Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САМАРИ УМР ЗИ НЕКИСТ

САМАРИ УМР ЗИ НЕКИСТ

9-10-2023, 09:34
Хабарро хонданд: 395 нафар
Назарҳо: 0
Ба муносибати 32-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон


САМАРИ УМР ЗИ НЕКИСТБА ҶОЙИ ПЕШГУФТОР
Насли калонсол мағозаҳои пур аз молу маҳсулоти кооператсияи матлуботро дар деҳот хуб дар ёд доранд. Дар ин мағозаҳо аз тугмаю сӯзан сар карда, то орду равған, яъне маҳсулоти ниёзи мардум ба фурӯш гузошта мешуданд. Бо мақсади баровардани эҳтиёҷи мардуми деҳаҳои дурдасти кӯҳистон ва чӯпонон дар чарогоҳҳо мағозаҳои сайёр тавассути автомашинаҳо ташкил карда мешуданд, ки ҳар ҳафта як ё ду бор ба онҳо молу маҳсулоти рӯзғорро пешкаш мекарданд. Солҳои 1988-1990 дар таърихи кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ давраи авҷи тараққиёт ба ҳисоб мерафт. Ин соҳаи мардумӣ зиёда аз 73 дарсади аҳолии ҷумҳуриро бо молу мавод таъмин мекард. Онҳое, ки барои пешрафт ва рушди кооператсияи матлуботи тоҷик дар солҳои гуногун талош карданд, бахусус дар солҳои нооромии даврони Истиқлол ин соҳаи муҳимми хоҷагии халқи мамлакатро аз талаю тороҷ ва нестӣ нигоҳ доштанду пойдорию рушди онро таъмин кардаанд, бешак, фидоиёни ин соҳаи мардумӣ мебошанд. Корманди шоистаи Тоҷикистон, намояндаи мардумӣ дар Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (даъватҳои ХI-XII) Ятим Мирзоевро, ки ду давра (солҳои 1987-1993 ва 1997-2005), дар маҷмуъ, 15 сол раисии раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-ро ба уҳда дошт, аз ҷумлаи фидоии соҳа ном мебаранд ва дар ин матлаб мехоҳем ба фаъолияти кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ дар замони роҳбарии ӯ рӯшанӣ андозем.

РАВЗАНА


Чандест, ки суҳбати ӯ ғарқи андешаам кардааст. Хирмани ёдҳоямро бод мекунам, симои ин мард, ки пайванди нур аст, пеши назар меояд. Ин пагоҳӣ ниёиш кардам, ки «Худоё, қувватам деҳ, то дар тасвири ин чеҳра болои коғази сафед оҷиз набошам».
Хаёл мекунам, андешаи чанд шахсияти шинохта равзанаест бароям андар шинохти Ятим Мирзоев.
Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор аз даврони кӯдакӣ ёдовар мешавад: «Ману Ятим тарбиятдидаи интернати давлатии ноҳияи Комсомолободем. Дар синфҳои болову поён таҳсил мекардем. Дегу табақамон як буд. Барои ҳамаи мо «бачаҳои интернатӣ» будем, бачаҳои аз оғӯши гарми волидайн бенасиб, аз бӯйи нони гарми хонаи падар бебаҳра…»
«Ӯ талхии бодаи ятимиро дар кӯдакӣ чашида, бори гарони рӯзгорро кашида, аз олами сағирӣ ба дунёи кабирӣ ва аз вартаи дасткӯтоҳию муҳтоҷӣ ба паҳнои мададрасонию дастгирӣ расидааст»,-нигоштааст Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб.
Собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Акбар Мирзоев ӯро ин тавр муаррифӣ мекунад: «Шахсе, ки бо Ятим Мирзоев каме ҳам шинос бошад, хуб медонад, ки ин кас марди хоксор, марди дар ҳақиқат зиёӣ, марди донишманд ва дорои бисёр хислатҳои хуби инсонӣ аз як тараф ва аз тарафи дигар, рафиқи меҳрубон, падари ғамхор, ватандӯсту баномус ва доимо дар вазифаҳои пурмаҳсул барои Ватану халқи маҳбубаш содиқона хизмат кардааст.
Соли 1992 ман Раиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон будам, Ятим Мирзоев вазифаи раиси Иттифоқи «Тоҷикматлубот»-ро ба уҳда дошт. Он рӯзҳои пурдаҳшат аксари аъзои Ҳукумат ва дигар роҳбарон пойтахт ва ҳатто ҷумҳуриро тарк карда буданд. Агар одӣ карда бигӯем, ҳамаро ба ҳоли худ монда, фиор карданд. Дар ҳамин ҳолат бо ман се нафар ба воситаи телефон ба алоқа мебаромаданд, ки яке аз онҳо Ятим Мирзоев буд…»
Дар шинохти собиқ Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Давлаталӣ Ҳотамов эҳсоси меҳрро дарк мекунам: «Ятим Нурович нафарест, ки дар вуҷудаш олам бо ҳама пастию баландӣ ва гармию сардӣ, бо ҳама ҳамаҳояш меғунҷад ва нафари бо ин вуҷуд шинос аз дӯстию рафоқат ба ӯ танҳо оромиш мебинад ва ғизо мегирад. Ҷаҳони ботинаш моломоли одамгарӣ, садоқат ва меҳр аст.»
Абдуҷаббор Зардиев - собиқ раиси вилояти Кӯлоб ӯро чунин тавсиф кардааст: «Ятим Мирзоев одами дилсӯзу меҳрубон, хоксору заҳматдӯст, ғамхору ятимпарвар ва дорои сифатҳои баланди инсонӣ мебошад. Як зарра гарди маҳалгароиву маҳалпарастиро дар вуҷуди он кас пайдо кардан мумкин нест».
Устоди даврони донишгоҳиам, доктори илмҳои филологӣ Сулаймон Анварӣ аз камоли ҳамнишиниаш бо ӯ меболад: «Дар ҳар нишасте дар симои ӯ як инсони бофарҳангу пуртаҳаммул ва мудаббирро дармеёбам ва чунин мепиндорам, ки бо таҳсилдидаи риштаи фалсафаву ҳикмат дар суҳбат будам. Бо як сухан, ҳамнишинӣ бо дӯсти гиромӣ Мирзоев Ятим Нурович ҳамеша роҳатбахш ва хотирмон ба поён мерасад…»
Вале суҳбати ду роҳгузар дар кӯча пас аз салому алейк бо Ятим Мирзоев маро барои навиштани ин матлаб бештар водор месозад: «Ин нафарест, ки дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ ба гурезагон нон тақсим мекард. Худованд гузаштаҳояшро раҳмат кунад.»…

АВРОҚИ УМР
Ятим Мирзоев 20-уми марти соли 1944 дар рустои Душохазамини ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) ба олами ҳастӣ чашм кушода, бо тарбия ва меҳру муҳаббати бародараш Абдусамад Мардонов ба пайроҳаи зиндагӣ қадам гузоштааст.
Баъд аз хатми мактаб-интернати давлатии чумҳуриявӣ барои кӯдакони оилаҳои камбизоату ятим таҳсилашро дар Техникуми кооперативии шаҳри Хуҷанд давом дода, соҳиби дипломи аълои ин боргоҳи илм мешавад. Пас аз он, бо роҳати Техникум дар Мактаби яксолаи кооперативии шаҳри Москва таҳсил мекунад. Солҳои 1965-1968 дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи зиддиҳавоии Шуравӣ дар Ҷумҳурии Эстония хизмати Модар-Ватанро ба ҷо овардааст. Фаъолияти меҳнатии ӯ баъд аз хизмати ҳарбӣ соли 1968 аз дастгоҳи идоравии раёсати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» ба сифати молшинос, муовини Раёсати савдо шуруъ шудааст. Баъдан роҳбарии филиали Москвагии Институти илмию навоварии соҳаи Сентросоюзи СССР (ЦИНОТУР)-ро ба ӯ бовар карданд.
- Соли 1977 дар 31-солагиам вазифаи раисии ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ҳисор (ҳоло шаҳр)-ро пешниҳод карданд, ки ноҳияи имрӯзаи Шаҳринав низ дар тобеияти он буд. Шиносоии мо бо котиби якуми ҳизбии ноҳия шодравон Уроқ Азимович Аловиддинов дар ҳузури ҷонишини раиси «Тоҷикматлубот» доир ба кадрҳо В.И. Аколзин сурат гирифт.
Ростӣ гап, аз ин вохӯрӣ Уроқ Азимович норозигӣ карда, гуфтанд, ки ноҳияи Ҳисор зиёда аз 160 ҳазор аҳолӣ дорад, оё мо дар ҳамин ҷо роҳбари ин ҷамъиятро пайдо карда наметавонем, ки шумо ин ҷавонро пешбарӣ карда истодаед?
Ман бошам ҷавонӣ карда, аз ҷоям хеста, гуфтам, ки «бекор нестам, 430 сӯм маош мегирам, мошини хизматӣ дорам. Аз ин паҳлуи кор бехабар будам. Вақте гуфтанд, ки бо ин масъала бо Кумитаи Марказӣ маслиҳат шудааст, назди Шумо омадам». Баъд аз ин хостам аз ҳуҷраи кории котиби якум берун шавам. Аммо Уроқ Азимович маро аз раъям гардонида ором намуд ва аз масъулияти баланди ин вазифа ибрози андеша кард. Хамин тавр, дар ноҳияи таҳти роҳбарии ӯ кор кардем. Вақт нишон дод, ки аз фаъолияти қариб дусолаи кориам котиби якум шод аст. Баъд аз он ки дар дигар зинаҳои роҳбарӣ фаъолиятам идома ёфт, мо эҳтироми ҳамдигарро бештар ба ҷо меовардем. Вале пайваста он кас таъкид мекарданд, ки “чашмикордониатро надониста, дар вохӯрии аввал туро каме ранҷондаам”,-ба ёд меорад Ятим Мирзоев аз он солҳо ва меафзояд: - Давоми фаъолияти дусолаам дар ноҳияи Ҳисор қад-қади шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода дар деҳоти Шуроб, Лангар, Афғонон, Навобод, гардиши шаҳракҳои Шаҳринав ва Чептура мағозаҳои замонавӣ («Сельунивермаг»), дар гардиши Шаҳринав тарабхона сохта, мавриди истифода қарор додем. Тамоми мағозаҳои мавҷуда то Чептура азнавсозӣ шуданд. Дар маркази ноҳия бозори нав, маркази савдо, мағозаҳои «Баҳодур», барои наварӯсон «Бахт», Маркази «Молҳои замонавии рӯзгор», ошхона, хобгоҳ ва қабулгоҳ, дар Қалъаи Ҳисор «Чойхона-тарабхона», мағозаҳои молҳои ниёзи аввали рӯзғор, масолеҳи сохтмонӣ ва сехи дузандагӣ сохта ба истифода дода шуданд.
Он солҳо дар ҷамъияти матлубот се бригадаи сохтмончиён фаъолият доштанд, ки нишондиҳандаҳои маблағи сохтмониро 3-4 маротиба аз нақша барзиёд иҷро мекарданд.
Пас аз як соли фаъолият дар ноҳия машварати умумисоҳавӣ таҳти унвони «Навовариҳо дар соҳаи савдо» бо иштироки роҳбарони ташкилоту ҷамъиятҳои савдои ноҳиявӣ, шаҳрӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ баргузор кардем, ки аз ҷониби иштирокчиён баҳои баланд гирифт. То ҳол ин гуна ҳамоишҳо асосан дар вилояти собиқ Ленинобод гузаронида мешуданд.
Шояд ин ва дигар омилҳо сабаб шуд, ки маро соли 1979 ба вазифаи инструктори шуъбаи савдо ва хизмати маишии Кумитаи Марказии Ҳизби коммунист тавсия намуданд.
Ман аз ҳамкорони худ дар ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ҳисор Маҳкам Набиев, Н.Розиқов, Алибой Бобоев, Сафаралӣ Усмонов, Бекмурод Уроқов, Мирзошариф Бобоҷонов ва дигарон ниҳоят сипосгузорам, ки бо машварати ҳамдигарӣ корҳои некро ба анҷом расонидаем. Ба фармудаи шоир:
Корвон мегузарад, роҳ ба ҷо мемонад,
Умри мо мегузарад, некии мо мемонад.

“КАСЕ КОР КАРДАН МЕХОҲАД...”
-Дар пештоқи маҷлисгоҳи «Тоҷикматлубот» дар гузашта чунин навишта насб шуда буд:
«Кто хочет работать, тот ищет методы,
Кто не хочет работать, тот ищет причины»,-суҳбатро идома медиҳад Ятим Нурович. Солҳои тӯлонӣ кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ягона соҳаи ҳоҷатбарори мардум дар деҳоти кишвар ба ҳисоб рафта, зиёда аз 70 дарсади аҳолиро бо маводи рӯзгор таъмин мекард. Бартараф намудани ҳама гуна ҳодисаҳои табиат (заминларза, сел ва ғайра) бо воситаи зарфиятҳои соҳаи «Тоҷикматлубот» сурат гирифта, ба ҳамин хотир дар анборҳои яклухт меъёри муайяни доимии масолеҳи сохтмонӣ, ғизоӣ ва ғайра мавҷуд буд.
Моҳи июли соли 1987 дар маҷлиси VI Шурои Иттифоқи “Тоҷикматлубот”, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, бо сабаби ба кори дигар гузаштан Арсланбек Ғозибеков аз вазифаи раиси Раёсати Иттифоқи “Тоҷикматлубот” озод ва бо пешниҳоди Кумитаи Марказии Ҳизби коммунист ва Ҳукумати Тоҷикистон, инчунин раёсати “Сентросоюз” Ятим Мирзоев ба ин вазифа интихоб шуд. Он вақт фаъолияти баъзе самтҳои кооператсияи матлубот дар баробари пешравӣ беҳбудиро талаб мекард. Раёсати нав дар машварат ва ҳамфикрӣ бо мутахассисон имкониятҳои мавҷударо ба инобат гирифта, лоиҳаи “Барномаи азнавсозии пурраи кори соҳаҳои савдо, хӯроки умумӣ, маҳсулоттайёркунӣ, коркард ва хоҷагиҳои ёрирасонро барои солҳои 1988-1990” омода ва ба Маҷлиси VII ғайринавбатии Шуро, ки 18-уми декабри ҳамон сол баргузор гардид, пешниҳод кард, ки он баъд аз баҳсу мунозираҳо пазируфта шуд. Бо ҳамин, бо шарофати иҷрои саривақтии Барнома ба маблағи 82 миллион сӯм захираҳои дохилии иловагии мол пайдо ва ба муомилот ҷалб карда шуд.
Зимистони соли 1989 ташвиши матлуботчиёнро зиёд кард Дар натиҷаи заминларзаи шадид дар деҳаи Шарора ва атрофи он садҳо нафар сокинон зери хок монда, қисми дигар аз наздикон аз манзили зист маҳрум шуданд.
Аз рӯзҳои аввали заминларза кормандони ҷамъияти матлуботи ноҳия ҳамдаму ҳамнафаси зарардидагон шуданд. Барои рафъи оқибатҳои офат раёсати “Тоҷикматлубот” барномаи фаврии мушаххас қабул кард. Зарардидагон бо ғизои гарм ва лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуданд. Дар ин кори хайр саҳми раиси ҷамъияти матлуботи ноҳия Бекмурод Уроқов ва муовини ӯ Мирзошариф Бобоҷонов чашмрас аст.
Он рӯзҳо бо хоҳиши сарвари раёсати “Тоҷикматлубот” Ятим Мирзоев ба ҷумҳурӣ бо мақсади шиносоӣ бо рафти рафъи оқибатҳои офат раиси “Сентросоюз” П.С.Федирко ташриф овард. Дар як муддати кӯтоҳ ба минтақаи зарардида 84 ҳазор дона шифер, қариб 3 ҳазор метри мукааб чӯбу тахта ва зиёда аз 500 тонна семент ворид гардид.
Дар наздиктарин фурсат дар ин ҷо 3 мағозаи масолеҳи сохтмонӣ ва 3 мағозаи молҳои талаботи ҳаррӯза сохта ба истифода дода шуданд. Дар ин кор аксар ташкилотҳои кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ ҷалб шуданд. Чунончи, бо ташаббуси раиси ҷамъияти матлуботи ноҳияи Рашт Муҳаммадҷон Давлатов дар деҳаи Шарора бинои нонвойхонаи ҳозиразамон бо иқтидори истеҳсоли 1000-1500 дона нон дар як шабонарӯз бунёд гардид. Ҳамзамон, дар ин ҷо биноҳои замонавии “Универсам” бо 650 метри савдо ва ошхона барои 100 ҷойи нишаст сохта шуданд.
Натиҷаи фаъолияти корӣ ҳар ҳафта дар ҷаласаи Ситоди корӣ бо сарварии Раиси Шурои Вазирони ҶШС Тоҷикистон шодравон Иззатулло Ҳаёев ва раиси ноҳия Ҷамолиддин Мансуров мавриди баррасӣ қарор мегирифт, ки дар бартараф намудани оқибатҳои заминларза хизмати онҳо фаромӯшнопазир аст.
АЗ ФАНО ТО ПЕШРАВӢ
Баъд аз соли 1991, вақте ки Тоҷикистон Истиқлоли давлатии худро эълон кард ва зиддиятҳо ҷумҳуриро ба ҷанги шаҳрвандӣ овард, дар қатори дигар соҳаҳо кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ - соҳаи ҳоҷатбарори мардум бештар зарар дид. Бахусус, дар водии Вахш бисёр корхонаҳои зертобеи «Тоҷикматлубот» валангор ва дороияшон ба яғмо рафта буданд.
Бо сабаби пош хӯрдани Иттиҳоди Шуравӣ фаъолияти «Сентросоюз» қатъ гардид. Кормандон ва аҳли ҷамоатчигии соҳа бовар доштанд, ки дар ҳаёти кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ ҳатман тағйироти куллӣ ба амал меояд.
Пас аз талошҳои зиёд ва омӯзиши қонунҳои мавҷуда 13 марти соли 1992 Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз муҳокима ва баҳсу мунозираҳои зиёд дар бораи фаъолияти минбаъдаи кооператсияи матлуботи Ҷумҳурии Тоҷикистон қонун қабул кард,
Бо вуҷуди мураккабии вазъи сиёсӣ ва мушкилоти азим раёсати «Тоҷикматлубот» истодагарӣ намуда, дар баробари рафъи зиддиятҳо тадбирҳо меандешид, то моликияти ин ташкилоти ҷамъиятӣ ҳифз карда шавад. Бо ин мақсад раёсат моҳи сентябри соли 1992 ба кормандони кооператсияи матлубот ва мардуми Тоҷикистон бо номи «Моликияти «Тоҷикматлубот» - моликияти халқ аст, онро аз ғоратгарон муҳофизат намоед!» муроҷиатнома қабул кард. ки он дар рӯзномаи “Коммунист Таджикистана” чоп шуд.
Муноқишаҳои дохилӣ боиси паст шудани фаъолияти соҳа ва сатҳи иҷтимоии кормандон мегашт. Талаю тороҷи молу маҳсулот бераҳмона давом мекард. Қариб 60 дарсади ҳаҷми муомилоти молӣ ба таври ғайринақдӣ, бе пешпардохт сурат мегирифт. Маблағи умумии қарзҳои дебиторӣ ба 70 миллион сӯм расид. Чунин вазъият ҳатто хавфи аз байн рафтани кооператсияи матлуботро ба миён оварда буд.
Оташи ҷанги шаҳрвандӣ торафт шиддат мегирифт. Бахусус, дар водии Вахш, ки ба харобазор табдил ёфта буд, 280 мағоза, 89 муассисаи хӯроки умумӣ, 19 анбор, 22 корхонаи нонпазӣ, 13 хоҷагии ёрирасон, 26 бинои маъмурӣ, дар маҷмуъ, 461 иншоот зарар дида, 127 адади он пурра хароб шуд.
Дар баробари ин, дар ин минтақа 388 автомашина ва 40 трактор ғорат шуданд. Ҳаҷми зарари кооператсияи матлуботи вилоят 1,6 миллиард сӯмро ташкил дод. Аз ин маблағ ба миқдори 592 миллион сӯм молу маҳсулот ва 260 миллион сӯм нақлиёт зарар диданд. Барои аз нав барқарор намудани муассисаҳои харобгашта 700 миллион сӯм зарур буд.
Бар асари задухӯрдҳо теъдоди зиёди кормандони соҳа тарки вазифа намуда, ба хориҷи ҷумҳурӣ кӯч мебастанд. Шумораи саҳмдорон 184,5 ҳазор нафар кам шуд. Фаъолияти соҳа, хусусан дар вилояти Хатлон фалаҷ гардида буд. Новобаста аз ин, барои дубора барқарор намудани фаъолияти кооператсияи матлубот дар ин минтақа тадбирҳо андешида мешуданд.
Дар ҳамон даврае, ки халқи тоҷик душвортарин ва фоҷеаноктарин рӯзҳои таърихии хешро аз сар мегузаронд, моҳи ноябри соли 1992 дар шаҳри Хуҷанд Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ баргузор гардид, ки муҳимтарин рӯйдоди сарнавиштсози таърихи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол дониста мешавад. Ятим Мирзоев низ қатори дигар вакилон дар ин иҷлосия ҳузур дошт. Интихоби муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси Раиси Шурои Олӣ тақдири ояндаи мамлакатро муайян кард.
Бо вуҷуди ин, вазъият дар ҷумҳурӣ, хусусан дар вилояти Хатлон ҳанӯз ҳам ноором буд. Хушбахтона, дар натиҷаи дастгирии бевоситаи Сарвари навинтихобгардидаи мамлакат ва андешидани тадбирҳои зарурӣ дар вилоят биноҳои муассисаҳои хизматрасони кооператсияи матлубот бо роҳи ҳашари умумисоҳавӣ пайдарпай таъмиру тармим гардида, ба фаъолият шуруъ намуданд.
Дар ин самт хизмати роҳбарони иттифоқу ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд, шаҳрҳои Ҳисору Ваҳдат, ноҳияҳои Варзобу Шаҳринав ва Рӯдакию Турсунзода арзанда аст. Бештари корҳо ба тариқи ҳашар амалӣ мешуданд. Дар фурсати кутоҳ имкон фароҳам омад, ки дар водии Вахш муассисаҳои савдо ва хӯроки умумӣ бо номҳои «Ҳисор», «Восеъ», «Хуҷанд», «Турсунзода», «Кӯлоб», «Ленин», «Шаҳринав», «Варзоб», «Кофарниҳон» ва монанди ин дари худро ба рӯи мардуми азобдида боз намоянд.
Ҳамсуҳбати ман лаҳзае ба фикр фурӯ меравад ва ин хотира ба ёдаш мерасад:
- Соли 1992, дар натиҷаи баста шудани роҳи Ваҳдат-Кӯлоб муддате чанд натавонистанд, ки ба минтақаи Кӯлоб маводи ғизоӣ фиристонанд ва ҳама гуна кӯшишу ҳаракатҳо натиҷа намебахшиданд. Роҳбарияти «Тоҷикматлубот» ба хулосае омад, ки бо воситаи роҳи Душанбе-Қӯрғонтеппа-Кӯлоб чор автомашинаро бо қанд ва маҳсулоти қаннодӣ ба суроғаи марзбонони Россия ба ноҳияи Москва (ҳоло Мир Саид Алии Ҳамадонӣ) бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда фиристонад.
Ронандагон огоҳ буданд, ки мавод дар асоси ҳуҷҷатҳои расмӣ бояд ба ихтиёри ситоди вилоятӣ расонида шавад. Мутаассифона, ду автомашина аз ҷониби силоҳбадастон дар ноҳияи Ғозималик ғорат гардида, дутои дигар бо мавод ба шаҳри Кӯлоб расид. Дар ҳама ҳолат роҳбар бояд дар фикри ҳалли мушкилот бошад.
Баъд аз кушода шудани роҳ тамоми меъёри маводи ғизоие, ки бояд вилояти Кӯлоб мегирифт, ба воситаи корвони махсус фиристода шуд.
Моҳи апрели соли 1993 роҳбарияти Иттифоқи “Тоҷикматлубот” иваз шуд. Ятим Мирзоев бошад, ҷонишини вазири иқтисод ва робитаҳои иқтисодии берунӣ таъин гардид. Мутаассифона, соҳаи «Тоҷикматлубот» аз нав дучори буҳрон шуд.
Бино ба таҳлили Анҷумани ХIII кооператсияи матлубот, ки моҳи декабри ҳамон сол баргузор гардид, ҳаҷми истеҳсоли нон дар давоми як сол 23 дарсад коҳиш ёфта, хариду захираи маҳсулоти кишоварзӣ дар 9 моҳи соли 1994 ҳамагӣ 12 фоиз иҷро шуд. Талаю тороҷи молу маҳсулот давом мекард.
Созишномаи умумии барқарории сулҳ ва ризоияти миллӣ 27-уми июни соли 1997 дар пойтахти Федератсияи Россия - шаҳри Москва ба таъмини ваҳдати миллӣ, таҳкими истиқлоли ҷумҳурӣ ва пешрафти иқтисодиёти Точикистон заминаи муносиб фароҳам овард. Аз ҷумла Ҳукумати мамлакат вазъияти ташвишовари кооператсияи матлуботро дида, барои дуруст ба роҳ мондани фаъолияти соҳа тадбирҳо андешид. Моҳи августи ҳамон сол маҷлиси Шурои «Тоҷикматлубот» дар шаҳри Душанбе раёсати куҳнаро пароканда намуда, раёсати навро таҳти роҳбарии Ятим Мирзоев интихоб кард. Акнун Иттифоқи «Тоҷикматлубот» бо иқдоми тоза ба оянда қадам мегузошт. Қабули консепсияи инкишофи савдо ва робитаҳои иқтисодии хориҷӣ барои се соли оянда имкон дод, ки ҳаҷми воридоти орд дар соли 1998 нисбат ба соли 1997 панҷ маротиба, ғалла бошад, 23 маротиба зиёд гардад.
Ҷиҳати рафъи оқибатҳои ҷанг тамоми ташкилотҳои соҳаи «Тоҷикматлубот» сафарбар шуда, бо истифода аз имкониятҳо дар давоми қариб як сол ба аҳолии вилояти Хатлон ба миқдори 117 ҳазор тонна орд, 3000 тонна ярма, 9300 тонна қанд, 170 ҳазор тонна чой, 1950 тонна равғани растанӣ ва 5 ҳазор тонна маҳсулоти қаннодиву макарон фиристода шуд.
Ба пешрафти фаъолияти соҳа қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои барқарор намудан ва инкишоф додани савдо, захира ва истеҳсоли системаи Тоҷикматлубот» аз 18 майи соли 1998 такони тоза бахшид. Бо вуҷуди он, ҳукуматҳои маҳаллӣ ба фаъолияти кооператсияи матлубот ғайриқонунӣ дахолат мекарданд. Бо дарназардошти ин, раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот» лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи дастгирии давлатии кооператсияи матлубот» бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ мутобиқ карда, ба Ҳукумати мамлакат пешниҳод кард. Ҳамин тавр, бо талошҳои зиёди раёсат 22-юми сентябри соли 2000 Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии кооператсияи истеъмолкунандагон» қарор қабул кард.
Акнун суръати муомилоти мол соли 1999 дар муқоиса бо соли 1997-ум 5 маротиба, ҳаҷми хизматрасонии пулакӣ ба аҳолӣ қариб 3 баробар, муомилоти тайёр кардани маҳсулот низ ба ҳамин миқдор афзуд. Ҳаҷми маблағи хизмати пулакӣ аз 1 миллион рубли соли 1995 ба 123 миллион рубл расид.
Хулоса, фаъолияти кооператсияи матлубот аз нав барқарор шуда, соҳа бо душворӣ фаъолияти муътадили худро таъмин кард. Ҳукумати ҷумҳурӣ низ аз натиҷаи фаъолияти соҳа изҳори қаноатмандӣ намуд.
Ба хотири истиқболи ҷашни 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб раёсати «Тоҷикматлубот» қарори махсус қабул кард. Дар муддати ду сол бозори марказии шаҳр аз нав таъмиру тармим гашта, дар паҳлуи он бозори нав, ки иборат аз 7 павилйони ҳар кадом дорои 100-150 ҷойи корӣ ва 59 мағозаи фурӯши мол буд, сохта ба истифода дода шуд. Дар натиҷа, наздики 2500 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шуданд. Ин буд, ки дар ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Точикистон дар шаҳри Кӯлоб фаъолияти кооператсияи матлубот аз ҷониби Сарвари давлат баҳои баланд гирифт.
Фаъолияти соҳа сол то сол беҳтар мешуд. Чунончи, соли 2004 ба буҷети давлат 4 миллион сомонӣ пардохт гардид. Шумораи умумии муассисаҳои савдо ба 3550 адад расид. Ҳаҷми яксолаи муомилоти мол 22 миллион сомониро ташкил медод. Дар ин муддат 3000 нафар бо ҷойи кор таъмин шуд.

НИШОНАЕ АЗ РӮЗҲОИ САХТ
- Замони ҷанги шаҳрвандӣ ҳолатҳое буданд, ки онро наметавон фаромӯш кард. Ҳарчанд ҷанги таҳмилӣ хомӯшшуда метофт, вале дар асл нафароне кам набуданд, ки ба оташи он равған мерехтанд. Бо ҳар роҳ мехостанд ба пешрафти давлати ҷавони соҳибистиқлол монеъ шаванд,-ба ёд меорад Ятим Мирзоев ва суҳбатро идома медиҳад: - Дар он рӯзҳои мудҳиш, ки идораи ҷумҳурӣ кори осон набуд, ҳолате рух дод, ки ихлосу эҳтироми маро ба Сарвари давлат даҳчанд кард.
Роҳбари мамлакат, Раиси Шурои Олии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон як бегоҳ тариқи телефон супориш доданд, ки “ҳамроҳи вазири савдо Ҳаким Солиев то қадри имкон нон дарёфт карда, дар зудтарин фурсат ба гурезагоне, ки ба ноҳияи Қубодиён бармегаштанд, расонед, зеро аҳволи онҳо хеле вазнин аст”. Ман, ки он вақт вазифаи раиси Иттифоқи “Тоҷикматлубот”-ро ба уҳда доштам, ҳамроҳи Ҳаким Ҳусейнович ҳамон шаб дар корхонаи нонпазӣ то саҳар 4 тонна ордро нон кардем.
Он шабу рӯз дарёфти нон хеле мушкил буд. Дар атрофи заводи нонпазӣ навбатдории ҳамешагӣ ҷорӣ буд. Ҳатто нони барзиёд истеҳсолшударо берун баровардан осон набуд. Вале мо илоҷе ёфта, супориши Роҳбари давлатро иҷро кардем ва гурезагонро бо нон таъмин намудем,
Ин ҳолат маро борҳо ба олами андеша мебарад. Дар ҳамон замони ноорому пурташвиш, ки фаромӯш накардани тӯшаи роҳ барои ҳоҷатмандон одати бобоист, ба ёд овардани нон аз дурандешаву хирадмандии ҷавонмарде, ки ба сари қудрат омадааст, башорат медиҳад.
Ҳар вақте ки аз боби ғамхорию дастгирии Пешвои миллат сухан меравад, ҳамон лаҳза ба ёд мерасад. Шахсе, ки аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ дар ғами мардуми ҷафодида буданд, баъд аз ин қадар собиқаи корӣ, олами меҳру муҳаббат, сипосгузорию арҷгузорӣ ва башардӯстии Пешвои миллатро тасвир кардан осон нест.
Маълум шуд, ки гурезагони қубодиёниро ашхоси номаълум бо таҳдиди силоҳ нагузоштанд, ки ба зодгоҳи хеш баргарданд. Силоҳбадастон ба онҳо амр доданд, ки “минбаъд мавзеи зисти шумо ҳамин биёбони Юлдузқоқ аст”.
Аввали моҳи марти соли 1993, давоми ду ҳафтае, ки гурезагонро дар ин ҷо нигоҳ доштанд, бештар аз 40 нафари онҳо, аз ҷумла кӯдакон ва пиронсолон дар ин дашти нообод ҳалок шуданд. Қабристоне, ки аз наздикии шоҳроҳ намудор аст, нишонаест аз он рӯзҳои сахти ба сари мардум омада. Кӣ медонист, агар ҳамон тӯшаи роҳ намешуд, тақдир ба ҳаёти онҳо боз чӣ рақам мезад...

РӮЗҲОИ ВАЗНИН БО МАРДУМ
Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ шуълаи умедро дар дили мардум ба фардои нек фурӯзон карда бошад ҳам, вазъият ҳанӯз ноором буд. Аз дасти гурӯҳҳои бадхоҳ тамоми сохторҳои давлатӣ фалаҷ гашта, идораи онҳо номумкин буд. Роҳбарони шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Роғун, Комсомолобод (ҳоло Нуробод), Рашт (собиқ Ғарм), Тоҷикобод, Лахш (Ҷиргатол) гуреза шуда, ба Душанбе ё ҷойи дигар рафтанд. Дар водии Қаротегин (ҳоло Рашт) дастаҳои мусаллаҳи зиддиҳукуматӣ ҷой гирифта, ба фаъолияти мақомоти маҳаллӣ халал мерасонданд, мардумро азоб медоданд, молу мулки онҳоро ғорат мекарданд. Ҳамин тавр, дар дили сокинон тарсу ҳаросро ҷой карда буданд.
Он вақт силоҳбадастони мухолифин бо сарварии Ризвон Садиров тавассути дараи Лугур ба Ҳакимӣ омада, дар ноҳияи Комсомолобод (Нуробод) бедодгариҳо мекарданд.
Сокинони ноҳия Мирзо Раҷабов, Сайфиддин Убайдов ва Давлат Акобиров, ки шоҳиди он рӯзҳои сахт ҳастанд, мегӯянд: “Вақте ки неруҳои ҷонибдори давлати конститутсионӣ бо роҳбарии фармондеҳи полки махсуси Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ Ҳабибулло Маҷидов охири моҳи феврали соли 1993 ба ноҳияи Комсомолобод ворид шуданд, дар дили сокинони ноҳия шуълаи умед дубора фурӯзон гардид”.
Ёдовар бояд шуд, ки бо супориши Сарвари давлат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ба эътидол овардани вазъи баамаломада, барқарор намудани сохти конститутсионӣ, таъмини тинҷию оромӣ ва сулҳу салоҳ, ба роҳ мондани фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва ҳифзи бехатарии онҳо ба навоҳии водии Рашт неруҳои ҳукуматӣ сафарбар шуданд.
Он вақт баста будани роҳ ба самти Душанбе, нарасидани маводи сӯхт, агар аз як тараф ба зиндагии сокинон сахт таъсир расонда бошад, аз дигар сӯ, таҳдиди гурӯҳҳои ҷинояткор ба дили мардум тарс андохта буд. Фармондеҳи неруҳои ҳукуматӣ Ҳабибулло Маҷидов ранҷу азоб, гуруснагию тангдастии мардуми ноҳияро бо чашмони худ дида, бо раҳму шафқат мисли муаллим дилсӯзона ба ҷамъомадагон мегуфт: «Руҳафтода нашавед, ба ҳам оед, ояндаи Ватан дурахшон аст, барои ин вақт лозим».
Ризвон ва ҳаммаслаконаш аз тарс ба воситаи деҳаҳои Тегирмӣ-Самсолиқ ба мавзеи Навободи ноҳияи Ғарм (Рашт) фирор карданд.
Ба маълумоти хонандаи азиз бояд расонам, ки паҳлавони маъруф, иштирокчии Спартакиадаи халқҳои Иттиҳоди Шуравӣ дар шаҳри Кишинёви Ҷумҳурии Молдова, ғолиби шаш мусобиқаи умумииттифоқӣ, чемпиони чандкартаи Тоҷикистон дар гӯштии миллӣ, дзюдо ва самбо Ҳабибулло Маҷидовро ҳаводиси талхи солҳои аввали Истиқлол аз кори таълиму тарбия ба ҳифзи марзу буми Ватан овард. Дар Вазорати корҳои дохилии ҷумҳурӣ ба ӯ бовар карда, вазифаҳои масъулро ба уҳдааш гузоштанд. Дар ноҳияҳои Рӯдакӣ (солҳои 1993-1994) ва Ҳисор (1995-1996) сардори шуъбаи корҳои дохилӣ буд. Хизматҳояш дар барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини амният, сулҳу субот ва ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлол ӯро бо генералҳои тоҷик дар як саф гузоштааст.
- Бо супориши Сарвари давлат давоми солҳои 1993-2005 чанд маротиба бо мақсади вохӯрӣ бо мардум, дар рӯзҳои сахт бохабар шудан аз аҳволи ҳамдиёрон, фирефта нагаштани онҳо ба дасисаҳои бадхоҳони миллат, ҳидояти эшон дар интихоби роҳи дуруст ба ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Лахш сафар доштам,-саҳифаҳои хотироташро дубора варақ мезанад Ятим Мирзоев. - Моҳи феврали соли 1993 баъд аз ворид гардидани неруҳои ҳукуматӣ (бо сардории Ҳабибулло Маҷидов) ба ноҳияи Комсомолобод (ҳоло Нуробод) Сарвари давлат ба ман супориш доданд: «Шумо бояд дар паҳлуи мардуми ноҳияи Комсомолобод бошед» ва ҳамин тавр ҳам шуд. Баъд аз ду рӯз ман бо чанде аз фарзандони ноҳия, ки дар Душанбе кору фаъолият доштанд, ба он ҷо рафтем ва барои ба эътидол овардани вазъият мусоидат кардем. Он рӯзҳо дар маркази ноҳия қариб касе ба назар намерасид. Ягон ташкилоту муассиса фаъолият надошт ва сокинон ба деҳаҳои баландкӯҳи гирду атроф фирор карда буданд.
Он шабу рӯз дар бораи сарбозоне, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ барои ба эътидол овардани вазъияти минтақа фиристода буд ва Ризвон Садирови сияҳкор бо фиреб онҳоро ба маркази ноҳияи Нуробод оварда, ба қатл расонд, хабарҳои бардурӯғ паҳн шуда буд, ки гӯё дар куштори ин сарбозон мардуми ноҳия даст доранд.
Бо даъвати ҳайати 18-нафараи мо ва Ҳабибулло Маҷидов мардум аз ҳар гӯшаву канор рӯзи дигар ба маркази ноҳия баргаштанд. Ба ҳозирин гуфтем, ки ин ҳама мегузарад, рӯзҳои нек моро дар пеш аст, Ҳукумати навтаъсис дар фикри зиндагии осудаи мардум ва оромию якпорчагии Тоҷикистон аст. Вохӯрӣ хотирмон ва ҳосилаш ҳамдигарфаҳмӣ буд, ки хушбахтона, дар ноҳия вазъият ба зудӣ ба эътидол омад. Пас аз ин мардум бо умеди тоза ва дили гарм ба замин рӯ оварда, ҳатто чарогоҳҳоро бо белу каланд кишт карда, гандум кориданд.
Баъд аз бозгашт Ятим Мирзоев ба ҳайси сарвари гурӯҳ дар бораи натиҷаи сафар дар телевизиони ҷумҳурӣ баромад карда, аз ҷумла дар бораи фоҷеаи сарбозон дар асоси маълумоти Ҳабибулло Маҷидов рӯшанӣ андохт.
-Бо гузашти солҳо ҳарчи бештар дарк мекунам, ки супориши ҳамонвақтаи Сарвари давлат - «дар рӯзҳои вазнин бо мардум будан» чӣ аҳамияте доштааст,-меафзояд ҳамсуҳбати ман.
Барои Ятим Мирзоев рӯзҳое, ки Сарвари давлатро дар сафари аввалинашон ба ноҳияҳои Нурободу Рашт ҳамроҳӣ мекард, хотирмон аст: «Дар толори Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт мардуме, ки дидори Эмомалӣ Раҳмонро пазмон буданд, ҷамъ омаданд. Баъд аз суҳбати самимӣ бо мардум суханро ба ман доданд. Бо истифода аз фурсат, масъалаи аз аҳолӣ хариди маҳсулоти кишоварзӣ ва рафъи монеаҳои сунъиро ба миён гузоштам. Ҳамин тавр, баъд аз як рӯз тамоми дидбонгоҳҳое, ки ғайриқонунӣ дар роҳ гузошта буданд ва садди омадурафти мардум мегаштанд, барҳам ва роҳ ба самти пойтахт кушода шуд. Мо бошем, баъд аз ду рӯз 47 мошини боркаш маҳсулоти аз мардум харидорикардаро ба бозорҳои шаҳри Душанбе ворид кардем».

АГАР ДАСТГИРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ НАМЕШУД...
- Воқеиятро нодуруст баҳо додан, албатта, нобахшиданист ва дар ин ҷо аз рӯйи адолат бояд гуфт, ки дар ин самт агар дастгирии Сарвари давлат намешуд, соҳаи «Тоҷикматлубот» аз байн мерафт. Аз ин рӯ, бояд ҳамеша оқилона ва бо хушнудӣ дарк намуд, ки дар ҳамон давра пойдории ин соҳаи барои мардум ниҳоят муҳим бевосита ба номи ин шахсияти бузург вобаста аст.
Натиҷаи дастгириҳои Сарвари давлат буд, ки дар аввали соли 2005 фаъолияти қариб 3800 муассисаи хизматрасонӣ таъмин гардида, ҳаҷми солонаи муомилоти мол ба 30 миллион сомонӣ расид. Воридоти молу маҳсулот беш аз 12 миллион сомониро ташкил дод. Ҳаҷми солонаи истеҳсоли молу маҳсулоти ниёзи мардум дар 260 корхонаи иқтидорашон гуногун ба 3,3 миллион сомонӣ, аз он ҷумла нон 5 ҳазор тонна, консерваи меваю сабзавот ба 6 миллион қуттии шартӣ ва нӯшокиҳои ташнашикан ба 100 ҳазор декалитр расонида шуд. Ҳаҷми хариди маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳисоби миёна 15-17 миллион сомониро ташкил дод. Фаъолияти 152 мағозаю шуъбаҳои фурӯши китоб таъмин гардид. Хизмати хӯроки умумӣ барои хонандагони беш аз 180 мактаби таҳсилоти умумӣ, фурӯши сӯзишворӣ дар 32 шабака ва дар 48 муассисаи савдо хизматрасонӣ барои собиқадорон ба роҳ монда шуд. Барои сохтмону ободонӣ 4 миллион сомонӣ сарф карда шуд,-мегӯяд Ятим Мирзоев.
Ташкил намудани намояндагиҳои савдои иқтисодии Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой ва бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки Иттифоқи «Тоҷикматлубот» дар баробари дигар мамлакатҳо дар Намоишгоҳи умумиҷаҳонии «ЭКСПО-2005» дар Япония шаҳодати боло рафтани шуҳрати Иттифоқи «Тоҷикматлубот» буд.
Дар Анҷумани навбатии XV кооператсияи матлуботи ҷумҳурӣ 25-уми сентябри соли 2005 собиқ Сарвазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов зимни суханрониаш аз хизматҳои собиқ раисони раёсати «Тоҷикматлубот» Шариф Турсунов ва Арсланбек Ғозибеков дар рушду нумуи матлуботи тоҷик ёдовар шуда, таъкид намуд, ки дар солҳои вазнин соҳа аз нобудшавӣ наҷот ёфта, бо роҳбарии Ятим Мирзоев ба дастовардҳои хуб ноил шуд.
Дар ҳамин анҷуман Ятим Нурович бо хоҳиши худ бо сабаби ба синни нафақа расиданаш аз вазифа озод шуд.
АНҶОМ
Аз эълони истиқлоли давлатӣ солҳо гузаштанд, вайронаҳо барқарору мушкилиҳо рафъ шуданд, шодӣ ҷойи ғамро гирифт. Дигар ҳоҷати шарҳ нест, имрӯз, ки миллати куҳанбунёди мо ба ҳам омадаасту барои пешравии Ватан заҳмат мекашад, баъд аз оташи даҳшатовари ҷанги шаҳрвандиро ба чашми сар дидан ва бевосита шоҳиди он рӯзҳо будан, бояд ба қадри истиқлол ва ваҳдати миллӣ аз ҳарвақта дида, бештар бирасем.
Дафтари хотираҳои Ятим Мирзоевро варақ мезанам. Ин навишта боз маро ба андеша мебарад: «Меросе, ки насли гузашта ба мо вогузор кардааст, дар давраи ниҳоят вазнин ҳам ҳифз карда шуд ва ҷиҳати пешрафт аз худ саҳм гузоштем. Ба ҳар ҳол, ҳукми зиндагӣ ва роҳи сарнавишт тақозо менамояд, ки рӯзе ин мерос ба насли оянда гузошта шавад. Чӣ иқболи баланд аст, агар ворисони ин мерос шахсони дурандешу бонангу номус бошанд ва ба қадри заҳмату ҷонфидоии гузаштагони худ расанд. Ба хотири ояндаи неки Ватан, рушду пойдории кооператсияи матлуботи Тоҷикистон ками моро бештар созанд…».
Ҳар қадар зиндагиномаи ин марди шарифро варақ занем, аз некию амалҳои некаш кас шод мешавад. Бале, ӯ нур аст, ки роҳгумкардагонро ба рӯшноӣ ҳидоят мекунад.
- Ман ягона роҳбаре будам, ки бори дуюм Сарвари давлат ҷиҳати барқарор намудани соҳа бовар карданд. Инро хуб дарк мекардам ва он чизе, ки аз дастам меомаду аз имкониятҳоям вобаста буд, барои аз нав барқарор намудани ин соҳаи барои мардум муҳим дареғ намедоштам. Аз фаъолияти меҳнатии зиёда аз 12-солаам таҳти роҳбарӣ ва дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан сипосгузорам ва доимо барояшон саломатии бардавом, барор ва пешравии корашонро орзу менамоям,- мегӯяд Ятим Мирзоев.
Саодати пирӣ Ятим Нуровичро, ки дар ҳар куҷое кор карду обод намуд, имрӯз дар Ватани орому осуда, дар ҳалқаи фарзандон насиб шудааст. Ӯ барои пайвандон ва дӯстону ҳамдиёрон «нури дида асту тоҷи сар». Ҳузураш дар маҳфилу ҷамъомадҳо ба дилҳо нуру сурур мебахшад.
Бо ҳамин мехоҳам ба ин навишта нуқта гузорам, вале ин лаҳза суруди насиҳатомези ҳофизе аз радио андешаи маро тақвият мебахшад:

Дар гулистон на баҳору на хазон мемонад,
Самари умри ту некист, ҳамон мемонад…


Алӣ ҶӮРА,
барандаи Ҷоизаи Иттифоқи
журналистони Тоҷикистон
ба номи Абулқосим Лоҳутӣ
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: