Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Наҷиб Азизӣ: ДАР ШАРЪИ МО ХИЗМАТИ ХАЛҚ АЗ ФАРОИЗ АСТ...

Наҷиб Азизӣ: ДАР ШАРЪИ МО ХИЗМАТИ ХАЛҚ АЗ ФАРОИЗ АСТ...

3-04-2024, 14:28
Хабарро хонданд: 262 нафар
Назарҳо: 0
 Наҷиб Азизӣ: ДАР ШАРЪИ МО ХИЗМАТИ ХАЛҚ АЗ ФАРОИЗ АСТ...
60 сол боз ҷомеаи ҷаҳонӣ санаи 17-уми апрелро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии беморони гемофилия қайд менамояд.

-Тайи чанд соли охир таваҷҷуҳи ҷомеаи Тоҷикистон нисбат ба бемории гемофилия хеле зиёд шудааст ва дар арафаи Рӯзи умумиҷаҳонии гемофилия хостем ин мавзуъро пайгирӣ намоем. Аз ҳамин лиҳоз, мехостем андешаҳои Шуморо дар бораи ин беморӣ ва таърихи пайдоиши он ба хонандагони ҳафтаномаи “Минбари халқ” пешкаш намоем.
-Ташаккур барои таваҷҷуҳатон. Маврид ба зикр аст, ки воситаҳои ахбори оммаи ҷумҳурӣ тай қариб як даҳсолаи охир бемориеро чун гемофилия мавриди назар қарор дода, ҷомеаи Тоҷикистонро аз рӯзгори ин беморони ирсӣ огоҳ мекунанд.
Таърихи пайдоиши ин беморӣ бинобар ҳассосияти он, дурусттараш норасоии омилҳои (факторҳои) FVIII-FIX-и хун садсолаҳо боз мавриди таҳлилу омӯзиши олимони соҳаи тиб қарор гирифтааст.
Эҳтимол ин беморӣ тайи садсолаҳо вуҷуд дошт, вале бинобар набудани озмоишгоҳҳои махсусгардонидашудаи санҷиши хун асрҳо нафарони мубталои он чун “буттаи оташгирифта дар танҳоӣ сӯхтанд”. Тахминан 110 сол пеш писари охирин подшоҳи рус Николаи II - Алексей мубталои бемории гемофилияи “А” буд ва шоҳ бо ҳама дороию тавоноӣ наметавонист ба яккаписараш ёрӣ диҳад, чунки дар он замон илми тиб на дар он сатҳе қарор дошт, ки имрӯз ҳаст.
Танҳо баъд аз Ҷанги дуюми ҷаҳон аз миёнаҳои солҳои 50-ум ва аввалҳои 60-уми асри гузашта гемофилия ба таври бояду шояд аз ҷиҳати илмӣ мавриди назари табибон қарор гирифт.
Маҳз дар ҳамон солҳо нафарони мубталои ин беморӣ ва пайвандони онҳо дар атрофи ин маризӣ садо баланд карданд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ташкилотеро бо номи Федератсияи Умумиҷаҳонии Гемофилҳо (ФУГ) рӯйи саҳна овард, ки билохира, он ҳимояи ҳуқуқи беморони ирсии гемофилияро сараввал дар як давлат ва сипас, дар кулли мамлакатҳои ҷаҳон ба дӯш гирифт.
Маҳз бо дахолати Федератсияи Умумиҷаҳонии Гемофилҳо соли 1964 ҷомеаи ҷаҳонӣ 17-уми апрелро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии беморони гемофилия эълон кард, ки ҳамасола дар саросари ҷаҳон таҷлил карда мешавад.
Дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил намудани ин санаро наметавон ид гуфт. Онро беморон бо забони хеш ҳамчун санаи якдилӣ ва якдигарфаҳмӣ қайд мекунанд ва аз дарду доғи ҳамдигар бохабар шуда, роҳҳои ҳалли табобати бехатареро ҷӯё мешаванд.
Ба хотири ҳифзи ин намуди беморон аз бемориҳои сироятӣ, аз қабили ВНМО ва ҳама намуди гепотитҳо Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (СУТ) гузаштан ба табобати факториро тавсия медиҳад. Ҳадафи аслии ташкилоти мо низ гузаштан ба ҳамин намуди табобат аст.

- То ҷойе огоҳӣ ёфтем, ин намуди доруворӣ ниҳоят камёфт ва гаронарзиш аст, пас агар чунин аст, саволе ба миён меояд, ки ҳамаи инро чӣ тавр ва бо кадом роҳ дастрас мекунед?
- Модоме, ки ба арзиши доруворӣ аҳаммият додаед, пас, метавон гуфт, ки нисбат ба беморони ирсии гемофилия таваҷҷуҳи беандоза доред. Дар ҳақиқат, худи беморон имкони ин намуди дорувориро харидорӣ кардан надоранд. Дар саросари олам ин намуди беморон аз ҳисоби давлат ба таври ройгон табобат карда мешаванд.
Дар Тоҷикистон низ ин намуди беморонро тариқи зардоби хун (плазма) ва криопрепситат солҳост, ки ба таври ройгон табобат мекунанд, вале, чӣ хеле болотар қайд кардам, Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ бинобар сабабҳои дар боло зикршуда гузаштанро ба табобати факторӣ тавсия медиҳад.
Дар ин ҷода метавон дастгирии ташкилотеро бо номи Федератсияи Умумиҷаҳонии Гемофилҳо (ФУГ), ки имрӯзҳо 60 сола мешавад, мавриди назар қарор дод.
Федератсияи Умумиҷаҳонии Гемофилҳо ташкилотест, ки ҳамеша бо ҷомеаи башарӣ дар иртиботи наздик қарор дорад ва он тариқи китобу маҷаллаҳо ва радиову телевизион ин бемории ирсиро таблиғ менамояд ва аз давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ барои табобати ин намуди беморон ёрии моддӣ талаб мекунад.
Аз ҳамин лиҳоз, ҳамаи он давлат ва созмонҳое, ки имкон доранд, инчунин, шахсони саховатманд (ёдрас мешавам чунин нафарон дар саросари дунё хеле зиёданд) ба суратҳисоби Федератсияи Умумиҷаҳонии Гемофилҳо маблағи муайянеро ирсол менамоянд.
ФУГ аз ҳисоби маблағҳои ҷамъшуда ба беҳтарин корхонаҳои дорусозии ҷаҳон шартнома баста, истеҳсоли доруҳои зиддигемофилиро фармоиш медиҳад ва онро ба таври ройгон ҳамчун ёрии башардӯстона ва чун кумаки иловагӣ ба минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, ки то ҳанӯз давлат бинобар гаронарзиш будан, харидории онро ба роҳ намондааст, мефиристад.
Як талаботи ФУГ он аст, ки давлатҳо худашон бояд маводҳои зидди гемофилиро харидорӣ намоянд ва дар сурати иҷро нашудани ин талабот ФУГ фиристодани ёрии башардӯстонаро ба чунин давлатҳо қатъ менамояд. Ин намуди доруворӣ дар тамоми ҷаҳон ба ҳар сари аҳолӣ аз рӯйи вояи байналмилалӣ (МЕ) харидорӣ мешавад. Харидории онро мамлакатҳои ҷаҳон аз рӯйи қудрату тавоноии хеш чунин ба роҳ мондаанд: Аз ҷумла Швейтсария 11МЕ, Фаронса 10МЕ, Россия 8МЕ, Қазоқистон 5МЕ, Узбекистон ва Кирғизистон мутаносибан 3 ва 2,5МЕ.
Албатта, ҳамаи ин аз мадди назари донорҳо дур намемонад ва ФУГ аз натиҷаи кори хеш, чӣ дар самти таблиғи давлатҳо барои хариди доруворӣ ва чӣ аз рӯйи хариди доруворӣ барои кумаки башардӯстона ҳар ду сол пас ба Ассамблеяи генералӣ, ки бо навбат дар мамлакатҳои донор баргузор мегардад, ҳисобот медиҳад.
Бояд гуфт, ки ФУГ дар 7 кишвари тараққикардаи олам пойгоҳҳои доимамалкунандаи хешро дорад ва маҳз ҳамин 7 давлат бо навбат ҳар ду сол баъд макони баргузории Ассамблеяи генералии он мегардад. Имсол Ассамблеяи генералии ФУГ дар шаҳри Мадриди Испания баргузор мегардад.

- Ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои ҷумҳурии мо дар ин самт кадом корҳоро анҷом медиҳад?
-Аслан мо пуле ҳастем байни беморони ирсии гемофилияи дар мамлакат иқоматкунанда ва бародарони ҳамхуни хеш (беморони гемофилия) дар саросари ҷаҳон.
Бояд зикр намоям, ки аз соли 2018 ташкилоти ҷамъиятии гемофилҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои ФУГ ва ЕКГ (Консорсиуми Аврупоии Гемофилҳо) мебошад, ки ин худ як нишонае дар ҳамкориҳои тарафайн аст. Ҳамчунин, мо бо ташкилотҳои беморони гемофилияи Россия, Қазоқистон, Узбекистон, Қирғизистон, Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар муносибати дӯстона қарор дорем ва бояд гуфт, ки ҳамаи ин натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст.
Тайи ин солҳо менеҷерҳои Федератсияи Умумиҷаҳонии Гемофилҳо дар Аврупо, Кавқози Шимолӣ ва Осиёи Марказӣ - Юлиан Тсолов, Карине Качарян ва коршинос-ташхисгари ФУГ, Президенти ташкилоти Умумироссиягии гемофилҳо Юрий Жулёв борҳо ба Тоҷикистон ташриф оварда, бо кор ва фаъолияти ташкилот шинос шуда, бо иштироки табибони сатҳи ҷаҳонӣ, чун доктори илми тиб, табиб-ортопед Владимир Зоренко, доктори илми тиб, табиб-гемотолог Надежда Зазуля, табиб-ташхисгари озмоишгоҳи тиббӣ Алексей Суренков, табиб-педиатр, мудири шуъбаи гемотологи Беморхонаи бачагонаи шаҳри Москва Инна Лаврентева, бо шахсиятҳои аввали Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли ҷумҳурӣ вохӯрда, зарурияти ба табобати факторӣ гузаштанро аз нигоҳи илмӣ собит намуданд. Натиҷаи ҳамаи ин мулоқотҳо ба он оварда расонд, ки Ҳукумати мамлакат ба буҷаи соли 2023 барои хариди факторҳои FVIII ва IX-и хун ба маблағи 1000000 сомонӣ ҷудо кард ва дар асоси тендери эълоннамудаи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ бори аввал чунин намуди доруворӣ харидорӣ карда шуд ва дар назар аст, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамасола ҷудо намудани маблағро дар ин самт бештару бештар менамояд.
Лозим ба ёдоварист, ки дар арафаи ҷашни Наврӯзи имсола Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ дар ошёнаи сеюми бинои 6-уми Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии Ҷумҳурии Тоҷикистон - “Шифобахш” барои беморони гемофилия озмоишгоҳи замонавӣ кушод, ки таҳҷизоташ маҳсули корхонаи “РОШ” аст. Корхонаи мазкур дар миқёси ҷаҳон хеле шинохта аст ва умед бар он мебандем, ки табибони мо дигар дар таҳқиқи хуни беморони гемофилия азият намекашанд.
Тайи ин солҳо бо дархости муовини аввали вазир Ғафур Муҳсинзода бо мутахассисони соҳаи гемотологияи ҷумҳурӣ чанд маротиба курсҳои омӯзишӣ доир карданд.
Маҳз бо талабу дархости ӯ чанд тан аз мутахассисони соҳаи гемотологияро мо барои таҷриба андӯхтан ба беморхонаҳои шаҳрҳои Москва ва Санкт-Петербург фиристодем ва онҳо тайи ду ҳафта бо кору фаъолияти ҳампешагони хеш шинос шуданд. Инчунин, бо дастгирии ФУГ чанд нафар табибонро барои иштирок дар симпозиумҳо ба шаҳрҳои Глазго, Алмаато, Тошканд ва Бишкек фиристодем, ки ҳамаи ин таҷрибаандӯзӣ як таконе шуд дар самти ташхис ва табобати беморон.
Маврид ба зикр аст, ки замоне табибони мо ягон амали ҷарроҳиро дар ин самт анҷом намедоданд. Ҳатто кандани дандони нафари бемории гемофилиябударо ягон кас ба дӯш намегирифт ва ҳамаи инро сабаб набудани дору ё худ маводҳои зидди гемофилӣ буд ва чун мо онро бо роҳҳои гуманитарӣ пайдо намудем ва акнун онро давлат ҳам харидорӣ намуда истодааст, ки ин ҳама чун як афсона боқӣ мемонад.
Тайи ду-се соли охир табибони мо чандин амалҳои сабуки ҷарроҳӣ, аз қабили хатнаи кӯдакон, кандани дандон, ҷарроҳии шадиди узвҳои дарунӣ, чун аппендитсит ва эхинококки ҷигар ва нештар задани буғуми зонуҳоро анҷом доданд ва ҳамаи ин амалҳо танҳо баъд аз тайёр намудани ҷисми бемор амалӣ карда мешавад.
Дар нимаи дуюми моҳи декабри соли 2023 бори аввал ба Тоҷикистон мудири кулли бемориҳои гемофилии Эрон оғои Алиакбари Чӯпон ва табиб-гемотологи саратоншиноси бачагона оғои Муҳаммад Фаронӯш сафари корӣ анҷом доданд ва ин сафар як пуле дар муносибатҳои минбаъдаи ду ташкилоти кишварҳои ҳамзабону ҳамфарҳанг хоҳад шуд.

- Дар бораи муносибатҳои тарафайн бо ЕКГ (Консортсиуми Аврупоии Гемофилҳо) чанд сухан мегуфтед.
- Тай чанд сол бинобар сабаби паҳншавии бемории КОВИД мо бо ЕКГ дар иртиботи онлайнӣ қарор доштем ва бори аввал моҳи октябри соли 2023 бо даъвати ЕКГ ман дар симпозиуми ЕКГ дар шаҳри Загреби Хорватия иштирок ва суханронӣ кардам.
Имсол ҳам ба конфронси ин ташкилоти аврупоӣ, ки дар Брюссел баргузор мегардад, даъват шудаам, вале то кунун розигии хешро барои иштирок надодаам.
Ҳарчанд ЕКГ чун Федератсияи Умумиҷаҳонии Гемофилҳо имкони фиристодани кумаки башардӯстонаро дар шакли доруворӣ надорад, вале имкони мубодилаи афкор (таҷрибаомӯзӣ) барои мутахассисони соҳаи гемотологияро дорад ва мо сари ин масъала мубодилаи афкор намуда истодаем. Умуман, ҳама гуна садо акси хешро дорад ва гумон мекунам, ки талошҳои мо низ дар ин самт баръабас нахоҳанд рафт.

-Хонандаи закӣ, албатта, хоҳад пурсид, ки тайи солҳои ҳамкорӣ аз тарафи созмонҳои байналмилалӣ барои беморон чӣ гуна дастгириҳо шуданд ?
- Ҳаминро нуктаро баён доштаниам, ки ҳайати кории ташкилот ҳамагӣ чанд нафар аст, ки дар шумор баробар ба ангуштони як даст ва ҳар кадоми онҳо ҷойи кори асосӣ доранд ва фаъолият дар ташкилотро ҳамчун пешаи хайриявӣ қарор додаанд.
Маҳз бо талошу дастгирии ҳамин чанд нафар мо мувозинатро дар муносибат бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳам бо сохторҳои ба ин кор алоқаманди ҷумҳурӣ нигоҳ медорем. Дурусттараш, бо номаҳои расмӣ ба ҳамаи ин ташкилотҳо оид ба омӯзиши мутахассисон, беҳтар намудани шакли ташхису табобати ин гурӯҳи осебпазири ҷомеа муроҷиат карда, ба дархосту талаби онҳо ҷавобҳои расмӣ медиҳем. Тайи ин солҳо ФУГ дар асоси талабу дархости мо 13 маротиба ба Тоҷикистон дар шакли доруворӣ ёрии башардӯстона фиристод. Ин ҳама як марҳилаи душворест, ки роҳу равиши онро танҳо нафароне медонанд, ки бо маводҳои гуманитарӣ боре сару кор гирифтаанд.
Мо низ ҳамеша кӯшиш ба харҷ медиҳем, ки ҷомеаи кишвар нисбат ба чунин намуди беморон таваҷҷуҳ зоҳир намоянд ва онҳоро дар кадом шакле, ки набошад, дастгирӣ кунанд ва шукр, ки дар мо низ чунин нафарони саховатпеша ҳастанд ва дар ҷашну маъракаҳо барои беморон дастурхони идона меороянд ва ба хурдсолон туҳфаҳо ҳадя мекунанд. Ҳамаи ин як нишонае аз меҳрубонӣ ва адлу инсоф аст, ки онро дар хуни ҳар як ҳамватан дида метавонем. Дуо мекунам, ки ҳеҷ гоҳ инсофро аз дили ҳамдиёронам дур насозад ва гуфтаниам, ки:
Дар шаръи мо хизмати халқ аз фароиз аст,
Инсоф тоатест, ки кам аз намоз нест.

-Донистан мехоҳем, ки тайи 60 сол ҷомеаи ҷаҳонӣ ин санаро чӣ гуна таҷлил мекард ва дар кишвари мо онро чӣ тавр қайд мекунанд?
-Албатта, 60 сол барои таърих як фосилаи кутоҳест, вале ин баробари зиндагиномаи як насл аст. Ин ҳамон фосилаест, ки аҳли башар аз нигоҳи илмӣ нисбат ба ин бемории ирсӣ таваҷҷуҳ зоҳир намудааст. Дар ин рӯз тариқи ҳамоиш ва конфронсияҳои илмӣ ҷомеаи ҷаҳонӣ роҳҳои ҳалли ташхису табобати ин бемории ирсиро мавриди назар қарор дода, чӣ бевосита ва чӣ ба воситаи ахбори омма, ба ҳамдиёрон ва ҳукумати кишварҳояшон аз мавҷудияти чунин як беморие бо номи гемофилия хабар дода, дастгирӣ ва табобати онро дар сатҳи баланд талаб мекунанд.
Бояд гуфт, ки маҳз дар ҳамин рӯз таваҷҷуҳи аҳли башар нисбат ба ин беморӣ дучанд мешавад. Дар ин рӯз тамоми кишварҳои пешрафтаи олам тариқи роликҳои таблиғотӣ дар бораи ин бемории ирсӣ навор пахш менамоянд, то мардум аз он огоҳии бештаре ёбанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ ба чунин намуди беморон ёрии аввалиндараҷа расонанд.
Чанд сол қабл Ҳукумати шаҳри Москва бо талаби рӯзноманигор Наталя Полешук нишони Ташкилоти умумироссиягии гемофилҳоро аз бурҷи телевизонии “Останкино” ки 330 метр баландӣ дорад, дар давоми як шабонарӯз пурра ба мадди назари сокинону меҳмонони пойтахти Россия гузошт, ки чунин амалро метавон дараҷаи олии таблиғи ин беморӣ дар васоити ахбори омма номид.
Мо низ ҳамасола ин санаро бо гузаронидани ҳамоишҳои илмию оммавӣ ва чорабиниҳои фарҳангӣ таҷлил мекунем.
Соли гузашта чунин як ҳамоиши илмӣ-оммавӣ бо иштироки муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли ҷумҳурӣ Шодихон Ҷамшед таҳти шиори “Ки ба рӯйи ноумеде дари баста боз кардан” дар Китобхонаи миллӣ доир карда шуд.

-Барои суҳбат ташаккур.
Мусоҳиб Алӣ ҶӮРА














Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: