Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » ҚАЛАМРАВИ ПИРЯХҲО

ҚАЛАМРАВИ ПИРЯХҲО

20-01-2023, 15:50
Хабарро хонданд: 389 нафар
Назарҳо: 0
 ҚАЛАМРАВИ ПИРЯХҲО Суҳбати тахасусии хабарнигори махсуси хафтаномаи “Минбари Халқ”, бо директори муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзишии пиряхҳо”-и Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон профессор, академики МАНЭБ. Академики Академияи муҳандисии ҶТ Қаюмов А.Қ.
Сароғоз

Ҳамеша чун суннати аҷдодии Ориёӣ, нафарони донишманду соҳибарҷу эҳтироме, ки мавриди омӯзиши банда қарор мегиранд,дар қаламрави эътибори кишвари азизи Тоҷикистон чашми дилашон боз гардида, ҷоннисору ҷонфидои ин кишвари афсонавии биҳиштосо мебошанд. Дар қатори беш аз шаст нафар фарзандони фарзонаи миллат, ки хидматҳои пурарзиши онҳо аз оғози Истиқлоли давлатӣ, бо ибтикори Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қадрдони гардиданду номашон ба абадият дар лавҳи тилоии эътибори давлату миллат сабт гардидаанд, рӯи саҳфҳои орзуву ормонҳои миллати тамаддунофари достонангези тоҷик ҷилвагар мешавад. Донишманди соҳибарҷу эҳтиром шахсияти шинохта ва пуровозаи илмиву тадқиқотӣ, Професор Қаюмов Абдулҳамид.
Қаюмов аз зумраи ҳамон нафароне мебошад, ки эътибори баланди илмиву ахлоқӣ ва садоқату ватандориаш, на танҳо миёни донишмандон ва фарҳангсолони кишвар, балки берун аз он дар тамоми қаламрави собиқ Шӯравӣ пуровоза мебошад. Барои хонандаи азиз дар чанд сатр фаъолияти илмиву пажуҳишӣ ва тадқиқотиашро манзури дили дидаи хонандагон мегардонем мекарданд ва аз он ба баъд худи хонанда бо мо ҳамнишини суҳбати самимиаш мегардад.

Қаюмов Абдулҳамид, професор, академики МАНЭБ. Академики Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз соли 2018 директори Муассисаи давлатии илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон”
Донишкадаи тиббӣ ва баъдан факултаи географияи ДДОТ бо ихтисоси ҷуғрофиё хатм кардааст.
Солҳои 1993 то 1998 директори генералии Парки миллии Тоҷикистон шуда кор кардааст. Ӯ дар ибтидои ташкили Парки миллӣ истода буд. Бояд гуфт, ки айни замон ин боғ ба Феҳристи мероси Ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шудааст.
Вай ташаббускор ва ташкилотчии экспедитсияҳои сершумори илмӣ мебошад. Умуман, дар давоми кораш дар Маркази амӯзиши пиряхҳо зиёда аз 40 экспедитсия ташкил кардааст. Бояд гуфт, ки солҳои 1983-1984 дар экспедитсияи антарктики советӣ иштирок кард. Қаюмов А. нахустин тоҷикест, ки ба ҳайси пажуҳишгар аз Антарктида дидан кардааст. Дар 2008/2009с бо ташаббуси у ва мувофиқи Қарори Ҳукумат дар доираи Соли байналхалқии кутб, якумин экспедитсияи Тоҷикӣ Антарктикӣ ташкил намуда, нахустин пажуҳишу тадқиқотҳоро дар мавриди қутби шимол оғоз бахшид. Баъди бозгашт, дар Тоҷикистон осорхонаи Антарктидаро ташкил карда шуд. Дар ин осорхона парчами Тоҷикистон, ки дар Антарктида бо дасти худи ӯ афрохта шуда буд, ҷойгир аст.
Профессор Қаюмов А. ҳамоҳангсози Созмони умумиҷаҳонии метеоролги (WМО) оид ба криосфера ва гидрология аз Тоҷикистон, узви Комиссияи гидрологияи иқлим ва Раёсати захираҳои оби (CLW) WMO ва аз соли 2019 хабарнигори миллии, Хадамоти ҷаҳонии мониторинги пиряхҳо (WGMS) аз Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шудааст.
Аз рӯи натиҷаҳои корҳои илмии экспедитсионӣ соли 1988 рисолаи номзадӣ ва соли 2000 рисолаи докторӣ дифоъ намуда, соли 2002 унвони профессориро гирифтааст. Аз соли 1995 узви вобастаи Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, аз соли 2019 Академики Академияи байналхалқии илмҳои экология ва бехатарии ҳаёт аст.
Зиёда аз 280 мақолаи илмии пурарзишаш дар маҷалаҳои бонуфузи ҷаҳонӣ рӯи чоп омада, беш аз 32 монография ва китобҳо дорад. Таҳти роҳбарии профессор Қаюмов А. Қ нашри 12 ҷилд “Атласи пиряхҳои Тоҷикистон” ба истиқболи аввалин конфронси Ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе дар соли 2025, идома дорад.
Ҷаноби професор аввал аз ҳама мехоҳам дар бораи хамин маркази илмиву омӯзишӣ барои хонандагони ҳафтанома ибрози назар менамудед.

- Таъсиси ин маркази давлатии илмӣ давоми мантиқии ташаббусҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон “Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор” буда, вазъи кунунии тағирёбии иқлим моро водор сохт, ки барои пешгирии хатарҳои глобалии экологӣ ин марказ таъсис дода шавад. Ҳамин тавр бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат, ин маркази илмиву омӯзишӣ дар сохтори Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон соли 2018 таъсис дода шуд. Дар марказ 60 нафар ходимони илмӣ ва илмию техникӣ ба фаъолият машғул буда, марказ дорои идораи марказӣ шӯъбаи мониторинги пиряхҳо, криёсфера пиряхшиносӣ ва GIS технология, Шӯъбаи обуҳавошиносӣ, ҳифзи пиряхҳо, тағирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ, шӯъбаи тадқиқоти экспедитсионӣ ва саҳроӣ, лабараторияи сифати об, изотопҳо ва санитария ва шӯъбаи кадрҳои техникӣ ва ёрирасон иборат мебошад. Дар як муддати кӯтоҳи фаъолияти Марказ аз ҷониби созмонҳои дахлдори байналмилалӣ дар соҳаи глятсиология, гидрология ва гидрометеорология эътироф гардида, ҳамкориҳои мутахассисони марказ бо ташкилотҳои байналмилалӣ хуб ба роҳ монда шудаанд. Барои иштирок дар таҳияи Стратегияи рушди созмони ҷаҳонии обуҳавошиноси (ВМО) оид ба омузиши пиряхҳо ва қабати барф дар куҳҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ барои солҳои 2020-2030 мутахасисион даъват карда шуданд. Ҷониби марказ дар соли 2019 бо намояндагӣ аз марказ дар ҳамоиши Женева ширкат намуд. Марказ узви бахши криосфера, дар Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ дар Женева мебошад.
Инчунин марказ ҳамчун узви Хадамоти мониторингии ҷаҳонии дар Женева буда, ҳамкориҳои илмию тадқиқотиро дар ин ришта хуб ба роҳ мондааст.
Дар Марказ омӯзиши пиряхҳои Тоҷикистон, бо ҳамаи талабот ва стандартҳои ҷаҳонӣ хуб ба роҳ монда шуда, доимо манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркаҳи таваҷҷуҳи ходимони илмии марказ қарор дорад.
Назари шумо оид ба қатъномаи Иҷлосияи 77-уми СММ аз 14 декабри соли 2022 дар бораи соли 2025 – ро эълон намудани “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” чист?
-Қабули чунин як қатъномаи манфиатбор ва саривақтӣ, ки бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардида буд, бо иси ифтихор ва ҳамзамон сарфарозии ҳамаи мо олимони тоҷик ва ҳамчунин аҳли ҷомеаи Тоҷикистони азиз мебошад.
Дар асоси ин қатънома пешниҳотҳои ироашудаи Президенти муҳтарами кишвар дар мавриди ҳифзи пиряхҳо ва ҳимояи ҷомеаи башарӣ аз хатарҳои глобалии экологӣ, аз ҷониби кишварҳои узви СММ хеле хуб дастгирӣ ёфтаанд, аз ҷумла:
-Эълон гардидани 21 март ҳамчун рузи байналмилаии ҳифзи пиряхҳо;
-Эълон шудани соли 2025 ҳамчун соли байналмилаии ҳифзи пиряхҳо;
-Дар назди СММ таъсис додани фонди боварии байналмилалӣ барои саҳмгузорӣ дар ҳифзи пиряхҳо.
-Дар соли 2025 доир намудани Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, дар шаҳри Душанбе.
Он чи ки мусалам аст, ин аст, ки қабули ин гуна қатънома ҳамзамон як платформаеро ба вуҷуд меорад, ки олимон, сиёсатмадарон ва аҳли ҷомеаи ҷаҳониро муаззаф месозад, ки ба масъалаи роҳҳои омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо ҷидитар машғул гардида, онҳоро дар амал тадбиқ намоянд.
Инчунин мутобиқи ин қатъномаи Созмони Милали Мутаҳид таҳти ҳамоҳангии дабири кулли СММ хазинаи байналмилалии мақсадноки эътимодро ҷиҳати ҳифзи пиряхҳо таъсис хоҳанд дод, ки тадқиқоти бунёдиро доир ба масоили омӯзиши пиряхҳо такони ҷидди хоҳад бахшид.
Доир ба қабул кардани қатънома оид ба эълон шудани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо МДИ Маркази омузиши пиряхҳои Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон масъулиятро дар самти омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳо бештар намуда чунин корҳои муфидро баанҷом хоҳад расонид:
-Шабакаи омӯзиши пиряхҳоро дар баландии 3500 метр мукамал намуда, шумораи чунин истгоҳҳоро зиёд менамоем, ки нодиртарин шабакаи сатҳи ҷаҳонӣ оиди омӯзиши пиряхҳо бояд бошад.
-Бо таҷҳизотҳои иноватсионии сатҳи ҷаҳонӣ мукаммал намудани шабакаи глятсиология.
-Барои мунтазам гузаронидани омӯзиши пиряхҳо, бо истифода аз ҳавопаймоҳои бесарнишин, созмон додани гуруҳи корӣ дар ҳайати на камтар аз 5 адад ҳавопаймоҳои бесарнишин.
-Марказ тасмим гирифтааст, ки эҳёи фаъолияти пойгоҳи Горбуновро дар баландии 4200 м аз сатҳи баҳр, дар пиряхи Федченко ташкил намояд, ки аз соли 1933 то соли 1994 фаъъолият намуда буд ва қариб 30 сол мешавад, ки фаъолият намекунад.
-Мутахассисони Институти Фрибурги Шветсария баъди ташриф оварданашон, дар ҳаёти экпедитсияи соли 2022 ин пешинҳодро пазируфта буданд:
- Соли 2025 Феҳристи Атласи маҷмаавии пиряхҳои Тоҷикистон, ки ба тариқи умумӣ ҳолатҳои куллии пиряхҳоро дар раванди тағйирёбии иқлим муаррифӣ менамояд, пурра ба чоп омода месозад.
- То соли 2025 ҳамаи ҷилдҳои Атласи пиряхҳои Тоҷикистон рӯи чоп хоҳад омад.
- То соли 2025 пойгоҳҳои доимамалкунандаи минтақавӣ оид ба омӯзиши пиряхҳо ба тариқи даврӣ (вахтовҷ) ба роҳ монда мешавад.
- Омӯзиши изотопи пиряхҳо ва қабати барфҳоро пурра ба роҳ мемонад ва лабараторияи доимамалкунандаро ташкил медиҳад.
- Дар якҷоягӣ бо шарикони рушди устувор ба тариқи доимӣ омӯзиши радиоизотопиро барои муайян кардани синну соли пиряхҳо ва дақиқ муайян кардани захираҳои барфу пиряхҳоро роҳандозӣ менамояд.
