Эмомалӣ Раҳмон – ифтихори мост!21-11-2016, 10:32
Хабарро хонданд: 418 нафар
Назарҳо: 0
Дар ташкилотии ибтидоии «Хадамоти нақлиёт»-и аҳли кормандони Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт зери мавзӯъи «Эмомалӣ Раҳмон – ифтихори мост!» бо иштироки Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Сино Наҳтулло Назаров, Қурбонзода Хуршед - сардори Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт, раиси ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ мизи мудаввар доир гардид. Ҷамъомадро бо сухани табрикоти сардори Хадамот Қурбонзода Хуршед оғоз намуда, пеш аз ҳама дар бораи ҳидояту раҳнамоии Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханрони карда, аз ҷумла ёдовар шуд, ки бо ҳидояту қаҳрамонии Президенти кишвар халқи шарафманди тоҷик аз нахустин рӯзҳои истиқлолият дар раванди барқарорсозӣ ва ташаккули пояҳои давлатдорӣ, таъмини амнияти оромии ҷомеа, суботи сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саъю талоши бесобиқа анҷом дода, ба хотири ободии Ватани маҳбубамон Тоҷикистони соҳибистиқлол як қатор корҳои созандагию ободони анҷом дода шуд. Ҳамчунин ӯ ёдовар шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд. Бо мақсади эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини Тоҷикистон, таъмини сулҳу ваҳдат ва ягонагии мардуми кишвар ва болоравии нуфузи мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки дар маҷмӯъ ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, лоиҳаи қонуни дар боло зикргардида таҳия гардида буд. Тибқи лоиҳаи Қонуни мазкур ба моддаи 2 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати ҳафтоду якум илова гардида, 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Сипас, зимни чорабини Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино Наҳтулло Назаров бо ифтихор ва шукргузори аз соҳибистиқлолӣ ва корҳои ободонию созандагӣ дар кишвар суханрони намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки боиси ифтихор аст, ки давлати навбунёди тоҷикон тӯли бисту панҷ сол ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардид. Пешвои миллат, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ ва сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ташабуси бузург нишон дода, халқи мазлуму парокандаро ба ҳам овард ва билохира, дар таъсиси кишвари навини соҳибистиқлол нақши бориз ва фаромӯшнашаванда гузошт. Дар баробари ин, Сарвари давлат дар рушду инкишофи ҳамаҷиҳатаи ҷомеаи Тоҷикистон низ хазматҳои беназир анҷом дод, аз ҷумла, дар бунёди ҳазорон иншооти навин, аз қабили мактабу донишгоҳ ва донишкадаҳо, таҷдиду тармими роҳҳои душворгузаре, ки ободии онҳо орзуи деринаи халқ буд ва раҳонидани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ, ки яке аз ҳадафҳои асосии стратегии кишвари азизамон ба шумор меравад. Мавсуф зимни баромади хеш ёдовар шуд, ки таърих ҳар амали шоистаро дар саҳифаҳои заррини худ сабт менамояд, то насли баъдӣ аз хондани он сабақ гирад. Корномае, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҳизбамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом додааст, дар таърих камназир аст. Воқеан, Пешвое, ки дирӯз сафинаи миллатро бо фазли эзидӣ аз тӯфони нобудӣ ба соҳили амн баровард, имрӯз бо ваҳдату ҳамбастагии тоҷик ва бо сиёсати хирадмандонаву дурандешонаи худ барои ин сарзамин садди муҳкаме сохтааст, ки рахнанопазир аст. Ҳамчунин ӯ ёдовар шуд, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд. Бо мақсади эҳтирому эътирофи фазилати сиёсатмадориву давлатдории навини Тоҷикистон, таъмини сулҳу ваҳдат ва ягонагии мардуми кишвар ва болоравии нуфузи мақоми Тоҷикистони соҳибистиқлол дар арсаи байналмилалӣ, ки дар маҷмӯъ ба фаъолияти босамари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобастагӣ дорад, лоиҳаи қонуни дар боло зикргардида таҳия гардида буд. Тибқи лоиҳаи Қонуни мазкур ба моддаи 2 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» сархати ҳафтоду якум илова гардида, 16 ноябр Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд. Инчунин Тоҳир Асадулло- сардори шӯъбаи иқтисодӣ Хадамот, аъзои раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ аз рӯи мавзӯъи чорабини «Эмомалӣ Раҳмон – Пешвоест, ки миллати тоҷикро ба ваҳдату ҳамбастагӣ овард» баромад намуд. Аз ҷумла ӯ дар бораи муҳимияти таҷлили Рӯзи Президент суханрони намуда, аз ҷумла қайд намуд, ки таҷлили ин рӯз дар он зоҳир мегардад, ки мо, ҷавонон, бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро қадр намоем, зеро маҳз ба шарофати сиёсати муваффақонаву боровари Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон ва азму ҷасорати қавӣ, талошҳои пайвастаи Сарвари давлат дар роҳи ободиву осоиши Ватан, арҷгузорӣ ба таърихи пурғановати миллати бостонии тоҷик ва ташаббусҳои созандаву некбинонаи ӯ бо нигоҳи боэътимод ва хайрхоҳона назар дорад. Ин аст, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ аз минтақаи даргир ба маркази баргузории чорабиниҳои минтақавию ҷаҳонӣ табдил ёфт. Дар фарҷоми чорабини аз таҷлили ин рӯз дастгири намуда, таъкид карда шуд, ки барои ҳар як фарди худогоҳ, аз ҷумла ҷавонон, имрӯз зарур аст, ки ба чунин Пешвои бузурги миллат эҳтироми хоса зоҳир намуда, бо ӯ ифтихор дошта бошанд. Мудири шӯъбаи таблиғот ва иттилооти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Сино А.Муминов |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.