Баҳсҳо доғтар мешавад22-04-2021, 10:49
Хабарро хонданд: 129 нафар
Назарҳо: 0
Авзои ҷаҳон Ба назар мерасад, баҳсу кашмакаши мақомоти дипломатии Чехияву Русия акнун аз доираҳои сиёсии ин ду кишвар берун рафта, ба буҳрони минтақавӣ табдил ёфтанист. Баъзе аз таҳлилгарон бинобар шиддати буҳрони чандсолаи молии ҷаҳонин вазъиятро оғози як муноқишаи ҷаҳонӣ медонанд. Баҳона инбуд, ки мақомоти Чех 17 апрел аз ихроҷи дипломатҳои Русия хабар дод. Прага ба иштироки эҳтимолии Москва дар як таркиши анбори лавозимоти ҷангӣ дар соли 2014 таъкид дорад. Ба гуфтаи мақомоти Чех, дар он таркиши 6 сол пеш хадамоти махсуси Русия даст доштанд. Полиси Чех,ҳамзамон, бо ихроҷи 18 дипломати рус ду шаҳрванди ФР - Александр Петров ва Руслан Бошировро ба рӯйхати ҷустуҷӯи байналмилалӣ ворид кард. Дар посух Вазорати корҳои хориҷии Русия низ 20 дипломати чехро «шахсиятҳои номақбул» эълон кард. Аммо вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо, гӯё пайт меҷустанд, ки як рӯз пас аз ин тасмимгирӣ, аз амалкарди Чехия ҳимоят намуданд. "Изҳороти Ҷумҳурии Чех дар бораи ихроҷи 18 корманди сафорати Русия барои даст доштани агентҳои иктишофи ҳарбии Русия (ГРУ) дар таркиши анбори лавозимоти ҷангӣ дар шаҳри Врбетитса дар соли 2014 дуруст аст ва ИА азон ҳимоят мекунад», - гуфта мешавад дар изҳороти идораҳои таъинкунандаи сиёсати хориҷии кишварҳои Аврупо. Ҳамзамон,Иттиҳоди Аврупо эълонкард, ки комилан Ҷумҳурии Чехияро дастгирӣнамуда, аз вокуниши Русия, ки 20 дипломати чехро аз ин кишвар ихроҷ кард, таассуовар медонад. Ин мавзее аст, ки Брюссел дар муқобили моҷарои дипломатии байни Маскаву Прага гирифтааст. Вале ин тасмим дар баробари тарафдорон мухолифон ҳам дорад. Масалан, 19апрел президенти собиқи Чех Ватслав Клаус изҳор кард, ки «Мақомоти расмии Чех парвандаи таркишҳо дар анборҳои низомии Врбетитсаро бофта баровардаанд, то мардумро дар тарсу ҳарос нигоҳ доранд ва нақшаҳои худро ба иҷро расонанд». Ин ягона кашмакаши сиёсӣ миёни Прага ва Москва нест, балки ба рӯйдодҳои соли гузашта бармегардад. Он вақт дар арафаи солгарди Рӯзи Ғалаба – 9 май дар Чехия ҳайкали маршал Конев канда шуд. Дар пайи ин иқдом 5 июн ду корманди «Россотрудничество»-ро шахсиятҳои номақбул эълон кард. Ин иқдом ба ҳодисаи эҳтимолии ба ҷумҳурӣ ворид кардани маводи заҳролуд вобаста дониста мешуд. Агарчӣ дар миёнаҳои моҳи май муовини аввали сарвазир ва вазири умури дохилаи Ҷумҳурии Чех гуфт, ки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсуси Чехия ба эҳтимоли зиёд ҳеҷ далеле дар бораи он ки як шахси рус ба Прага ритсин овардааст ва маъмуронро заҳролуд карданист, надоранд, аммо кор аз кор гузашта буд ва муносибатҳои ду кишвар рӯ ба тирагӣ овард. Ҳарчанд Вазорати корҳои хориҷии ФР изҳор кард, ки хоҳони бад кардани муносибат бо Прага нест, вале баъдтар намояндаи расмии Кремл изҳор дошт, ки «Моҳҳои охир, муносибатҳои дуҷонибаи мо бо Чех чандон хуб нест ва баъзе рӯйдодҳое буданд, ки боиси асабоният шуд. Албатта, мо наметавонем нисбат ба зуҳуроти ғайридӯстонаи Прага бетафовут ва таҳаммулпазир бошем. Ва дар оянда ба ҳар чунин рафтор мо посухи муносиб хоҳем дод». Ба иддаои Маскав, ҳеҷ шакке нест, ки паси ин моҷаро Вашингтон истода бошад. Ҳафтаи гузашта ин ягона ҳодисаи марбут ба дипломатҳо набуд. Балки дар пайи ихроҷи 8 корманди сафорати Русия аз ИМА Москва ҳам нисбати 10 нафар кормандони сафорати ин кишвар чунин ҳукм кард ва ба сафир ҳам тавсия дод, барои машварат ба кишвараш баргардад. Даъвои навиПрага Баҳси дипломатҳо ҳанӯз ба ҷое нарасида, Прага даъвои нав ва баҳси дигареро ба миён гузошт, ки вобаста ба замини сафорати ФР аст. Мақомоти Прага аз Русия талаб карданд, ки як қисми боғи шаҳрро, ки сафорати Русия дар қаламрави он ҷойгир аст, баргардонад. Як қисми боғи шаҳрии Чехия, маънои ним гектар заминро дорад. Таъкид шуд, ки сабаби талаби баргардонидани як қисми замин боз ҳам иттилоот дар бораи иштироки хадамоти махсуси Русия дар таркишҳои анбори лавозимоти ҷангӣ дар соли 2014 мебошад. Русия ҳам дар посух ба даъвои Прага гуфт, ки мақомоти Чехия бояд дар бораи заминҳое, ки ба ин кишвар дар ноҳияи Твери Москва тааллуқ доранд ва молики онсафорати инкишвар мебошад, бояд дар ёд дошта бошанд. Баҳси Чехия бо ФР рӯи масъалаи муносибатҳои дуҷониба дар ҳолест, ки таҳдидҳои ИМА ҳам бар зидди ин кишвар охир надорад. Ба ин сабаб, андешаҳое ҳам ба гӯш мерасанд, ки дар онҳо аз шиддати муносибатҳои ғарбу Аврупо бо Русия ва умуман боз ҳам бадтар шудани вазъи иқтисодии ҷаҳон нигаронӣмешавад. Таҳлилгарон бар ин ақидаанд, ки кӯшишҳо барои бесубот кардани вазъто моҳи август идома меёбад ва ташкили ошӯбҳое барои тағйир додани ҳукумат дар чандеазкишварҳо, ба шумули Русия ҳам аз эҳтимол дур нест. Баъзеҳо баҳсҳои мавҷуд дар муносбатҳои дипломатиро бо мақсади фишор ба Русия медонанд, ки намехоҳад ба дархостҳои ғарб сар фарорад. Ба андешаи онҳо, Русия аз давлатҳои тавонмадест, ки дар якҷоягӣ бо ИМА ва Чинмасъулияти таъмини суботи ҷаҳонро доранд ва набояд барои бад шудани вазъият амал кунад. Солеҳ Юсуфов
|
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.