ОИНИ ВАТАНПАРАСТӢ ДАР ЭҶОДИЁТИ ҲОФИЗИ ШЕРОЗӢ21-12-2016, 10:51
Хабарро хонданд: 617 нафар
Назарҳо: 0
«Мо мехоҳем ҳамчун соҳибони давлати соҳибистиқлоли миллӣ аз чанголи карахтӣ ва бегонапарастӣ раҳида, дар зери парчами тамаддуни гузаштагони хирадманди худ ба ифтихори миллӣ, худшиносӣ ва ваҳдати комили миллӣ бирасем…» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Аксарияти он мардумони ҷаҳон, ки бо забони тоҷикӣ-дарӣ-порсӣ ҳарф мегӯянд, инчунин як зумра миллатҳои дигари олам низ аз дунёи маонии орифонаву фозилонаи яке аз бузургтарин шоирони ғазалсарои порсигӯ( тоҷик) Муҳаммад Шамсиддин Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ хуб бохабару бархурдоранд. Хоҷа Ҳофизро як гурӯҳ «лисон-ул-ғайб ва шоири малакутӣ», дигаре «паёмбари сухан», саввумӣ «соҳибдевоне, ки шеърашро қудсиён азбар кардаанд»,… ном бурдаанд. Девони Ҳофизро тоҷикон чун китоби осмонии Қуръони маҷид болои сари тифлони хеш мегузоранд. Воқеан Девони Ҳофиз аз панду хиради қуръонӣ саршор мебошад ва дар ин бора худи шоир низ фармудааст: Зи ҳофизони ҷаҳон кас чу банда ҷамъ накард, Латоифи ҳакамӣ бо нуқоти Қуръонӣ. Инчунин Ҳофиз мегӯяд: Ишқат расад ба фарёд, ар худ ба сони Ҳофиз, Қуръон зи бар бихонӣ дар чордаҳ ривоят. Ибораи «чордаҳ ривоят»-ро Ҳофиз шояд ба ба он хотир оварда бошад, ки Қуръони карим дар аввал ба шакли саҳифаҳо нозил гашта, бо ҳафт шеваи забони арабӣ (қурайшӣ, тойӣ , ҳавзӣ, йаманӣ, сақафӣ, ҳузайлӣ ва бонутамимӣ) қироат ва китобат мешуд. Хоҷа Ҳофиз бошад бо ҳамаи шеваҳои забони арабӣ баробар Қуръонро қироат мекардаст. Дар баробари бо ҳар як шеваи арабӣ қироат шудани ин Китоби муқаддас ҳазрати Ҳофиз онро бо забони модарии худаш-дарии тоҷикӣ дарку таҳлил менамуд, ки дар маҷмӯъ рақами чордаҳ ва ё «чордаҳ ривоят»-ро мефаҳмонад. Тасаввур кардан душвор аст, ки чӣ миқдор олимону таҳқиқгарони дунё назми оламгири Ҳофизро омӯхтаву таҳлил кардаву асарҳои бешуморе навиштаанду навишта истодаанд, ки асосан аз арзишҳои аслии ҳар дуолам аз нигоҳи фалсафаи диниву дунявӣ иборатанд. Вале дар ин навиштаҳое, ки хонандаи арҷманд дар даст доред, кӯшиш ба харҷ додаем, ки дар бораи оини ватанпарастӣ аз нигоҳи Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ андешаронӣ кунем ва бо тамоми масъулият иброз намоем, ки муддаъии шарҳи Ҳофизи бузург нестем, чун на орифем, на адиб ва на ҳамзамони шоир. Ҳақ ба ҷониби яке аз бузургтарин шахсиятҳои илму адаби Олмон Иоҳан Волфҳанг Ҳёте (1747-1832) мебошад, ки дар асари худ бо номи «Девони ғарбӣ ва шарқӣ» дар бораи Ҳофизи Шерозӣ чунин иҳори ақида кардааст: «Барои он, ки Ҳофизро дуруст дарк кунем, бояд ӯро дар ҳалқаи замонӣ, маконӣ ва миллии худаш мавриди омӯзиш қарор диҳем. Аммо барои касе, ки бо ӯ каму беш ошноӣ пайдо кардааст, Ҳофиз тамоми умр ҳамсафару шарики меҳрубон мешавад»...! Дар ҷои дигар хирадманди аврупоӣ Ҳейне аз завқи «нодирагуфториҳо»-и Ҳофиз ба ваҷд омада гуфта будааст: Ҳофизо, кош чу ту нодирагуфторӣ кунам… Умуман шиносоиву маҳбубияти Ҳофиз ба аврупоиён аз асри 17 солшумории милодӣ оғоз гардидааст. Маъруфтарин аз аҳли адаби Аврупо ба монанди Ҳётеи олмонӣ, Пушкини рус, Байрони инглис ва садҳо дигарон офаридаҳои Ҳофизро бо забони асл ва ё дар тарҷума қироат кардаанд. Шоир макону манзилу Ватанашро дӯст медошт ва дар рафтору гуфтораш нисбати Ватан меҳру муҳаббати малакутии вай эҳсос мегарданд: Шерозу оби Рукниву ин боди хушнасим, Айбаш макун, ки холи рухи ҳафт кишвар аст. Фарқ аст аз оби Хизр, ки зулмот ҷои ӯст, То оби мо, ки манбааш «Аллоҳуакбар» аст. Воқеан дар зодгоҳи шоир Шероз оби рӯди Рукнобод аз кӯҳе, ки номаш «Аллоҳуакбар» аст, ҷорӣ мегардад. Ва дар ҷои дигар мефармояд: Хушо Шерозу вазъи бемисолаш, Худовандо, нигаҳ дор аз заволаш! Чуноне, ки огаҳӣ дорем даврони зиндагиву фаъолияти Ҳофиз ба як замони пурталотуму сарсониҳои миллат, даврони тохтутозҳои истилогарони муғулу турктабор рост омадааст, ки як саҳифае аз таърихи пурфоҷиаи тоҷикон мебошад: Дар остини мураққаъ пиёла пинҳон кун, Ки ҳамчу чашми суроҳӣ замона хунрез аст. Суроҳиеву ҳарифе гарат ба даст афтад, Ба ақл нӯш, ки айём фитнаангез аст. Дар ҳамин мӯҳит умр ба сар бурда, Ҳофизи бузург воқеаҳои Эронро аз истилои Чингиз то ваҳшиёнати Темурланг, ки дар таърихи эронзамин бо пурфитнагиву пурошӯбӣ назире надоштанд, дидаву шунидаву фармудааст: Фитна меборад аз ин сақфи муқарнас, бархез, То ба майхона паноҳ аз ҳама офот кунем. Нидои «Бархез!»-и Ҳофиз ба ҳамватанон агарчӣ рамзист, вале дар асл онҳоро ба майхона-ибодатгоҳ- паноҳгоҳ- барои паноҳҷӯӣ аз офот-зулму истибдоди душманон даъват мекунад. Даъват на танҳо барои он, ки ибодати Худоро ба ҷо оранд, балки дар инҷо тадбире барои озодиву истиқлолияти Ватан биҷӯянду биёбанд. Аз он лиҳоз, ки истиқлолияту озодии миллат омили асосии ҳифзи шарафу номус ва аз ҷумлаи муқаддасоти он асту бо хости Худо танҳо дар Ватану Давлати озоду соҳибистиқлоли худ миллат паноҳгоҳ меёбад. Баъди парокандашавии империяи муғулҳо, дар сарзамини Эрони имрӯза, аз ҷумла Шерозу Исфаҳон хонигариҳои майдаи алоҳида ташкил ёфтанд, ки сарваронашон асосан муғулу турктабор буданд. Онҳо дар тӯли зиёда аз 40 сол байни якдигар ҷангу ҷидолҳои истилогарона анҷом дода, ҳазорон одамони бегуноҳро куштаву шаҳру деҳотро талаву тороҷ мекарданд. Маъхазҳо гувоҳанд, ки дар айёми умри Ҳофиз дар зарфи 50 сол (1338-1388) танҳо шаҳри Шероз панҷ маротиба аз тарафи душманон тасарруф, харобу вайрона ва шаҳрвандонаш дучори қатли ом ва ғорат гардидаанд. Дар иртибот ба ҳамин воқеоти нангину даҳшатбор Хоҷа Ҳофиз бо дили пурхун мисраҳои маълуми зеринро сурудааст: Ин чӣ шӯрест, ки дар даври қамар мебинам, Ҳама офоқ пур аз фитнаву шар мебинам. Аблаҳонро ҳама шарбат зи гулобу қанд аст, Қути доно ҳама аз хуни ҷигар мебинам. Аспи тозӣ шуда маҷрӯҳ ба зери полон, Тавқи заррин ҳама дар гардани хар мебинам. Дар он рӯзгори тираву торе, ки аҷнабиёни саҳроӣ ба сари миллат, аз ҷумла мардуми Шероз овардаву бор карда буданд, дар он муҳите, ки шаҳри Шероз дар пеши назари ин шоири хирадманд панҷ маротиба талаву тороҷ гардида, дар коми оташ буд, Ҳазрати Ҳофиз рисолати волои шоирии худ- чашму дили миллат буданро зоҳир кард. Ӯ ба мулки дигаре, боамнтаре нагурехт ва бо ҳамватанони худ бимонд. Тақдири талхи ҳамватанон, ки аз соҳибдавлатони аҷнабии замони Ҳофиз дар ғаму кулфати ҳамешагӣ қарор доштанд, дили Хоҷаро хеле озурда карда буд ва аз ҳамин хотир ва дар чунин шароит шоир аз диёру мардуми худ дур шудан, сайру сафар карданро қобили қабул намешуморид: Намедиҳанд иҷозат маро ба сайру сафар, Насими боди Мусаллову оби Рукнобод. Қадаҳ магир, чу Ҳофиз, магар ба нолаи чанг, Ки бастаанд бар абрешими тараб дили шод. Ин амали Хоҷаи бузург дарси ибрат аст барои баъзе намояндагони илму адабиёти имрӯзи тоҷик, ки ба даврони мубораки соҳибистиқлолии Тоҷикистон ҳам нигоҳ накарда, бо баҳонаҳои бепоя тарки Ватану миллати худ кардаанд. Хоҷа Ҳофиз дар ғаму шодии ҳамдиёронаш шарик буд ва онҳоро далеронаву шуҷоатонмандона барои ба қадри Ватан ва миллат, озодиву осудагии он расидан ҳидоят мекард, агарчӣ худ аз ҷониби ҳокимони муғултабори давр хавфи азимеро эҳсос менамуд: Дидаи бадбин бипӯшон, эй карими айбпӯш, З-ин далериҳо, ки ман дар кунҷи хилват мекунам. Ва дар ҷои дигар мегӯяд: Дом сахтаст, магар ёр шавад лутфи Худо, В-арна одам набарад сарфа зи шайтони раҷим. Ҳофизро нангу номуси миллӣ аз беадолативу ҷаҳолати аҷнабиёни ҳокими давраш ба изтироб оварда буданд. Ӯ дарк мекард, ки асоси ин азобу кулфати миллат аз бедавлатии ӯст ва тавассути назми оламгираш ба ҳамватанон ишорат мекард, ки барои соҳибистиқлол гардидан бонангу боору бономус будан шарту зарур аст. Аз ин ҷост, ки бо таҷоҳули орифона мегӯяд: Аз нанг чӣ гӯи, ки маро ном зи нанг аст, В-аз ном чӣ пурсӣ, ки маро нанг зи ном аст. Ҷабру ҷафои ҳокимони замони Ҳофиз, хусусан фармонравоёни муғулу турктабор, ба миллате, ки давлати соҳибистиқлол надошт, он қадар бераҳмона буд, ки бо ибораи Хоҷаи бузург «Худоро ҳамдаме!», танҳо рӯ ба раҳми Худованд овардан монда буду халос…Вале Ҳофиз ҳушдор месозад, ки «Олами дигар» ва «Одами дигар» сохтан, яъне Давлати соҳибистиқлол сохтанро танҳо одамони дигар-боору номӯсу ватанпарвар мисли Рустами Достон метавонанд ба ӯҳда дошта бошанд: Сина моломоли дард даст, эй дареғо марҳаме, Дил зи танҳоӣ ба ҷон омад, Худоро ҳамдаме. Одамӣ дар олами хокӣ намеояд ба даст, Оламе дигар бибояд сохт в-аз нав одаме. Сӯхтам дар чоҳи сабр аз баҳри он шамъи Чигил, Шоҳи туркон ғофил аст аз ҳоли мо, ку Рустаме?! Яғмогарони гадотабъи саҳрогарде, ки тавассути бераҳмиву ваҳшоният соҳиби мулку сарзамин ва боигарии тоҷикон ва ба истилоҳ «муътабар» гаштанд, бо амалҳои зишти худ косаи сабри Ҳофизро лабрез карда буданд ва ӯ барои ҳарчӣ тезтар, яъне «хуни ҷигар» нашуда, илоҷи озодӣ ёфтанро ба ҳамдиёронаш ҳидоят мекард: Гӯянд санг лаъл шавад дар мақоми сабр, Оре, шавад, валек ба хуни ҷигар шавад. Дар тангнои ҳайратам аз нахвати рақиб, Ё раб, мабод он, ки гадо мӯътабар шавад. Шоир боварӣ дорад, ки он бедавлатони даштӣ монанди зоғу заған ҳаққи шаҳпари давлату миллати ӯ буданро надоранд, бинобар ин ба хотири озодии миллат талаби қуввату тавфиқро аз Офаридгор зарур мешуморад: Давлат аз мурғи ҳумоюн талабу сояи ӯ, З-он, ки бо зоғу заған шаҳпари давлат набувад. Итминони Ҳофиз комил аст, ки ҳиҷрон-дурӣ аз Худованд барои мардони худоҷӯ самари васл меорад ва ишқашон бо Офаридгор сар-сарӣ ва меҳрашон низ оразӣ нест: Ишқат на сарсарист, ки аз сар бадар шавад, Меҳрат на оразист, ки ҷои дигар шавад. Ишқи ту дар вуҷудаму меҳри ту дар дилам, Бо шир андарун шуду бо ҷон бадар шавад. Воқеан марди худошиносу худоҷӯ пеш аз ҳама Ватану миллати худро дӯст медорад ва ҳасрати шоир ҳам дар ин аст, ки бедавлатиҳои онвақтаи миллат тезтар хотима ёбанд ва соҳибистиқлолӣ насибаш бигардад ва тухми ҳиҷрони миллат бо Давлати соҳибистиқлоли худ дигар ҳеҷ вақт корида нашавад: Ҳарчанд, ки ҳиҷрон самари васл бар орад, Деҳқони ҷаҳон кош, ки ин тухм накиштӣ! Ҳамватанони худро Ҳофиз ҳушдор месозад, ки ба он «субот»-е, ки фармонравоёни аҷнабӣ аз бадбахтиҳои мардум ба даст овардаанд эътимод набанданд, ки олам ба қавли ҳазрати Бедил хосияти «инқилобии зеру забар»-ро дорад. Бинобар ин ҷидду ҷаҳди ҳар қавме барои васли Эзиди пок, аз ҷидду ҷаҳд барои озодиву истиқлолияти Ватан ҷудо нест: Қавме ба ҷидду ҷаҳд ниҳоданд васли дӯст, Қавме дигар ҳавола ба тақдир мекунанд. Филҷумла эътимод макун бар суботи даҳр, К-ин корхонаест, ки тағйир мекунанд. Шоир ҳамватанони худро ба бедории фитрӣ, касбу ҳунар ва ҳушёриву зиракӣ дар роҳнамоии мардум, ки яке пояҳои асосии озодиву соҳибистиқлолӣ мебошанд, даъват мекард: Эй бехабар бикӯш, ки соҳибхабар шавӣ, То роҳрав набошӣ, кай роҳбар шавӣ? Гар дар сарат ҳавои висол аст, Ҳофизо, Бояд, ки хоки даргаҳи аҳли ҳунар шавӣ. Дар даврони тираву тори ҳукмрониҳои муғулу турктаборон гурӯҳе аз ҷумлаи мардони боору номуси миллат, аз ҷумла ҳамдиёрони Ҳофиз, барои озодиву соҳибистиқлолӣ ҷонбозиҳо мекарданд, ки дар саҳифаҳои таърих бо номи «сафедҷомагон» ва «сарбадорон» сабт гардидаанд. Ҳофиз ҳам ба мардони худошиносе, ки дар талаби тақво ҳастанд, бо ишорат мегӯяд, ки барои онҳо беҳтарин шакли худошиносиву тақвоталабӣ ва боимонӣ - ин дӯст доштани Ватан ва таъмини соҳибистиқлолии Давлат аст, дар кадом либосе, ки набошанд: Марди худошинос, ки тақво, талаб кунад, Хоҳӣ сапедҷомаву хоҳӣ сиёҳ бош! Агарчӣ рамзӣ бошад ҳам, Хоҷа Ҳофиз ба таъкид мегӯяд, ки тариқи давлатдорӣ ва таъмини пойдории Давлати миллӣ хомиву бетафовутиро намепарастанд: Дар мазҳаби тариқат хомӣ нишони куфр аст, Оре, тариқи давлат, чолокиясту чустӣ. Шоири соҳибдил худ шоҳид он буд, ки мӯҳити зиндагии миллатро истилогарони яғмопеша ба зиндон баробар мекарданд. Аз ҳамин хотир Ҳофиз бо як нангу номуси миллӣ аз ин банди зиндонӣ озод шудани ҳамватанонашро орзӯ дошт ва даъват мекард, ки мулки озод ганҷи бузурги миллат аст: Моҳи канъонии ман, маснади Миср они ту шуд, Вақти он аст, падруд кунӣ зиндонро. Мулки озодагиву кунҷи қаноат ганҷест, Ки ба шамшер муяссар нашавад султонро. Раҳмдилӣ ва соҳибназарии Ҳофиз ба он ҳидоят мекарданд, ки ҳарчӣ зудтар дарозои зиндагии талхи ҳамватанонаш ба поён, ба рӯзи неки озодиву истиқлолият бирасад ва мардум аз парешониҳо, чун парешонии гарди сари роҳ, раҳоӣ ёбанд: Ё раб аз абри ҳидоят бирасон бороне, Пештар з-он ки чу гарде зи миён бархезам. Ҳофиз ҷаҳд кардааст, то таваҷҷӯҳи ҳамватанони аз ҷабру ҷафои душманон ба ясъу ноумедӣ гирифторашро ба ояндаи нек ҷалб кунад: Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам махӯр, Кулбаи эҳзон шавад рӯзе гулистон, ғам махӯр. Ва дар ҷои дигар мегӯяд: Ба ноумедӣ аз ин дар марав, бизан фоле, Бувад, ки қуръаи давлат ба номи мо афтад. Шабе, ки моҳи мурод аз уфуқ шавад толеъ, Бувад, ки партави нуре ба боми мо афтад. Вале барои ин бояд роҳу тадбири аз ғаму андӯҳи замона берункунии халқро биҷӯянд, чунки: Даме бо ғам ба сар бурдан ҷаҳон яксар намеарзад, Ба май бифрӯш далқи мо к-аз ин беҳтар намеарзад. Ӯ бо боварии устуворона мефаҳмонад, ки бадтинатони бадгуҳари муғултаборе, ки он замон ҳукмронӣ доштанд, ба сарварии ин миллати тамаддунофар сазовор набуданд: Гар ҷон бидиҳад, санги сияҳ лаъл нагардад, Бо тинати аслӣ чӣ кунад- бадгуҳар афтод. Ва инчунин: На ҳар кӣ тарфи кулаҳ каҷ ниҳоду тунд нишаст, Кулоҳдориву оини сарварӣ донад. Аз ин рӯ дар нияту амали ҳар як фарди ватанпараст баҳри озодиву ободии Ватан бояд ба бешарафиву беномусӣ ва бетафовутиву танбалӣ ҷой набошад: Зи рӯи дӯст дили душманон чӣ дарёбад? Чароғи мурда куҷо, шамъи офтоб куҷо! Қарору хоб зи Ҳофиз тамаъ мадор, эй дӯст, Қарор чист, сабурӣ кадому хоб куҷост? Дар мисраҳои зерини як ғазали шӯҳратбори худ Хоҷаи Шероз, бидуни маънии орифонаи ин мисраҳо, гӯйё ҳамватанонашро ҳушдор месозад, ки ҳама дар киштие нишастаанд, ки аз касофатии итилогарони бераҳму шафқат моили ғарқшавӣ мебошад. Аз ин лиҳоз ба Офаридгор муроҷиат намуда илтиҷо мекунад, ки мардумро қуввату ғайрат ато кунад, то нангу номуси миллӣ воло гирад ва ба соҳили мурод-соҳили озодиву истиқлолияти Ватан бирасанд: Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез, Бошад, ки боз бинем дидори ошноро! Барои ба ин ниятҳои нек расидан мебояд, ки пояҳои дӯстиву бародарӣ, якдигарфаҳмиву дастгирии ҳамдигарии ҳаммиллатон пойдору устувор гардонида шаванд: Дарахти дӯстӣ биншон, ки коми дил ба бор орад, Ниҳоли душманӣ баркан, ки ранҷи бешумор орад. Хеле аламовар ва боиси таасуфи бузург аст, ки чунин як орифу олими ҷаҳонӣ мисли Хоча Ҳофизи Шерозӣ қариб, ки тамоми умри бобаракату ирфонии худро дар он замони тираву тор ва ваҳшонияти ҳукмронии сарварони аҷнабӣ гузаронидааст. Шояд охирин ормони худро, ки расидан ба рӯзгори неки соҳибистиқлолии миллат буд, шоири бузург бо худ ба гӯр бурда ва то рӯзи қиёмат нигарон бошад: Чашмам он дам, ки зи шавқи ту ниҳад сар ба лаҳад, То дами субҳи қиёмат нигарон хоҳад буд. Хонандаи азиз, чуноне, ки дар оғози андешарониҳоям гуфтам, албатта шарҳи маънии ирфонии мисраҳои аз ғазалиёти Хоҷа Ҳофиз интихобкардаамро ба адибони ориф ҳавола карда, бори дигар гуфтаниям, ки кош Ҳофизи бузургвор имрӯз меомаду соҳибистиқлолии ҳамватанону ҳамзабонони худро чӣ дар Эрон ва чӣ дар Тоҷикистони азиз бо чашми худ медид… Ҳамдиёри фозилу орифи зиндаёди хатлонии мо ҳазрати Ҳоҷӣ Ҳусайни Кангуртӣ(Хатлонӣ) дар замони худ фармуда будаанд, ки: Хок чандоне, ки андар зери по саркӯфтааст, Сози таслиме, ки дорад соҳиби нашъунамост. Ҳайф, умре имтиҳони «ҷамъиятҳо кардаем», Аз қусури худ надонистем, ки ҷамъият куҷост. Бо аламу таасуф мегӯям: Ҳайфи умри ҳаммиллати бузургамон Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ, ки бо орифияту фозилияти худ оламро тасхир кардаву дар ҷамъияти ҳокимони ваҳшитабори давр ба беқадрӣ мубтало будааст. Агарчӣ ба қавли Абулмаонӣ Мирзо Бедил: Бедил аз шабпарра кайфияти Хуршед мапурс, Ҳаққ ниҳон нест, вале хиранигоҳон кӯранд. Муҳаммад Шамсиддин Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ соли 726 ҳичрӣ мутобиқ ба 1325 милодӣ дар шаҳри Шероз ба олам чашми ҳастӣ во намуда, соли 791 ҳиҷрӣ мутобиқ ба 1388 милодӣ дар ҳамин зодгоҳаш-Шероз дунёро падруд гуфтаву дар боғи дӯстдошааш Мусалло дафн гардидааст. Ин боғ бо шарофати ӯ номи «Ҳофизия» гирифта, зиёратгоҳи ҷаҳониён гаштааст. Бар санги мармаре, ки рӯи турбаташ ниҳодаанд, ду ғазали ӯро ҳакокӣ кардаанд, ки аввалӣ бо мисраи: Муждаи васли ту ку, к-аз сари ҷон бархезам… ва дуввумӣ бо мисраи: То зи майхонаву май ному нишон хоҳад буд… оғоз мегиранд. Охирсухан Дар даврони навини соҳибистиқлолии давлати ҷавони Тоҷикистон, ки баъди ҳазорсолаҳо ба ин неъмати худодод соҳиб шудааст, барои ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ эҳсоси баланди маънии Ватану ватандорӣ ҳамчун рукни муқаддас бояд дар нияту дилашон ҷой дошта бошад ва дар мисоли тақдири талхи яке аз бузургтарин ҳаммилатони мо Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ бохабар бошанд, ки бедавлативу беватанӣ сабаби хорию зориҳои инсон аст. Баъди ҳазорсолаҳо ба соҳибистиқлолии давлати худ расидани миллати тоҷик, миллате, ки ба аҳли башар ду маротиба тамаддун додаст ва ҳазрати Ҳофиз яке аз барҷастатарин намояндаи ин тамаддунҳост, пеш аз ҳама тантанаи адолати таърих аст. Ин миллат бо хиради азалиаш дар дарозои таърихи пурфоҷиаи худ, ки ба беадолатии бемисл рӯ ба рӯ шудааст, тавонист, ки фарзандони фарзонаву бофазилату тамаддунофар, далеру шуҷоъ ва қаҳрамонро тарбия ва ба камол расонад. Ҳамин абармардон буданд, ки тӯли ҳазорсолаҳо барои амалӣ шудани орзуву ормони соҳиби давлат шудани миллати худ мубориза бурда, ҷоннисорӣ кардаанд. Хушбахтона бо хости Худованд ба вориси арзандаи ин қаҳрамонон – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муяссар гардид, ки ҳамчун сарвари давлати навини тоҷикон, таъмини соҳибистиқлолии давлат ва пойдории онро ба ӯҳда гирад ва далеронаву шуҷоатмандона ҳифз намояд. Ваҳдати миллӣ, соҳибистиқлолӣ, соҳиби давлати худ будан имкон фароҳам овард, ки дар давоми ҳамин 25 соли истиқлолияти воқеӣ шиорҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву ҳуввияти миллӣ, ба қадри давлати тоҷик ва обу хоку ҳавои биҳиштосои он расидан, ба миён биоянд. Соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати миллӣ бегонафитратӣ ва бегонапарастиеро, ки тӯли асрҳо аз ҳукмронии аҷнабиён дар тафаккури мардум ҷойгир шуда буд, тадриҷан решакан карда истодааст. Ваҳдати милливу соҳибистиқлолии давлати Тоҷикистон оромиву осоиши ҷомеаро таъмин карда, шароиту имконоти кифояеро фароҳам овардааст, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ аз худ бипурсад, ки ӯ барои ободиву рушди Ватани навини озоду соҳибистиқлоли худ чӣ кардааст ва чӣ хоҳад кард. Аҳмадҷон Ализода |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.