Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » » ОДОБИ МУОШИРАТ БО ҲАМСОЯГОН

ОДОБИ МУОШИРАТ БО ҲАМСОЯГОН

30-08-2022, 15:03
Хабарро хонданд: 1429 нафар
Назарҳо: 0
ОДОБИ МУОШИРАТ БО ҲАМСОЯГОН
Инсон ҳамеша бо мардум, бо гурӯҳу табақаҳои гуногуни ҷомеа дар муомилаву муошират қарор дорад. Ва яке аз мавзуъҳои муҳим ин одоби муошират аст. Дар ин мавзуъ, дар осори фалсафӣ, ахлоқӣ ва адабӣ андешаҳои пурқиммат баён ёфтаанд, ки аҳамияти бузурги ҳаётӣ ва иҷтимоӣ доранд.
Дар фарҳанг ва расму оинҳои миллиамон доир ба риояи ҳақу ҳуқуқи ҳамсоя, ҳурмату эҳтироми он ҳикмату насиҳатҳо, андарзу маслиҳатҳои зиёде ба назар мерасанд. Фарҳанги инсонпарваронаамон пайваста ҳидоят мекунад, ки ҳар як фард бояд ба мисоли чароғи равшане бошад, ки на танҳо худ, балки ба дигарон низ рушноӣ бахшад. Он муоширату меҳрубоние, ки дар оила нисбат ба наздикон, хешу ақрабо зоҳир мешавад, берун аз он, бо ҳамсоягону аҳли маҳалла ва дигар гурӯҳу табақаҳои ҷомеа низ бояд зуҳур кунад. Хусусан, нисбат ба ҳамсоягон муоширати хуб дошта, аз аҳволи онҳо доимо бохабар будан, ба қадри имкон ёрӣ расонидан, ҳангоми ҳар як вохӯрӣ ва рӯ ба рӯ шудан, муомилаи хуш кардан, аз ахлоқи ҳамидаи ҳар як инсон дарак медиҳад.
Эьтибору таваҷҷуҳ ба ҳамсоягон аҳамияти бузурге дорад. Ин амал аз як ҷониб, барои бартараф кардани ниёзмандиҳои мардум ва аз ҷониби дигар, барои васеь шудани доираи назар нисбат ба ҳаёти фардӣ ва иҷтимоӣ мусоидат мекунад.
Вазифаи ҳар як фард ин аст, ки бо ҳамсоя дар асоси ҳамдигарфаҳмӣ, сулҳу сафо, хайру эҳсон ва дигар талаботи ахлоқӣ ҳамида муносибат дошта бошад.
Дар ривоятҳо ҳамсоягонро ба се навъ ҷудо кардаанд. Аввалан, онҳо нисбат ба мо се ҳуқуқ доранд: ҳуқуқи ҳамсоягӣ, хешовандӣ, бародарӣ. Дувум, ду ҳақ доранд: ҳақи ҳамсоягӣ ва ҳақи бародарӣ. Севум, як ҳуқуқ дорад, вай намояндаи эътиқоду дини дигар аст. Ва мо ба ҳар яки онҳо бояд муносибати мувофиқ дошта бошем, ки дар ҳама сурат ба ҳурмату эҳтиром такя мекунад. Ба ҳамсояе, ки эътиқоду дини дигар дорад ё аз миллати дигар аст, муомилаи сард ё беҳурматӣ кардан, норавост.
Ҳамсоя ба ҳаёти инсон таъсири бузург дорад. Пайғамбари ислом фармудаанд, ки ҳурмати ҳамсоя барои инсон мисли ҳурмати модар аст. Дар байни тоҷикон ҳам чунин ҳикматхо маъмуланд: хонаро, пеш аз ҳама, бо назардошти хамсояҳо бояд харидорӣ ё бино кард ё ин ки хонае, ки ҳамсояҳояш хуб аст, нисбат ба хонаҳои дигар хеле бартарӣ дорад ва ғайра...
Донишмандон аз таҷриба гуфтаанд, ки муоширати неки байниҳамдигарии ҳамсояҳо сабаби ободонии шаҳрҳо ва афзоиши умри мардумон мешавад. Дар китобҳо доир ба вазифаи маънавии ҳар як фард чунин омадааст:
– хулқу худро бо ҳамсоягон неку кунад, бо онон муошират ва ахлоқи хуш дошта бошад;
– ҳамсояи худро ба тавоноии худ сер кунад;
– ҳамсоядорӣ ин аст, ки ҳамсоягонро озору азият набояд дод;
– эҳтироми ҳамсоя ба монанди эҳтироми модар ҳамон гуна воҷиб аст;
– дар моли одамӣ ба ғайр аз закот хаққе ҳаст, ки барои ҳамсоя муваззаф шудааст;
– ба хонаи ҳамсоя нимае аз хӯроки субҳониву шом фиристодан аз амалҳои нек аст, ва агар огоҳ шавед, ки дар хонаи ҳамсоя меҳмон аст, албатта қадре шириниву меваҷот бифиристед.
Нисбат ба ҳамсояҳо аз чи бояд худдорӣ ва парҳез кард? Пеш аз ҳама, он чи ба худ раво нест, нисбат ба ҳамсояҳо онро набояд раво дид. Пайғамбари ислом фармудаанд: «Ба Худо имон надорад он касе, ки ҳамсояаш аз бадии ӯ дар амон нест».
Дар ахлоқи миллиамон чаҳордаҳ қоидаи одоб бо ҳамсоягон таъйин шудааст:
– аввалан, бо онҳо бо лутфу меҳрубони бояд муносибат кард;
– насиҳату маслиҳати худро аз онҳо набояд дареғ дошт;
– агар бадӣ кунанд, онҳоро набояд беобрӯ кард;
– ба қадри имкон ба онҳо ёрӣ ва мадад бояд расонид;
– бори худро ба дӯши онҳо набояд гузошт, баръакс бори онҳоро бар дӯши худ бояд гирифт;
– агар ҳоҷаташонро бароварда бошед, ба онҳо миннат накунед;
– агар аз онҳо фоидае расад, бояд шукру сипосгузорӣ кард;
– агар аз вай ранҷе ё ҷабре расад, набояд шикоят кард;
– агар онҳо камбағал ва мӯҳтоҷ бошанд, бояд мададгорӣ кард;
– агар ягон асбобе талабанд, ба хушдилӣ бояд дод;
– обу намак, нон ва ҳезумро аз онҳо набояд дареғ дошт;
– дар рӯзҳои хурсандӣ ва мусибаташон бо онҳо бояд мувофиқат кард ва аввалтар ба хидмат омодагӣ бояд гирифт;
-ба онҳо дар истифодаи обраҳаву пайроҳа ва монанди онҳо набояд монеа эҷод кард.
Мухаммад Ғаззолӣ дар «Кимиёи саодат» хуб фармудааст:
«Ва Расул гуфт: донӣ, ки ҳақи ҳамсоя чист? Он ки агар аз ту ёрӣ хоҳад, ёрӣ диҳӣ ва агар вом хоҳад, вомаш диҳӣ ва агар дарвеш бошад, мадад кунӣ ва агар бемор бошад, аёдат кунӣ ва агар бимирад, аз паси ҷанозаи вай фаро шавӣ ва агар шодие расадаш, таҳният кунӣ ва андуҳе расадаш, таъзият кунӣ ва девори сарои хеш баланд барнадори, то роҳи боду офтоб аз вай баста шавад ва чун мева хӯрӣ, вайро бифиристӣ ва агар натавони пинҳон хури ва написанди, ки фарзанди ту дар даст гираду берун шавад, то фарзандони вайро чашм дар он ояд ва вайро бо дуди матбаҳи худ на- ранҷонӣ, магар, ки вайро аз табақи хеш бифиристӣ…
Ва бидон, ки аз ҷумлаи ҳуқуқи вай яке он аст, ки аз бом ба хонаи вай фурӯ нанигарӣ ва агар сари чӯб бар девори ту ниҳад, манъ накунӣ ва роҳи новадони вай баста надорӣ ва агар хок пеши дари сарои ту афканад ҷанг накунӣ ва ҳар чи аз авроти вай хабар ёбӣ, пӯшида дорӣ ва чашм аз ҳарами вай нигоҳ дори ва андар канизаки вай бисёр нанигарӣ».

Таҳияи Наргис Шамсова
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: