Аз кӯза гул мерезад6-08-2018, 09:24
Хабарро хонданд: 204 нафар
Назарҳо: 0
Дар гӯшае аз ин боғ аз кӯзаи ба як тараф афтида гул мерезад, як – ду дона на, гули зиёд, ки домани боғро таровати тоза дода хеле зебо кардааст… Ин манзараро ман дар Боғи ба номи «Низомиддин Алишер Навоӣ», дар маркази шаҳри Душанбе дидам. Боғ агарчи ҳанӯз дар ҳолати навсозию таъмир аст, вале барои сайру гашти меҳмонон ва сокинони пойтахт кушода мебошад. Боғ воқеъ дар буриши кӯчаи Беҳзод – Лоҳутӣ бо номи «Боғи 50 – солагии ҷавонон» дар гузашта ҳам аз ҷойҳои муносиб барои истироҳату дамгирии шаҳриён буд ва ҳолати нигоҳубин ва ободиаш дар чанд соли ахир нисбат ба гузашта хеле рӯ ба беҳбудӣ оварда буд. Пас аз аз он ки моҳи марти имсол бар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе «Боғи ба номи Низомиддин Алишер Навоӣ» номгардон шуд, корҳои навсозӣ дар ин маҳал аз нав равнақ ёфт. Номгардон шудани боғ иқдоме барои таҳкими дӯстии ҳалқҳои тоҷику ӯзбек ва рамзи муносибатҳои неку ҳамсоягии хуб бо Ӯзбекистон маънидод мешавад. Муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон натиҷаи иродаи нек ва робитаҳои бародаронаи сарварони ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиёев буда, бозтоби хостаҳои мардумони ду кишвар низ мебошад. Ҷиҳати иҷрои Амри Президент дар ҳамон рӯзҳои баҳорӣ Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ҳам қароре ба имзо расонд, ки тибқи он, барои таҳияи беҳтарин муҷассамаҳои мутафаккирони бузурги адабиёти классикии тоҷику ӯзбек – Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ ва Низомиддин Алишери Навоӣ барои гузоштан дар «Боғи ба номи Низомиддин Алишер Навоӣ» озмуни кушода эълон гардид. Тавре аз Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ба мо гуфтанд, мутобиқ ба қарори мазкур Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ вазифадор гардидааст, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи меъморон ва рассомони Тоҷикистон барои ҷалби беҳтарин меъморон, рассомон ва ҳайкалтарошони ватанию хориҷӣ иқдом кунад. Ҳоло озмун давом дорад ва пас аз ҷамъбаст, ки бояд ба наздикӣ сурат гирад, тарҳи беҳтарин муайян хоҳад шуд. Пас аз тайёр шудани муҷассама он дар гӯшае аз ин боғ гузошта мешавад. Ҷомӣ ва Навоӣ ба Самарқанд баргаштанд Бо оғози таҳаввулот дар муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Ӯзбекистон муҷассамаи дугоники Абдураҳмони Ҷомӣ ва Алишери Навоӣ, ки дар яке аз хиёбонҳои шаҳри Самарқанд гузошта шуда буд, дар баҳори имсол дубора дар макони пешинаи худ ҷой гирифт. Онро 9 сол пеш аз ин маҳал барканда буданд. Муҷассамаро ҳамчун як асари баланди дорои аҳамияти фарҳангиву таърихӣ соли 1970 гузошта буданд. Муаллифони он муҷассамасозони машҳури Ӯзбекистон Ҳакимхоҷа Ҳуснитдинов (1928-1986) ва Владимир Лунев (1936-1993) ҳоло дар қайди ҳаёт нестанд ва надиданд, ки чи сарнавишти сахте ба сари ин осори зеҳну маҳсули дастони баҳунарашон пас аз сӣ соли мавҷудият пеш омад. Ин муҷассамаи таърихӣ дар моҳи марти имсол пас аз дастури Ҳукумати Ӯзбекистон аз сӯйи гурӯҳе аз муҷасамасозон ба раҳбарии Нуриддин Калонов дар муддати 10 рӯз навсозӣ ба макони пешинаи худ насб гардид. Мир Низомиддин Алишер Ҳиравӣ дар адабиёт машҳур ба тахаллуси «Навоӣ» соли 1441 дар шаҳри Ҳирот яке аз шаҳрҳои вилояти Хуросони таърихӣ, ки он замон пойтахт ва маркази аморати Темуриҳо буд, ба дунё омадааст. Навоӣ аз дӯстони даврони бачагии Ҳусейн Бойқаро - ҳокими Ҳирот буд ва дар ҳукумати ӯ мақоми вазирӣ ҳам дошт. Ӯ дар адабиёту фарҳанги минтақа ба унвони як чеҳари барҷастаи адабӣ ва шахсияти ислоҳотталаб шинохта шудааст. Навоӣ худро аз дӯстон ва шогирдони ситораи дигари олами адаб Абдураҳмони Ҷомӣ медонист ва муносибати онҳо дар олами адаб ва таърихи навини фарҳангҳои мо намунаи дӯстии ду миллат - тоҷику ӯзбек шинохта ва эътироф мешавад. Соли 1928 аввалин намунаи осори адибони ӯзбек аз сӯйи Абдурауфи Фитрат таҳия ва нашр шуд, ки дар он Навоӣ чеҳраи муҳими адабиёти ӯзбекӣ чағатойӣ унвон мешуд. Дар таърихи адабиёт ин нукта ҳам роиҷ аст, ки Навоӣ маҳз бо тавсия ва маслиҳати дӯст ва устодаш Ҷомӣ шеър навиштан бо забони тоҷикӣ (форсӣ) –ро бас карда, ба иншои осори худ бо ӯзбекӣ пардохтааст. Навоӣ дар осори таҳқиқотии донишмандони даврони Шӯравӣ ба унвони як шоир, мутафаккир ва ходими давлатӣ муаррифӣ мешуд. Дар замони Шӯравӣ, соли 1937 дар Москва нахустин Даҳаи фарҳанги Ӯзбекистон баргузор шуд, ки дар доираи он дар саҳнаи Театри калони ин шаҳр операи «Фарҳод ва Ширин» - ро, ки аз рӯйи достони Навоӣ таҳия гардида буд, ба намоиш гузоштанд. Дар Ӯзбекистон бо ризоиёти КМ ВКП(б) соли 1941 бузургдошти 500 - солагии Навоӣ барномарезӣ шуд ва дар чорчӯби он дар Тоҷикистон низ тадбирҳои фарҳангиву адабӣ бояд баргузор мегардид. Аммо оғози ҷанг бо Олмон иҷрои ин барномаҳоро ба таъхир гузошт. Ҷашни дар он сол барномарезишудаи шоир пас аз поён ёфтани ҷанг ва дар соли 1948 баргузор шуд. Дар солҳои пас аз касби истиқлол кардани Ӯзбекистон Алишер Навоӣ ба унвони як чеҳраи миллӣ дар ин кишвар нуфузу эътибори нав пайдо кард. Барқарор шудани муҷассамаи Навоӣ ва Ҷомӣ дар Самарқанд адолати таърихӣ ва иҷтимоиро нисбат ба ӯ ва дӯсту устодаш барқарор карда, саҳифаи тозаро дар муносибатҳои ду миллату кишварҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон боз мекунад. Ҳоло, ки ин ду чеҳраи таърихию адабӣ дар Самарқанд ба ҷойи худ баргаштаанд, бовар дорем, ки ба зудӣ бо ҳам ба Душанбеи сабзпӯш низ меоянд ва дар гӯшае аз ин боғи зебо, ки номи Навоиро акнун дорад, ҷой пайдо мекунанд, кунҷе истода бо умқи чашмони худ аз як ҳайкали эҳтимолан сангихороӣ бо нигоҳи лутфомез моро назора хоҳанд кард. Боғ интизори меҳмонон аст Боғи Навоӣ дар масоҳати 2, 7 гектар навсозӣ ва обод шудааст. Роҳравҳо сангфарш, атроф гулу сабзакоришуда. Ҳар ҷо – ҳар ҷо харакҳои зебое барои нишасти меҳмонону сайри боғкунандаҳо гузоштаанд. Дар гӯшае аз боғ таҷҳизоти варзишӣ барои машқ гузошта шудааст, ҷойи дигар майдончаи бозиҳои кӯдакон бо анвои бозича ва асбобҳои замонавии бозиҳои гуногун бунёд кардаанд. Тавре маълум гардид, ин заҳматҳои худи кормандону коргарони гулкору ободгари муассисаҳои шаҳрӣ аст. Тавре яке аз масъулони тарҳи ободонии боғ Валӣ Илёсов дар суҳбат бо мо гуфт: - Корҳои навсозию ободонӣ бо мусоидати Ҳукумати шаҳр ва ноҳияи Шоҳмансур дар муддати кӯтоҳ ба иҷро расидааст. Тамоми гулгаштҳо аз нав нарму гулкорӣ ва роҳравҳо бо кошин (кафел) пӯшонида шуданд. Тарҳи нави ороиш ба таври замонавӣ таҳия ва ба иҷро расидааст. Майдони боғ дар маҳали хеле муносиб, бурриши чанд кӯчаи асосӣ, ки дар як –ду соли гузашта таъмиру навсозӣ шудаанд, воқеъ буда, ҳамеша серодам аст. Инҷо чи рӯзона ва чи шом одамони зиёде бо дӯстон, пайвандон ва фарзандонашон барои тамошою дамгирӣ меоянд. Солеҳ Юсуфов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.