
Агротуризм ё худ сайёҳии кишоварзӣ тӯли чанд соли охир дар ҳоли рушд қарор дорад. Ин намуди саёҳат бештар дар кишварҳои аврупоӣ рушду нумуъ пайдо карда, дар дигар кишварҳои дорои имкониятҳои кишоварзӣ дар ҳоли тараққӣ қарор дорад.
Бояд гуфт, ки солҳои охир талаботи сайёҳон нисбат ба саёҳатҳои фаъол зиёд гашта, онҳо мехоҳанд истироҳати худро дар деҳотҷой гузаронанд ва бо тарзи зисту зиндагонии мардуми деҳот, фарҳанг, урфу одатҳои маҳаллӣ ва меҳнати анъанавии деҳот шинос шаванд. Одатан ин навъи саёҳатро нафароне интихоб мекунанд, ки аллакай бисёр чизҳоро дидаанд ва дар саёҳати худ гуногунрангиро дидан мехоҳанд. Аксар вақт онҳо сокинони шаҳрҳои калон мебошанд, ки мехоҳанд рӯзҳои истироҳатии худро дар фазои ором, дуртар аз ҳаёти пурҷӯши шаҳр дар деҳотҷой гузаронанд.
Бо мақсади вусъат бахшидан ва бо дарназардошти зарурати инкишофи инфрасохтори деҳот, истифодаи имкониятҳои сайёҳии маҳалҳо, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2019-2021-ро Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карданд. Зеро беш аз 70 фоизи аҳолии мамлакат дар деҳот зиндагӣ мекунанд.
Ташаббуси Пешвои миллат барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар намудани ифрасохтор, пеш аз ҳама, дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъсиси ҷойҳои корӣ, таъмин кардани аҳолии деҳот бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ, ба талаботи муосир мутобиқ сохтани сатҳи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳали аҳолинишин такони ҷиддӣ бахшида истодааст.
Дар ин давра барои бунёди инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ ва омода намудани даҳҳою садҳо ҳазор ҳунармандони соҳибкасб ва эҳёи ҳунарҳои мардумӣ, муаррифии имкониятҳои сайёҳӣ ва маҳсули дастранҷи ҳунармандон тадбирҳои муҳим амалӣ гардиданд.