Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » Об хӯрему фанд не

Об хӯрему фанд не

27-05-2020, 15:35
Хабарро хонданд: 352 нафар
Назарҳо: 0
Об хӯрему фанд не
Оби пластикӣ: фоидаву зарар

Фурӯши оби шишагӣ дар ҷаҳон солона ба ҳисоби миёна даҳ фоиз меафзояд ва иқтисодшиносон қабл аз хуруљи пандемияи коронавирус пешгӯӣ мекарданд, ки дар соли 2020 ҳаљми он ба беш аз 280 миллиард доллар мерасад. Гарчанде ки дар кишварҳои пешрафта дастрасӣ ба оби тозаи хати лӯла бештар аст, аммо сокинони онҳо барои нӯшидан азон кам истифода мекунанд ва бисёриҳо хариду истифодаи обҳои дар зарфҳои шишагӣ ва пластикӣ љошударо афзалтар медонанд.
Дар таърих маълум аст, ки бори аввал ба фурӯши расмии об дар Бостон – қадимтарин шаҳри ИМА дар солҳои 1760 оғоз намудаанд. Ҳамон вақт ширкате бо номи Ҷексон Спа оби маъданиро шишабандӣ кард ва онро барои истифодаи «табобатӣ» фурӯхт. Азонвақт ба баъд, чунин бозор дар бисёр кишварҳо бомуваффақият рушд карда, то асри 20 ва то замони пайдоиши технологияи бо хлор тоза кардани оби лӯлаӣ дар ҳама ҷо паҳн шуд. Ба кор гирифтани технологияи полоиши об як муддат пеши роҳи паҳн шудани ин тарзи обфурӯширо гирифт,аммо бо оғози асри 21 ва аз байн рафтани системаи сотсиалистӣ, бо шикастани сарҳадҳо, ширкатҳои тиљоратӣ хеле осон ба љомеаи кишварҳои то он дам дар ин низом қарордошта ворид шуданд ва ин боиси басуръат рушд кардани ин бозор гардид.
Хонаводаҳое, ки то он замон имкони дастрасии қариб бепул ба оби тозаи ошомиданиро доштанд, бинобар вайрон шудани системаи ягонаи бо хлор тозаву соф кардани об ва шабакаҳои обрасонӣ аз ин имкони содда ва арзон маҳрум шуда, маљбур ба хариди оби бастабандишуда рӯ оварданд. Аммо ин ягона омили рушди ин бозор набуд,балки дар баробари он таблиғоти шабонарӯзии дастандаркорон ҳам буд, ки оби шишаро дар зеҳни мо чун гавҳари ноёб ва нӯшобаи табобатӣ љой медод. Агарчӣ то он вақт мо оби шишагии фурӯшгоҳҳоро танҳо обҳои чашмаҳои табиӣ ва оби минералӣмедонистем, ки ҳамчун оби шифо ва табобатӣ ба фурӯш гузошта мешуд. Дар Тољикистон ҳам агар ба ёд дошта бошед, нахустин обҳои шишагӣ (пластикӣ) бо тамғаи ширкатҳои ҳанӯздар даврони Шӯравӣ машҳур, ба монанди «Шоҳамбарӣ», «Файзобод», «Ҳавотоғ», «Нарзан», «Есентуки»…, ки хосияти дар ҳақиқат табобатӣ доранд, фурӯхта мешуд.
Фурӯши оби бастабандишуда дар љомеаи кишварҳои ҳамсуд замоне пайдо гардид, ки дар Аврупо хеле пешрафта буданд. Ҳанӯз дар соли 1898 духтури фаронсавӣ Луис Перриер (Луи Перье) дар шаҳри Вереж як дармонгоҳ кушод ва интиқоли обро аз чашмаи маъдании маҳаллӣ ба беҳтарин тарабхонаҳо ва меҳмонхонаҳои Аврупо ба роҳ монд.
То солҳои 1970 бренди «Perrier» дар тамоми дунёи қадим пешсаф буд ва ба бозори Амрико ҳам роҳ ёфт.
Ҳангоми вусъат додани тиҷорати худ дар Иёлоти Муттаҳида, соҳибкор Левен, ки ин ширкатро харида буд, ба зеҳни америкоиҳо, ки ҳама чизро бо рекламаи беҳтарин меписанданд, оби «Перриер»-ро ҳамчун об барои элита ё шахсони муваффақ номид. Ин таблиғ корашро кард ва аз соли 1975 то 1978 фурӯши оби маъдании Франсия дар ИМА дар як сол аз 2,5 то 75 миллион шиша афзоиш ёфт.
Як шиша - барои саломатӣ
Ниёзи мардуми ғарб ба тарзи ҳаёти солим ба Густав Левен кумак кард, то оби шишагӣҳамчун воситаи хуби таблиғи он дониста шавад.
Аммо дар солҳои 90-ум, соҳибкорони дигари бонуфузи истеҳсолкунандаи нӯшокиҳои ширин (ғайриспиртӣ)низ ба ин тиҷорат ворид шуданд: «PepsiCo Aquafina», «Coca-Cola-Dasani», «Nestle - Pure Life»ҳам ба бозори љомеаи кишварҳои ҳамсуд ворид гардиданд.
Ин имкон дод, раванди рӯ ба оби шишагӣ овардану дар истифода танг шудани оби лӯлаӣ ва табиӣ бо суръати бештар таъмин шавад.
Тибқи маълумоти Корпоратсияи «Beverage Marketing», ҳоло дар ҷаҳон ҳар сол зиёда аз 460 миллиард литр оби шишагӣ фурӯхта мешавад. Дар ҷои аввал - Чин (тақрибан 80 миллиард), дар ҷои дуюм - Иёлоти Муттаҳида (45 миллиард) ҳастанд. Дар Европаи бино ба таблиғот, замоне шукуфо, ҷойгоҳи намоёнро дар истифодаи оби шишагӣ - Олмон (12 миллиард), Италия (11 миллиард) ва Франсия (9 миллиард) ишғол мекунанд. Гарчанде ки дар соҳаи таъминот бо оби лӯла дар ин кишварҳо ҳама чиз хуб аст, аммо ба ҳисоби миёна дар Италия ҳар сол тақрибан 190 литр оби шиша истеъмол мешавад, олмониҳо ва фаронсавиҳо мутаносибан 150 -145 литр оби шиша мехӯранд.
Ин дар ҳолест, ки кишварҳоеҳастанд, ҳамеша бинобар нарасиданиоби нӯшокӣ азобмекашанд, ки Мексика, Индонезия, Бразилия, Ҳиндустон ва Таиланд аз љумлаи онҳо мебошанд.
Бо вуљуди он ки, оби дар зарфҳо рехташуда, ба ҳисоби миёна назар ба оби аз лӯлаҳољоришаванда 2000 маротиба гаронтар аст. Гузашта аз ин, дар бисёр кишварҳо шир, пиво ва ҳатто бензин аз оби минералӣ арзонтар аст. Бино ба маълумоти Ташкилоти ҷамъиятии озуқаворӣ ва об (Food and Water Watch), дар ИМА як литр оби шишагӣ аз як литр шир се баробар ва аз ҳамин миқдор бензин тақрибан чор баробар гаронтар аст.
Об не, фанд мехӯрем
Сабаби асосии харидани оби бастабандишуда дар ҳама кишварҳои пешрафта ин аст, ки он назар ба оби лӯла тозатар, аз нигоҳи экологӣтоза ва солимтар таблиғ шуда, дар зеҳни мардум ҳам ин устура барои доим сабт гардидааст. Акнун чунин пиндор тавассути таблиғоти сершумори воситаҳои гуногуни ахбори омма ба зеҳни мо, истеъмолкунандагони об дар Осиёи Марказӣ, ки манъбаҳои фаровони оби табииву тозаро дорем, оҳиста-оҳиста воридшуда истодааст, агарчи бино ба гуфтаи мутахассисҳо, ончандон ба воқеият рабте надорад.
Муҳаққиқони ҳамон ташкилоти экологии ИМА дар суҳбатҳои хусусӣ таъкид мекунанд, ки нисфи истеҳсолкунандагони оби шишаӣ эътироф кардаанд, ки он ҳамон оби лӯлаест, ки «соф, яъне филтер шудааст», ҳарчанд ин воқеиятро онҳо ба истеъмолкунандагонашон ошкор намегӯянд.
Аз сӯи дигар,18 дарсади истеҳсолкунандагон макони љойгиршавии манбаи «оби маъданӣ»-ро, ки дар барчаспи зарф навишта шудааст, ифшо намекунанд. Аз ин метавон як натиља гирифт: «манбаъ» ҳамон оби лӯлааст.
Дар аксарияти ҳолатҳо, оби шиша ва ё дар ҳар зарфи дигар рехташуда, беҳтар аз обе,ки аз лӯла мегирему мехӯрем, нест. Филтер ё «тозакунии иловагӣ" таъми дигаре ба он намедиҳад, зеро дар ҳама кишварҳои пешрафта дар маљмӯъ, оби лӯлаба стандартҳои тозагӣ ва бехатарӣ мувофиқат мекунад.
Ғайр аз он, сифати оби лӯла аз ҷониби муассисаҳои давлатӣ, бо фарқ аз он чи, ки дар мағозаҳо ба таври васеъ мефурӯшанд, назорат мешавад.
Агар истеҳсолкунанда оби дар зарфҳо бастабанидшударо тоза кунад ҳам, бо гузашти вақт ба он зарра (микротрапплит)-ҳои пластикии дар зарф мављудбуда, ҳамроҳ мешавад, ва сифати онро гум месозад.
Ғайр аз он, ҳангоми дар ҳавои гарм нигоҳдоштани он зарфҳои пластикӣ, ки мо ҳар тобистон дар дохилу берунифурӯшгоҳҳо ва бозорҳои худамон мебинем, обу нӯшокиҳои ширини дар савдобуда, бо таксин-моддаҳои барои саломатӣ зарарнок омезиш меёбад. Ин ҳам аздастури мутахассисон аст, ки ба таъкид гуфтаанд: зарфҳои пластикии обро дар офтоб набояд гузошт.
Ба реклама бовар накунед
Далели он, ки оби шишагӣ назар ба оби аз лӯла љоришаванда беҳтар аст, ин ҳақиқат нест. Дар натиљаи тадқиқоте, ки дар Донишгоҳи Вермонт (ИМА) гузаронданд, маълум гардид, ки танҳо сеяки шахсони дегустатор тавонистанд мазаи оби одии лӯларо аз обҳои шиша фарқ кунанд.Об хӯрему фанд не
Аммо ҳатто агар оби лӯла андаке бӯйи хлор ҳам кунад, онро бо таҳшинва дар шароити хона соф ё филтер карда, бо роҳ ба оби солиму аз оби муқаррарии шишагӣ хеле арзон дастрасӣ пайдо намудан мумкин аст.
«Танҳо ба ин бовар будан, ки оби бастабандишуда нисбат ба оби лӯлатоза, солим ва бехатар аст, чандон дуруст нест»,- гуфтааст Питер Глэйк, президенти Институти Уқёнуси Ором, ба хабарнигори маљаллаи интернетии «Бизнес инсайдер». Ва афзудааст, ки «Оби шишагӣ нисбат ба оби лӯла беҳтар танзим, беҳтар санҷида ва беҳтар назорат намешавад. Вақте аз лӯлаҳо оби начандон тоза меояд ин мушкили оби лӯла нест, балки бинобар ба таври зарурӣ маблағгузорӣ, навсозӣ ваба мавқеъ таъмир нашудани системаҳои обрасонии мост, ки ба ин сабабҳо ин обро дар баробари оби шишагӣдар чашми мо хира месозад».
Бозорҳои шаҳру ноҳияҳои мо ҳам ҳар тобистонпур аз зарфҳои пластики пур аз об мешавад. Рӯзи гузашта буд, дар як фурӯшгоҳи начандон калон ман чандин навъи зарфҳои об бо номҳои љолиб, вале оби шубҳанокро дидам, ки албатта харидори худро доранд. Чанд сол пеш ҳатто дар баромадгоҳи шаҳри Ваҳдат, дар сари роҳи калон ба самти Файзобод аз оҳан ба шакли чоркунља љойе сохта ва онро барои сабақ додан ба ронандагону мусофироне,ки азин роҳмегузаранд,гузоштабуданд, то бубинанд,ки дар як - ду моҳи гармо онҳо ба чи миқдор ду тарафи роҳро бо берун партофтани зарфҳои холишудаи обу нӯшобаҳо ифлос мекунанд. Дар мо ҳанӯз шояд ташкилоте нест, ки ба санљиши чи миқдор истифода шуданизарфҳои пластикӣ машғул бошад. Аммо аз он ки азистифодаи зарфу халтаҳои пластикӣ дар Америка ва ё кадом як кишвари Аврупо ба саломатӣ ва тозагии экологӣ ба кадом андоза зарар мерасад, кайҳо омӯхта шудааст. Бино ба яке азчунин пажӯҳишҳо, масалан, дар ИМА дар соли 2016, барои истеҳсоли шишаҳо барои оби нӯшокӣ ду миллион тонна пластика истифода гардидааст, ки барои истеҳсоли ин миқдор пластика 64 миллион баррел нафт лозим буд.
Бовари мо, одамон ба ин ки оби шишагӣ аз ҳама ҷиҳат аз оби лӯла бартарӣ дорад, боз ҳам натиҷаи таблиғотивасеъмиқёси ширкатҳои истеҳсоливу тиљоратӣ ва љонибдоронашон аст.
Тибқи гузориши «Business Insider» («Бизнес инсайдер»), ки аз шабакаҳои интернетии машҳури ахбори тиљоратии љаҳон ба шумор меравад, Ассотсиатсияи байналмилалии оби шишагӣ, «Nestle Waters NA», «Nestle USA» ва «Coca-Cola»дар ду сол барои дастгирии Конгресси ИМА 28 миллион доллархарљ намудаанд, то аз тарҳи кам кардани хароҷоти буҷа барои таъмини об тарафдорӣ кунанд. Ин ба он маъност, ки агар муассисаҳои обрасонӣ пули камтар барои тоза ва нигаҳдошти сифати об бигиранд, бо паст шудани сифати оби лӯлаӣ одамон маҷбуранд оби шишагиро харидорӣ кунанд. «Бузургтарин корпоратсияҳо мунтазам маъракаҳои таблиғотӣ мегузаронанд, бевосита ё бавосита сифати оби лӯларо танқид мекунанд», - навиштааст Питер Глейк муҳақиқи ин мавзӯъ. Ба андешаи ӯ, сирри асосии истеҳсолкунандагони оби софшуда фоидаовар будани тиҷорати онҳо мебошад. Ҳеҷкас ва ҳеҷ гоҳ маълумоти дақиқро нашр накардааст, вале фоидаи оби дар зарфҳо фурӯхташавандаро бо тиҷорати маводи мухаддир муқоиса кардан мумкин аст. Ин садҳо ва ҳазорҳо фоиз аст.
Дар ин маврид,метавон бозҳам як мисоли равшан аз воқеиятҳои вазъияти об дар Америка овард. Муаллифони як филми ҳуҷҷатии амрикоӣ, ки дар соли 2011 ба навор гирифтаанд, ин мавзӯъро мавриди таҳлил қарор дода, як далели воқеиро баён доштаанд. Бино ба нақли созандагони филм, дар аввали солҳои 2000-ум, ширкати «Nestle Waters»ҳуқуқи гирифтани об аз манбаъҳои Мичиганробарои 99 солро дарёфт кард. Ширкат барои ин 70 000 доллар пардохт кард, ки дар як сол тақрибан 707 долларро ташкил медиҳад. Ва ҳоло ин ширкат дар як шабонарӯз аз фурӯши оби дар зарфҳо гирифташуда 1,8 миллион доллар даромад мегирад. Ин мисол, ки ба як кишвари дур рабт дорад, агар биандешем шояд ба мо ҳам дахл дошта бошад.
Солеҳ Юсуфов
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: