Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » САФАРИ КОРӢ БА ШАҲРИ ОСТОНАИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

САФАРИ КОРӢ БА ШАҲРИ ОСТОНАИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН

21-10-2022, 09:39
Хабарро хонданд: 97 нафар
Назарҳо: 0
САФАРИ КОРӢ БА ШАҲРИ ОСТОНАИ ҶУМҲУРИИ ҚАЗОҚИСТОН
12 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Саммити шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ва Саммити «Осиёи Марказӣ-Русия» ба шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон сафар карданд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии “Нурсултон Назарбоев” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намояндагони воломақоми Ҷумҳурии Қазоқистон гарму самимӣ истиқбол гирифтанд.

Иштирок дар Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон
13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остона дар Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки таҳти раёсати Ҷумҳурии Қазоқистон бургузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.
Дар кори ҳамоиши сатҳи баланди байналмилалӣ сарони давлатҳо, ҳукуматҳо ва намояндагони воломақоми кишварҳои иштирокчӣ, роҳбарону намояндагони давлатҳои нозир, ташкилоту созмонҳои байналамилалии нозир ва шарик иштирок карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши мазкур суханронӣ карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои дар сатҳи баланди тадорукотӣ баргузор кардани мулоқоти навбатии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо ва пазироии самимӣ изҳори сипос намуданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ оид ба таҳаввулоти амиқ дар арсаи ҷаҳон, оқибатҳои пандемияи КОВИД-19, таъсири он ба иқтисод ва амнияти кишварҳо, буҳрони иқтисодию иҷтимоӣ ва вазъи амнияти байналмиллалию минтақавӣ, афзоиши терроризм, ифротгароӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромиллӣ, қочоқи маводи мухаддир ва ҷиноятҳои киберӣ андешаронӣ карда, талошҳои муштарак дар мубориза бо ин чолишҳо ва таҳдидҳо, инчунин ҳамоҳангсозии корҳоро ҷиҳати таҳкими сулҳу субот ва амният зарур шумурданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон иштирокчии фаъоли муколамаи глобалии амният дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мебошад. Кишвари мо дар асоси таҷрибаи андўхтаи худ дар самти мубориза бо хатару таҳдидҳои ҷаҳонӣ Стратегияи нави мубориза бо терроризм ва ифротгароиро барои давраи то соли 2025 таҳия ва қабул намуд.
Бо ёдоварӣ аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир Сарвари давлат таъкид намуданд, ки чанд рўз пас дар пойтахти Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Созмони Милали Муттаҳид ва дигар шарикони байналмилалӣ Конфронси сатҳи баланд дар чаҳорчўби “Раванди Душанбе” оид ба мубориза бо терроризм доир мегардад, ки мавзуъҳои муҳими ҷаҳонро дар бар мегирад.
Мавриди зикр аст, ки пас аз шомил шудан ба Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё Тоҷикистон дар ноил шудан ба ҳадафҳо дар доираи Машварат саҳми арзанда мегузорад.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи вазифаҳои умумии Декларатсияи дар ҳамоиши Душанбе қабулшуда, андешаҳои худро доир ба рушди сайёҳӣ, ҳалли масъалаҳои муҳими амнияту ҳамкорӣ дар Осиё, аз ҷумла вазъи Афѓонистон баён намуда, таваҷҷуҳи роҳбарони давлатҳои аъзои машваратро ба ҳалли саривақтии мушкилоти мавҷуда ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи кўшишҳо ҷалб сохтанд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар самти ҳалли мушкилоти глобалии норасоии оби ошомиданӣ ва таѓйирёбии иқлим ёдовар шуда, сарони кишварҳо ва ташкилоту созмонҳои байналмилалиро ба мустаҳкам намудани ҳамкорӣ дар соҳаи муқовимат ба пайомадҳои таѓйирёбии иқлим даъват намуданд.
Бояд гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон бо мақсади ҷалби таваҷҷуҳи бештари ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ҳалли мушкилоти обу иқлим ва обшавии пиряхҳо қаблан пешниҳод карда буд, ки соли 2025 “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” эълон карда шавад.
Президенти мамлакат изҳори умед карданд, ки талошҳои Тоҷикистон дар ин самт аз ҷониби кишварҳои аъзои Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё ҳамаҷониба дастгирӣ хоҳанд ёфт.
Соли 2023 аз нигоҳи баррасии миёнамуҳлати Ҳадафҳои рушди устувор ва арзёбии иҷрои ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” соли муҳим мебошад. Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз Конфронси дуюми Созмони Милали Муттаҳид, ки соли оянда дар Ню-Йорк баргузор мешавад, натиҷаҳои назаррасро интизор аст. Тоҷикистон яке аз ҳамраисҳои ин ҳамоиши муҳими байналмилалӣ хоҳад буд.
Изҳори имтинон карда шуд, ки дурнамои фаъолияти муштараки кишварҳо дар самти таҳкими эътимоду амният, инчунин ҳамкории васеи бисёрҷониба дар ҳалли масъалаҳои мубрам, муайян карда шавад.
Дар фарҷоми кори Ҳамоиши шашуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё аз ҷониби иштирокчиён дар маҷмуъ 14 ҳуҷҷат, қарор ва консепсия қабул гардид, аз ҷумла Низомнома оид ба хазинаи МҲТБО, Изҳороти роҳбарони МҲТБО оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва Нақшаи амали МҲТБО оид ба татбиқи Стратегияи глобалии зиддитеррористиии СММ.

Мулоқот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф
13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар ҳошияи Ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф мулоқот карданд.
Дар ҷараёни мулоқот маҷмуи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Покистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкони дидору мулоқотро фурсати муносибе барои муҳокимаи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ду кишвар номида, изҳор доштанд, ки мо пайваста ба раванди мулоқоту машваратҳои байни Тоҷикистону Покистон дар сатҳҳои гуногун таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир менамоем.
Ҷонибҳо зимни мулоқот оид ба рушду густуриши минбаъдаи равобити ҳамаҷонибаи судманд, боз ҳам устувор ва амиқ гардонидани пайвандҳои иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётӣ, вусъат бахшидани лоиҳаҳои энергетикӣ, қавӣ сохтани ҳамкориҳои сиёсиву амниятӣ ва низомию техникӣ табодули андеша карданд.
Барои расидан ба ҳадафҳои созанда ҷоннок кардани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва илмиву техникӣ, гурўҳҳои кории муштарак оид ба нафту газ, энергетика, Шўрои муштараки соҳибкорон, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Покистон ва таъсиси Шўрои муштараки ширкатҳои боркашонии ду кишвар зарур шумурда шуд.
Ҷонибҳо зимни мулоқот дар доираи ҳамкории амниятӣ масъалаҳои муқовимати самаранок бо терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводди мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромарзиро муҳокима карданд.
Дар охир Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф даъват ба амал оварданд, ки дар вақти барояшон муносиб бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оранд.


Мулоқот бо Вазири энергетика ва зерсохтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Суҳайл Мазрўӣ
13 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳошияи Ҳамоиши Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо Вазири энергетика ва зерсохтори Амороти Муттаҳидаи Арабӣ Суҳайл Мазрўӣ мулоқот карданд.
Дар рафти мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар мавриди муҳокима қарор дода шуд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оѓози суҳбат иброз доштанд, ки Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгоҳи муҳим дорад ва мо ҷонибдору ҳавасманди тақвият ва густариши ҳамкориҳои гуногунҷанба бо он мебошем.
Ҷонибҳо зимни мулоқот масоили рушди муносибатҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ табодули андеша карда, аз сатҳи робитаҳои сиёсӣ байни ду кишвари бародар ва дўст, инчунин ҳамкорӣ дар чорчўби созмонҳои байналмилалӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар мулоқот ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои ояндадори энеретика, ифтитоҳи корхонаҳои муштарак дар бахшҳои саноати кўҳии Тоҷикистон, коркарди пахта ва махсулоти ниҳоӣ, баҳрабардорӣ аз захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ, сармоягузории лоиҳаҳои барои ҷонибҳо судовар ва ҳамкории ниҳодҳои молиявию бонкӣ, табодули андеша карданд.
Дар бахши кишоварзӣ таҳкими ҳамкорӣ дар масъалаи ба роҳ мондани содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Тоҷикистон ба Аморот, аз ҷумла меваи тару тоза, меваҳои хушк, сабзавот, асал ва чорвои зиндаю маҳсулоти гўштӣ, зарур дониста шуд.
Густариши робитаҳо дар соҳаи сайёҳӣ яке аз самтҳои дигари ояндадори робитаҳои дуҷониба байни Тоҷикистон ва Аморот маънидод гардид.
Зиёд намудани хатсайрҳои ҳавоӣ ва пайваст намудани пойтахтҳо тавассути роҳандозии парвозҳои мустақим байни Абу Забӣ ва Душанбе ба мақсад мувофиқ шумурда шуд.
Дар рафти мулоқот ҷонибҳо ҳамчунин оид ба дигар масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳ гуфтугўи судманд анҷом доданд.


Мулоқоти сеҷонибаи сарони давлатҳои Тоҷикистон, Русия ва Қирѓизистон
13 октябр дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон бо ташаббуси ҷониби Русия мулоқоти сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин ва Президенти Ҷумҳурии Қирѓизистон Садир Жапаров баргузор гардид.
Дар мулоқот сарони давлатҳо оид ба масоили амнияти минтақавӣ ва субот дар Осиёи Марказӣ табодули афкор карданд.
Зимни вохўрӣ раванди гуфтушунидҳо оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирѓизистон баррасӣ гардид.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки масъалаҳои ба миёномада танҳо бо роҳи сиёсию дипломатӣ, инчунин тавассути фаъолгардонии кори гуруҳҳои ҳукуматӣ ва коршиносон оид ба делиметатсия ва демаркатсия тибқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда, ҳал карда шаванд.
Иштирок дар Ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
14 октябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон дар Ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Ҷаласаи навбатии Шурои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳаммедов, Президенти Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Ҷумҳурии Қирѓизистон Садир Жапаров иштирок карданд.
Дар ҷараёни мулоқот дар ҳайати маҳдуд сарони давлатҳо оид ба масъалаҳои муҳими ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва мавзуъҳои мубрами рўзномаи байналмилалӣ ва минтақавӣ суханронӣ намуданд.
Зимни суханронии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, пеш аз ҳама, татбиқи бомуваффақияти ҳадафҳои раёсатро дар Иттиҳод аз ҷониби Ҷумҳурии Қазоқистон, таъкид намуда, дар бораи вазъи кунунии ҷаҳон ва алахусус дар минтақаи Иттиҳод андешаронӣ карданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба авзои сиёсии ҷаҳон, таъсири омилҳои беруна ба иқтисоду амнияти кишварҳо, буҳрони озуқаворию энергетикӣ, таѓйирёбии иқлим ва таъсири пандемияи Ковид, оқибатҳои низоъҳо дар кишварҳои гуногуни олам, ки ба амнияти минтақа ва ҷаҳон метавонанд таъсиргузор бошанд, андешаҳои ҷолиб ва таҳлилҳои амиқ баён карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба пайомадҳои манфии ин хавфҳо пешниҳод карданд, ки дар баробари корҳое, ки дар доираи Иттиҳод анҷомдодашуда, барои вокуниши муштарак ба чолишҳои рўзафзун ва таҳдидҳо чораҳои муассиртар андешида шаванд.
Ҳамкории бисёрҷонибаи иқтисодӣ самти афзалиятдору аввалиндараҷаи робитаҳои кишварҳои аъзо номида шуд, зеро давлатҳои иттиҳод барои рушди он захираҳои калон доранд.
Бояд гуфт, ки сарфи назар аз натиҷаҳои дар давоми се даҳсола ба даст овардаи кишварҳо дар доираи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, то ҳол монеаҳо ва маҳдудиятҳо мавҷуданд, ки ба рушди минбаъдаи мутақобилан судманд халал мерасонанд.
Таъкид гардид, ки то ҳол дар соҳаҳои иқтисодиёт, саноат, илму техника, нақлиёту транзит ва бахши энергетика иқтидорҳои бузурги истифоданашуда ҳанўз зиёданд.
Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Ҷаласаи Шўрои сарони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ҳамчунин оид ба масъалаҳои ҳамкории кишварҳо дар самтҳои фарҳангию гуманитарӣ андешаронӣ карданд.
Дар баромади худ Сарвари давлат инчунин оид ба пайомадҳои офатҳои бузурги табиии вобаста ба об, хисороти моддию талафоти ҷонӣ, ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар бораи ҳалли мушкилоти норасоии об, таъсири таѓйрёбии иқлим ба захираҳои обӣ, обшавии пиряхҳо, болоравии талабот ба оби ошомиданӣ бинобар афзоиши аҳолии кураи замин ва рушди иқтисоди кишварҳо, суханронӣ карданд.
Терроризм, ифротгароӣ, қочоқи маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва дигар зуҳуроти ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ ҳамчун таҳдидҳои асосӣ ба амнияти кишварҳо номида шуд.
Таъкид шуд, ки Тоҷикистон аз тасдиқи Барномаи ҳамкории кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ барои давраи солҳои 2023 - 2025 ҷонибдор аст.
Дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои ИДМ бо иштироки ҳайатҳои васеъ оид ба натиҷаи масъалаҳои баррасишудаи рўзномаи ҷаласа раиси Кумитаи иҷроия, котиби иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев ва дар бораи рушди ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои аъзо Раиси Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои ИДМ, Раиси Шўрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Федератсияи Русия Валентина Матвиенко суханронӣ намуданд.
Дар фарҷоми кори ҷаласа сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил як қатор қарорҳову санадҳои вобаста ба фаъолияти минбаъдаи Созмонро ба тасвиб расониданд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: