Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ХОРПУШТАК» НЕШЗАНТАР ШУДААСТ

ХОРПУШТАК» НЕШЗАНТАР ШУДААСТ

14-09-2017, 14:54
Хабарро хонданд: 341 нафар
Назарҳо: 0
         ХОРПУШТАК» НЕШЗАНТАР ШУДААСТ
«Хорпуштак» - маҷаллаи ҳаҷвии Ҷумҳурии Тоҷикистон 90 - сола шуд. Ҷанги граждании солҳои аввали сохтмони шӯравӣ, мубориза бо душманони ин сохт, боқимондаҳои ҳаёти куҳна, Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, барқарорсозии харобкориҳои ин ҷанг, ҳаёти осоишта, осоиштаи бардавом, эълони соҳибистиқлолии Тоҷикистон, пас, боз ҷанг, ҷанги шаҳрвандӣ, боз бартарафсозии оқибатҳои он – чӣ рӯзҳои сахту душвор ва ҳам нишотбахшеро аз сар нагузарондаанд «Хорпуштак»-у ходимони он!
Бо гузашти солҳо маҷаллаи мубориз алайҳи камбудию нуқсонҳои ҷомеа таҷрибаи ҳаётӣ андӯхт, бо бурротар гардидани қалами ходимонаш хорҳои пушташ ба тани ҳатӯлкорону ҳаромхӯрон, афроди бефарҳанг, нотавонбинони замони нав ва рушди ҷомеа беш аз пеш амиқтар неш мезадагӣ шуд, ба як нашрияи дӯстдоштаи ҷамъии ҳаводорони ҳазлу ханда табдил ёфт.
«Хорпуштак» нуҳ даҳсоларо пушти сар кард ва бо азми ҷазм, ҷасорати нав, бағали пур аз ҳазлу мутоиба бо қадамҳои устувор ба даҳсолаи нав ворид шуд. Ба ин муносибат суҳбате доштем бо сармуҳаррири маҷалла Ашраф Одинамамадов, ки пешниҳоди хонандагон мегардад.
- Муҳтарам Одинамамадов, дар аввал мехостам аз таърихи ин маҷаллаи бонуфуз, ки соли гузашта 90- солагии он таҷлил гардид, ёдовар шавем.
- Маҷаллаи ҳаҷвии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Хорпуштак» дар даврае ба табъ расид, ки халқи тоҷик дар роҳи ба даст овардани озодӣ аз зулму асорати амирӣ ва истиқлолияти миллию сиёсӣ аввалин қадамҳои худро мегузошт. «Хорпуштак» аз соли 1926 нашр шуда, шумораи нахустини он бо номи «Мулло Мушфиқӣ» ва баъдан бо номҳои «Мушфиқӣ», «Бигиз», «Калтак» ва ғайра ба дасти хонандагон расида, аз соли 1953 то ҳол бо номи «Хорпуштак» чоп мешавад.
Мардуми шарафманди тоҷик бо сарварӣ ва ҳидояти фарзандони сарсупурдаю бедорҳуши худ барои ташкил кардани Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ҷаҳду талошҳо мекард ва дар ин роҳ ба муқобилияти сахти бадхоҳони миллат рӯ ба рӯ мешуд. Маҷаллаи «Хорпуштак» бо ҳаҷви тезу тунд ҳамеша дар паҳлӯи ҷумҳурии навтаъсис буд ва бо хорҳои чун тири камон нишонраси худ бар зидди душманони миллат муборизаи беамон мебурд.
Баъд аз несту нобуд шудани душманони миллат ва ташкили Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ба тоҷикон лозим омад, ки ҳаёти нав бунёд кунанд- колхозу совхозҳо, корхонаҳои саноатӣ, мактабу донишгоҳ, муассисаҳои фарҳангӣ созанд, роҳҳои нав кушоянд, хулоса ба ободкориҳо даст зананд. Маҷаллаи «Хорпуштак» дар иҷрои муваффақиятноки ин корҳои бузург низ ҳамроҳи халқи заҳматкаш буд ва ёрии худро дареғ намедошт. Саҳифаҳои худро барои хизмат ба халқу Ватан саховатмандона боз намуда, дар майдони сухан ба муқобили мухолифин, душманони роҳи пешрафти мардум, танбалону коргурезон, дуздону ғоратгарон, қаллобону ҳаннотон ва дигар унсурҳои ба ҷамъият зараровар ҷасурона мубориза бурдааст.
Муборизаҳои «Хорпуштак» дар бобати ҳимояи халқу Ватан дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва барқарор кардани харобаҳои ин ҷанги хонумонсӯз низ аз ҳеҷ кас пӯшида нест.
Ҳоло «Хорпуштак» ягона маҷаллаи ҳаҷвии танқидӣ дар кишвар маҳсуб ёфта, баҳри ислоҳи камбудиҳои дар ҷомеа ҷойдошта мубориза мебарад. Ҳамин тавр, анъанаи нек, яъне фаъолияти нафъовари «Хорпуштак» имрӯз ҳам идома дорад.

-Муаллифони аввалини мақолаву расмҳои маҷалла киҳо буданд ва кадом мавзӯъҳо диққати онҳоро бештар ба худ ҷалб мекард?
- Бисёр фарзандони миллат ва устодони сухан, назири устод Садриддин Айнӣ, Баҳриддин Азизӣ, Козимзода, Мухторӣ, Ҳасан Ирфон, Ҳаким Карим, Суҳайлӣ Ҷавҳаризода, А. Одилзода, Абдусалом Деҳотӣ ва чанде дигарон аз зумраи аввалин муаллифони ҳаҷвияву фелетонҳои маҷалла буданд. Дар ин солҳо мавзӯе набуд, ки аз назари ҳамабини ин муаллифон дар канор монда бошад. Баъдан Аъзам Сидқӣ, Ҳ. Ҳакимзода, Самад Ғанӣ, Фазлиддин Муҳаммадиев, Мирсаид Миршакар, Раҳим Ҷалил, Боқӣ Раҳимзода, Муҳиддин Аминзода, Ҳоҷӣ Содиқ, Сайидалӣ Вализода, Тоҷӣ Усмон, Ҳабибулло Назаров, Бобо Ҳоҷӣ, Абдумалик Баҳорӣ, Басир Расо, Бурҳон Ғанӣ, Урун Кӯҳзод, Сайидалӣ Маъмур, Маҳмадалишои Ҳайдаршо, Сафармуҳаммад Аюбӣ, Мирзо Файзалӣ, Баҳодур Файзуллоев ва ғайраҳо бо “Хорпуштак” ҳамкории зич доштанд.



Дар рушду камоли санъати тасвирӣ, яъне расмҳои ҳаҷвӣ рассомони тоҷик хизмати бебаҳо кардаанд. Аз ибтидои таъсиси маҷаллаи ҳаҷвии «Мулло Мушфиқӣ» ва минбаъд «Хорпуштак» дар сари дастгоҳ рассомоне буданд, ки маҳораташонро дунё эътироф намудааст. Расмҳои устодони санъати тасвирӣ Р. Бурэ, Г. Петухов, Д. Сафоев, Б. Серебрянский, Ҳ. Расулов, П. Шамсидинов, Б. Олимов, П. Гейвандов, М. Краснополский, З. Ҳабибуллоев, С. Вишнеполский, В. Голованов, Ю. Анисимов, И. Терпуховский, Л. Наборшикова, Қ. Зокиров, М. Бақоев, Ш. Субҳонов, ки аксарашон соҳиби унвонҳои фахрии рассоми халқӣ ва ходими шоистаи санъатанд, хеле нишонрас буданд.
«Хорпуштак» барои ба камол расондани рассомони ҷавон як мактаби санҷиши маҳорат буд. Дастпарварони мактаби эҷодии «Хорпуштак» баъди гирифтани дуои хайри устодонашон бар камол расида, дар чандин озмоишҳои ҷумҳуриявӣ ва умумииттифоқ ғолиб омадаанд. Расмҳои дастпарварони мактаби маҷалла М. Белан, М. Тошбеков, С. Шонгин, Н. Расулов, А. Нувалтсев, М. Орифов, А. Раҳимов, Х. Давлатов, Э. Мамадқулов, Н. Нарзибеков, Ҳ. Аҳмеров, М. Белосерковский, В. Ширяев, М. Кондрашов, Н. Шиндирук дар саҳифаҳои маҷаллаи маъруфи «Крокодил» ва дигар маҷаллаҳои хориҷӣ нашр шудаанд.

- «Хорпуштак», ки мероси замони шӯравист, дар гузашта ва имрӯз чӣ нақше дар ҳаёти ҷомеа дошту дорад?
- Даврони шӯравӣ нашрияи ҳизби коммунист маҳсуб меёфт ва адади нашраш ба 130 ҳазор нусха расида буд. Ҳоло қариб 1000 нусха чоп мешавад, ки ин барои аҳолии як ҷумҳурии беш аз 8 миллионна ниҳоят кам аст. Вале чӣ метавон кард, ки айни замон имкониятҳои молиявӣ ба ҳамин миқдор басандагӣ мекунанд. Лекин аҳли эҷоди нашрия руҳафтода нестанд. Баҳри ноил шудан ба шуҳрати пешинаи маҷалла кӯшиши зиёд ба харҷ дода, аз тамоми имконот самаранок истифода мебаранд.
Аз рӯзҳои аввали фаъолият «Хорпуштак» дар ҳаёти ҷомеаи тоҷик нақши муҳим дошт ва дорад. Ин пеш аз ҳама саҳм гузоштан дар ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта. Бо заҳмати пайвастаи қаламкашони маҷалла камбудиҳо ислоҳи худро меёбанд.
-Мусаллам аст, ки ҳар як нашрияро ходимон, журналистону нависандагони бомаҳорату боистеъдод бо навиштаҳои хуб нуфузу обрӯ мебахшанд. Имрӯз ба «Хорпуштак ин обрӯю нуфузро кадом муаллифон таъмин мекунанд?
- Дар ҳақиқат дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо чоп намудани асарҳои хуб, шеъру достон, мақолаву ҳаҷвия ва фелетонҳои рӯзмарра сафи хонандагон ва теъдоди нашри онҳоро зиёд мегардонад. Хушбахтона бо маҷаллаи «Хорпуштак» бисёре аз адибону журналистони номдор ва боистеъдоди ҷумҳурӣ ҳамкорӣ доштанд ва доранд. Аз ҷумла адибон Ато Ҳамдам, Раҳмат Назрӣ, Гулназар Келдӣ, Муҳаммад Ғойиб, Наҷмиддини Шоҳинбод, Хайрандеш, Нуруллоҳи Ориф, Гурез Сафар, Неъматуллои Худойбахш, Зариф Ғулом, Шералӣ Мӯсо, Ортиқ Қодир, Бурҳон Салмон, Иззатбек Идӣ, Ғанӣ Ҷӯразода, Эгамназари Соҳибназар, Умари Шерхон, Ҷумъаи Мирзо, Мирзо Рустамзода, Халифабобо Ҷумъазода, Толибшоҳи Давлат ва ғайра бо маҷаллаи «Хорпуштак» ҳамкории зич доранд.

-Вазъи имрӯзаи таъминоти молиявии маҷалларо чӣ гуна метавон баҳогузорӣ кард?
- Маҷалла аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад. Аз оғози соли равон сар карда, 50 фисади маблағи маҷалларо ихтисор карданд ва маблағ танҳо барои пардохти музди меҳнати кормандони маҷалла ҷудо мегардаду халос. Чунин вазъ боиси он шудааст, ки маҷалла сари вақт ҳақи чоп, хизматҳои коммуналӣ ва ғайраро пардохт карда наметавонад. Напардохтани ҳақи қалами муаллифон боис шуда, ки аксар қаламкашон ҳамкориро бо маҷалла қатъ намудаанд. Ин вазъ ба сифати муҳтавои маводҳои маҷалла таъсири манфӣ мерасонад.
Вазъи обуна низ хеле ташвишовар аст. Ба ҳар гӯшаву канори ҷумҳурӣ, ки меравем, моро хеле хуш истиқбол мегиранд ва маҷаллаи «Хорпуштак» -ро хонданиву дӯстдоштанӣ эътироф менамоянд ва ваъда медиҳанд, ки обуна хоҳанд шуд. Вале бо кадом сабаби ба мо номаълум сафи обуначиёни мо кам шуда истодааст.
- Таҷлили ҷашни 90-солагии «Хорпуштак» ба ҳайати эҷодии маҷалла ва ҳам ҳаводорони он дар тамоми гӯшаю канори ҷумҳуриамон руҳбаландии дигаре овард. Агар махфӣ нест, гуфта метавонед, ки ҳайати эҷодиро чӣ нақшаҳои нави ҷолиб дар пешанд ва табъи хонандагони доимию обуначиёни нави шуморо чӣ нигоштаҳои тозаи аҷоибу ғароиб хуш хоҳанд кард?
- Ҳайати эҷодӣ мақсад дорад, ки дар оянда мақолаву маводи хонданбоб чоп карда, тамоми камбудиҳои зиндагӣ ва ҷомеаро бо расму карикатураҳои ҷолиб пешкаши ҳаводорони маҷалла гардонад. Мо кӯшиш менамоем, ки сифати маҷалларо боз ҳам хубтару зеботар гардонем ва ҳар як хонанда проблемаву камбудиҳои зиндагиашро бо лутфу ханда аз саҳифаҳои маҷаллаи мо дарёбад. Агар вазъи молиявиамон беҳтар шавад, мақсад дорем саҳифае барои хурдтаракон ташкил намоем, ки бо расму шоҳбайтҳои бузургон кӯдакон, асосан хонандагонро аз роҳи бад гардонад. Мақсади дигари кормандон - ташкили сомонаи интернетӣ мебошад, ки ин ҳам ба вазъи молиявии идора вобастагӣ дорад.
-Дар охир ба ҳаводорону мухлисони сершумори маҷалла чӣ таманно доред?
-Ман ба мухлисону хонандагон ва ҳаводорони маҷаллаи «Хорпуштак» гуфтаниям, ки мо ҳамеша бо Шумоем ва дар фикри шумоем. Мо кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки то ҳадди имкон дар сафҳаҳои маҷалла маводи хонданбоб, проблемавӣ ва замонавӣ чоп карда, бо ҳаҷву лутфи намакин табъи шуморо болида гардонем. Инчунин, ба кулли мардуми шарафманди Тоҷикистон тандурустӣ, тинҷиву амонӣ, осмони софу беғубор ва дар лабонашон хандаю табассум хоҳонам.

Мусоҳиб Н. ХУДОЙБАХШОВ



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: