ОРИЁИНОМА
Бисту шаш сол қабл аз имрӯз аз Яковланги Бомиёни Афғонистон мардум сангнабиштаеро пайдо намуданд, ки таърихи нигоштаашро муҳаққиқону муаррихон ба соли 392 тақвими бохтарӣ мутобиқ ба 624 милодӣ қабл аз ҳуҷуми арабҳо ба Осиёи Миёна нисбат додаанд. Ин бозёфти таърихӣ дар равоқи ковишҳои муаррихони олам саҳифаи наверо боз намуд.
Шоистаи ифтихор ва шарафмандии бузурги миллати достонангези қаҳрамонофари тоҷик будааст, ки дар тӯли дарозои таърихи хештаншиносӣ пайи омӯзиши гузаштаи хеш талош меварзаду дар қатори соири қавму миллатҳои кишваркушо соҳибтамаддун будани хешро бо далелу бурҳонҳои раднашавандаи илмиву имонӣ манзури оламиён мегардонад. Агарчанде ин суннати ориёии мардуми мо аз қарнҳои ҳашт ва даҳуми милодӣ, яъне беш аз ҳазор сол боз идома дошта бошад, Истиқлолияти давлатӣ ба мо имкон дод, ки сари ин мавзуъ ҷиддитар машғул гардему гузаштаи хешро биомӯзем. Агарчи оғози истиқлолияти миллӣ барои ин миллати достонангези қаҳрамони тоҷик каме пуршӯртар омада бошад, бо мадади Худованди дӯстдоштаи бахшандаи меҳрубон аз миёни миллионҳо фарзандони фарзонаи миллат фарзонафарзандеро бо номи поки Эмомалӣ Раҳмон барои эъмори ин бинои муҳташами пурэътибори Ориёӣ рӯйи кор овард. Ва ҳамин ҳадяи беминнати Худованди бахшандаи меҳрубон, ки шахсияти пурарзиши таърихиеро бо ҷасорат ва матонату қаҳрамонӣ ва фазли Ориёӣ хишти аввали Истиқлоли давлатӣ ва худшиносии миллиро дар пойгоҳи ормонҳои миллати соҳибтамаддуни тоҷик гузошт. Кишвари дар вартаи ҳалокат ва миллати паҳну парешонгаштаро дар баҳои ҷон ва хонумони азизаш сарҷамъ овард, пораҳоро васл бинмуда пайкараи Истиқлоли миллиро шукӯҳу шаҳомат бахшид. Бо муҳаббат ва садоқати ватандорӣ дар киштзори ормонҳои миллат тухми ҳастиву абадият корид. Ҳосили ин киштаҳои пурмеҳри ватанхоҳӣ иттиҳод ба бор овард. Ва ба ҳамин иттиҳоду якпорчагӣ ва маърифати миллӣ бунёд гузошт. Чароғҳои анқариб хомӯшгаштаи қалби ватанхоҳон нурполо гардида, зери шуои маърифати миллӣ шинохти ватандорӣ маҳаки қалби ташнагони худшиносии миллӣ гардид. Номи пурифтихори ҷадди бузургвори миллат Исмоили кишваркушо ва Сомониёни далер аз забони поки ин абармарди таърихи навини миллат бар гӯши оламиён расид. Ин ҳушдори миллати достонангези қаҳрамонофари тоҷик бар пунбабаргушони олам ҳушдоре буд, ки ин миллати достонангез на танҳо фарҳанги кишваргушоӣ, балки фарҳанги баланди созандагӣ дошта, дар тӯли таърихи беш аз 10 000 – солаи хеш бар соири миллату қавмҳои олам раҳнамоӣ ва раҳгушоӣ намудааст. Симпозиуму конфронсҳои байналмилалӣ, ки дар Душанбеи азиз баҳсгузор гардидаанд, бар ҷаҳониён собит сохт, ки миллати қаҳрамонофари тоҷик бо садҳо фарзандони фарзонаи хеш, ки маҳсули тафаккурашон оламро аз нестӣ наҷот бахшидаанд, ифтихор дошта, имрӯз низ ин миллати кишваргушо дар хидмати оламиён мебошад. «Китоб-уш-шифо»-и Абуалӣ Сино беш аз 1000 сол боз дар хидмати мардумони олам қарор дошта, ба дарди миллионҳо дардмандон шифо бахшидаву ҳазорсолаҳои дигар хидмат хоҳад намуд. Асарҳои ҷовидонаи Абурайҳони Берунӣ, ки асрори кайҳон ва ҳастии оламро бозгӯӣ менамояд, дар хидмати башарият қарор доштаву дорад. Шеъри оламгири устод Рӯдакӣ дар чаҳор ақсои олам бар қалбҳо рӯҳу равон мебахшад. Асарҳои ҷовидонаи устод Айнӣ набзи замони нав буда, бар гӯши оламиён аз кӣ будани тоҷик мужда мерасонад. Рӯҳи ҷовидонаи тоҷик ва созандагиву башардӯстиаш дар қалби миллионҳо номварони фарҳангу тамаддунсозони олам ба абадият нақш бастааст. Агар дар замони ҳафтод соли Шуравии башардӯсту мардумсолор фарзандони номбардори миллат устодони зиндаёд Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода, арбобони сиёсиву фарҳангӣ Шириншоҳ Шоҳтемур ва Нусратулло Махсум нардбони эътибори миллатро бардошта буданд, дар сӣ соли истиқлол ин бори нанги миллат танҳо ва танҳо бар души Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, оламиён Тоҷикистони азизро бо номи поку пурифтихори ӯ шинохтаанд.
Истиқлолхоҳиву ватансозӣ ва бедории фитриву фазлу фаросати башархоҳӣ ва раъиятпарвариаш аз ҷониби садҳо сиёсатмадорони шуҳрати ҷаҳонидошта эътироф шуда, дар ҷаридаи олам ба абадият сабт гардидааст. Симои фарҳанги ва иҷтимоиву иқтисодии пойтахти Тоҷикистони азиз - Душанбеи сабздоман, ки бо мақдами мубораки шаҳрдори ҷавону озодаи кишвар Рустами Эмомалӣ шукӯҳманд гардидааст, нишони сарсабзӣ ва хуррамиву худогоҳии миллати соҳибтамаддуни достонангези тоҷик буда, ифодагари талошҳои созандаи Пешвои муаззами миллат мебошад. Суханрониҳои ин абармарди таърихи навини миллат бо забони ноби тоҷикӣ аз минбарҳои баланди конфронсу симпозиумҳои ҷаҳонӣ ва ташаббусҳои созандаи башардӯстонааш, дар воқеъ, ҷаҳониёнро ба ваҷд овардааст. Воқеияти дигар он аст, ки зери мафҳуми тоҷик ва ориёӣ қаламрави бузурги Ориёноро аз забони поки Пешвои муаззами миллат, Раиси анҷумани тоҷикони ҷаҳон (бори дигар хоҳам гуфт, ки хеле бамаврид мебуд агар ин анҷуман Анҷумани Ориёиҳои олам номгузорӣ шавад, Ҷ.Т.) оламиён бар гӯши ҷон бишнидаанд. Борҳо аз минбарҳои пурэътибори фарҳангиву сиёсии ҷаҳон атрофи номи тоҷику Ориёӣ суханронӣ намуда, ин пайванди ногусастании ориёноро Камарбанди тиллоии башарият ном бурдааст. Шояд ҳамин ҷасорати Ориёӣ бошад, ки садҳо фарзандони фарзонаи қаламрави Ориёӣ дар чаҳор ақсои олам ӯро сутудаанд. Ва ҳеҷ як конфронсу симпозиуми ҷаҳонӣ андар шинохти Ориёи бузург бе иқтибос аз суханрониҳои Пешвои муаззами тоҷикони ҷаҳон, Раиси анҷумани Ориёиҳои олам, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳусни оғоз наёфтааст. Ва даҳҳо асарҳои олимони шуҳрати ҷаҳонидошта дар перомуни ориёиҳо ба ӯ бахшида шудааст. Рисолаи илмиву пажӯҳишӣ ва тадқиқотии устоди адабиёти форсии Институти Осиёи ҷанубӣ дар Донишгоҳи Ҳойделберги Олмон Ғулом Ҷелонии Доварӣ «Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи «тожик» бар мабнои осори кашфшуда, ки зери назари президенти Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ, дар таҳия ва тавзеҳоти раиси Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон номзади илмҳои таърих Раҳматкарими Давлат ва дар таҳрири ноиби президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон профессор Абдураҳмон Муҳаммад ва доктори илми таърих Қосимшо Искандаров ба тозагӣ рӯи чоп омадааст. Нахустсаҳифаи ин рисолаи пурарзиши илмӣ бо чунин матлаъ арвоқи хешро ба рӯйи хонандагон боз намудааст: «Ин асарро ба поси заҳамоти арзишманди Ҷаноби Олӣ, Ҷалолатмаоб Эмомалӣ Раҳмон, Раисҷумҳури кишвари Тоҷикистон дар соҳаи забон, фарҳанг ва тамаддуни муштараки мо ба эшон эҳдо мекунам», - бозгуии ин ҳама гуфтаҳо мебошад.
Ин рисолаи пажӯҳишӣ ва илмиву тадқиқотӣ яке аз рисолаҳои пурарзиши илмие мебошад андар шинохти тоҷик ҳамчун қавми бумии ориёӣ. Раиси фарҳангистони миллии илмҳои Тоҷикистон, шахсияти фарҳехта ва донишманди тоҷик академик Фарҳод Раҳимӣ ба рисолаи мазкур муқаддимаи пурмуҳтавое навиштааст, ки бешак хонандаи тоҷик баъди мутолиаи он аз муҳтавои рисола огоҳӣ пайдо мекунад, ки ин асари пурарзиши тадқиқоти пажӯҳишӣ ва илмӣ пурарзиштарин рисола дар пиромуни тоҷикшиносӣ дар чанд соли охир мебошад. Чуноне академик Фарҳод Раҳимӣ дар муқаддимаи китоб овардааст: «Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба тафсири вожаи «тоҷик» дар рисолаи бунёдии «Тоҷикон дар оинаи таърих» чунин изҳори назар кардаанд: «Маънои калимаи «тоҷик» чуноне ки медонем, мардуми тоҷдор, наҷибу озода ва озодаманиш аст. Ва номи имрӯзаи тоҷик ҳамчун муродифи номи этикии Эрониёни кунунӣ ба ивази вожаи ориёӣ омадааст».
Бешак, мо бояд ин тафсири мушаххасу оммафаҳми илмиро, ки Пешвои миллат ба қалам овардаанд, ҳамчун аксиома (ҳақиқати баҳснопазир) қабул намоем ва ба эътибор бояд бигирем, ки мафҳуми «забони тоҷикӣ» ба маънои забони қисмате аз мардуми Ориётабор аст. Акнун, бинобар кашфу дастрас намудани як даста осори даврони пешазисломӣ, дар ин бобат маълумоти комилан наву тозае пешниҳод шудаанд, ки қадимияти вожаҳои марбутаи «тоҷик», «тозик» ва «забони тоҷикӣ»-ро мушаххастар нишон медиҳанд.
Аз ҷумла, рисолаи профессори Институти Осиёи ҷанубии Донишгоҳи Ҳойделберги Олмон Ғулом Ҷелонии Доварӣ таҳти унвони «Таҳлили забонӣ ва таърихии вожаи «тожик» бар мабнои осори кашфшуда» (интишороти Бомиён, Порис) ба чоп расидааст, ки дар он бо такя ба се манбаи таърихӣ собит шудааст, ки «вожаи «тожик» «тоҷик» ва «забони тожикӣ» ҳанӯз пеш аз ислом вуҷуд доштааст.
Якум, сангнабиштаи бохтарии Яковланг (дар вилояти Бомиёни Афғонистон) аст, ки соли 392-и тақвими бохтарӣ (баробар ба 624 мелодӣ) бо фармони Алхис, писари Хурос - хадиви Газон ба муносибати пирӯзӣ ва ё интихобаш ба ҳайси подшоҳи турку тожик (тоҷик) набишта шудааст. Таърихи кашфи сангнабишта соли 1996 мебошад. Бори нахуст Питер Швиттеки олмонӣ бо ҳамсару писараш, ки дар Бомиён ба хотири мубориза бо касалии сил фаъолият доштанд, ин сангнабиштаро кашф намудаанд. Ин набиштаро С. Виллиямси инглис иштибоҳан «Подшоҳи турку подшоҳи араб» тарҷума кардааст. Аммо аз нигоҳи муҳаққиқ доктор Ғулом Ҷеллонии Доварӣ он аслан «подшоҳи турку подшоҳи тожик» мебошад.
Дувум: калимаи тожик (тоҷик) дар сиккаи яке аз подшоҳони Хуросон, ки бо лақаби ифтихории «Қайсари Рум, Худои бузург, Шоҳи тозикон» шуҳрат доштааст, дарёфт гардидааст.
Савум: дар порчае аз нусхаи хаттӣ бо забони монавии портӣ, ки дар маҷмуаи «Турфон» (таҳти шумораи 339 м) дар Олмон нигоҳдорӣ мешавад ибораи «забони тожикӣ» омадааст. Ин нусхаи ноқисе, ки матни он дастурамале барои ниёиш аст, бо ибораи «пар тожигона овок» «ба забони тожикӣ» оғоз мешавад. Чуноне ки мушоҳида мешавад, ибораи «пар тожигона овок» ба маънои сифати «тоҷикӣ» ин ҷо омадааст. Он гуна, ки шайх Саъдии бузургвор фармуда:
Руйи тоҷиконаат бинмой, то доғи ҳабаш,
Осмон бар чеҳраи туркони яғмоӣ кашад!
Хулласи калом, набиштаҳои мазкур дар мавриди таъину таҳқиқи пайдоиши мардуму вожаи «тоҷик» ҳамчун сарчашмаи нави муътамад барои олимони соҳа ва кулли тоҷикшиносон мадади калон расонда метавонад. Аммо, воқеияти дигаре, ки шоистаи арҷгузории хонандагони сершумор хоҳад гардид, ин аст, ки бо кӯшиши муҳаққиқони Маркази мероси хаттии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, хусусан раиси ин марказ номзади илмҳои таърих Раҳматкарими Давлат ин рисолаи пурарзиш ба истиқболи Ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Тоҷикистони азиз манзури хонандагон гардид. Ҳамин сарсухани пурмуҳтавои президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимӣ ифодагари заҳматҳои олимони тоҷик ва фарҳангистони улуми кишвар буда, гувоҳи дастгирии бевоситаи сиёсати фарҳангии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби олимону донишмандони кишвар мебошад. Ин рисолаи пурмуҳтавои илмӣ дар ҳаҷми 198 саҳифа рӯйи чоп омада, 28 саҳифаи он акси сиккаҳо ва сангнабиштаҳое мебошад, ки барои муҳаққиқини таърихи тамаддуни Ориёӣ саропо манфиатбор буда, дорои аҳамияти баланди илмӣ ва раҳнамои беминнати таърихнигорони ояндаи кишвар андар шинохти таърихии вожаи тоҷик метавонад буда бошад.
Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА