд.
Дар сиёсати имрӯзаи сарварони ду кишвар – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев ҳамаи принсипҳои башардӯстона ва ҳамкориҳои дутарафаи судманди моддиву маънавӣ риоя мешавад ва ҳар ду роҳбар барои мустаҳкам намудани робитаҳои ҳамсоягӣ сидқан кӯшиш ба харҷ медиҳанд. Ин ҳамкориҳову якдигарфаҳмиҳо ва муносибатҳои иҷтимоиву иқтисодӣ барои мардуми ҳар ду давлат аз ҳар ҷиҳат муфид аст. Умед аст, ки дар оянда чунин робитаҳо боз ҳам вусъат пайдо менамоянд ва натиҷаҳои манфиатбахши назаррасро ба бор меоранд.
Аслиддин Пӯлотов,
доктори илмҳои фалсафа, профессор

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: