- Ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон -
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали таъсисёбии худ ба масъалаи ҷавонон аҳамияти аввалиндараҷа зоҳир мекунад. Ин аст, ки яке аз самтҳои асосӣ ва муҳими Барномаи ҳизбро бахши сиёсати ҷавонон ва варзиш ташкил медиҳад. Ҳизби мо ба ҷавонон ҳамчун неруи созанда, боэътимод ва сармояи пойдори инсонӣ такя карда, онҳоро дар ташаккул ва амалисозии иқдомҳои созгор ва ташаббусҳои навовар дар самти рушди илму техника ва технологияҳои муосир ва ободиву пешрафти босуботи кишвар дастгирӣ менамояд.
Ҳудуди 190 ҳазор нафар аъзои ҳизб ҷавонони аз 18 то 30-солаанд.
Бо роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҲХДТ “Сиёсати рӯй овардан ба ҷавонон” – ро, ки яке аз самтҳои асосии марҳалаи имрӯзаи рушди давлатдории миллӣ маҳсуб мешавад, тавсеа бахшида, дар роҳи расидан ба ин ҳадаф барои ҳарчи беҳтар гардонидани шароити рушди маънавию ахлоқӣ, таҳсил ва фаъолияти ҷавонон тадбирҳо меандешад.
Дар ин росто, ҳизб ҷавононеро, ки ба Ватан ва халқу миллат содиқона хизмат мекунанд, ба вазифаҳои роҳбарикунанда пешбарӣ намуда, ба сиёсати ҷавонон ҳамеша афзалият хоҳад дод. Таъйин гардидани раисони идораҳои давлатӣ ва шаҳру навоҳӣ аз ҳисоби кадрҳои ҷавону болаёқати ҳизб собитгари гуфтаҳои боло ҳастанд.
Заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар самти ташаккули фарҳанги сиёсӣ, маърифати хуқуқӣ, тарбияи ватандӯстӣ ва густариши худшиносии миллии ҷавонон якҷо бо мақомоти ваколатдори соҳа - Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои миллии кор бо ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва “Пайравони Пешвои миллат” мунтазам тақвият меёбанд.
Ҷавонони ҳизб тарафдории самимонаи худро аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Тоҷикистон ва Пешвои муаззами миллат бо фаъолияти ибратомӯз собит месозанд.
Дар вилояти Суғд намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон – «Созандагони Ватан» тавонист 55 000 ҷавонро муттаҳид созад. Дар шароити мураккаби паҳншавии босуръати бемории сироятии коронавирус ҷавонони ҳизб ҳамарӯза, бе истироҳат ба аҳолии кишвар кумаки амалӣ мерасонанд. Аз ҷумла, аъзои «Созандагони Ватан» барои тақсими Муроҷатномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, варақаҳои иттилоотӣ, тавсиявию тарғиботӣ ба аҳолӣ оид ба риояи гигиенаи шахсӣ, поккории хонаҳои истиқоматӣ ва маҳаллу кӯчаҳо бо маҳлулҳои зиддивирусӣ, иштирок дар нуктаҳои тамос ва ёрӣ намудан ба шахсони ниёзманд, кумак ба оилаҳои табибон, ниёзмандон, ҷавонони маъюб, мулоқотҳои "хона ба хона", «рӯ ба рӯ», доир намудани аксияҳои "Ниқоб", «Солимии ҷомеа – бойигарии давлат», «Пешгирӣ роҳи роҳи наҷот аз беморӣ аст!» дар бозорҳо ва маҳаллаҳо, ба шахсони эҳтиёҷманд тақдим намудани ниқобҳои яккаратаю бисёркарата, либосҳои муҳофизатӣ ба табибон, маҳлули антисептикӣ, хлор, тақвият бахшидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, бештар фаъол гардидани сомона ва саҳифаҳои ҳазбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва бо ҷалбу иштироки саховатмандон тақдими ҳамарӯзаи шумораи зиёди маҳсулоти хӯрокворӣ, аз қабили равған, пиёз, картошка, сабзӣ, орд, шакар, макарон, тухм, гӯшт ва ғайра фаъолмандии хеле зиёд нишон доданд, ки ин иқдомот имрӯз ҳам бомаром идома дорад.
Бахшида ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон кумитаҳои иҷроия дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, Бадахшон ва шаҳри Душанбе аксия ва чорабиниҳои ҳавасмандӣ доир намуданд. Аз ҷумла, КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд ба 45 ҷавони ватандӯсту фаъол, ки дар марҳилаҳои ҳассоси кишвар, баҳри пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 дар шаҳру навоҳии вилоят саҳм гузоштанд, бо сипоснома ва туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуд. Масъулини КИ ҲХДТ дар вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе ба аёдати даҳҳо нафар ҷавони имконияташон маҳдуд рафта, аз аҳволи онҳо бохабар шуданд ва кумакҳои молӣ ва маҳсулоти ғизоӣ расониданд. Сохторҳои ҳизбӣ вилояти Хатлон вобаста ба муқовимат бо коронавирус бо ҷалби ҷавонони фаъол низоми ҳаррӯзаи корҳои фаҳмондадиҳиро аз рӯи 12 нишондиҳанда ба роҳ мондааст.
Дар ин замина, зикри ду нукта махсус мебошад. Якум – дар доираи ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгириҳои ҳамешагии раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ташаббуси соҳибкор, узви ҲХДТ ва Маҷлиси вакилони шаҳри Душанбе Маҳмудҷон Муродов ба 3 нафар аз оилаҳои ятим ва дорои маъюбият дар бинои навсохти замонавӣ дар кӯчаи Айнӣ 50/51-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе хонаҳои барҳаво ва дорои тамоми шароити муосир тақдим гардид. Дуюм - дар доираи сиёсати хайрхоҳонаи роҳбарияти олии ҳизб Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва сохторҳои ноҳиявии он бо ҷалби соҳибкорон ба кормандони соҳаи тиб маводи ниёзи аввалия дар ҳаҷми 100 халта орд, 500 кг биринҷ, 500 литр равған, 2500 кг картошка ва 2000 кг пиёз, ки маблағи умумии он 50 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва ба раёсати тандурустии шаҳрии Душанбе кумаки аввалияи тиббию санитарӣ аз қабили либос - 600 адад, ниқоб - 5000 адад, маводи антисептикӣ - 1480, айнак - 200 адад, бахил - 14000 адад ва хлор - 35 кг кумак расонида шуд.
Дар қатори кормандони ҷавони кумитаҳои иҷроияи ҳизбии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, гурӯҳи волонтёрон, ки аз ҳисоби ҷавонони фаъол ташкил гаштааст, шабонарӯзӣ дар хизмати мардуми ниёзманд қарор доранд ва ҳамарӯза даҳҳо аксия бо иштироки онҳо баргузор мегардад.
Воқеан, дар шароити ҷаҳонишавӣ ташаккули тафаккури ҷавонон муҳим буда, истифода аз неруи зеҳниву ҷисмонии ҷавонон бағоят муҳим аст. Зимнан, сохторҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тавассути фароҳам овардани заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инфрасохторӣ ва механизмҳои муосири кор ҷиҳати рушди ахлоқиву маънавии ҷавонон корҳои шоистаро анҷом медиҳад.
Таҷрибаи босамари як моҳи охир собит кард, ки аъзои “Созандагони Ватан” аз қишри фаъоли ҷомеа буданд, ташаббусҳои созанда пешниҳод карданд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзида, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карданд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасу биҳиштосоямон буданд ва хоҳанд монд.
ҲХДТ минбаъд низ неруи зеҳниву ташкилотчигии ҷавононро дар корҳои созандаи илмиву эҷодӣ ва роҳбарӣ сафарбар карда, ҷиҳати ба роҳ мондани таблиғи ғояҳои ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, таҳаммулпазирӣ, аз худ кардани ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, ҷаҳонбинии демокративу дунявӣ, таҳкими ваҳдат ва суботи ҷомеа талош хоҳад варзид.
Мо кӯшиш мекунем, ки ташаббусҳои ҷавононро дар самти амалишавии самараноки сиёсати давлатии ҷавонон дастгирӣ карда, минбаъд низ барои ташаккул додани фаъолгардонии ҷамъиятии ҷавонон шароит фароҳам оварем ва ҷиҳати иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа мусоидат кунем.
Илҳомҷон ҲАМИДИЁН,
мудири шуъбаи кор бо ҷавонони
Дастгоҳи КИМ ҲХДТ