Дурӯғбофӣ пешаи аслии Кабирӣ аст!28-07-2020, 09:28
Хабарро хонданд: 350 нафар
Назарҳо: 0
Инак пешвои як тудаи ватангадо М. Кабирӣ дур аз Тоҷикистон овоз баланд мекунаду аз ватану ватандорӣ ва забони тоҷикӣ сухан мекунад. Боз ба чашми мардум хок задаву ҳарфи муҳаббат аз ватану ватандорӣ дорад, ҳол онки ӯ ватанро, ки ба модар баробараш мекунем, барвақт ба хоҷагони хориҷияш ба ивази чанд пайса чун виҷдонаш фурӯхта буд. Ҳарф мезанад аз пуштибонии забони тоҷикӣ, ҳол онки ӯ барвақт ин забонро ба шеваи «оғоҳо» иваз карда буд. Имрӯз дигар чизе надорад чашм ало мекунад ба Ватани хешу ақрабояш. Мардумро даъват мекунад ба сӯи инқилобҳо то ин ватани ободу озоду биҳиштиро табдил созад ба Афғонистони дуюм. Аз ҳар сухану посухи Кабирӣ бӯи ифлоси ватанфурӯшӣ ва хиёнат, бӯи хун меояд, зеро одат кардааст ба ошомидани бӯи хуни ҳаммиллатон. Агар не пас рӯ меорем ба суолу посухҳои додаи ӯ. «22 июли соли 1989 рӯзи қабули забони давлатӣ мебошад, ин сана рӯзи таърихӣ мебошад». Воқеан ҳам ин сана ҳақ ба ҷониби Саъди Маҳдӣ аст, ки рӯзи худшиносии тоҷикон буд. Бори аввал дар он режими Шӯравӣ, тоҷик худро шинохт ва ҳимоят аз забони худ кард. Яъне аз ҳастиву қудрати худ дарак дод. Аммо бо 5 октябр иваз шудани он, ки ба қабули нахуст Қонуни даврони Истиқлолият оиди забон рост омадааст, ҳеҷ мухолифату бадие надорад. Ҷойи воҳима нест. Аслан мақсад ба шӯр овардани чанд тан аз шахсони чун Кабирӣ номакносипос асту халос. Ҳол он ки таърихномаҳои навиштаи Сарвари миллати тоҷикон дар ҷаҳон арзиши баланд доштаву барои наслҳои оянда бозгӯи ҳақиқати таърихист на чун суханони шумо душманони миллат тутивор гуфтанҳоятон ба суханони хоҷагони хориҷиятон. Ва ё ҷойи дигар оиди хати крилӣ, Кабирии кулухандоз, ки ғофил аз сангхӯрданҳо хоҳад буд, таъкид мекунад: « - ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 100 ҳазор донишҷӯ хатм мекунанд, бо ҳамин хати крилӣ…». Аҷаб хулосабарории аблаҳонае! Хати форсӣ ба пешрафт чӣ рабт дорад. Чил сол боз мардуми афғон меҷангаду меҷангад, хаташ форсист. Ё хитоиҳо бе хати форсӣ оламгир мешаванд-ку. Бародарони эрониятон бошанд, танҳо дари «махзани дониш»-ро барои шумо ва шумо барин гурусначашмҳо, ки ватанро бисёр арзон фурӯхтаниед, кашф кардаанду халос. Ва ё ҷойи дигар таъкид медоред, ки Шумо бисёр сиру асрори Роҳбари давлатро медонед ва гӯё хап карда шиштед. Аҷаб рӯсиёҳие! Охир ҳарчи дурӯғу росте медонистед бо панҷ дирҳам кайҳо ба хоҷагонатон фурӯхтед, рӯсиёҳии иловагӣ чӣ лозим! Ба суоли корбари дигар бо номи Садриддини Наҷмиддин чунин ҷавоб додаед: «Ман гуфтаниям, ба бародарон Тӯраҷонзодаҳо ва Ҳоҷӣ Мирзо гӯш андозед, аммо танҳо ба масъалаҳои динӣ ба онҳо гӯш диҳед, на балки дар масъалаҳои сиёсӣ. Ҳоҷӣ Мирзо дар баромадҳояш қайд мекунад, ки мо ба сиёсат кор надорем, аммо аз тинҷию оромӣ шукр кунед, гуфта боз ба сиёсат ворид мегардад, суханҳояш бар хилофи гуфтаҳояш мебошад». Бо ин ҷавобатон бори дигар бадтинативу бухлу бахилӣ ва рӯсиёҳкуниатонро ба намоиш гузоштед. Яъне аҳли илм агар аз тинҷиву оромӣ ва пешрафт шукр карданро ба мардум панд диҳад, пас гунаҳгор аст?! Магар мусулмони асил доимӣ барои оромиву тинҷӣ даст дар дуо нест? Ва воқеан ҳам аз тинҷиву оромии имрӯза шукргузор будан чӣ бадӣ дорад, эй носипос! Бешармона дар хатми баромадат, Кабирӣ мегӯӣ, ки «агар пирӯз шавем», ину он мекунем. «Агар пирӯз шавем». Магар фаромӯш кардӣ, ки бо ивази хуни садҳо ҳазор тоҷики бечора пирӯзӣ насибатон гашта буд, аммо чашму нафси ҳарисонатон шарманда ва ватангадоятон кард. Магар шарм намедоред, ки бо садақаи 1 доллараи муҳоҷирон пирӯзиро орзу мекунеду бо ваъдаҳои пуч домони чанд ҳаммаслактонро пур. Шарм дореду ҳарзагӯиро бас кунед Кабирии ба дом афтода! Аловиддин Мирҷонов, омӯзгор аз ноҳияи Файзобод |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.