ҶАНГИ ҲАСТАӢ: ОЁ ОН ҚАРИБУЛВУҚӮЪ АСТ?15-12-2022, 10:32
Хабарро хонданд: 550 нафар
Назарҳо: 0
Даҳсолаи ахир сайёраи сабзи моро ду хатари муҳлик таҳдид мекунад: боло рафтани сатҳи об дар уқёнусҳо ва ҷанги ҳастаӣ, ки омили ҳар ду худи инсон муаррифӣ мегардад. Ба қавли коршиносон, агар ҳарорат дар нуқоти сардтари сайёра соле бо изофаи як дараҷа мусбат идома ёбад, то соли 2030 як қатор силсилаҷазираҳо ва нимҷазираҳо дар паҳнои уқёнуси Ҳинд зери об хоҳад монд, ин хатар ҷазираҳои марбут ба Индонезия ва соҳилҳои Покистон, Бангладеш, Ҷопон ва ҳатто Чинро таҳдид мекунад. Агар ин раванд то соли 2050 идома пайдо кунад, то чил дарсади яхҳои Бузург дар Қутби Шимол об шуда, сатҳи оби уқёнусҳо то як метр боло хоҳад рафт, ки сунамиҳои хатароварро тавлид намуда, кишварҳои бо уқёнусҳо пайвасти марзӣ дошта, аз хатар эмин нахоҳанд монд. Мисоли ин сунамиҳоро ҷаҳониён солҳои ахир дар қитъаҳои Амрико, Осиё ва ҳатто Аврупо бо чашми сар дидаанд, ки онҳо чӣ қадар хатарнок буда, ҷони ҳазорҳо одамонро рабуда ва хисороти моливу ҷонӣ ба бор меоранд. Гармшавӣ ва боло рафтани ҳарорат ба тағйир ёфтани иқлим мусоидат мекунад, дар ин ё он қитъаи олам боронгариҳо ва селҳо ба амал омада, ҷаҳони биологиро то ҷое аз байн мебарад. Коҳиши тавлиди газҳои парникӣ метавонад пеши роҳи хатари бузург-гармшавии сайёраро бигирад, ба ибораи дигар, дар ин самт давлатҳои аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафта, ки ҳазорҳо корхонаҳои тавлидотии оҳану пўлод, алюминий, масолеҳи химиявӣ ва неругоҳҳои оташӣ доранд, бояд то 30-40 дар сади онҳоро қатъ созанд. Бист кишвари аз нигоҳи иқтисодӣ пешрафтаи дунё дар саммитҳои солона, ки дар ин ё он кишвар баргузор мегардад, бобати ин масоили муҳим ибрози назар намоянд ҳам, аммо ба умқи масъала наздик намешаванд. Зеро, сохти сармоядорӣ муфлисшавиро аз ин ё он соҳа ба дурустӣ намепазирад. Кишварҳои Чину Русия ва инчунин Ҷопон барои кам кардани теъдоди корхонаҳое, ки тавассути тавлиди газҳои парникӣ мувозинати озонро дар фазо халалдор сохтааст, кўшиш ба харҷ диҳанд ҳам, кишварҳои дигар ин масоили ҳаётан муҳимро дар раванди тақсимоти нави ҷаҳон дар садсолаи нав, то ҷое нодида мегиранд. Дар мавриди ҳифзи сайёраи сабз гирдҳамоиҳо, эътирозҳо ва корпартоиҳо, ки дар нуқоти гуногуни ҷаҳон ба амал меоянд, аз он шаҳодат медиҳад, ки сокинони сайёра ба ин масъалаи хеле муҳим-ҳаёти ояндаи инсон дар рўи Замин таваҷҷуҳи зиёд доранд. Дар кишварҳои бузургу кучаки Аврупо, ба мисли Британияи Кабир, Фаронса, Олмон, Белгия, Италия, Ҳолланд, Чехия, Дания ва ғайра мардум даҳсолаҳо боз бо шиорҳои «Сайёраи сабз абадӣ бод!», «Фазоро аз чангу ғубори химиявӣ покиза нигоҳ доред!», «Газҳои парникӣ коҳиш дода шавад!», «Кайҳон аз силоҳи ҷангӣ пок бошад!» ва даҳҳо шиорҳои ҳаётан муҳим ба кўчаю ҷодаҳо баромада, ба ҷаҳониён ва ҳукуматҳои хеш барои таъмини зиндагии бехатар ва осоиштаи оянда ҳушдор медиҳанд. Дар роҳҳо ва ҷодаҳои Англия, Белгия, Италия, Чехия, Фаронса, Ҳолланд ба хотири пок нигоҳ доштани муҳити атроф нақлиёт кам ба назар мерасанд, мардум аз дучарха ва дигар нақлиёти тавассути барқ ҳаракаткунанда истифода мекунанд. Дар Белгия сокиноне, ки дар айвонҳои хеш гул парвариш намекунанд, мавриди интиқоди сахт қарор гирифта, ҳатто ҷарима месупоранд. Ҳамаи ин тадбирҳо барои нигоҳ доштани муҳити поки экологӣ ва ҳисса гузоштан дар сабз нигоҳ доштани сайёраи Замин арзёбӣ мегардад. Хатари дигаре, ки коршиносон онро муҳликтар аз ҳама арзёбӣ мекунанд, ин ҷанги ҳастаӣ аст, ки он ҷаҳон ва башарро аз байн хоҳад бурд. Инсоният асари ҷанги ҳастаиро дар қарни гузашта бо чашми сар дидааст. Амрико моҳи сентябри соли 1945 бо партоби чанд бомбаи ҳастаӣ шаҳрҳои бузурги Ҷопон–Хиросима ва Нагасакиро хоку туроб карда, беш аз дусад ҳазор одамон дар мижа задан аз оташи ин бомбаҳо ба хокистар табдил ёфтанд. Ин даҳшате буд, ки пас аз анҷоми Ҷанги Дуввуми Ҷаҳонӣ ба амал омад. Бомбаҳои атомиро ҳукумати онвақтаи Амрико, ки бо Ҷопон дар душманӣ қарор дошт, бо ду ҳадаф дар амал санҷид. Якум-посух ба ҳамлаҳои артиши Ҷопон, ки флоти ҳарбӣ-баҳрии Амрикоро дар соҳилҳои наздик ба Чину Ҷопон аз байн бурда буд, дувум-тарс додани Иттиҳоди Шуравӣ, ки соли 1945 ҳанўз чунин силоҳи хатарнокро дар ихтиёр надошт. Пас аз ҳодисаи Нагасаки ва Хиросима миёни Иттиҳоди Шуравӣ ва Амрико мусобиқаи мусаллаҳшавии бошитоб оғоз ёфт. Иттиҳоди Шуравӣ соли 1946 соҳиби чунин силоҳ гардид ва дар ҷаҳон як муддат оромии нисбатан ташвишовар барқарор гардид. Барои он ташвишовар, ки заминаи «ҷанги сард» аз он вақт миёни Амрико ва Иттиҳоди Шуравӣ гузошта шуд. Агар ба таърихи он айём дақиқ бингарем, ҷанги сард то аз байн рафтани Иттиҳодӣ Шуравӣ (1991) идома дошт. Қариб ним қарн Амрико ва Иттиҳоди Шуравӣ, бо вуҷуди он ки дар ихтиёри худ садҳо ракетаҳои марговари ҳастаӣ доштанд, миёни онҳо аз мусаллаҳшавии бошитоб ҷилавгирӣ ба амал намеомад. Баъдан, барномаҳои мусаллаҳшавӣ дар кайҳон ба вуҷуд омаданд. Сабаби асосӣ тақсимот ва ихтиёрдории ҷаҳон буд, Шуравӣ мехост бо пирўзии сотсиализм дар ҷаҳон капитализмро аз байн барад, Амрико барои ҳифзи манофеи империализми ҷаҳонӣ, ҷилавгирӣ аз пирўзиҳои инқилоби сотсиалистӣ дар ин ё он нуқоти ҷаҳон истодагарӣ мекард. Ин бархурди ду кишвари абарқудрат метавонист соли 1962 қарни гузашта ҷанги ҳастаиро ба амал оварад. Иҷмолан, агар ба таърихи он замон бингарем, Шуравӣ инқилоби сотсиалистии Кубаро бо сарварии Кастро аз ҳар нигоҳ пуштибонӣ кард. Дар «зери бинии» Амрико ба пирўзӣ расидани сотсиализм маънои эҷоди хатар ба манофеи миллии муддаиро дошт. Ин низоъ дар таърих бо номи «Буҳрони баҳри Қариб» ё «Фоҷеаи қарибулвуқуъ» ёд мешавад, ки он 27 октябри