- Дар якҷоягӣ бо шарикони рушди устувор ба тариқи доимӣ омӯзиши қабати пиряхҳоро ба воситаи пармакунӣ ба роҳ мемонад.
- Дастрас намудани расмҳои моҳворавӣ саҳеҳиашон баланд.
- Доираи ҳамкориро бо марказҳои бонуфузи ҷаҳони барои рушди илми глятсиология васеъ менамояд.
- Мактаби эҳёшудаи пиряхшиносии тоҷикро инкишоф дода, уфуқҳои нави таҳқиқҳояшро мекушоянд.
- Консепсияи ташкил ва гузаронидани Соли 2025 ҳамчун Соли байналмиллалии ҳифзи пиряхҳоро таҳия намуда, барои дар амал татбиқ намудани он чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ ҳама кӯшишҳоро хоҳанд намуд.
Муассисаи Давлатии “Маркази омӯзиши пиряхҳо” –и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар соли сипаришудаи 2022 дар доираи омӯзиши пиряхҳо чӣ корҳоро ба сомон хоҳад расонид?
- Мо дар ҳошияи эълон гардидани соли 2025 “Соли ҳифзи пиряхҳо” як конфронси илмӣ дар мавзӯи “Тоҷикистон пешоҳанги масоили ҳифзи пиряхҳо дар ҷаҳон” аввали даҳаи сеюми моҳи декабр баргузор намудем.
Ин конфронси илмӣ ба ташаббуси Тоҷикистон ва ҳифзи пиряхҳои он бахшида шуда, масоили тағйирёбии иқлим ва таъсири он ба пиряхҳо баррасӣ гардид. Он гуна, ки ҳамагон аз тариқи расонаҳои иттилоотиву таҳлилӣ огоҳанд, тағйирёбии иқлим ба бисёр минтақаҳои саёраи мо, аз қабили Арктика, Антарктида ва Осиёи Марказӣ таъсири назаррас дошта, тибқи маълумоти дастгоҳҳои санҷишии моҳворавии пиряхҳо, қабати ях дар уқёнуси Арктика пайваста коҳиш меёбад ва дар соли 2019-2021 ба ҳадди ақали рекордии худ расидааст.
Пиряхҳо дар куҳҳои Осиёи Марказӣ ва дигар минтақаҳои ҷаҳон бо тағйирёбии иқлим ва баланд шудани хеле кам шуда , босуръат об мешаванд. Дар натиҷа ин хатари экологӣ боиси нигарониҳои зиёд гардида, тағйирёбии иқлим метавонад норасоии обро афзоиш диҳад ва ба экосистемаҳои истеҳсоли ғизо ва саломатии мардуми сайёра таъсири манфӣ расонад.
Конфронси байналимилалии об дар Душанбе, дар моҳи июли соли 2022 робитаи байни зуд-зуд ва харобиовари офатҳои табии ва тамоюлҳои тағйирёбии иқлимро таъкид карда буд. Воқеан ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар бисёр гушаҳои дигар дунё обхезӣ, сел, хушксолӣ, ҳашароти зараррасон, сухтор ва дигар офатҳои табиӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим сахт алоқаманд мебошанд Мувофиқи маълумотҳои стансияҳои моҳворавӣ то соли 2030-2050 пиряхҳои хурде, ки то 1км масоҳат доранд, имкони зиёди аз байн рафтанашон ҳаст.
Мутахассисони маркази омӯзиши пиряхҳои Академияи Миллии Илмҳои Тоҷикистон, давоми моҳҳои июн-августи соли сипаришуда ҷиҳати таҳқиқ ва омӯзиши пиряхҳои Федченко, Хирсон, РГО ва пиряхҳои ҳавзаи кӯлҳои Қарокӯл ва Искандаркӯл корҳои муҳимми пажуҳишӣ анҷом доданд. Дар доираи барномаҳои давлати оид ба омӯзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон, дар экспедитсияи аз ҷониби маркази омӯзиши пиряхҳо ташкилнамуда мутахассисон аз пажуҳишгоҳҳои Шветсария низ иштирок варзиданд.
Таҳқиқотҳои экспедитсионӣ – саҳроӣ, моҳворагӣ, истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишини Маркази омузиши пиряхҳои АМИТ нишон доданд, ки пиряхҳои Тоҷикистон дар ҳолати коҳишёбӣ қарор доранд. Суръати коҳишёфтани пиряхҳо дар болооби Зарафшон ва Кофарниҳон нисбат ба дигар минтақаҳо босуръаттараст, чунки пиряхҳои аз як километри квадратӣ хурд нисбатан босуръат аст ва инчунин ҷойгиршавии онҳо нисбат ба Помири шарқӣ дар ин минтақаҳо поёнтар аст. Дар сатҳи ҷаҳонӣ барномаҳои татқиқотии илми тадбирҳои сиёсӣ ва техникӣ оид ба мубориза бо тағирёбии иқлим таҳия шудаанд ва амал мекунанд. Дар ин бахш чаҳор пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон марбут ба об хело назарас мебошад. Бо вуҷуди ин саҳмгузории бештар талаб карда мешавад. Зарур аст ки ҳамаи мамлакатҳои ҷаҳон ҳамаи одамон дар роҳи муҳофизати пиряхҳо ва сайёра саҳмгузор бошанд.
Бояд ёдовар шуд ки ҳанӯз соли 2019 дар Копегаген дар ҷаласаи тарафҳо оид ба тағирёбии иқлим инчунин дар ҷаласаҳои сатҳи баланд дар Фаронса, Шветсария, Амрико ва баъдан моҳи марти соли 2021 зимни нахустин ҷаласаи Пешвоёни эътилофи обу иқлим, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз намуда буданд, ки обшавии босуръати пиряхҳо, дар баробари зиёдшавии истеъмоли об ки аз афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисод вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Аз ҷумла таъсири гармшавии глобалӣ боиси коҳиши пиряхҳо ва қабати барф дар сатҳи ҷаҳони аз ҷумла минтақаҳои куҳсор мебошад. Ҳамин масъалаи доғи руз ҷомиаи ҷаҳониро ба ташвиш оварда, бодарназардошти ин Президенти маҳбуби Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки ҷиҳати нигарони кардан ба масъалаи мазкур дар сатҳи байналмилалӣ соли 2025 соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон карда шавад. Ин пешниҳоди Пешвои муаззами Тоҷикони ҷаҳон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 14 декабри соли 2022 аз ҷониби СММ пазируфта шуд.
Шароитҳои иқлимии ҳавзаи пиряхи Феченко ва дурнамои онро чигуна шарҳ медиҳед?
-Масоҳати умумии пиряхи Федченко бо ҳама шохаҳояш 681,7км дарозияш бошад 77 км қисмати болоии он бо ҳамҷоишавии ҳама қабатҳои 6280м, баландии теғаи он 2910м, ғафсии ях бошад дар баъзе қисматҳои он то 800м мебошад. Ҳаҷми умумии ин пирях 130км ро ташкил медиҳад. Сарчашмаҳои инкишофи пирях аз ду пиряхи 30км, 6-пиряхи 10км, 13 пиряхи 5км ва 57 пиряхи аз 2,5 то 5км иборат мебошад. Аксарияти ин пиряхҳо дар баландии то 3000м ҷой гирифтаанд. Мувофиқи назораҳои моҳворавӣ дар баъзе аз китъаҳои пирях обшавии он муайян гардида, дар бадани пиррях кафҳое ба миён омадааст, ки ҳангоми воридшавии об ба он кафҳо хатари босуръат обшавии пиряхҳоро зиёд менамояд.
Аксар соли 2007 дар бадани пирях пайдо шудани нишонаҳои обшавӣ 31,6%-ро ташкил дода бошад, ин нишондод дар баъзе аз қитъаҳои пирях соли 2012 ба 34,3 % рост омадааст. Соли 2021 аз рӯи мушоҳидаҳои моҳворавӣ, дар бадани пиряхҳои Бивачный, ки дар паҳлуи рости пиряхи Федченко ҷойгир мебошад, пайдо шудани 30% обшавии пирях ба мушоҳида расидааст.
Дар қисмати забонаи пиряхи Федченко бошад, ду ҳавзи масоҳаташ то 20-25км ва чанд ҳавзҳои хурди дигар ба мушоҳида мерасад. Тағйирёбии ҳарорати ҳаво таъсири манфии худро ба пиряхҳо расонида, хатарҳои глобалиро метавонад, ки ба бор орад. Ҳарорати ҳаво дар баъзе аз минтақаҳои пиряхи Федченко дар моҳи июн то 4 дараҷаи гармӣ қайд гардида, дар минтақаи стансияи обуҳавошиносӣ ҳарорат то 15,5 дараҷа баланд мешавад.
Солҳои аз ҳама гармтарин дар ин қаламрави пиряхҳо солҳои 1966-1970 ва солҳои 1986-1990 ба шумор рафта, он гармиҳҳо таъсири зиёди хешро ба пиряхҳо расонидаанд.
Мутобиқи мушоҳидаҳои зийди моҳворавӣ, дар тули солҳои 1933 то 2021 ин пиряхҳо 1555м об шуда, дар маҷмуъ 4, 5 км кам гардидааст. Солҳои охир чунин ба мушоҳида мерасад ки дар як сол 32м об шуда ҳамаи пиряхҳо дар як сол 0,053км об мешаванд. Таҳлилҳои охири моҳворавӣ нишон доданд ки пиряхи Улуғбек дар давоми солҳои 1977 -2021 292м ба қафо рафта аст. Пиряхи Косиенко бошад дар давоми солҳои 1977 то 1997 яъне дар тули 20 сол 1255м ва аз соли 1997то соли 2021 522м об шудааст. Аз рӯи мушоҳидаҳои моҳворавии стансияҳо муҳлати лаҳзаҳои офтобӣ дар болотарин қулаҳо 2158 соат дар миёнаҳои пиряхҳо 1919 соат дар охири пиряхҳо 1868 дар як солро ташкил медиҳад. Аммо аз моҳи июн то сентиябр дар қисмати миёнаи пирях ба ҳисоби миёна 1095 соати офтобӣ ва дар қисмати поёнии пирях 873 соати офтоби ба мушоҳида расидааст. Суръати ҳаракати пиряхи Федченко дар як сол дар қисмати мобайнии он 252м ё ба ҳисоби миёна дар як шабонаруз 70см, дар минтақаҳое ки барфи бисёр дорад 216м дар як сол ё худ 60см дар як шабонарӯзро ташкил медиҳад. Дар тамоми минтақаи пирях бошад 130, 7м дар як сол ва 36,3см дар як шабонарӯз мебошад. Ҳамин тавр пиряхи Федченко дар тули 63 сол аз масоҳати умумии хеш 947м масоҳаташро аз даст дода 11,2км пиряхро кам намуд, ки дар як сол ба 15м рост омада камшавии масоҳаташ бошад дар як сол ба 0,177км2 мерасад. Дар даҳ соли охир пиряхи Федченко бинобар тағирёбии иқлим 20м масоҳаташро дар як сол аз даст дода аст. Бо ин ҳама нигоҳ накарда ин пиряхи азими афсонавӣ, ҳамеша дар маркази омӯзишҳои ҷиддии Муассисаи давлатии Илмии “Маркази омӯзиши пиряхҳо”-и АМИТ қарор дошта, ҳифт стансияи моҳворавии омӯзишии ҳолати пиряхҳо, дар қаламрави ин пиряхи бузург дар фаъолият мебошанд. Ногуфта намонад, ки насби ин стансияҳо дар он қуллаҳои барфпӯш тамоми муҳаққиқини хориҷиро дар ҳайрат овардааст.
Барои як чунин суҳбати самими ба шумо ташаккур гуфта умед барон дорем ки соли нави 2023 барои кишвари азизи мо ва мардуми қаҳрамони достонангези соли пур аз баракот фаровони ва никномиву сарбаланди бошад.

Суҳбаторо Ҷумъахон Темурзода



Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: