Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ЧАНД ҲАРФ ДАР МАВРИДИ ХУДШЕФТАГӢ

ЧАНД ҲАРФ ДАР МАВРИДИ ХУДШЕФТАГӢ

27-05-2020, 15:49
Хабарро хонданд: 641 нафар
Назарҳо: 0
ЧАНД ҲАРФ ДАР МАВРИДИ ХУДШЕФТАГӢ

Худшефтагӣ чист ва худшефта кист?

Агар ба лаҳни содашарҳ диҳем, худшефтагӣ ин худдӯстдорӣ, фарози ҳама манфиатҳои дигар гузоштани манфиати шахсӣ ва худшефта шахсест, ки ба хотири пиёда сохтани ҳадафҳои муғризонаи худ метавонад манфиатҳои дигаронро помол созад. Оскар Уайлд дар мавриди худшефтагӣ мегӯяд: «Худшефтагӣ на ин аст, ки ҳар кас мехоҳад ба таври худ зиндагӣ кунад, балки мехоҳад дигаронро низ маҷбур созад, то ба равиши ӯ зиндагӣ кунанд».
Яъне убури ҳамин сарҳад, фарқ нагузоштан байни хостаҳои худ ва дигарон дар рӯзгоре ба шиори ошӯбгарон: «Ҳар кӣ бо мо нест, ӯ душмани мост» табдил ёфт, ки паёмади ин даъват боиси рехтани хуни миллионҳо нафар инсонҳо гашт.
Ҳамин навъи худшефтагӣ, ки аз сарҳади мову манҳо мегузарад ва як фирқаи худшефта ҷаҳоншиносӣ, андеша ва назари маҳдуди худро мехоҳад иҷборан ба сари дигарон таҳмил созад, боис гардид, ки Сурия, Ироқ, Афғонистон, Либия ва мисли ин кишварҳо ба хок яксон шаванд, садҳо ҳазор нафар қатл ва миллионҳо нафар ватани худро тарк карда, ба кишварҳои нисбатан амн паноҳ баранд. Дар ин кишварҳо фонуси илму маърифат хомӯш гашт, даримактабу мадрасаҳо баста шуд. Ҷое, ки илму маърифат мурд, ҷаҳолат пирӯз мешавад…
Ин қавм ба ҳеҷ ваҷҳ мисли як мусалмони одӣ ба раҳмату меҳрубонии Худованд умед намебанданд, намегӯянд, ки Худои ман, дини ман, имони ман маро ҳифзу раҳнамоӣ кунад, биёмурзад… Баръакс, худро ҳомии Худо, дину имон ва шариат мешуморанд. Амрашонро воҷиб медонанд ва ҳукм мекунанд, ҳукм ба қатлу куштори ҷавонмардон ва канизу барда гирифтани занону духтарон. Фатво медиҳанд, ки ба канизӣ гирифтани зану духтари муртад ва кофир «ҳалол» аст. Дар ин амали ғайриинсонӣ ва ҳаром, ки бештар нафси ҳайвонӣ ғолиб аст, истифодаи калимаи «ҳалол» худ камоли дурӯягӣ ва ҳамоқат аст.
Гумон мекунам ҳамин табиати худшефтагӣ ва кибр аст, ки бар мағзи баъзе «нухбагон», ки дар Аврупо сангар гирифта, худро «ҳомӣ»-и дину миллат меҳисобанд, ғолиб омадааст ва намегузорад бо таҳаммул ва андеша ҳарф зананд. Яъне чун Ман диндор ҳастам, мақом ва мартабаи Ман аз ҷойгоҳи дигарон назди Худо болотар аст. Муҳим нест,ки хатмкардаи кадом як донишгоҳи бонуфуз нестам ва ё як китобаки арзишманде, ки лоақал даҳ нафар онро қироат карда бошад, нанавиштаам, ман ҳароина донишмандтарам. Касе ҳақи баҳси ҳарфҳои маро надорад…Ман, ман, ман…
Агарчи фақеҳ, муфтӣ ва ё муҷтаҳид нестанд,бидуни андешаи паёмадҳои он барои инқилобу ошӯб ва маргу мири инсон фатво медиҳанд.Суҳбати оқои Кабирӣ, ки бо як аҷала фурсатро муносиб дониста мардумро ба инқилоб даъват мекард, ҳанӯз дар гӯшам садо медиҳад. Яке суол медод, ки оқои Кабирӣ аз паёмади ин тасмим, ки қурбониёни зиёд хоҳанд буд, оё нигарон нест? Ин ҷаноб посух медод, ки қурбонӣ набошад беҳтар аст, вале инқилоб бидуни қурбонӣ намешавад ва аз ин ҷои гурез нест. Яъне ин даъват як вируси дигар буд, ки изофа бар қурбониҳои коронавирус, боз қурбонӣ мехост…
Барои ман мояи ҳайрат ин буд, ки чанд нафар наҳзатӣ аз бемории Абдуллои Раҳнамо изҳори хушнудӣ менамуданд.Хондаму хеле ба шигифт омадам…
Дар зеҳни мо тоҷикон ҳанӯз аз кӯдакӣ ин нуктаро талқин мекунанд, ки нисбати касе бадхоҳӣ кардан гуноҳ аст, агар ҳатто душман бошад. Пас чаро онҳое, ки худро ҳомии дину шариат мешуморанд аз ин усул, ки дар ислом гуноҳ аст, риёкорона истифода мебаранд? Агар аз дур хостгори маргу мири касе бошанд, пас сари қудрат оянд вой бар ҳоли чанд донишманди дигарандеш, ки ба чи уқубатҳо гирифтор хоҳанд шуд.
Дурӯғ торикии имон аст

Каронавирус ва ё ба истилоҳи маъруф «куруно», ба кишвари мо на танҳо бемории сироятӣ, балки фавҷи ноумедӣ, дурӯғ, воҳима ва фиребгариву ҳаннотиро низ овард. Коронавирус на танҳо чеҳраҳои моро бо ниқоб пӯшид, балки баръакс,чеҳраи ботинии аксари моро кушод, фош кард. Нафси аммора фарози одамгариву инсоф қарор гирифт, нархи муҳимтарин маҳсулоти ниёзи мардум ва доруворӣ беандоза боло рафт. Гумон мекардам бахше аз тоҷирон сарбории маҳсулоташон имону виҷдони худро низ гузошта мефурӯхтанд. Фаъолияти заифи баъзе мақомоти масъули мо имкон надод, ки ин амали ғайриинсонӣ ҳанӯз сар накашида, аз бунёдаш решакан шавад.Мардум дар ду сангар қарор гирифтанд, теъдоде охирин маблағи худро сарф менамуд, ки табибонро бо либосҳои махсуси ҳифозативу дигар лавозимот таъмин намоянд ва ба қишри осебпазири ҷомеа аз лиҳози маводи ғизоӣ кумак расонанд, бахши дигаре аз ҳадди инсоф гузашта, кӯшиш менамуданд, ки бо истифода аз фурсати мусоид ба дороияшон зам кунанд…
Дар ҳамин ҳол борони дурӯғу тахминҳои беасос аз баъзе евросомонаҳои тоҷикӣ ба сари мардум фурӯ рехтанд, ки дар замири дардолудаи миллаттухм яъсу ноумедиро кишт мекарданд. Ин сомонаҳо тақрибан аз роҳу усулҳои бартараф кардани коронавирус ҳарф намезаданд, баръакс қадами шуми ин мараз ба онҳо майдони мусоид ва фурсати муносибе барои пиёда сохтани ҳадафҳояшон фароҳам овард. Ҳикмати мардумии «Гӯр сӯзаду, дег ҷӯшад» айнан ифодагари ин амал буд.
Агар дар кишварҳои хориҷӣ барои паҳн кардани хабари носанҷида ва дурӯғ дар ҳаққи як шахсияти маъруф масъулин ва кормандони расона ба истеъфо раванд, ин «паём»-диҳандагони дурӯғпарокан гаштаву баргашта мардумро итминон медоданд, ки ҳавопаймои фалон ширкати хусусии тиббӣ таърихи фалон рӯз ба фурудгоҳи Душанбе нишаст ва Роҳбари аввали Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои табобат ба Аврупо бурд. Дере нагузашта Сафорати ИМА дар Душанбе изҳорот дод, ки ҳавопаймои мазкур бо хоҳиши онҳо парвоз анҷом додааст ва ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳеҷ рабт надорад. Аммо… Аз ҷониби сомонаи «Паём» як раддия ва ё ҳатто чизе шабеҳи узрнома шунида нашуд. Вақте ки тамоми миллат ба хотири саломатии ду хонаводаи фарҳангӣ Хайринисо Юсуфӣ ва Озарахшу Фарзонаи Хуҷандӣ дасти дуо бардошта буданд ва табибон барои наҷоти онҳо талош мекарданд, ин сарчашмаҳо бо лафзи дурушт тахмину гумон мезаданд, ки ҷинояткорони асосии паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон ҳамин оилаҳои маъруфанд. Ҳанӯз фурсате нагузашта маълум шуд, ки ҳеҷ кадоме аз номбурдагон чанд моҳи охир дар хориҷа қарор надоштанд ва дар дохили кишвар ба ин беморӣ сироят ёфтаанд. Дар ин ҳол низ аз ҷониби паҳнкунандагони ин хабари беасос як ҳарфи узр шунида нашуд… Пас чӣ гуна метавон ба қавли ин сомонаҳо эътимод кард?
Замона дигар шудааст, чаро усулҳои фаъолияти мо низ дигар намешаванд?

Covid-19 на танҳо ба кишвари мо, ҳатто ба кишварҳои мутараққии ҷаҳони ғарб, ки аз тиби пешрафта ва замонавии худ ифтихор доштанд, зарбаи сахт зад. Бояд аз рӯи инсоф гуфт, ки на ҳамаи кишварҳои ҷаҳон ба «истиқболи» ин вабои аср омода буданд. Ҳатто то имрӯз табиати ин мараз то ҳадди бояду шояд таҳқиқ нашудааст. Доир ба табиӣ ва ё сунъиву озмоишгоҳӣ будани ин беморӣ, вирус ё бактерия будани он дар доираи муҳаққиқони саршиноси соҳаи тиб то ҳанӯз баҳсҳои тунд идома доранд. Воқеан бо душмане, ки намебиниву намешиносӣ, мубориза бурдан хеле сангин аст. Шояд ҳамин боис гардид, ки дар ибтидо баъзе аз ниҳодҳои масъули мо низ дасту по хӯрданд. Вале шукрона, ки алайҳи ин вабо ҷомеа муттаҳид гашт ва вазъият рӯзҳои охир хеле ба эътидол омадааст.
Таи як моҳи охир созмонҳои давлативу ҷамъиятӣ бо дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати паст кардани шиддати Covid-19 корҳои назаррасро ба анҷом расониданд. Бо иқдомиҲукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, барои рӯзи мабодо теъдоди зиёди беморхонаҳои муваққатии бо таҷҳизоти замонавӣ таъминшуда,ҷиҳати қабули беморони эҳтимолӣ омода шуданд.
Вале… Дар бораи усули таблиғи корҳое, ки анҷом дода шудаанд ва тақсимоти кумакҳо мехоҳам чанд пешниҳоди худро барои ниҳоди масъул ироа намоям.
Бояд иқрор кунем, ки имрӯз яке аз муассиртарин ва фаъолтарин воситаи таблиғ шабакаҳои иҷтимоӣ маҳсуб мешаванд. Вале ин воситаҳои паҳнкунии ахбор як камбудии ҷиддӣ доранд, ки ин ҳам бошад, иттилоот на ҳамеша аз ҷониби журналистони ҳирфаӣ навишта мешавад. Дастрасии ҳамагонӣ ба ин шабакаҳо имкон додааст, аз ҷониби корбароне, ки натанҳо аз нозукиҳои касби журналистӣ ва усули пешниҳоди мавод хабар надоранд, балки забони адабии тоҷикиро низ дуруст намедонанд, боиси паҳн шудани иттилооти ғалат ва носанҷида гардидааст.
Мутаассифона, ин гуна хабарҳо гоҳҳо аз ҷониби ниҳодҳои масъул ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии баъзе шаҳру навоҳӣ низ паҳн мешавад, ки баракс боиси нороҳатӣ ва ноумедии мардум мегардад.
Фарзан, ман усули назди табибони сафкашида гузоштани халтаҳои орду сабзавот, бутилҳои равған ва акс бардоштани ин ҳолатро комилан ғалат меҳисобам. Ин усули солҳои навадуми қарни гузашта, яъне давраҳои ҷанги шаҳрвандӣ буд, ки сатҳи зиндагии мардум хеле паст ва баъзе хонаводаҳо воқеан ҳам ба ғизо ниёз доштанд. Ман гумон мекунам сатҳи зиндагии мардум дар муқоиса бо он давраҳо имрӯз бамаротиб беҳтар аст.
Манзури ман ин ҷо соҳибкорон ва ё дигар шахсони хайрхоҳ нест, онҳо ин корро ба хотири савоб ва даъвати дигар шахсони доро анҷом медиҳанд. Вале, вақте ки масъулини мақомоти давлатӣ низ бо ин усул фаъолияти худро таблиғ мекунанд, як эҳсоси қашшоқӣ ва дастнигарӣ дар зеҳни мардум бедор мешавад. Беҳтар аст мо ба ҷои халтаҳои сабзавоту бутили равған, корҳои нисбатан арзишманд, мисли бо таҷҳизоти муосири тиббӣ таъмин шудани беморхонаҳоро аксбардорӣ ва паҳн намоем, то эътимоди мардум ба фардо бештар шавад.
Ба андешаи ман беҳтар аст ба ҷои кумакҳои паҳну парешон,дар шаҳру навоҳии кишвар ситодва ё хазинаҳоимарказии кумакрасонӣ таъсис дода шаванд ва қишрҳои эҳтиёҷманди ҷомеа ба он муроҷиат намуда, маводҳои ниёзи аввал, доруворӣ ва ё маблағи заруриро дастрас намоянд. Ҳисоботи шаффоф аз фаъолияти ин гуна ситодҳо беҳтарин усули таблиғ ва муассиртарин тарзи кумакрасонӣ хоҳад буд. Замона дигар шудааст, бояд усулҳои фаъолияти мо низ дигар шаванд.

Бахтиёр Ҳамдам
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: