Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » ҲИЗБИ МИЛЛАТСОЗ, ВАҲДАТОФАР ВА БУНЁДКОР

ҲИЗБИ МИЛЛАТСОЗ, ВАҲДАТОФАР ВА БУНЁДКОР

23-06-2023, 11:00
Хабарро хонданд: 181 нафар
Назарҳо: 0
ҲИЗБИ МИЛЛАТСОЗ, ВАҲДАТОФАР ВА БУНЁДКОР

Моҳи декабри соли 2024 аз таъсисёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷиқистон 30 сол пур мешавад. Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани сиюмин солгарди таъсисёбии ин ҳизби бонуфузи сиёсӣ санаи 25-уми майи соли равон Қарори Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ таҷлил намудани ин ҷашн ба имзо расид. Ҳамзамон, 1-уми июни соли равон дар Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Ситоди ҷумҳуриявии “Ҷашни 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон” таъсис дода шуд.Нашрияи марказии ҲХДТ - “Минбари халқ” тасмим гирифтааст, ки дар остонаи таҷлили 30-солагии ҲХДТ бо собиқадорон ва фаъолони ҳизб силсилаи мусоҳибаҳо анҷом дода, хотираҳо ва назару андешаҳои собиқадорони ҳизбро рӯйи чоп биёрад ва ҳамчунин, оид ба нақши ин неруи пурқудрати сиёсӣ дар рушду пешрафти ҷомеа матолиби ҷолибтаҳия намояд.Ин навбат хотираҳои собиқадори ҳизб,Аълочии маориф ва илмиТоҷикистонСайфулло Сафаровро манзури доираи васеи хонандагон мегардонем.
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон зодаи даврони роҳкушоӣ ва бунёдгузории миллатамон аст.Даврае,ки ваҳдати миллӣ чун обу ҳаво барои миллат зарур буд ва замоне,ки санги асоси давлати миллиамонро мегузоштем.Аз ин сабаб, мушкилиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ то ҳадде зиёд буданд,ки дар аксари вақт ба интуитсияи сиёсӣ, фаросат ва ақли мардумӣ такя мекардем.Чунин як мактаби мардумиро аз роҳбарони ҳизбамон,ки дар сафи пеши мубориза буданд ва ба хавфу хатари ҷони худ ва фарзандонашон нигоҳ накарда,ҷоннисорона сари вазифаи хеш хизмати Ватанро мекарданд, мо аъзои ҳизб меомӯхтем. Ҳоло шукри онро мекунем,ки бинои низоми сиёсии мо тавонист ба ҳама хавфу хатарҳои замон муқовимат кунад ва устувор боқӣ монад. Агар ба роҳбарияти онвақта як ҳафтаву як моҳу як солу чанд сол фолбинони мухолифин вақти сукут медоданд,инро ба фаҳмишу инсофи онҳо вомегузорем ва дигар баҳс нахоҳем кард.Чунки ҳақиқат ҳеҷ гоҳнамешиканад.Ҳамаи воқеиятҳо дар мизони таърих баркашида мешаванд.
Ман аслан аз рӯзҳои аввали раванди ҳизбсозӣ бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон будам, ки ба сентябри соли 1993 рост меояд. Дар солҳои охири Шуравӣ дар натиҷаи баҳсе бо роҳбарияти Ҳизби коммунисти Тоҷикистон ман хостам ҳизби дигареро бо номи Ҳизби шаҳрвандӣ-ватандӯстии Тоҷикистон ташкил намоям. Барнома ва Оинномаи ҳизби навроҳам навишта будем. Муовинам Муродулло Давлатов ва як нафари дигар бо номи Мурод, сармуҳосиби Корхонаи воҳиди давлатии “Роҳи оҳани Тоҷикистон” буданд.Аз занҳо номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ бо номи Митюкова аз Институти таърих,бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи миллии илмҳо низ буд. Чанд изҳороте ҳам дар рӯзномаҳо пахш карда будем. Вале соли 1992, дар рӯзи савгандёдкунии роҳбарияти кишвар ба Парчами Тоҷикистон ман аз ҳизбсозӣ даст кашидам, то ба роҳбарияти нав барои ба сулҳу субот расидан кумак кунем.Аз моҳи сентябри соли 1993 мо, як гурӯҳ сиёсатмадорон васиёсатшиносон дар ҳайати Абдумаҷид Достиев, Давлаталӣ Давлатов, Қурбон Расулов, Абдураҳмон Абдуманонов,Акбар Турсунов, Халифабобо Ҳамидов, Асадулло Насруллоев,Қаҳрамон Ашӯров ва ман дар ошёнаи сеюми бинои Шурои Олӣҷамъ омадем ва бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд дар баробари Ҳизби коммунист як ҳизби дигареро созмон медодем.Чандин ҳизбҳо бинобар сабаби дар кашмакашиҳои сиёсӣ даст доштанашон баста шуда буданд.Танҳо як Ҳизби коммунистӣ фаъолият мекарду халос. Ба ҳамин хотир, ба Тоҷикистон барои якҳизбӣ буданаш дигар давлатҳо каҷ-каҷ нигоҳ мекарданд. Дастур чунин буд,ки чун Тоҷикистон ба самтидавлати демократӣпеш меравад, аввалан бояд ҳизбҳои дигар низ созмон дода шаванд ва аҳзоби басташуда низ ба фаъолият оғоз намоянд.Яъне, рӯ ба плюрализми сиёсӣ оварем ва низоми бисёрҳизбиро созем.
Лекин назари мардум ба ҳизбсозию ҳизббозӣ хеле манфӣ буд ва ҳар ҳаракате дар ин самт манфӣқабул мешуд. Аксарият мехостанд ҳамагӣ як ҳизб бошад. Вале иродаи сиёсии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қавӣ буд ва ин ба ислоҳоти куллии сиёсӣ дар кишвар ишора мекард.
Имрӯз ман ба онҳое изҳори миннатдорӣ менамоям,ки қаҳрамонона дар паҳлӯи Президенти мамлакат ва Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон рост истода, то ҳадди имкон барои таҳкими Истиқлолият мубориза бурданд.Абдулмаҷид Достиев,Маҳмадсаид Убайдуллоев, Амиршоҳ Миралиев, Шукурҷон Зуҳуров, Сайдулло Хайруллоев, Оқил Ғайбуллоев, Роҳбар Қосимов,Абдуғаффор Самадоваз мардони воқеие буданд, ки дар он замони вазнин бо роҳбарияти олии кишвар буда, бо кор, рафтор, ҷоннисорӣ ва бо ҷасорати худ ваҳдати миллиро таъмин карданд.
Ҳамаи мо аз Пешвои миллатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳияи нав ва неруи тоза мегирифтем, ба инсонгарӣ, ҷасорат, дурандешӣ,ватандӯстиву миллатпарварӣ ва фарҳангсозиву санъатдӯстии ӯ пайравӣ мекардем,сабақи нав мегирифтем.
Аз моҳи ноябри соли 1997 ман дар Кумитаи иҷроияи ҳизб ба таври фаврӣ муовини Раиси ҲХДТ интихоб шудам. Баъдан, 18-уми апрели соли 1998 вақтеки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон РаисиҲизби Халқии Демократии Тоҷикистон интихоб шуданд, дар Анҷумани чоруми ҳизб маро худи Раиси ҳизб ба вазифаи муовини озоди Раиси ҳизб пешниҳод карданд ва Анҷуман якдилона ин пешниҳодро пазируфт. То моҳи декабри соли 2001 дар ин вазифа фаъолият доштам.Бо супориши Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи январи соли 2002 ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор гузаштам ва то 5-уми феврали соли 2019 ифои вазифа намудам.Вале бо Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон то имрӯз дар робита буда,ҳаққи аъзогӣ месупорам ва ба нашрияҳои ҳизбӣобуна мешавам.
Ростӣ, ман аз мушкилиҳои он солҳо бисёр намегӯям, чунки онҳоро ҳама медонанд. Фақат як ишора мекунам, ки агар кормандони давлатӣдар он замон маош мегирифтанд, мо, кормандони ҳизбӣбинобар сабаби пардохт нашудани ҳаққи аъзогӣ маош ҳам надоштем. Лекин Раиси муаззами ҳизб ба мо мерасиданд ва аз ҳисоби худ ба кормандон кумак мекарданд.Аз кормандони одии ҳизб Муҳтарама Қаюмова,Руқия Қурбонова, Меҳринисо Носирова, Мусо Асозода,Татяна Гончаренко,Светлана Хоменко ва дигарон миннатпазирам, ки чун хоҳаронам дар паҳлӯям истода дар як утоқи танги корӣ,дар бинои Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣкору фаъолият мекарданд ва ҳеҷ гоҳ аз набудани маош ва шароити номукаммали корӣ шикояте намекарданд.Боре роҳбари Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо бо номи Бухоара барои боздид наздам омада,дар атрофи маъракаи интихобот суҳбат кардем ва вақти баромада рафтанаш кормандони чеҳракушодавухушмуомилаи ҳизбро дида гуфт: “Гарчанде мо мехоҳем мухолифин ҳам дар интихобот овоз гиранд,вале дақиқан мегӯям,ки Эмомалӣ Шарифович ғалаба мекунад. Чунки руҳияи кормандони шумо,хоксории онҳо хеле мардумӣ аст.Чун номзади ҳизбатон ба мансаби президентӣ”.Албатта, ман наметавонам некиҳои раиси онвақтаи Бунёди Арал Сироҷиддин Муҳриддин ва Теша Авазовро ин ҷо наорам. Онҳо барои ман як тадқиқот оид ба афкори омма дар мавзуи обро сазовор донистанд,ки аз ҳисоби он автомобили “Волга”-и кӯҳнаи аз Афғонистон овардаи Мӯсо Асозодаро таъмир карда, корҳои таъҷилии ҳизбиро ба анҷом мерасонидем. Мусо Асозода(Худо раҳматаш кунад) бо як оромии ба худаш хос ба ҳамаи кормандон баробар хизмат мерасонд ва то соати 23-и шаб бо ман менишаст ва нимашаб ба манзилаш мерафт. Аз ин сабаб, мо ҳарду дар хонаҳоямон лақаби “миршаб”-ро гирифта будем.Мусо ҳам ронанда буд, ҳам мудири шуъбаи умумӣ ва ҳам мудири шуъбаи тарғиботу ташвиқот.Бинобар сабаби набудани маош наметавонистем коргари зиёд дошта бошем.Шахсони даъвогарро ҳам наметавонистем ба кор гирем.Аз ин сабаб пешакӣ маслиҳат мекардем,ки мо чунин шароит дорем,агар қабул доред, биёед дар паҳлӯи президентамон, дар хизмати мардум бошед. Ҳамчунин наметавонам номҳои модарбузурги ҳамаи мо,дотсенти Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Мария Ивановна Попова,тарғиботчии оташини ҳизб,омӯзгори калони Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Шалва Багратович Коберидзе, марди камгапи серидея Тимур Ғаффрович Валаматзода, генерали мустаъфии Хадамоти гумрук Кенҷа Ҳасановро ба ёд наорам. Ҳамин шахсиятҳо буданд,ки мо тавонистем чӣ дар Марказ ва чӣ дар вилояту шаҳру ноҳияҳо бе маош корҳои ҳизбиро анҷом диҳем.Афсӯс ин ҷо наметавонам аз вилояту шаҳру ноҳияҳо ва деҳаҳо қисса кунам.Барои ин китоб навиштан зарураст.Шояд, аллакай худи кормандони вилоятӣ чунин китобҳоро навишта бошанд,лекин ба дасти ман то ҳол нарасидааст. Ба ҳар ҳол, ба ҳамаи аъзои ҳизб китоби бисёр воқеъбинонаи Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро зери унвони “Бист қадами созанда”,ки соли 2014 дар шаҳри Душанбе ба нашр расидааст, тавсия медиҳам. Орзуи онро дорам,ки ин китобро аз нав ба нашр расонида, дар ҳамаи ташкилотҳои ҳизбӣ омӯзанд. Ман аз роҳбарияти имрӯзаи ҳизб,Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизб,ки қариб ҳамаашон шогирдони мактаби сиёсии Пешвои миллат, Раиси ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, барои дар солҳои вазнини ҳизб дар паҳлӯи мо рост истода, ба мо кумак карданашон ташаккур мегӯям.
Ба ҳар ҳол, Абдуҷаббор Азизӣ,Асрор Латифзода ва Хайринисо Юсуфӣаз дӯстдоштатарин аъзои ҳизби мо буданд ва имрӯз он масъулияте,ки мо доштем, онҳо ба дӯш гирифтаанд. Ман ба корҳояшон барору муваффақият орзу мекунам. Вақте ман ба кор шуруъ кардам, аъзои ҳизб аз 1500 нафар зиёд набуд,ки онҳо дар як дафтари умумӣ ба қайд гирифта шуда буданд.Агар замони аз кори ҳизбӣба кори дигар гузаштани ман шумораи аъзои ҳизб ба 90 ҳазор нафар мерасид, ки дар ин саҳми Абдуҷаббор Азизӣ, Асрор Латифзода ва дар вилояти Суғд саҳми Хайринисо Юсуфӣ чашмрас буд. Онҳо довталабона ба ҳизб ҳамеша кумак мекарданд ва ин нуқтаро аз худашон пурсидан барои таърихи ҳизб хеле зарур аст. Ҳоло шумораи аъзои ҳизб аз ним миллион нафар ҳам гузаштааст,ки ин масъулияти кормандони ҳизбиро даҳчанд мекунад.
Бо истифода аз фурсати муносиб тамоми кормандони ҳизбӣ ва аъзоёни Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистонро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, ба онҳо дар таҳким бахшидани давлатдории миллӣ,ваҳдати миллӣ ва фаъолтар сохтани ҳизб дар самти бунёдкориҳои кишварамон муваффақиятҳо таманно менамоям.
Таҳияи Саида Хоҷаева
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: