Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Акси садои хиёнатҳои наҳзатӣ

Акси садои хиёнатҳои наҳзатӣ

12-09-2015, 12:31
Хабарро хонданд: 449 нафар
Назарҳо: 0
Акси садои хиёнатҳои наҳзатӣ

Ҳодисаи фоҷеъабори 4-уми сентябрро барои мардуми тоҷик набояд ғайричашмдошт, тасодуфӣ, балои осмонӣ пазируфт. Ҳаргиз ин тавр нест. Мардуми тоҷик муддати 24 соли Истиқлолият дар хонаи худ морбача калон кард. Қисман онро хӯронд. Пӯшонд. Ба воя расонд. Нозу эркагиашро таҳаммул кард. Гарчанде хуб медонист ва медонад, ки ин ҳизб аз куҷо сармоя мегирад. Аз кадом давлатҳо. Аз кадом созмонҳо. Аъзоён ва аҳли хонаводаашон барои сайру тамошо бурда мешаванд. Дар куҷоҳо ва бо кадом шева пазироӣ мебинанд. Кадом сафоратҳо ва дар куҷоҳо ба онҳо пулу пайса медиҳанд. Дар кадом дармонгоҳҳои хориҷӣ асбоби роҳату маишаташонро омода месозанд. Дар кадом конфронсҳо ва бо пули кадом давлатҳо ширкат мекунанд. Чӣ гуна ба онҳо дастур медиҳанд, роҳнамоӣ мекунанд то чӣ гӯянду чӣ кор кунанд.
Бо вуҷуди ин ҳама таҳаммулаш мекард, ки шояд рӯзе ба қадри ин ҳама гузаштанҳою некиҳо мерасад. Аз кардаҳо пушаймон мешаваду аз роҳи пешгирифта бармегардад. Вале ҳайҳот, ки:
Гургзода оқибат гург шавад,
Гарчӣ бо одамӣ бузург шавад.


Ин морбача ҳеҷ худӣ нашуд. Ғулому дастнигари бегонагон буду боқӣ монд. Садоқату вафодориашро бар ғайр аз қалби сиёҳу тиннати пургуноҳаш берун накард. Боз хиёнат кард. Боз дасти таарруз ҷониби истиқлолияти давлати миллӣ ва миллати сарафрози худ ёзонид. Бори дигар хиёнат, худфурӯшӣ карду боз шарманда шуд. Ба мақсади кассифаш нарасид. Дар давоми чанд соате нияташ хунсо гашту ҷинояткорони ҷаллодаш саркӯб. Бо дасти ҳамон мардуме, ки 24 сол дар оғӯши худ парварда будаш. Бо неруи қавии ватанпарастоне, чун он ҳашт нафар корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки аввалин шуда, зарбаи ноҷавонмардонаи террористони наҳзатиро баргардонданд, бо баҳои ҷони худ оромию суботи мамлакатро ҳифз карданд. Собит карданд, ки ин кишвар бесоҳиб нест. Ва ҳар гумоштаю зархариде дигар наметавонад ҳадафҳои душманони миллати ин сарзамини муқаддасро пиёда созад.
Албатта, доғи ин рӯз мемонад. Дар қалбҳо, дар ёдҳо, дар саҳифаҳои таърих. Бигзарад ин рӯзи сахту монад он рӯи сиёҳ. Мо як дафъа шоҳиди чунин сиёҳкориҳои ғайринсонӣ будем ва бо чашми худ дидем. Фоҷиаи 4-уми сентябр, акси садои хиёнатҳо, хунрезиҳо, амалҳои террористонаи солҳои 90-уми асри гузашта мебошад. Дар саргаҳи ин амали ҷинояткорона боз ҳам террористони Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон қарор доранд.

Ин ҳама харҷҳо аз ҳисоби кист?
Довару ифшокунандаи ҳама асрори нуҳуфта, ҳаводис, нақшаю ниятҳо вақт буду ҳаст. Танҳо шоҳиди асоси инсон аст. Фарзияю тахминҳо ҷузъиётеро даври масъалаҳои норӯшан барои умум боз мекушоянд, вале вақт бо далелҳои муътамад, муқоисаю ёдовариҳо мушкилтарин муаммо ва махфитарин амалҳоро аз пушти пардаи ноаён берун мекашад. Чуноне, ки ҳодисаи зикргардида ба саволҳои зиёде дар хусуси сабру таҳаммули Муҳиддин Кабирӣ, алоқаҳои наздики дирӯзаю имрӯзаи ӯ, сабаби рафтанаш ба хориҷи кишвар, ҳушдорҳояш оид ба эҳтимолияти ба пинҳонкорӣ гузаштани ҳизбаш, вохӯриҳои ӯ бо пешвоёну фаъолони наҳзат берун аз хоки ҷумҳурӣ ва монанди инҳо посух дод.
Воқеаҳои охир баръало нишон доданд, ки рафтору кирдору гуфтори Муҳиддин Кабирӣ аз худи ӯ вобастагие надоранд. Балки сабру таҳаммули танҳо интизорист. Бо дастури роҳнамоёнаш ҳамеша пайт меҷуст. Мисоли махлуқи ҳушёре, ки камин гирифтаю лаҳзаи мувофиқро барои ҳамла ба сайдаш мунтазир мешавад.
Фошкориҳои Wikileaks ба ёд меоянд, ки дар соли 2013, мукотиботи Сафири вақти ИМА дар Тоҷикистон Ричард Хоуглендро бо роҳбаронаш нашр карда буд. Номбурда дар номаҳояш ба Кабирӣ лақаби «Раҳбари мунтазир» (Chairman-in-Waiting)-ро дода буд. Ҳоло воқеият мувофиқати ин лақабро собит месозад. Кабирӣ ҳамеша мунтазир буду ҳаст. Мунтазири амр, дастуре, ки барояш медиҳанд. Мунтазири фармон аз кишваре, ки бозораш хариданд. Мунтазири фармони кишваре, ки барои шахсӣ кардани муассисаи сохтмонӣ ва базаи он, пулаш дод. Мунтазири фармони кишваре, ки барои харидани мағоза, мошини PRADO, бинои маркази ба ном «Диалог», бинои марказии ҲНИТ дар кӯчаи Борбад-1-и шаҳри Душанбе, 15 офиси бахшҳои ҲНИТ дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон, харидани чор корпуси беморхонаи касалиҳои сирояткунанда, муҳимтараш аз ҳама, барои маоши 80 корманди дастгоҳи марказии ҲНИТ, 200 корманди бахшҳои ҲНИТ дар шаҳру вилоят ва ноҳияҳо, барои нашри рӯзномаи «Наҷот», гузаронидани вохӯриҳо бо ҷавонон, занҳо, шоиру нависандагон ва ҳунармандон тибқи барномаи махсуси ҳамон кишвар ва ғайраву ғайра маблағаш дод.
Ҳодисаҳои бо ҳам алоқаманди солҳои қаблу кунунӣ исбот карданд, ки Кабирӣ ва дигар ҳамҳизбонаш танҳо мошинолоте мебошанд дар бозиҳои манфиатхоҳони беруна. Бо супориши махсус, роҳу усули нишондодаи хоҷагони хориҷӣ, баҳри коҳиш додани хароҷоти он кишварҳо камтар кардани дарди сарашон, Кабирӣ тавонист «тоҷири муваффақ»-ро бо номи Зайд Саид таҳти таъсири худ дарорад. Тавассути дуздии номбурда аз буҷаи давлат, миллионҳо ба суратҳисоби Кабирӣ ворид гаштанд. Акнун Кабирӣ дар Анқара хонаи сеошёна, дар Истамбул ду хонаи панҷҳуҷрагӣ ва дар Анталия бӯстонсаро харидааст. Барои деҳотие, ки ба пойтахт – шаҳри Душанбе меояд, пайдо кардани маблағ барои либоси озода, раҳкиро, ҷои истиқомат мушкил аст. Пурсида мешавад аз куҷо ин қадар сармояи бебаркаш?
Албатта, аз кисаи мардуму буҷаи давлат. Бо маблағҳое, ки Зайд Саидов бо истифода аз мансаби давлатӣ ғорат карда буд. Беш аз 8 корхонаи бузургу иншоотҳои давлатиро бо роҳи ғайриқонунӣ хусусӣ гардонида буд. Ҳангоми сохтани бинои «Душанбе - Плаза» маблағи ду миллион сомониро аз худ кард. Зимни хусусигардонии ғайриқонунии молу мулки давлатӣ ва ба фурӯш баровардани саҳмияҳо бо гирифтани пора, беш аз панҷ миллион сомонӣ ба моликияти давлатӣ хисорот ворид карда буд. Ана, ин буд сарчашмаи маблағҳо барои таъсиси ҳизби нав ва дастгирию сарпарастии ҲНИТ. Лекин дар баробари дуздии амволи даруна, пуштибонони берунаро низ ҳаргиз фаромӯш намешуданд.
Кабирӣ маблағи беш аз 3 миллион долларро барои харидории бозор аз куҷо ёфт? Албатта, аз сарпарастони берунаи ҲНИТ. Аз ин ҷо, «супоришдиҳандаи мусиқӣ онест, ки пулро медиҳад». Наҳзатиҳо танҳо мусиқинавозанд. Тибқи супориш ғояҳоеро тараннум менамоянд, ки алайҳи давлати миллӣ, худшиносии миллӣ, ҳуввияти миллии тоҷиконанд.
Чун аз роҳи фиребу найранг, бо иваз кардани ришу ҷелак бо галстуку костюм нашуд, истифодаи морбачагонеро пеш гирифтанд, ки барои рӯзи мабодо ва тибқи шартҳои 30-фоиза вориди ниҳодҳои ҳукуматӣ карда буданд. Ҳоҷӣ Ҳалим (генерал-майор Назарзода Абдуҳалим, муовини Вазири мудофиаи ҶТ) ва баъзе дастёрони наздики ӯ, аз қабили эшони Ҷунайд (полковник Ҷунайдулло Умаров, сардори яке аз раёсатҳои Вазорати мудофиаи ҶТ) фармон гирифтанд, ки лаҳзаи иҷрои қарзи наҳзатиашон фаро расид. Албатта, шахсияти инҳо он қадар муҳим нест. Онҳо ҷинояткор буданду ҷинояткор монданд ва боз дар пайроҳаи ҷиноят қадам бардоштанд. Лекин ба ҷойи онҳо аз намояндагии наҳзат шахси дигаре ҳам мебуд, ҳамин хел истифода мешуд. Зеро замиру тиннати ҲНИТ ҳамин аст. Замири ғуломгашта. Тиннати террористона, ки ҳар амру фармоне аз хоҷагонаш гирифт, манқуртвор иҷро мекунад.
Дигар яқин аст, ки ба ҳамаи ин амалҳо Муҳиддин Кабирӣ аз берун роҳбарӣ мекунад. Ва ҳатман бо дастуру раҳнамоии «пирон»-и хориҷиаш. Имрӯз равшан шуд, ки ба кадом хотир Ҳоҷӣ Ҳалим ҳамасола рухсатии худро дар фароғатгоҳҳои Анталия ва Шарм-ул-Шайх дар канори Кабирӣ мегузаронидааст. Дақиқ шуд, ки сафарҳои чандмаротибагии як-яку ду-ду ва гурӯҳ-гурӯҳии Сайдумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалӣ Ҳайит, Муҳаммадҷони Нурӣ, Кузов Мирзораҳим, Хуҷаева Зарафо, Раҷабов Аббос, Шарипов Нуъмонҷон, Ҳасанов Сино, Ёқубов Илҳомҷон, Самиев Наим, Набиев Маҳмашариф ва дигар аъзои ҲНИТ ба Туркия бо кадом мақсадҳо будааст. Ба кишваре, ки қавмаш қарнҳо тоҷиккушӣ кардаасту аз сари тоҷик каламанораҳо сохтааст.
Хонандаи муҳтарам, тасаввур кун, ки ҳамин рӯзномаи дастат чанд пул меистад? Раҳкирои троллейбус, мусофиркаш чанд сомонист? Магар метавон то бозори «Саховат» бепул аз онҳо истифода кард? Ин «тоҷикони банангу номус», ки даъвои ватанхоҳӣ доранд, аз пули кӣ то Истамбул рафтанд, зистанд, хурданд, омаданд, боз барои хонумони дуюму сеюмашон тӯҳфаҳо харида «бо рӯи сурх» баргаштанд.
Ин ҳама сафарҳои серхарҷ аз кадом ҳисоб анҷом дода мешаванд? Ашхоси болоӣ, ки ҳатто барои наздикони хеш дар шаҳри Душанбе тангаеро дареғ медоранд, чаро барои як ҷаласае ин масири сермасрафро пеш мегиранд? Кабирие, ки аз ниҳояти хасисӣ ба аёдати модари бемораш – кампири Сочак, дар нафасҳои вопасини умраш аз Маскав наомаду ҳатто дар маросими ҷанозаи ӯ телефонӣ ширкат намуд (усули нави ҷаноза), аз ҳисоби кӣ ин қадар саховатманд гаштаву ин қадар меҳмонро дар хориҷ мепазирад, ҷаласаю машваратҳои ҳизбӣ мегузаронад? Оё барои нафаре, ки дар мурдаи модари зору чашм ба роҳи «Муҳиддини ҷон» наомад, арзишҳое чун миллат, Ватан, суботи кишвар қадр доранд? Кӣ? Кай? Кадом мусулмони асил нисбати модари худ чунин муносибатро раво дидааст? Вожаҳои Модар – Ватан, Ватан – Модар яканд. Тавъаманд. Агар ба модаре, ки туро 9 моҳу 9 рӯзу 9 соат дар батнаш гардонида инсон офаридааст, ба модаре, ки аз тифлӣ, наврасӣ, ҷавонӣ то ҷавонмардӣ по ба по бурдаву алфоз омӯхтааст, хиёнат кардӣ, Ватан, дӯст, миллат магар бароят қимат доранд? Хеле мехостам андешаҳои наҳзатиҳоро, ки фикр мекунам ҳама офаридаи модаранд, дар ин бора бифаҳмам. Лекин фоида надорад. Ин дастобрезони турк, ки пешвояшон он ҷост (Саидумар Ҳусайнӣ, Маҳмадалӣ Ҳайит, Ҳикматулло Сайфуллозода, Муҳаммадҷони Нурӣ, Ёқубов И., Самиев Н., Набиев М. ва ғ.), аз таърих ва тақдири миллати тоҷик сабақ нагирифтанд. Гирифтанӣ ҳам нестанд. Вагарна боре модари худро ба ҷои модари чашмбароҳи ҷавони тоҷик тасаввур мекарданду аз раҳгумзании фарзандони ин миллат дигар якумра даст мекашиданд.

Садои тир дари сафоратро баст
Ду қазияи тирпаронии лаҳзавӣ дар як гӯшаи Душанбе ва берун аз он, аз тарафи ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ ончунон барқвор хомӯш карда шуданд, ки сокинони Душанбешаҳр ҳатто тариқи расонаҳо хабардор шуданд. Маҷрои ҳаёт дар шаҳр дақиқае ҳам халалдор нагашт.
Лекин як ё аниқтараш ду сафорат дар Душанбе то рӯз хоб накард: тақдири пулҳои сарфшуда чӣ мешуда бошад? Ин ваъдаҳое, ки ба Марказ додем посухашро чӣ мегӯем? Худоё мадад кун!
Вақте мошини пур аз аслиҳа аз ВМ баромад, вақте дар хлебзаводи ҳоҷӣ Ҳалим ба 70 нафар яроқ тақсим карданд, вақте 8 милитсионери ҷавони тоҷик, ҳомиёни хоби роҳати кӯдакон, наврасон, ҷавонон, мӯйсафедон дар кӯчаҳои боғшаҳр – Душанбе шабзиндадорӣ карда, интизори дамидани субҳ, супоридани басту рафтан ба назди фарзандони дустрӯяки худ буданд ва ноҷавонмардона ба қатл расонида шуданд, вақте дар шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Ваҳдат се милитсионерро куштанд, инҳо огоҳ буданд. Бо ҳам алоқа мекарданд. Аз хурсандӣ аз курсиашон меҷастанд. Ба роҳрав баромада, якдигарро дар оғӯш мегирифтанд. Табрик мегуфтанд, ки акнун дар Марказ онҳоро баҳо медиҳанд, иртифоъ мебахшанд, инъомҳо медиҳанд.
Вақте тири ҳоҷӣ Ҳалим, эшони Ҷунайд ва ҳаммаслакони террористашон хок хӯрду онҳо бо масири барои ҳоҷиву эшону қориҳо аз солҳои гурезагиашон ошно, думро хода карданд, кормандҳои якдигарро оғӯшгирифта мотам гирифтанд. Мотами дуру дароз ва беохир. Вале ҳоло ҳам умедашонро накандаанд.
Дар он шабу рӯз онҳо «тадобири амниятӣ» низ пеш гирифтанд. Танҳо ба хотири ҳаҷман бузург нишон додани моҷаро. Моҷарое, ки рӯз дар миён дар нуқоти мухталифи сайёра, аз ҷумла дар Ватани онҳо рух медиҳад. Хандаовару шармандагист, вақте ин сафоратҳо дар Афғонистони даҳсолаҳо гирифтори ҷанг дари худро намебандаду бо як садои тир дар Душанбеи ором чунин иқдомеро пеш мегиранд.
Ҳама ин барои мо ҳушдор аст. Зиёданд душманоне, ки Душанбеи зебои моро на шукуфону гулпӯш, балки зери оташу дуду хун дидан мехоҳанд. Аз берун ғаразҷӯёну аз дохил иддае гумроҳон.

Аз байзаи зоғ, зоғ рӯяд
Ҳоҷӣ Ҳалим ва эшони Ҷунайд мехостанд зиёда аз 500 дона силоҳи оташфишон, садҳо ҳазор тирро бо худ бубаранд. Барои кӣ? Барои 10-15 нафар ҳаммаслаки бадкирдорашон? На. Нақшаҳо дигар буданд. Он нақшаҳое, ки зимни вохӯриҳои пешвоёну роҳбарони бахшҳои минтақавии ҲНИТ дар макони ҳозираи Кабирӣ матраҳ мешуданд.
Аммо ин миллат акнун бедор аст. Бедор шудааст. Ҳушманд гаштааст. Дар шир сӯхтааст. Обро боэҳтиёт менӯшад. Дар 24 сол ин миллат Давлат сохт, соҳибҳукумат гашт. Фарзандони баору номусу ҷонфидо тарбия кард. Кормандони мақомоте, ки ҳуқуқи ҳамватанони хеш, марзу буми хешро ҳимоя мекунанд, фарзандони содиқи ҳамин миллат, ҳамин халқ, ҳамин Ватананд. Турк нестанд, тозӣ нестанд. Дастнигари бегонагон нестанд. Вақти он расидааст, ки наҳзатиҳои бегонапараст, чанд «маошхӯр»-и дигаре, ки боқӣ мондаанд, ин ҳақиқатро бифаҳманд. Дар мағзи худ ҷой кунанд. Кабирии пешвояшон, вақте дар ҷанозаи модари зораш ҳозир нашуд, куҷо дар мотами ҳаммаслакони ба ҷиноят таҳрикдодааш ширкат мекунад?
Дар замони мо, ба қавли бузурге «барои як донишманд мушкил аст чанд шогирдеро тарбия кунад, вале як аблаҳ садҳо ҳамсони худро ба воя мерасонад». Роҳбарони наҳзат бо ҳамин шиор нияти худро амалӣ карданӣ буданд. Яъне силоҳ бошад, силоҳбардорро меёбем. Аз ҳисоби фиребдодагонашон. Аз ҳисоби онҳое, ки солҳо дар гӯшашон фалсафаи «шаҳодату ҷиҳод» хондаанд. Аз ҳисоби онҳое, ки куштани ҳамдиёру ҳамдину ҳамзабони худро ҷиҳод мепиндоранд. Ва бовар ҳам доранд, ки агар дар ин роҳ бимиранд, шаҳид мешаванд. Ғофил аз ҳаром мурдани хеш. Шахсан барои нависандаи ин сатрҳо шаҳид он шаҳрванди чинӣ, эронӣ, русиягист, ки дар Тоҷикистон омада, ҳангоми сохтмони нақбе, купруке, истгоҳи барқе, корхонае барои мардуми мо ҳалок мегардад. Оне, ки даҳҳо тифли бегуноҳро аз меҳри падарӣ маҳрум, муҷиби сахтию бадбахтӣ мекунад, ҳатто хок ба ҷасади манфураш нафрат дорад.
Дар додани вазифа ба ҳоҷӣ Ҳалим ва эшони Ҷунайд барин ашхоси кӯрнамаку носипос шояд иштибоҳ ҷой дошта бошад. Вале ҳамаи ин танҳо барои некӣ, ба хотири сулҳ ба хотири оромӣ буд. Онҳоро аз решаи худ ҷудо накардем. Холисонаю тоҷикона дар паҳлуи худ гирифтем. Рутбаи генералӣ, полковникӣ додему вазифаҳои баландпоя. Панди пири бузургро фаромӯш кардем, ки:
Агар байзаи зоғи зулматсиришт,
Ниҳӣ зери товуси боғи биҳишт,
Ба ҳангоми он байза парварданаш,
Зи анҷири ҷаннат диҳӣ арзанаш.
Диҳӣ обаш аз чашмаи силсабил,
Дар он байза дам дардамад Ҷабраил.
Шавад оқибат байзаи зоғ-зоғ.
Кашад ранҷи беҳуда товуси боғ.


ҲНИТ – ҷонибдори исломи мусулмонкуш
Ин фоҷиа бори дигар чашми миллати моро нисбати ҲНИТ ва сарваронаш боз кард. Сари таъзим бояд назди миллате фуруд овард, ки баҳои хешро ба ҲНИТ дар таърихи 1-уми марти соли 2015 дод. Мардум ин ҳизбро рад кард. Манъи фаъолияташро хост. Ба ҳамагон расонид, ки ниёз ба ҳизби исломӣ надорад. Вале наҳзату сарваронаш ин ҳақиқатро қабул кардан намехоҳанд ва даст ба чунин ҷинояти хиёнаткорона заданд. Зарбаи асосиро ба террористони наҳзатӣ боз мардуми оддӣ зад. Ташаккуру ҳамду сано бар сокинони Душанбею Ваҳдату Ромит, ки даъвати ин душманони миллатро напазируфтанд. Бо онҳо ҳамроҳ нашуданд. Баръакс, дар дастгиру нест кардани ин қувваҳои аҳриманӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ кӯмак расониданд.
Ҳоҷати шарҳи дигар нест. Ин фоҷиа собит кард, ки ҲНИТ дар роҳи расидан ба аҳдофи худ ба ҳама кор қодир аст. Ба амалҳои террористӣ, куштори ҳамватанони мусулмони худ, дар хоку ҳун ғарқ кардани Ватани хеш. Ин ҳизб ҳамон исломеро қабул дорад, ки сарваронаш мехоҳанду хоҷагони хориҷиашон. Исломи мусулмонкушро. Исломеро, ки ранги сиёҳу торикиро байрақи худ кардаву обу замини қисме аз кишварҳои минтақаро бо хуни мусулмон лолагун сохтааст.
©Илҳом Шарафзода, бознашр аз ҳафтаномаи «Фараж» №37 (458) аз 09-уми сентябри соли 2015
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: