Ба ифтихори эълон шудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» бо ибтикори Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд дар толори “Шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд” конференсияи байналмилалӣ таҳти унвони “Рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: имкониятҳо ва рушд доир гардид.
Дар кори конференсия меҳмонон аз вилояти Иркутски Федератсияи Русия, намояндагон аз мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилоят, аъзоёни Раёсат ва кормандони кумиҷроияи шаҳри Хуҷанд ширкат доштанд.
Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маликисломӣ Наим Мунаввар чорабиниро ҳусни ифтитоҳ бахшида, меҳмононро ба шаҳри Хуҷанди бостонӣ хайрамақдам гуфт. Номбурда дар баромадаш зикр намуд, ки Тоҷикистон аз лиҳози табиати хушобу ҳаво, кӯҳсонрони сар ба афлок кашидаи худ дар олам шӯҳратёр аст. Дар миқёси кишвар даҳҳо минтақаҳои сайёҳӣ арзи фаъолият дошта, имконияти боз ҳам рушди он метавонад нақш ва мақоми мамлакати моро боло бардорад. Маҳз аз ҳамин нуктаи назар Сарвари дурандешу оқил, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни Паёми навбатии худ ин ташаббуси наҷибонаро рӯи кор оварданд.
Ҷамшедхон Тюраев ва Мунира Тошматова, устодони Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон дар мавзӯи «Мафҳуми байналмилалии сайёҳӣ ва таъсири туризм ба иҷтимоии иқтисодии рушди давлат», устоди ДДХ Марина Сафарова дар мавзӯи «Дурнамои рушди сайёҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯзаҳои илмӣ намуданд. Дар баромадҳо зикр шуд, ки барои расидан ба нишондиҳандаи хуби рушди устувори сайёҳӣ ҳамчун манбаи муътамади иҷтимоии иқтисодӣ ва маънавӣ, албатта, зарур аст, ки аз аҳамият ва нақши сайёҳӣ дар ҷаҳон, заминаҳои қонунгузорӣ ва имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ ва табдирҳои зарурию имконпазир ва дурнамо ҷиҳати ташаккули захираҳо ва рушди устувори сайёҳӣ дар мамлакат бархурдор бошем. Сайёҳӣ дар сатҳи ҷаҳон дар даҳсолаи охир аҳамият ва мавқеи хоси худро пайдо карда, бо самтҳои гуногун ва шаклу намудҳои фасеҳи хизматрасонӣ тадриҷан рушд ёфта истодааст. Имрӯз дар бозори сайёҳии ҷаҳонӣ ду соҳаи мустақили сайёҳӣ: байналмилалӣ ва дохилӣ бо низом ва сохторҳои махсуси худ амал менамоянд ва дар байни ҷомеа низ маъруфият пайдо кардаанд.
Дар ҷаҳон баъди нафт ва маводи доруворӣ даромад аз сайёҳии байналмилалӣ ҷои сеюмро ишғол менамояд ва он 30% содироти хизматрасониро ташкил медиҳад. Дар соли 2015 дар сатҳи ҷаҳон сайёҳон (ташрифи байналмилалӣ) 4,6% афзоиш ёфта, ба 1,2 млрд. ташриф расид ва даромади умумии он ба мамлакатҳо ба $1,5 трлн. баробар гардид, ки ҳудуди 10% ММД ҷаҳониро ташкил медиҳад.
ГординАлексей Анатольевич, Раиси комиссияи миллии муносибатҳо ва озодии шӯрои созмонҳои Ҷамъиятии Палатаи вилояти Иркутск аз пазироиигарму самимӣ изҳори хушнудӣ намуда, таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон натанҳо бо табиати фусункори хеш, балки бо таъриху тамаддуни бой, Сарвари хирадманду дурандеши худ ифтихор дорад. Мо аз осори гаронмояи шоирону нависандагони классику муосири тоҷик хуб огоҳем. Ҳамзамон Пешвои муаззами кишвари тоҷикон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро пешгоми ташаббусҳои сатҳи байналмилалӣ мешиносем. Дар вилояти Иркутск диаспораҳои Тоҷикистон хеле фаъол буда, барои ободӣ ва шукуфои ин минтақаи пещрафта саъю талош меварзанд. Махсусан аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ҳама чорабиниҳо намуна бар дигаронанд. Эълон шудани соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ далели пешрафти иқтисодиву иҷтимоии кишвари офтобии Тоҷикистон аст.
Бо нишони эҳтиром ба меҳмонон тӯҳфаҳо, ки баёнгари ҳунарҳои миллии тоҷикона аст, тақдим карда шуд.
Чанде аз иштирокдорон дар мавзӯи мазкур андешаҳои худро баён доштанд.
Бо ҳамин конференсия ба кори худ анҷом бахшид