DataLife Engine > Точикистон, Фарханг > ДАР ХОМӮШИИ Ӯ АНДЕША БУД

ДАР ХОМӮШИИ Ӯ АНДЕША БУД


27-05-2021, 09:09. Разместил: orifi       ДАР  ХОМӮШИИ  Ӯ  АНДЕША  БУД
Адиб дар бораи адиб


Худойназар субҳи барвақт аз манзилаш, аз кӯчаи Саидқул Турдиев баромад. Чун одати муқаррарӣ хомӯшу ором ба сӯи коргоҳаш қадам зад. Аз паҳлуи пайкараи устод Лоҳутӣ ва театри ба номи шоири инқилобӣ гузошта оҳиста гузашт. Пешонааш пурчин, нигоҳаш андешаманд. Аз дил гузаронд: «Магар ҳама фикру ақидаҳоямро нисбати ҳампешаи устод Айнӣ гуфтааст? Не! Бояд камари ҳиммат баста аз аҳли ҷомеа талаб мекард, ки ташаббуси ӯро бобати ба Ватан интиқол додани марқади шоири ширинзабон дастгирӣ менамуданд». Як муддат ба симои ба фикр ѓутавари шоир, ки қалам дар даст ба ифшои шеъри оташинсухан машѓул аст, бо меҳр нигарист.
Пасон, роҳашро давом дод. Аз паҳлуи бинои Иттифоқи нависандагон, ки номи мунодии сулҳу дӯстӣ Мирзо Турсунзодаро дорад, бо эҳтиром гузашт. Дарҳол ба ёд овард, ки шоири номбардори миллат 31 сол ба Созмони бонуфузи адибон сарварӣ карда, маҳз дар ҳамин замон дар натиҷаи ѓамхорӣ ва дастгирии беѓаразонаироҳбарияш ҷамъияти адибони тоҷик на танҳо дар дохили кишвар, балки берун аз он соҳиби шуҳрати беамсол гардид. Садҳо афсӯс, ки пас аз фавти бармаҳали шоири мардумӣ ҷояш то ҳол холист.
Адиб боз се - чор қадами дигар ба сӯи офтобшин монда, дар рӯ ба рӯйи муҷассамаи шоҳсутуни адабиёти рус Максим Горкий ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ, ки паҳлуи ҳам нишаста, дар бораи мустаҳкам намудани робитаҳои адабии ду халқи ба ҳам дӯсту бародар суҳбат доранд, лаҳзае истод. Баъдан, барои хизматҳои шоёну беназири ҳар ду абармарди адабиёт сари таъзим фуруд овард.
Ба симои андешаманди устод Садриддин Айнӣ бо меҳр нигариста, заҳматҳои кашида, часпу талошҳо, шикасти муқовимату сангарҳои баъзе тангназарону кӯрдилонро ҷиҳати ба Донишгоҳи давлатии омӯзгорӣ додани номи устоди адибони тоҷикро ба хотир овард. ӯ бо як далерию матонат ба муқобилон исбот мекунонд, ки манзили сардафтари адабиёти муосири тоҷик ду қадам дуртар аз ин боргоҳи маърифат қарор дошта, ҳар субҳ устоди бузургвор бо асояш такякунон аз бари ин даргоҳи муқаддас мегузашт. Аз ин хотир бешубҳа сарвари адибони тоҷик ҳуқуқи маънавӣ дорад, ки ба ин Донишгоҳ номаш гузошта шавад. Ва ҳамин тавр ҳам шуд ва чанд соли умрашро ба роҳбарии ин макони дониш гузаронд.
Ва ӯ боз хомӯшона, орому сокит роҳашро давом дода, аз паҳлуи рӯди пурхурӯши Душанбе қадам зада, ба бинои факултети филология наздик шуда, иқдоми бесобиқаи худро ба хотир овард. Китобхонаи шахсии худро, ки тайи солҳои зиёд гирд оварда буд, ба факултет бахшид.Баъдтар бо дастгирии садорати факултет дар заминаи он Хазинаи профессор Худойназар Асозода таъсис дода шуд.
Ман аз паҳлуяш бе овоз гом мебардорам ва ба фикру андешарониҳояш халал ворид намесозам. Чунки аз соли 1961 бо ҳам дӯст буда,соли 2000 - ум ҳар ду якҷоя ба узвияти Иттифоқи нависандагон пазируфта шудем. Хислати хоксоронааш, хулқу атворашро хуб медонистам. Медонам, ки дар чунин лаҳзаҳо ба сукути ӯ мувоҷеҳ шудан гуноҳи нобахшиданист. Ин сукунати вазнинро худи олим мешиканад.
- Зарифҷон, ҳикояи «Калпанг» - атро дар рӯзномаи «Адабиёт ва санъат» хондам. Ин ҳикоя бар сабки нависандаи рус Шукшин навишта шудааст. Ҳикоя хеле дилчасп ва хотирмон сабт ёфтааст. Аслан, ту, бинобар беҳад бо ҳамдигар қарин будан устод нисбати ман ҳамин мафҳуми ҷонишини танҳоро истифода мебурд ваман чунин муомилаашро боиси ифтихор меҳисобидам, адиби моҷаронавис мебошӣ ва бояд бо ҳамин роҳи эҷодиат пеш равӣ. Ҳар адиб бояд хати эҷодии худро дошта бошад. Моҷаронависиатро давом бидеҳ ва пайваста осори адиби номвари рус Фёдор Достоевскийро биомӯз. Зеро ки маҳз ҳамин нависанда бори нахуст дар адабиёт ҳолати руҳии қаҳрамонро тасвир намудааст.
Байни мобоз хомӯшӣ ҳукмрон гашт. Ба гӯш танҳо садои қадаммонии бо маромаш шунида мешуд.
- Ман адибонеро, ки худро гоҳ ба назм мезананду гоҳ ба наср намефаҳмам ва фаҳмидан ҳам намехоҳам.Онҳо худашонро пайравӣ Айнӣ мешуморанд. Замони устод давраи пуршӯру пурмоҷарои сохтмони ҳаёти нав, барқарор намудани низоми нави ҷамъиятӣ ба шумор мерафт. Ва ин таҳавулотро устод мебоист ҳар чӣ зудтар дар асарҳояш тасвир менамуд. Хирадмандии устод дар ҳамин аст, ки пеш аз он ки ба жанри нав гузарад сабабҳояшро ба аҳли ҷомеа пешниҳод намуд ва дар тасвири воқеаҳою ҳодисаҳои замон бо сарбаландӣ баромад.
- Ҳоло бошад чӣ? Ду шеърак менависанду ба наср мегузаранд. Як ҳикоя чоп мекунанду ба назм мечаспанд. Ман инро адабиёт ном бурда наметавонам. Инро суханбозӣ, худнамоӣ ва қаллобии адабӣ ном мебарам. Нависанда услуби худ, роҳи эҷоди худ, сабки худ ва бинои зебою фарқкунандаи худро дошта бошад.
- Чаро солҳои охир шумораи достонҳо ва романҳои пурмазмун костааст? - Асозода нигоҳи чашмони меҳрубонашро ба рӯи ман равона кард.
- Дар ҷавоби ин саволи шумо ман оҷизам, - худро сафед карданӣ шудам.
- Зеро ки таҳавулот, парвози хаёлот, заминаи пурқуввати дониш, истеъдоди комил ва таҷрибаи зиндагӣ намерасад, - худаш ба ин саволҷавоб гардонд. - Бадбахтии нависандагони мо дар он аст, ки қариб ҳамаи онҳо адибони хонагӣ мебошанд. Онҳоро дар байни халқ тамоманнамебинед. Ба сафарҳои эҷодӣ аҳён - аҳён мебароянд. Аз таҷрибаи Улуѓзода истифода намебаранд. Аз ин хотирмисли адибони дигар худро ба ҳар дар назан. Моҷаронависиатро давом бидеҳ ва аз роҳи интихобкардаат рӯй нагардон. Боз аз панду андарзи ман наранҷӣ…
- Дӯст табарвору душман шакарвор, - бо ин масали халқӣ риштаи сухани дӯстамро буридам.
- Ҳақ асту рост, - муаллифи китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» даст барои хушбошӣ дароз кард ва ба дохили бинои факултети филология қадам монд.
Ба қомати баланд ва чеҳраи нуронии дӯстам назар карда, ба куллӣ бовар кардам,ки Худойназар Асозода яке аз пурмаҳсултарин муаллифи китоби дарсӣ ва шогирди бовафои мунаққиди оташинсухан Соҳиб Табаров буда, дар тадқиқи дастовардҳои се ҳавзаи адабии форсизабонон нахустин рисолаи «Адабиёти форсӣ ва се шохаи он» - ро ба табъ расондааст.
Солҳо гузаштанд. Ҳар гоҳи ба факултети филология сар халонам ба хотир меорам, ки агар умр вафо мекард, ин олими пуркор имсол ба синни мубораки 80 қадам мегузошт ва дар офаридани асарҳои тозаи илмӣ саҳми арзандаи худро мегузошт.
Зариф _ҒУЛОМ,
нависанда






Вернуться назад