Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » НАЗАРЕ БА ДАСТОВАРДҲОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

НАЗАРЕ БА ДАСТОВАРДҲОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

14-12-2023, 09:30
Хабарро хонданд: 260 нафар
Назарҳо: 0
НАЗАРЕ БА ДАСТОВАРДҲОИ ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶИИ ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бонуфузтарин маркази таълимию илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, дастпарварони ин боргоҳи илму маърифат дар пешрафти давлати мустақили Тоҷикистон, рушду равнақи соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва илмиву фарҳангии кишвар саҳми арзанда мегузоранд.
Рушду тавсеаи нуфузи донишгоҳ, пеш аз ҳама, аз сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Махсусан, дар меҳвари барномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, ки Сарвари он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, масъалаи илму маориф қарор дорад.
Бо мақсади дар амал татбиқ намудани Барнома ва Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти илму маориф дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” фаъолият менамояд.
Ҷиҳати амалӣ гардидани ин самти Барномаи ҳизб, ки аз сиёсати маорифпарваронаи Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд, донишгоҳ дар самти ислоҳ ва такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани маърифат, худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияи мутахассисони донишманд мақому манзалати хоса дар кишвар ва берун аз он дорад.
Дар маҷмуъ, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дорои 19 факултет, 125 кафедра, 135 ихтисос, Институти илмию таҳқиқотӣ, Литсейи равияҳои табиию риёзӣ, китобхонаи илмӣ ва электронӣ, Донишкадаи такмили ихтисоси омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии назди донишгоҳ, Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсий, озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ ва таҳқиқотӣ, марказҳои интернетӣ, синфхонаҳои компютерӣ, ҳуҷраҳои лингофонӣ, зиёда аз 10 маркази хизматрасонии таълимӣ ва илмию таҳқиқотӣ, 3 пойгоҳи таҷрибавӣ, бунгоҳи тиббӣ, маҷмааи варзишӣ ва майдонҳои варзишӣ мебошад.
Донишгоҳ барои донишҷӯён, магистрантон ва докторантони ватанию хориҷӣ беҳтарин хобгоҳҳои муҷаҳҳаз бо таҷҳизоти муосир дорад.
Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” аз лиҳози сохтору таркиб 25 ташкилоти ибтидоиро фаро мегирад, ки онҳо дар заминаи факултетҳо ва зерсохторҳои донишгоҳ таъсис дода шудаанд.
18 ташкилот дар заминаи факултетҳо ва 7 ташкилот дар заминаи раёсат ва дигар сохторҳои донишгоҳ фаъолият доранд.

Имрӯз донишгоҳ беш аз 2 ҳазору 500 нафар устоду корманд ва наздик ба 23 ҳазор нафар донишҷӯро муттаҳид карда, тамоми шароити заруриро барои таълим фароҳам сохтааст. Аз ин шумора 1278 нафар корманду омӯзгор ва 768 нафар донишҷӯ, магистр ва докторанти Рh.D аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошанд.
Дар донишгоҳ аз рӯйи 135 ихтисос дар зинаҳои гуногуни таҳсилот (бакалавр, магистратура ва доктор Рh.D) мутахассисон омода гардида, таҳсил дар гурӯҳҳои таълимии донишгоҳ бо се забон: тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ба роҳ монда шудааст.
Имрӯз дар тамоми факултетҳои донишгоҳ таҳсили донишҷӯён дар гурӯҳҳои русӣ ба роҳ монда шуда, гурӯҳҳои англисӣ бошанд, дар ихтисосҳои молия ва қарз, иқтисодиёти ҷаҳонӣ, ҳуқуқшиносӣ, муносибатҳои байналхалқӣ, биология, физика ва химия амал мекунанд.
Маврид ба ёдоварии махсус аст, ки яке аз самтҳои муҳими барномаи ҲХДТ рушди низоми таҳсилот, махсусан макотиби олӣ аст.
Дар партави дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тадбирҳои муҳимро роҳандозӣ намуд.
Бо ин мақсад донишгоҳ соли 2021 аз Агентии байналмилалии сифати таҳсилоти олӣ ва касбӣ дар Эстония (EKKA) ва соли 2023 дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба 10 ихтисоси муҳиму зарурӣ барои иқтисодиёти кишвар, аз ҷумла ихтисосҳои кори табобатӣ, кори тиббию ташхисӣ, дорусозӣ, математика, физика, кимиё, биология, муносибатҳои байналхалқӣ, ҳуқуқшиносӣ, молия ва қарзро аз аккредитатсияи байналмилалии барномавӣ гузаронида, ҳар як ихтисос аз ҷониби Агентии байналмилалии аккредитатсионии Ҷумҳурии Қазоқистон (НААР) бо сертификати байналмилалӣ ба муҳлатҳои гуногун сарфароз гардонида шуданд.
Мавриди зикр аст, ки Донишгоҳи миллии Тоҷикистон тайи солҳои охир нодиртарин дастовардҳоро соҳиб гардида, барои аҳли илму маорифи мамлакат санаҳои гуногуни таърихиро эҷод намудааст.
Аз ҷумла, санаи 13-уми марти соли 2023 бо иштироки Пешвои миллат, Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Литсейи равияи табиию риёзӣ ва санаи 31-уми августи соли ҷорӣ Маҷмааи муосири варзишии донишгоҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд.
Бинои нави замонавии Литсей аз чор ошёна иборат буда, барои 1280 нафар хонанда пешбинӣ гардида, дорои 47 синфхонаи замонавию барҳаво, аз ҷумла 10 синфхона барои синфҳои таҳсилоти ибтидоӣ мебошад, ки барои таълиму тарбияи хонандагон синфхонаҳо бо тамоми аёниятҳои дарсӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд.
Ҳамчунин, дар бинои мазкур 10 синфхонаи алоҳидаи фаннӣ барои омӯзиши фанҳои химия, физика, биология, математика ва геометрия ташкил гардида, барои гузаронидани таҷрибаву озмоишҳо имконияти мусоид фароҳам оварда шудааст.
Бинобар сабаби маҳдуд будани имкониятҳо дар бинои қаблӣ, дар Литсей ҳамагӣ 311 нафар ба донишомӯзӣ фаро гирифта шуда буд ва толибилмон танҳо аз синфи 5 то 11 дар ин муассиса дарс меомӯхтанд.
Бо бунёди бинои нав имкон пайдо гардид, ки минбаъд хонандагон аз синфи 1 то 11 қабул гардида, дар шароити мувофиқ ба таълиму тарбия фаро гирифта шаванд.
Бунёди бинои нави Литсейи равияи табиию риёзӣ аз ҷумлаи тадбирҳои вобаста ба татбиқи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф”, ки масъалаи меҳварии барномаи ҲХДТ дар робита ба маориф мебошад, маҳсуб гардида, ба ин васила, дар Литсей барои азбаркунии ҳамаҷонибаи илмҳои табиию риёзӣ имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шуд.
Иншоот бо санъати баланд бунёд гардида, дорои роҳравҳои барҳаво ва ороишоти зебову муосир мебошад. Таъмини гармӣ дар бино тариқи дегхонаи алоҳида роҳандозӣ гардидааст.
Дар доираи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон яке аз дастовардҳои таърихии донишгоҳ дар соли ҷорӣ ин ба даст овардани Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст” мебошад, ки он насиби донишҷӯйи курси 3-юми факултети ҳуқуқшиносии донишгоҳ Шукрона Тоҳирӣ гардид.
Ҳамзамон, сазовори Шоҳҷоизаи озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат” гардидани донишҷӯйи курси 4-уми факултети таърих Шоира Давлатзода мебошад.
Илова бар ин, рӯзҳои 14-17-уми ноябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи давлатии Туркманистон ба номи Махтумқулӣ олимпиадаи II байналмилалии интернетӣ аз фанни химия баргузор гардид. Дар олимпиадаи мазкур 5 нафар донишҷӯёни факултети химияи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар баробари 540 донишҷӯ аз 76 муассисаи таҳсилоти олӣ, аз 23 кишвари хориҷӣ, аз қабили Федератсияи Русия, Қазоқистон, Озарбойҷон, Узбекистон, Беларус, Туркия, Покистон, Қирғизистон, Арманистон, Словакия, Чехия, Кореяи Ҷанубӣ, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Венгрия, Дания, Британияи Кабир, Шри-Ланка, Аморати Муттаҳидаи Араб, Олмон, Австрия ва Япония иштирок намуда, 3 нафари онҳо - Азизбек Мирраҳимов-донишҷӯи курси 4-уми факултети химия сазовори ҷойи 2-юм, Амир Назарзода-донишҷӯи курси 4-уми факултети химия сазовори ҷойи 3-юм, Муҳаммадҷон Бобохонов-донишҷӯи курси 4-уми факултети химияи донишгоҳ сазовори ҷойи 3-юм гардиданд.
Боиси сарфарозист, ки рӯз то рӯз мавқеи донишгоҳ дар арсаи байналмилалӣ афзоиш меёбад.
Тибқи дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати гузаштан аз аккредитатсияи байналмилалӣ ва иштирок дар рейтингҳои минтақавӣ, донишгоҳи пешқадами Тоҷикистон - Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мунтазам дар низоми гуногуни рейтинги байналмилалӣ иштирок мекунад.
Ин навбат Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар раддабандии “Рейтинги донишгоҳҳои Агентии мустақили аккредитатсия ва рейтинг (IAAR) (IAAR-EUR)-2023” (IAAR University Ranking (IAAR-EUR)-2023) ба панҷгонаи беҳтарин дохил шуда, дар байни беҳтарин донишгоҳҳои минтақа мавқеи пешсаф - мақоми 4-умро ишғол намуд.
Ҳамчунин, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон барандаи ҷоизаи “Ситораи сифат”-и (IAAR EUR star Quality) Агентии мазкур гардид.
Воқеан дигари фараҳбахш тавассути дастгирии бевоситаи Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён баъд аз таъмири пурра баровардан ва азнавсозӣ кардани хобгоҳи №1 ба хонаҳои истиқоматӣ табдил додану ба 39 нафар омӯзгорону кормандони ҷавони донишгоҳ додани он буд.
Ҳамзамон, бинои нави Донишкадаи таълимию фарҳангии Конфутсийи назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар вазъияти тантанавӣ ба истифода дода шуд, ки ин беҳтарин имконият барои омӯзиши забону фарҳанги чинӣ мебошад.
Дар доираи барномаи ҲХДТ ва сиёсати иҷтимоии Сарвари муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин маротибаи дуюм аст, ки ба ҳамин теъдод манзилҳои хизматӣ ба омӯзгорони ҷавон, ки воқеан, ба манзили истиқоматӣ эҳтиёҷманд буданд, супурда мешавад, ки ин иқдоми наҷиби раёсати донишгоҳ аз ҷониби ҳайати омӯзгорону кормандон ва дигар қишрҳои ҷомеа ҳамовозии зиёд пайдо кард.
Яке аз дастовардҳои дигари донишгоҳ, баъд аз мавриди истифода қарор додани хобгоҳи №7-и донишгоҳ ҳамчун манзили истиқоматии хизматӣ ба омӯзгорону кормандон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар фазои тантанавӣ ифтитоҳ гардидани телевизиони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар пояи факултети журналистика мебошад.
Студияи таълимии телевизионӣ бо дастгирии раёсати донишгоҳ ва Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, барои омода намудани кадрҳо ва чеҳраҳои нави телевизион саҳми худро хоҳад гузошт.
Студияи таълимии телевизиони донишгоҳ бо техникаву таҷҳизоти наву замонавӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, он имкон медиҳад, ки модулҳои нави зарурии таълимӣ дар асоси меъёрҳои муосир ба амалия нигаронидашуда ҷорӣ гарданд.
Дар соли 2023 дар донишгоҳ 79 чорабинии илмии сатҳи гуногун баргузор гардид, ки аз онҳо 17 конфронси байналмилалӣ, 41 конфронси ҷумҳуриявӣ, 10 семинари ҷумҳуриявӣ, 5 мизи гирди ҷумҳуриявӣ ва 6 конфронси донишгоҳӣ буданд.
Самти дигари барномаи ҲХДТ-ро баланд бардоштани суръати рушди илми ватанӣ ташкил медиҳад, ки дар ин раванд Донишгоҳи миллии Тоҷикистон фаъолияти самаранокро роҳандозӣ намудааст.
Дар пояи донишгоҳ 8 Шурои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Русия ва 18 Шурои диссертатсионии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд.
Дар соли ҷорӣ дар шуроҳои диссертатсионии русӣ 5 рисолаи докторӣ ва 32 рисолаи номзадӣ ва дар шуроҳои диссертатсионии ватанӣ 25 рисолаи докторӣ, 126 рисолаи номзадӣ ва 23 рисолаи доктор Ph.D дифоъ карда шуданд.
Яке аз самтҳои муҳими донишгоҳ ин равобити байналмилалӣ мебошад. Тибқи таҳлилҳои шашмоҳаи аввали соли ҷорӣ, дар донишгоҳ 284 нафар шаҳрвандони хориҷӣ дар зинаҳои таҳсилоти бакалавр, магистр, докторантони доктори фалсафа Ph.D ва шунавандаи маркази омӯзиши забонҳо ба таҳсил фаро гирифта шуданд, ки аз ин теъдод 225 нафарро донишҷӯёни зинаи таҳсилоти мутахассис ва бакалавриат ва 59 нафарро зинаи таҳсилоти магистратура, докторантура, унвонҷӯй ва шунаванда ташкил медиҳад.
Аз теъдоди умумии муҳассилин 159 нафар тариқи шартнома ва 125 нафар ба таври бурсия таҳсил менамояд.
Ба таҳсил дар донишгоҳ шаҳрвандони зиёда аз 10 давлат фаро гирифта шудаанд. Ҳамчунин, аз ин ҳисоб 15 нафар дар зинаи таҳсилоти магистратура, 16 нафар дар зинаи докторантураи Ph.D (доктори фалсафа), 1 нафар докторантураи анъанавӣ, 6 нафар унвонҷӯ ва 4 нафар муҳаққиқ-коромӯз мебошанд.
Ҳоло донишгоҳ бо 350 муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва марказҳои илмии хориҷӣ созишномаву шартномаҳои ҳамкориро амалӣ карда истодааст.
Аз ин шумора танҳо дар соли таҳсили 2022-2023 бо ҳамтоёни хориҷӣ 29 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расонида шудааст.
Яке аз рӯйдодҳои нодири таърихӣ дар самти равобити байналмилалӣ ин баргузории Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ бо ташаббуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар донишгоҳ мебошад, ки дар кори он наздик ба 40 созишномаҳои нави ҳамкорӣ миёни донишгоҳҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расиданд.
Зикр намудан зарур аст, ки рӯзҳои 13-14-уми сентябри соли ҷорӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар доираи панҷумин ҷаласаи машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ Форуми дуюми ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ доир гардид, ки дар он вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазири илм ва таҳсилоти олии Ҷумҳурии Қазоқистон, вазири маорифи Ҷумҳурии Туркманистон, муовини вазири маориф, илм ва инноватсияи Узбекистон, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Дар форум намояндагони 70 донишгоҳ ширкат намуданд, ки аз ин 35 нафар намояндагон аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Узбекистон ва Туркманистон буданд. Умед аст, ки баргузории ин форум бевосита дар рушди равобити кишварҳои минтақа дар соҳаи маориф ва илм саҳми назаррас хоҳад гузошт.
Дар самти бунёди иншооти гуногуни таълимию тарбиявӣ роҳбарияти донишгоҳ пайваста тадбирҳои зарури роҳандозӣ мекунад. Аз ҷумла, тибқи дастури Ҳукумати ҷумҳурӣ дар донишгоҳ бунёди Маркази тиббӣ оғоз гардидааст, ки бомаром идома дорад.
Ҳамзамон, дар партави дастуру супоришҳои Сарвари давлат ҷиҳати беҳтар гардонидани шароити илмию таълимии устодон пайваста тадбирҳои тоза андешида мешавад.
Масалан, дар соли ҷорӣ беш аз 30 марказу озмоишгоҳҳои илмию таълимӣ мавриди истифода қарор гирифтанд.
Озмоишгоҳи замонавии таълимии “Физикаи микроолам”, Озмоишгоҳи ташхиси клиникӣ, Озмоишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии “Пайвастҳои координатсионӣ”, Студияи телевизиони таълимии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ТТ ДМТ), Бонки таълими “Амонатбонк”, Маркази забони белорусӣ ва технологияи инноватсионӣ, Маркази сайёҳӣ, Озмоишгоҳи технологияҳои компютерӣ, Озмоишгоҳи таълимии молия ва суғурта, Маркази машваратии “Масъалаҳои гумрукӣ”, Маркази машваратии “Масъалаҳои андозбандӣ”, Маркази машваратии “Масъалаҳои сармоягузорӣ”, Маркази машваратии “Масъалаҳои бонкию қарзӣ”, Маркази назоратии видеоиву мушоҳидавӣ аз ҷумлаи онҳост.
Яке аз рӯйдодҳои таърихӣ ва хотирмон ин санаи 10-уми ноябри соли 2023 дар толори калони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баргузор шудани конфронси байналмилалии илмию амалии “Илм ва таҳсилот: тамоюлҳои рушд дар ҷомеаи иттилоотӣ» бахшида ба 75-умин солгарди таъсисёбии донишгоҳ бо иштироки меҳмонон аз дохил ва хориҷи кишвар мебошад.
Ҳамзамон, ба ин муносибат ва ба ифтихори 32-юмин солгарди Истиқлоли давлатӣ китоби “Ташрифоти Пешвои миллат ба ДМТ” аз ҷониби ректори донишгоҳ омода ва нашр гардид, ки дар он 16 ташрифи Сарвари давлат ба донишгоҳ инъикос шудааст.
Илова бар ин, бардошти устодону кормандони донишгоҳ аз сафар ба Неругоҳи барқи обии “Роғун” китоб таҳти унвони “Шаҳомати Роғун” омода, нашр ва дастраси омма гардид.
Самти дигари фаъолияти ташкилоту кумитаҳои ибтидоии ҳизбӣ иштироки фаъолона дар чорабиниҳои сиёсӣ мебошад.
Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш”, ки аксаран қишри зиёӣ ва ҷавонони фаъоли ҷомеаро мутаҳид кардааст, дар ин самт фаъолияти назаррас дорад. Аъзои Кумита дар ҳамаи чорабиниҳои сиёсиву фарҳангии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ширкати фаъол доранд.
Раёсат ва аҳли омӯзгорону кормандони ин боргоҳи илму маърифат дар оянда низ кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки баҳри татбиқи амалии сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, амру фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва татбиқи барномаю стандартҳои давлатии соҳаи маорифи кишвар ҷиҳати баланд бардоштани нуфузу эътибори донишгоҳ кӯшиш намоянд ва тавонанд дар пешрафту татбиқи сиёсати маорифпарваронаи Президенти мамлакат саҳмгузор бошанд.
Бо боварии комил метавон гуфт, ки дар оянда низ Кумитаи иҷроияи ибтидоии “Дониш” фаъолияти худро дар асоси санадҳои меъёрию ҳуқуқии амалкунанда, дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи Иҷроияи Марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, кумитаҳои иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Шоҳмансур ба роҳ монда, дар рушди устувори Ватани азизамон ва расидан ба зиндагии шоистаи мардуми кишвар саҳми босазои худро мегузорад.

Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА,
ректори ДМТ, профессор
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: