Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд14-10-2024, 12:54
Хабарро хонданд: 473 нафар
Назарҳо: 0
14 октябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ бо роҳбарон ва фаъолони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон мулоқот намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сафари навбатии кориро ба як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят вохӯрӣ бо сокинон, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва ифтитоҳи иншооти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ арзёбӣ карданд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят, рафти иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раванди созандагиҳоро барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни умумимиллӣ — 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳлил намуда, барои амалисозии ҳадафҳои бунёдкорона, таъмини нақшаҳо ва ислоҳи камбудиҳо ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, инчунин масъулони сохторҳои ҷумҳуриявӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Сарвари давлат бо қаноатмандӣ иброз доштанд, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бо дастгириву ғамхории доимии Ҳукумати кишвар сол ба сол ободу пешрафта ва сатҳу сифати зиндагии сокинони он мунтазам беҳтар шуда истодааст. Таъкид гардид, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ барои амалӣ намудани ҳадафу нақшаҳои созанда ба вилоят аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 24 миллиард сомонӣ равона шудааст. Ҳамчунин дар ин давра барои бунёди манзилҳои истиқоматӣ ва беҳтар намудани шароити зиндагӣ ба зиёда аз 37 ҳазор оилаи вилоят 3765 гектар замин ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ баҳри бунёди хонаҳои истиқоматӣ ҷудо шудааст, ки нисбат ба заминҳои наздиҳавлигии то соли 1991 додашуда беш аз 3 баробар зиёд мебошад. Дар натиҷаи тадбирҳои андешидаи Ҳукумати кишвар маҷмӯи маҳсулоти вилоят дар соли 2024 ба 1,9 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба соли 2000-ум 58 баробар зиёд аст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд, ки нишондиҳандаҳои зикршуда гувоҳи равшани торафт баланд гардидани дороиҳо ва сатҳи некуаҳволии сокинони вилоят мебошанд. Гуфта шуд, ки Ҳукумати кишвар барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минбаъд низ ҳамаи имконияту воситаҳои мавҷударо сафарбар намуда, баҳри боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони он тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардонад. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рафти мулоқот оид ба тадбирҳои созандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри пешрафти тамоми бахшҳо, аз ҷумла соҳаи нақлиёт ва бунёди роҳу пулҳо дар ин самт, таъмини инфрасохтори зарурӣ, ташкили ҳаракати мунтазами мошинҳо, рафтуомади бемониаи мусофирон андешаронӣ намуданд. Сарвари давлат иброз доштанд, ки дар маҷмуъ, тайи даврони соҳибистиқлолӣ бо мақсади рушди иҷтимоиву иқтисодӣ, таҷдиду азнавсозии инфрасохтор ва беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии мардуми вилоят 38 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло корҳо дар доираи боз 16 лоиҳа бо арзиши умумии 5,5 миллиард сомонӣ идома доранд. Таъкид шуд, ки лоиҳаҳои зикршуда дар самти маорифу тандурустӣ, нақлиёту энергетика, таъмин намудани дастрасӣ ба хизматрасониҳои иҷтимоӣ, барқтаъминкунӣ, обёрӣ ва кишоварзӣ, идораи хавфи офатҳои табиӣ, паст кардани сатҳи камбизоатӣ, рушди маблағгузории хурд, мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ва дигар самтҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд. Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалигардонии корҳои ободониву бунёдкорӣ ба ифтихори ҷашни истиқлоли давлатиро яке аз ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва боз ҳам ободу зебо гардонидани шаҳру ноҳияҳои кишвар, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон маънидод намуданд. Зикр карда шуд, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 1021 иншоот ба маблағи як миллиард сомонӣ ба истифода дода шуд. Илова бар ин, дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба муносибати 35-солагии истиқлоли давлатӣ бунёду азнавсозии 1362 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки роҳбарони шаҳру ноҳияҳои вилоят, сокинони ватандӯст ва соҳибкорони бонангу номус дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои мутасаддӣ барои сари вақт сохта, ба истифода додани иншооти боқимонда тамоми имкониятҳои худро сафарбар месозанд. Президенти кишвар ҳамчунин вазъи соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла рушди боғпарварӣ, картошкапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ ва чорводориро дар вилоят таҳлил намуда, барои татбиқи барномаҳои давлатӣ ва истифодаи ҳамаи имкониятҳо дар назди роҳбарияти вилоят, шаҳру ноҳияҳои он ва вазоратҳои дахлдор вазифаҳои мушаххас гузоштанд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инчунин вазъи бахшҳои саноат, энергетика, соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф ва тандурустӣ, фаъолияти ҷавонону занон ва имкониятҳои рушди сайёҳиро дар вилоят, ки ҳамеша зери таваҷҷуҳи Ҳукумати кишвар қарор дорад, баррасӣ намуда, барои ислоҳи корҳо ва вусъати тадбирҳои созанда дастуру супоришҳои мушаххас доданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз иштироки фаъолони ҷомеа, аз ҷумла собиқадорони меҳнат онҳоро ба баланд бардоштани ҳисси ватандӯстию худшиносии насли оянда, ҷалби фарзандон ба азхудкунии илму ҳунар, омӯзиши технологияи компютерӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд. Сарвари давлат таъкид карданд, ки дар ин кори муҳим роҳбарону масъулони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳо ва фаъолон бояд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории бештар дошта бошанд. Президенти кишвар таъкид намуданд, ки “мо бояд барои пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, шомилшавии ҷавонон ба ҳаракату гурӯҳҳои ифротиву террористӣ ва риояи бечунучарои талаботи қонунҳо, яъне таъмини волоияти қонун тамоми имкониятҳои худро сафарбар созем”. Дар фароварди сухан Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ватандӯсту сарбаланд ва заҳматқарини Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон минбаъд низ, бо сарҷамъиву муттаҳидӣ дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлоламон ва Ватани аҷдодиамон саҳми арзишманд мегузоранд. |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.