соли 1962 бо ба сари мақсад расидани роҳбарони вақти Шуравӣ ва Амрико-Хрушёв ва Кеннеди ҳаллу фасл гардид. Хрушёв ва Кеннедӣ дарк карданд, ки ҷанги ҳастаӣ ғолиб надорад, балки он харобиҳои гўшношунидро дар пай дошта, беш аз ними аҳолии ҷаҳонро несту нобуд месозад ва оқибати фоҷеаи ҳастаӣ минбаъд дар сайёра ним қарн идома хоҳад ёфт. Агар ба муқовимати Шуравӣ ва Амрико дар соли 1961, ки бар асари Кубаи инқилобӣ ба амал омада буд, бингарем, Амрико аз нигоҳи мавқеи стратегии ҳастаӣ нисбат ба Шуравӣ дастболо буд. Амрикоиҳо бо 6000 ҳазор ракетаи ҳастаӣ ва Шуравӣ бо 3000 адад чунин ракета дар муқобили якдигар қарор доштанд. 1300 тайёраи дурпарвози Амрико омода буданд дар як навбат то 3000 ҳазор ракетаи ҳастаиро ба ҳудуди Шуравӣ партоб намоянд. Шуравӣ метавонист фақат аз 300 дона ракетаи ҳастаӣ истифода намояд. Дида мешавад, ки қувваҳо баробар набуданд, аммо коршиносони низомии ҳастаӣ роҳбарияти Шуравиро дилпур сохта буданд, ки метавонанд дар марзи Кубаи инқилобӣ ракетаҳои ҳастаиро мустақар сохта, аз он ҷо ба Вашингтон ва пойгоҳҳои низомии Амрико зарба ворид кунанд. Ба Куба ракетаҳои ҳастаӣ интиқол ёфтанд. Ин иқдом минбаъд «Буҳрони баҳри Қариб»-ро ба вуҷуд овард. Дар қарни гузашта ҷаҳон дарк кард, ки силоҳи ҳастаӣ ва истифодаи он дар низоъҳои байналмилалӣ ба ҳеҷ ваҷҳ мумкин набуда, он ҷаҳонро ба фоҷеаи инсонӣ рў ба рў мекунад. Аммо кишварҳое, ки солҳо бо ҳамсояҳои худ дар низоъ қарор доштанд, барои ҳифзи манофеи миллии худ бо масрафи маблағҳои ҳангуфт соҳиби бомбаҳои ҳастаӣ гардиданд. Ҳоло дар ҷаҳон 13 кишвар чунин силоҳи марговарро соҳиб ҳастанд. Масалан, Россия 5977 бомбаи атомӣ, Амрико-5428, Чин-350, Фаронса 290, Британияи Кабир - 225, Покистон-165, Ҳинд-160, Исроил-90, Куриёи Ҷанубӣ-20 поя чунин бомбаҳоро дар ҳолати омодабош нигоҳ медоранд. Бисёр мамлакатҳо ҳанўз барои сохтани бомбаҳои ҳастаӣ ҳавасманд буда, маблағҳои ҳангуфтро ба масраф мерасонанд. Дар давоми ним қарни сипаришуда дар Амрико ва Шуравӣ (минбаъд Россия) кўшишҳои коҳиш додани силоҳи ҳастаӣ ба амал омада бошад ҳам, аммо фикри сохтани бомбаҳои термоядроӣ ва нейтронӣ аз байн нарафт. Роҳбарони вақти Амрико ва Шуравӣ Рейган ва Горбачёв дар солҳои 80-уми қарни гузашта ҳаштод дар сади бомбаҳои ҳастаиро тибқи уҳдадориҳои ба имзорасида дар кишварҳои якдигар аз байн бурданд. Вале, минбаъд «ҷанги сард» хомўш нагардид, ҷойи бомбаҳои «аррашуда»-ро ракетаҳои болдор ва байниқитъавии ҳастаӣ иваз кард ва имрўз касе гуфта наметавонад, ки ин кишварҳо дар ихтиёри худ боз чӣ гуна силоҳҳои ҳастаиро доранд. Ба ҳамагон маълум аст, ки Россия аз 24 феврали соли 2021 барои ҳифзи манофеи миллӣ бо Украина дар ҷанг қарор дорад. Президенти Россия Владимир Путин ду моҳ пеш дар изҳороти расмии хеш гуфта буд, ки барои нигоҳ доштани якпорчагии мамлакат, агар зарурат пайдо шавад, аз тамоми имкониятҳо ва силоҳҳои мавҷуда истифода хоҳад кард, аммо силоҳи ҳастаиро ба забон наоварда буд. Ин изҳороти роҳбари Россияи дорои силоҳи ҳастаӣ дар ҷаҳон вокунишҳои аҷибу ғарибро ба амал овард. Аз ҷумла, президенти Амрико Ҷо Байден ба ҷаҳон эълом дошт, ки Россия ба ҷанги ҳастаӣ омодагӣ мебинад ва то тавонист иттиҳомро болои ҳамтои руси худ бор кард. Аксар расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ табли ҷанги қарибулвуқуи ҳастаиро дар ҷаҳон навохтанд, ҳатто роҳбарият ва ашхоси сиёсии баландпояи сатҳи ҷаҳонӣ, ки ба сиёсати кунунии Россия дар ихтилоф қарор доранд, дар фикри зарбаи пешакии ҳастаӣ ба Россияро хостор шуданд. Масалан, ба собиқ сарвазири Британияи Кабир хонум Тереза МЭЙ журналистон савол дода буданд, ки агар дар ихтиёратон силоҳи ҳастаӣ дошта бошед, аз он истифода мекунед, посухи мусбат ироа дошта буд. Чунин сиёсати хатарнокро ҳатто як идда сиёсатмадорони ҷавон, чи дар Аврупо ва чи дар Амрико, ки оқибати ҷанги ҳастаиро тасаввур карда наметавонанд, дастгирӣ менамуданд. Изҳороти чандинкаратаи моҳҳои охири президенти Россия В. Путин дар бораи номумкин будани истифодаи силоҳи ҳастаӣ ва оқибатҳои он ин шиддатро то ҷое паст кард, аммо ин масъала дар расонаҳои хабарӣ бозтоби нав гирифт. Президенти Россия В.Путин ҳафтаи гузашта дар Бишкек-пойтахти Қирғизистон, ба қавли расонаҳои хабарӣ дар мавриди ҷанги қарибулвуқуъ, ки Россияро дар сар задани он гунаҳкор медонанд, чунин изҳор дошт: «Мо дар ин маврид ҳанўз ақл набохтаем ва ҳеҷ гоҳ ба ҷанги ҳастаӣ роҳ нахоҳем дод». Аммо, чуноне ки дар боло ишора кардем, мавзуи ҷанги қарибулвуқуи ҳастаӣ ҳанўз дар расонаҳои хабарӣ ба ҳар ранг ҷилва мекунад ва гўё имкони сар задани он мавҷуд бошад. Аммо дар ин рўзҳо барои ҷилавгирӣ аз ҷанги ҳастаӣ ва коҳиш додани ҷанги сард миёни Амрико ва Россия садои неруҳои пешгоми дунё, ашхоси баландпояи сиёсии ҷаҳон ба гўш мерасад. Ҳар ҷангу низоъ охир дорад. Поёни он сулҳ аст. Сайёра дар ду ҷанги ҷаҳонӣ беш аз сад миллион одамонро аз даст додааст. Ин ду фоҷеаи башарӣ бояд барои инсоният дарси ибрат бошад. Дар сурати ҷанги ҳастаӣ, ки таҳлилгарон пешгўӣ мекунанд, агар бо истифодаи силоҳҳое, ки аз ду ҷониб истифода мегардад, сар занад, дар рўзҳои аввал 1 миллиарду 150 миллион аҳолии ҷаҳон аз байн хоҳад рафт. Ин ҷанги харобиовар, ки инсоният бо пасманзари он дар шаҳрҳои Нагасаки ва Хиросимаи Ҷопон огоҳ ҳастанд, чунон харобиҳоеро меоварад, ки тасаввури он аз доираи ақл берун аст. Дар хотима суханони «падари бомбаи ҳастаӣ» Эйнштейнро меорем, ки гуфта буд: «Инсоният пас аз ҷанги сеюми ҷаҳонӣ минбаъд ба якдигар бо калтаку чўбу санг ҳуҷум мекунанд». Ин гуфтори пурҳикмати Эйнштейн бояд барои ҳар як сокини сайёра дарси ибрат бошад. Бурҳон Салмон |
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.