Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » СИЁСАТМАДОРИ ҶАВОН ВА КОРДОНУ БОТАДБИР

СИЁСАТМАДОРИ ҶАВОН ВА КОРДОНУ БОТАДБИР

6-09-2018, 09:27
Хабарро хонданд: 311 нафар
Назарҳо: 0
СИЁСАТМАДОРИ ҶАВОН ВА КОРДОНУ БОТАДБИР
Сарнавишт дар ҳар асрею рӯзгоре якеро аз миёни оммаи халқ интихоб менамояд ва ӯро бо хислатҳои олии инсонӣ ва писандида мушарраф гардонида, ба ӯ дарҳои хоксориву фурутанӣ, некӯкориву хирадмандӣ, саховатмандиву хайрхоҳӣ, илму маърифат ва одобу ахлоқро кушода менамояд.
Воқеан ҳам, фарзанди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Рустами Эмомалӣ дар баробари доштани хулқу атвори солеҳ, рафтори арзанда, ватандӯстиву ватанпарастӣ, дурандешиву олиҳимматӣ, одобу ахлоқи ҳамида, инчунин шахсияти одилу ботадбир, кордону дорои фарҳанги воло ва дониши муосир, ҷаҳонбинии фарох, фаҳмишу дарки замонавӣ ва донандаи хуби чандин забонҳои хориҷӣ мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки чунин хислатҳои наҷиб ва волои инсонии Рустами Эмомалиро ҳанӯз аз даврони толибилмиамон, ки бо дар литсейи Президентӣ барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе дар як синф таҳсил кардем, ҳамаи ҳамсинфон ва устодон эҳсос намудем.
Рустами Эмомалӣ ҳарчанд, ки писари Сарвари давлат буд, дар ин шахсият кибру ғурур, такаббуру ҳавобаландӣ ва худхоҳиву худписандӣ дида намешуд ва бо кулли ҳамсинфону устодон муомилаи хеле хуб дошт ва бо ҳамагон ҳалимонаву дӯстона муносибат мекард.
Рустами Эмомалӣ дар овони мактабхонӣ табъи баланду зеҳни бурро, ҳофизаи мустаҳаму фаросати комил ва ақли расову дарки қавӣ дошт. Ӯ бо доштани малакаву маҳорати баланд ва дониши қавии замонавиаш мо ҳамсинфону устодонро дар ҳайрат мегузошт.
Соли 2003 барои мо ҳамсинфон аз як тараф соли хурсандӣ ва аз тарафи дигар соли ташвиш буд. Хурсанд аз он будем, ки донишҷӯёни донишгоҳҳои мухталиф мегардем ва дар ташвиш аз он будем, ки аз ҳамсинфону устодони ҳалиму меҳрубон андаке дур мешавем. Бо амри тақдир барои идомаи таҳсил ва гирифтани маълумоти олӣ пас аз муваффақона супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ хушбахтона аксарияти мо ҳамсинфон ба факултетҳои Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил гардидем ва донишгоҳро соли 2008 бомуваффақият хатм намудем. Аз ҷумла, Рустами Эмомалӣ бо ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳон ва камина бо ихтисоси ҳуқуқшинос мушарраф гардидем. Инчунин, Рустами Эмомалӣ соли 2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро бо ихтисоси идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Рустами Эмомалӣ фаъолияти меҳнатии худро аз соли 2006 дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдо оғоз намуд. Ӯ зиёда аз 3 сол дар ин вазифа фаъолият намуд ва тавонист, ки дониши худро такмил дода, таҷрибаи хуби корӣ низ ба даст биёрад. Сипас моҳи апрели соли 2009 дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи сардори раёсати дастгирии соҳибкорӣ кор карда, моҳи июни ҳамон сол Сардори ин Раёсат таъин гардид.
Мусоидат ба таҳкими бахши соҳибкории иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, танзими давлатӣ, ҳамоҳангсозии байнисоҳавию байниминтақавӣ дар соҳаи рушд ва дастгирии соҳибкории хурд, таҳия ва таъмини татбиқи барномаҳои давлатии дастгирии соҳибкорӣ, аз ҷумла соҳибкории хурду миёна, мусоидат ба рушди соҳибкории хурду миёна ва ташаккул ва рушди инфраструктураи соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ хизматҳои арзандаи ӯ мебошанд.
Рустами Эмомалӣ ҳанӯз аз даврони мактабхонӣ ба варзиш таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамуд ва аз миёни анвои гуногуни варзиш, футболро хеле моҳирона ва бо як чусту чолокӣ бозӣ мекард. Шавқу завқи зиёди бозии футбол буд, ки пас аз талошҳо ва меҳнату заҳматҳои шабонарӯзии Рустами Эмомалӣ ва Президенти дастаи футболи «Истиқлол»-и шаҳри Душанбе Шоҳрух Саидзода дастаи мазкур таъсис дода шуд. Ин даста на фақат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки берун аз ҳудуди он низ шуҳрат пайдо намуд. Рустами Эмомалӣ дар аксарияти бозиҳои дастаи «Истиқлол» шахсан бозӣ мекард.
Ҳамин кордонӣ ва корнамоии ӯ буд, ки ду даъват Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид. Бо интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ ба ин вазифа Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дигаргуниҳои куллан ҷадид ва чашмрас дар футболи касбии Тоҷикистон ба вуҷуд омаданд. Дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ майдонҳо ва майдончаҳои хурди варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Солҳои охир дар кишварҳои ҷаҳон ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус зоҳир ва онҳоро ба мансабҳои давлатӣ ва роҳбарикунанда пешбарӣ менамоянд.
Воқеан, ҷавонон ояндаи давлату миллат ва давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол буда, маҳз онҳо дар байни дигар табақаҳои аҳолӣ бештар фаъол, инчунин умеду такягоҳи давлат мебошанд.
Аз ин лиҳоз, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ маҳз таҳти роҳбарӣ ва дастгириву ғамхории бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати ҷавоншавии кадрҳо роҳандозӣ мегардад. Имрӯз ҷавонони зиёди болаёқату кордон ва ташкилотчиву фаъол дар мақомоти давлатӣ ва худидоракунии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои гуногуни пурмасъулу роҳбарикунанда фаъолияти пурсамар доранд ва дар пешрафту ободонии Ватани маҳбубамон саҳми арзанда мегузоранд.
Яке аз чунин сиёсатмадорони ҷавони кордону ботадбир ва меҳнатқарину таҷрибанок, ки бо дасту дилу нияти пок кор карданро принсипи фаъолияти худ қарор додааст, Рустами Эмомалӣ аст. Ӯ ҳанӯз дар вазифаи Сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуданаш тамоми захираҳои ташкилию идоракуниро баҳри таъмини риояи қонунгузорӣ ҳангоми интиқоли молу воситаҳои нақлиёт тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дарёфти роҳҳои баланд бардоштани сатҳи ҷамъоварии пардохтҳои гумрукӣ, мубориза бар зидди қонуншиканиҳои гумрукӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии гумрукӣ ва мубориза бар зидди коррупсия ва дигар зуҳуроти сӯиистифода аз мансаб, ки ҳамчун самтҳои афзалиятнок интихоб гардида буданд, сафарбар намуд.
Ҳангоми фаъолият дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ миллионҳо сомонӣ зарари моддиву молиявии ба давлату ҷамъият расонидашударо ошкор ва барқарор намуд.
Шуҷоаткорӣ, фаҳмишу дарки замонавӣ, донишу диду назари тоза, самаранокии фаъолият ва таҷрибаи хуби роҳбарии Рустами Эмомалӣ буд, ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 январи соли 2017 иҷрокунандаи вазифа ва 4 апрели соли 2017 Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.
Вай дар ҷаласаи нахустини шаҳрдорӣ қайд намуд, ки тамоми ақлу заковат, имконияту таҷриба ва нерӯи худро барои ободию сарсабзии пойтахти Ватани азизамон шаҳри Душанбе равона мекунад. Албатта, Рустами Эмомалӣ ба қавли худ содиқ аст. Баробари ба мансаби Раиси шаҳри Душанбе таъин шуданаш пойтахти азизамон рӯз то рӯз сарсабзу хуррам ва ободтару зеботар гашта истодааст. Тавре имрӯзҳо мушоҳида мешавад, корҳои ободониву созандагӣ, сарсабзу хуррамгардонӣ ва ниҳолшинонию кабудизоркунӣ дар шаҳри Душанбе бомаром ҷараён доранд. Инчунин дастовардҳо дар соҳаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятии шаҳри Душанбе низ назаррас буда, барои хизматрасонӣ ба мусофирони пойтахт дар давоми якуним сол ба шаҳр 169 адад автобусҳои нави замонавӣ ворид карда шудаанд, ки онҳо дар беҳтар шудани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти ҷамъиятӣ, таъмини тартибу низом ва аз байн бурдани танбашавӣ дар роҳҳои пойтахт мусоидат менамоянд. Ва дар назар аст, ки дар ҳамин моҳи сентябр 95 адади дигар ворид карда шавад.
Қобили зикр аст, ки қаблан сокинони пойтахт аз он изҳори нигаронӣ менамуданд, ки дар гирду атрофи хонаҳои истиқоматии онҳо майдонҳои хурди варзишӣ барои наврасону ҷавонон мавҷуд нест ва орзу мекарданд, ки чунин ҷойҳо сохта шаванд. Хушбахтона, аз қудуми неки Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нигарониҳои онҳо бартараф ва умеду орзуҳои деринаашон бароварда шуд. Ҳоло дар шаҳри Душанбе зиёда аз сад майдонҳои хурди варзишӣ, барои футбол, баскетбол, волейбол, варзиши сабук ва ҷойҳои махсус барои фароғати кӯдакону волидайни онҳо сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Дар робита ба ин, дар маҷлиси ҷамъбастии натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе дар нимсолаи якуми соли 2018 зикр шуд, ки аз ибтидои сол то имрӯз аз ҷониби вазорату идора, ташкилоту муассиса ва соҳибкорони алоҳида дар пойтахт 72 майдончаи варзишӣ ва 3 боғу гулгаштҳо бунёд гардидаанд.
Дар ин давра ҳаҷми умумии маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо нархҳои муқоисавӣ ба 1 миллиард сомонӣ баробар гардид. Аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ дар 93 иншооти гуногун корҳои сохтмону васлкунӣ идома дошта, 21 иншоот аз ҷумла, сохтмону азнавсозии 7 муассисаи таълимӣ ба анҷом расонда шудааст. Инчунин дар 28 иншооту биноҳои шафати роҳи протоколӣ корҳои таъмирӣ идома дошта, дар 8 бино аллакай корҳо ба анҷом расонида шудаанд.
Дар ин давра нақшаи умумии даромади буҷети шаҳр ба маблағи 1,3 миллиард сомонӣ ё 100,9 фоиз иҷро шудааст, ки нисбат ба нақша 12,7 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Дар давраи ҳисоботӣ Раиси шаҳри Душанбе фаъолияти тамоми сохторҳои тобеи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, аз ҷумла муассисаҳо ва ташкилоти соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ, маорифу тандурустӣ, хизматрасониҳои коммуналӣ, таъминоти барқу энергияи гармӣ, сохтмону меъморӣ, роҳу нақлиёт ва дигар соҳаҳои муҳими хоҷагии халқро таҳлилу баррасӣ намуда, дар баробари дастовардҳо дар нимаи аввали сол, дар иртибот бо ҷой доштани камбудиву норасоиҳо аз ҷумла дар сохтмони иншооти ҳудуди шаҳр, худсарона ғасб намудани қитъаҳои замин аз ҷониби шаҳрвандон ва сари вақт пешгирӣ нагардидани ин омил аз ҷониби сохторҳои марбутаи шаҳр, таъминоти об, мутобиқ гардонидани партовгоҳҳои ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳои пойтахт ба меъёру талаботи шаҳрсозӣ ва дигар мушкилоти мавҷуда бо нигаронӣ ёдовар шуда, ба масъулин бобати иҷро гардидани камбудиву нуқсонҳои ҷойдошта дастуру супоришҳои мушаххас дод ва изҳори боварӣ намуд, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дар самти рушду шукуфоӣ ва ҳамеша зебову назаррабо нигоҳ доштани симои пойтахт, инчунин ҷиҳати таъмини некӯаҳволии сокинон ва таъмини шароити зиндагии арзанда барои ҷомеа тамоми чораҳои зарурӣ ва амалиро меандешад.
Дар бораи ташаббускориву корнамоӣ, созандагиву бунёдкорӣ, меҳнатқариниву суботкории Рустами Эмомалӣ аз ин бештар гуфтан ва навиштан ҳам мумкин аст. Рустами Эмомалӣ дар тамоми зинаҳои фаъолияташ поквиҷдонӣ ва масъулиятшиносиро шеваи асосии фаъолият қарор додаву медиҳад. Вежагии дигари фаъолияташ дар он аст, ки дар ҳама кор низому тартиботро ба таври бояду шояд ҷорӣ менамояд. Дар баробари ин, фурӯтанию хирадмандӣ, шикастанафсиву шуҷоатмандӣ ва ростқавливу ҷавонмардии ин шахсият камназир буда, намунаи ибрат ва шоёни арҷгузорист.



Фирӯз Сайнозимзода,
мушовири калони Кумитаи Маҷлиси
намояндагони Маҷлиси Олии Ҷуҳрии Тоҷикистон
оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: