Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Хом заҳр, пухта шаҳд аст

Хом заҳр, пухта шаҳд аст

23-10-2020, 10:48
Хабарро хонданд: 960 нафар
Назарҳо: 0
Табиат ва мо

Хом заҳр, пухта шаҳд  аст

Зебо, вале бемаза, ба назар лазизу ширин, аммо дар асл камлаззат, ба ранг, гӯё шаҳдбору хушбӯй, вақте мечашед, аксар ҳолат тумчу фач ва бебӯй ... Ҳоло бештари сабзавоту меваҳое, ки дар раставу рафҳои бозору дӯконҳо барои фурӯш гузошта шудаанд, ҳамин вазъиятро доранд
Мо мафтуни рангу зебоиаш шуда, бо нархи гарон мехарем, бехабар аз он ки якҷо бо пул додану фиреби назар хӯрдан хатаре барои саломатии худу наздикон эҷод мекунем. Шумо ҳам шояд худ борҳо дарк намудаед, ки аксар вақт аз харидани меваҳои хом, вале хушранги бемаза бар иловаи нороҳатӣ аз харҷи беҳуда, ноумедии талхе дар диламон мемонад. Мутаассифона, акнун ба бозор ворид кардани меваҳои хом ба як кори маъмулӣ табдил ёфтааст ва мо ба ҷуз харидану баровардани эҳтиёҷамон илоҷи дигаре надорем. Чизе, ки аҳли тиҷорат, ки аксар чун равоншинос донандагони психологияи харидор ҳастанд, ин ҳолати моро хуб медонанд ва ҳар мавсим барои холӣ шудани ҷайби мову пур кардани ҳамёнашон «аксия»- и наве бо сангдилии бештар амалӣ мекунанд.
Помидор аз оҳан сурх, лимӯ аз этилен зард мешавад ...
Пажӯҳишҳо кайҳо исбот кардааст, ки аз хӯрдани меваю сабзавоти хом ба ѓайр аз зарари моливу ҷисмонӣ фоидае нест, ҳарчанд миқдори зиёди онҳоро бихӯред ҳам, фоидае намебинед, зеро бинобар бармаҳал чидану ба шакли сунъӣ «пазонидан»- ашон аз витамину минерал ва қанде, ки лозим аст, маҳрум мебошанд.
Имсол «мавсим»- и пазонидану ба бозор баровардани меваю сабзавот зери таъсири васвасаҳои коронавирус бармаҳал сар шуд. Аҳли тиҷорат аз хараҷу мараҷ ва воҳимаҳои пешомада, боз ҳам ба суди худ истифода карданд. Аввал помидорҳои нимпухта бо нархи баланд пешниҳоди мо шуд, пас аз он анвои гуногуни зардолуву шафтолу ва себу олу дар фурӯшгоҳҳо ҷой ёфтанд, ки момаҷбур будем,барои қувват додани иммунитети худ харидему хӯрдем. Дар тамоми давраи тобистон тарбузҳои дохил лола барин сурх ва бо камбуди таъму лаззат низ насибаамон шуд. Анвои себҳо, ҳатто себҳои пешпазаки маҳаллиро ҳам хом чида оварданд ва мо ноилоҷ харидему хӯрдем. (Аммо аз ҳақ нагузарем, ҳандалаку харбузаҳоямон ин мавсим беҳтар аз солҳои гузашта буд).
Чун мавсими ангур расид, боз ҳам сарфи назар аз маҳаллӣ будан ва парвариши ин анвои маҳсулот дар масофаи ҳамагӣ аз 40 то дусад километр дурӣ аз пойтахт боз ҳам хом чида, оварданд ва мо харидем. Ангури сиёҳи базеб ё зарди калон- калон,вале боз ҳам бемазаву турш. Агар ба қуттиҳои картонӣ ва чӯбии пур аз меваи фурӯшгоҳҳо эътибор дода бошед, анвои ангури кайҳо чидаву ҷойшударо медидед, ки дар анборҳо ранг гирифтаанд. Аммо бандак ё хӯшаҳои хушкшудаашон шаҳодати барвақт чида шуданашон буд. Ангур ҳамбӯй дорад, аммо ин меваи боѓӣ дар аввалҳои мавсим дар растаҳои савдову бозорҳоямон бештар бебӯй ва турш буд.
Бино ба баъзе аз гузоришҳо, дар ҳар мавсим аз 60 то80 дарсади сабзавоту меваҳои бозорҳоямон маҳаллӣ аст, яъне он чи мехарем, бештар бояд бо таъму мазаи маъмулӣ ва бо сатҳи баландипухт бояд бошад, аммо ин тобистон чунин ба назармерасид,ки ҳама чиз аз берун ворид шудааст, зеро ба ҷузъ ранг чизи дигари хоси табиати маҳалро надошт. Имсол мо зиёдтар барои зеби дастархон меваю маҳсулот харидем, на барои рафъи эҳтиёҷ ё таъмини бардамию роҳати ҷони худ. Аввалҳои июл дар ҳошияи нишасти матбуотии бахшида ба фаъолияти нимсолаи Агентии Тоҷикстандарт Қудрат Давлатзода ба мо рӯзноманигорон бинои нави озмоишгоҳи замонавии санҷиши анвои молу маҳсулотро нишон дод. Вақти шиносоӣ бо таҷҳизоти нави хориҷии ин коргоҳ, дар омади гап ва бо гила аз ҳолати саропо хом чидаю ба фурӯш гузоштани маҳсулоти боѓию полезӣ аз ӯ пурсидам, ки оё ягон дастгоҳе ҳаст, ки стандарти пухти меваҳоро муайян кунад,то аз исрофи беҳуда, ноумед газидану партофтани меваҳои рӯи дастархонҳо гузошташуда пешгирӣ шавад? Сарвари ин агентӣ бо таассуф гуфт,ки чунин таҷҳизот мавҷуд нест ва ягона роҳи санҷишу худдорӣ аз хариди меваи хом ҳамон одати маъмулии бо даст зер кардану фаҳмидани ҳолати пухтпеш аз хариди меваҳост, ки бобоҳоямон медонистанду мо ҳам то ба ҳамин наздикиҳо риоя мекардем. ӯ ҳам бо мо ҳамфикр буд, ки ҳоло аҳли савдо барои пешгирӣ аз талафоти мева то расидан ба бозор ва бо мақсади фоидаи бештар гирифтан, онро барвақт чида ба ҷойи даркорӣ мерасонанд ва дар анборҳо бо ташвиши камтар нигоҳ медоранд. Фурӯшандаҳо ҳам чун медонанд, ки маҳсулот ба зудӣ вайрон намешавад,ҳамон як нархро нигоҳ медоранд ва харидор чун имкони интихоб надорад, маҳсулоти дар анборҳо ранг гирифтаву гӯё пухта, аммо дар асл хоми камлаззатро мехарад.
Одати хом чидану ба бозор ворид кардан, то солҳои наздик хоси тиҷорати кишварҳои таъминоташон аз хориҷ буд ва ин кор бо мақсади сабук кардани зарар аз сабзавот ва меваҳои зуд вайроншаванда амалӣ мешуд. Дар кори ба бозор ворид кардани меваи хому сабзро нақши асосиро на боғдорон, балки бештар тоҷиру дастёронашон мебозиданд. Ба ин сабаб буд, ки банан, себ, ангур ё шафтолуи дар кадом як кишвари дурдаст сабзида, ба кишварҳои дигар фиристода мешуду дар муддати чанд соати пеш аз ба савдо баровардан мепухт, лимӯи дар кишварҳои ба монанди Точикистон парваришёфта, дар Аврупо ҳам бо таровату зардии хоси кишвари мо фурӯхта мешавад, агарчи мазаю таъми инҷоро надорад. Натиҷаи амалкардҳои химикӣ аст, ки дар мо ҳам анвои гуногуни себҳои воридотӣ ба зудӣ намепӯсанд.
Акнун ҳама медонанд, ки аксари меваҳои боѓӣ ва сабзавоти полизӣ хому ѓура аз дарахту бутта чида мешаванд ва дар давоми нигоҳдорӣ дар анборҳо ранг мегиранд, ба ин сабаб на мазза доранду на лаззат, фақат ранг мегардонанд ва бо ин мо фанд хӯрда мехарем ва агар тавонем хом мехӯрем, вагарна ҷояш партобгоҳ аст.
Донишмандон ба ин назаранд, ки лимӯи сабзро дар кишварҳои аз маҳали парваришашон дур аз тариқи дегриннинг (раванди коркарди меваҳои сабз бо консентратсияи пасти этилен дар ҳарорати 16-30 дараҷа) зард мекунанд. Дар мо ин чиз алҳол маъмул нашудааст, балки дар чанд соли ахир ин мева ба сурати нимхом ба бозор бароварда мешавад ва мо мехарем. Зимистони гузашта бинобар таҳдиди хатари пандемия ин навъи маҳсулот, ки фақат пас аз расидану зард шудан муносиби истеъмол ва фоиданок аст, хом ба бозор баромад. Қуттиҳои зардолуву шафтолуҳои маҳаллӣ ҳам, дар зимистону аввали баҳор ва ҳатто то нимаҳои дуюми тобистон пас аз нигоҳдорӣ дар анборҳо ва бо истифода аз туморакҳои капронии пур аз моддаҳои химиявӣ ба бозор ворид шуд. Лозим ба зикр аст, ки ширкатҳо ва тоҷирони нигаҳдоранда ва фурӯшандаи маҳсулоти кишоварзӣ барои нигаҳдории сабзавоти омодаи фурӯш асосан парафин ва барои меваҳо аз моддаи химиявии дифенил истифода мебаранд.
Нури офтоб меваро мерасонад, то мо фоида бинем
Ҳар мева ва сабзавоте, ки бе нури офтоб парвариш мешавад, фоидаи кам барои истеъмолкунанда дорад. Ин воқеияте аст, ки ҳар деҳқон ва ҳар табиб медонад. Ба гуфтаи мутахассисон, анвои маҳсулоти дар анборҳо ранг гирифта ҳам аз миқдори витаминҳои барои инсон лозим маҳруманд.
Баҳром Абдуалимов - собиқ муовини вазири кишоварзии Тоҷикистон ва шахсе, ки тамоми умр бо замин сару кор доштаву имрӯз низ ба боѓпарварӣ машѓул аст, мегӯяд: «Витаминҳои меваю сабзавот танҳо зери таъсири шуои офтоб шакл мегиранд, чизе, ки ҳеҷ гоҳ дар фазои анбор буда наметавонад. Ба ин сабаб, мазаи маҳсулот ва меваҳои дар анборҳо нигаҳдоришударо бо меваҳое, ки дар боѓҳо нури офтоб хӯрда, пухта мерасанд, қиёс кардан номумкин аст. Донаҳои меваҳои хому барвақт ҷамъоваришудабеҳосил мебошанд ва аз он намешавад ниҳолу кӯчати нав сабз кард. Ин ба маъноест, ки барвақт хом чидану анбор намудани маҳсулоти кишоварзӣ ба манфиати на деҳкон аст ва на замин ва боиси маҳдуд шудани имконоти табиии сабзонидану парвариш меваю сабзавот ва васеъ кардани боѓҳо мешавад.
Аз сӯйи дигар, меваҳои ба сурати табиӣ ва дар боѓҳо пухтаву расида, бештар пектиндоранд. Ин моддаи барои бадани инсон муҳим холестеринро кам мекунад, аммо меваҳои аз нури офтоб маҳрумгардида, аз бисёр моддаҳои барои инсон фоиданок, аз ҷумла пектин маҳруманд ё агар дошта бошанд ҳам,он ба миқдори кофӣ нест, - афзуд ӯ».
Хом мехӯрем, заҳр мехӯрем?
Меваҳои нопухта дар таркиби худ нисбат ба меваҳои расида калорияи кам доранд.Аз ин рӯ аксаран аз ҷониби диетологҳо барои шахсони парҳезӣ тавсия мешаванд. Бо вуҷуди ин, бояд дар хотир дошт, ки чунин меваҳо ва сабзавот дорои кислотаҳои органикӣ ва танинҳо мебошанд, ки ба меъда ва рӯдаҳо таъсири манфӣ мерасонанд. Аз ин рӯ, вақте ки одам меваи сабзу хомро мехӯрад, эҳтимоли гирифтор шудан ба қайкунӣ, дарунравӣ ва дарди шикам зиёдтар пеш меояд. Духтури минтақавӣ аз ноҳияи Рӯдакӣ Баҳрулло Қодиров, бар ин назар аст, ки яке аз сабабҳои дар мавсими тобистон афзоиши ин бемориҳо, аз ҷумла дар байни кӯдакон истеъмоли ҳар гуна мева, аз ҷумла меваи хом аст.
ӯ мегӯяд: «Бачаҳо рӯзона зери офтоб мегарданд ва аз дарахтони ҳавливу боѓҳо меваҳои ҳархеларо чида мехӯранд, ё меваи норасидаи аз бозор овардадар яхдон нигоҳдоришударо истеъмол мекунанд ва шаб, ки шуд,дарди шикамро эҳсос карда, ҳарораташон баланд мешавад».
Ба гуфтаи ӯ, истифодаи мунтазами меваҳои норасида барои калонсолон ҳам зарар дорад ва ба боиси дарди панкреатити шадид шуданаш мумкин аст.
Доим ва давомдор истеъмол кардани меваҳои нопухта оқибатҳоидигар ҳам дорад. Шумо метавонед миқдори зиёди онҳоро бихӯред, аммо боз ҳам гурусна хоҳед буд. зеро онҳо аз витамину минералҳо ва қанде, ки бояд дар таркибашон ба миқдори лозим дошта бошанд, маҳруманд. Дар баробари ин, чунин меваю сабзавот ба ҳадди зиёд дорои кислотаҳои органикӣ ва танинҳо мебошанд, ки дар сурати истеъмол ба меъда ва рӯдаҳо таъсири манфӣ мерасонанд.
Ҳама медонанд, ки меваҳои норасида дар баробари сахту дурушт будан хушхӯр нестанд. Ба ин сабаб пур аз протопектин, шакли ибтидоии пектин мебошанд. Он ҳангоми ба кор даромадани ферментҳоиҳозима спирти метилиро ба вуҷуд оварда, боиси заҳролудшавии бадан мегардад.
Аз ин рӯ, пеш аз он ки меваи нопухтаро бихарему бихӯрем, пайомадҳояшро ҳам фикр кунем.
Сипандро ҳам хом чидем
Дар шабурӯзи шадиди маҳдудиятҳои коронавирусӣ ва камёфт будани маводи антисептикӣ баъзе аз савдогарони беандеша гиёҳи табобатии ҳазориспандро ҳам хом чида ба савдо бароварданд. Ин иқдоми васеи кадом тоҷир буд, зеро аробаҳои пур аз буттаҳои хоми бо донакҳои ҳанӯз норасидаи ин растанӣ якбора, азбозори «Меҳргон» сар карда, дар ҳамаи марказҳои савдо пайдо шуданд. Ман, ки аз хурдӣ фақат сӯхтану дуд кардани сипанди хушк ва бо бӯйи гувороро дида ва ба он одат карда будам, аввалин бор оташ задану маҷбуран дуд кунонидани сипанди тарро аз сӯйи савдогаре дарбозори «Меҳргон» дида, сахт ошуфта шудам. Гумон мекардам, ки он буттаи ҳанӯз сабз на, балки домани либоси ман дуд мекунад. Дар ҳамин ҳолат буд, ки ба сарам зад, онҳое, ки ин амали судхӯронаро мекунанд, ҳеҷ гоҳу ҳеҷ замоне андешаи онро надоранд, бо ин амалкард, решаи ин растании нодир ва шифобахшро месӯзанд. Нишонаи нодонии гузаштагонамон нест, ки сипандро то ба ҳол ва маъмулан пас аз буттааш хушк шудан мечиданду барои зимистон захира мекарданд. Яъне аввал мегузоштанд, ки он хуб расад ва ѓизои лозимро аз нури офтоби тобистон бигирад ва пас аз он мечиданд. Аз сӯйи дигар, ин як роҳи ба таври табиӣ фароҳам намудани имкони дар мавсими оянда васеъшудани майдони сабзиши он ҳам буд. Зеро пас азхушк шудани бутта донаи он худ ба худ кушода шуда, ба замин мерезад ва то баҳори дигар дар ҳамон шароиту муҳити сабзиш ҳифз мешавад. Аммо ин баҳор касоне бо ҳаросат ва девонавор коре карданд, ки дар сурати пеши роҳашонро нагирифтан дар оянда боиси аз байн рафтани майдонҳои табиии рӯйиши сипанд мешавад. Ҷойи зикр аст, ки решаҳои чанд гиёҳи дигари табобатӣ низ бо баҳонаи пешгирӣ аз коронавирус дар он рӯзҳо аз сӯи фурӯшандагони алоҳида ба бозор оварда, фурӯхта шуд, ки низ таҳдиде ба ҳолати рушди табиати зебои мо хоҳад дошт. Аммо бар ин боварам, ки мақомоти босалоҳият, он бетарафие, ки нисбат ба амалкардҳое монанд ба хом чидану ба бор овардани меваю сабзавот ва гиёҳҳои дармонӣ, ки дар баҳору аввали тобистони имсол нишон доданд, дар оянда чунин нахоҳанд кард.
Эй кош, барои ба ҳам задани равиши маъмулии зиндагии мо дигар баҳонае пеш наояд!
Солеҳ ЮСУФОВ




Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: