Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj
» » » Машъалафрӯз

Машъалафрӯз

9-03-2021, 11:54
Хабарро хонданд: 374 нафар
Назарҳо: 0
Машъалафрӯз
Номи пурифтихори доктори илми педагогика,профессор Мирализода Абдусалом Мустафонимаи аввали соли 2000-ум ҳамчун устоди ғамхору мушфиқ ва маърифатпарвару маърифатпаноҳ миёни донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон соҳиби арҷу эҳтироми зиёд гардида, шогирдон дар симои ин роҳбари ғамхору мушфиқ устоди ҳақиқиро медиданд. Маданият ва маърифати баланди инсонӣ, нексириштиву некандешӣ ва ватанхоҳиву башардӯстиаш вирди забони ҳамагон будаву маърифати баланди инсониаш шерозаи ифтихори устодони донишгоҳ гардида, шогирдон дар симои хирадмандонааш падар, бародар ва дӯсти наздики хешро медиданд. Раёсати таҷрибаомӯзии донишгоҳ, ки бевосита ба фаъолияти педагогии донишҷӯён сару кор дошт, аз омадани ин устоди ғамхору мушфиқ ба боргоҳи маърифати миллӣ табдил гардида, ин кошонаи меҳр ва садоқати ватандорӣ садҳо шогирдонро дар рӯҳияи баланди ватанхоҳиву ватандорӣ тарбият намудааст. Ниҳолакони маърифати миллии Истиқлолияти кишвар зери сарпарастии ӯ бо ғамхории хеле зиёд фарогирифташуда шомили пайроҳаи пурифтихори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат,Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардида, бо ифтихори зиёди ватандорӣ дар хидмати меҳани азизи хеш мебошанд. Он гуна, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳама вохӯриҳояш ба зиёиёни кишвар аз боби таълиму тарбия ва ба роҳи пурифтихори ватансозӣ ва ватандустӣ сафарбар намудани насли ояндасози кишварро мавриди муҳокимаи ҳамагон қарор медиҳад, устод Мирализода яке аз ҷоннисорони воқеии ин ҷодаи пурифтихор мебошад. Собиқаи беш аз бистсолаи педагогии устод дар Донишгоҳи миллии кишвар ҳама дарҳои маърифати миллиро ба рӯи ӯ боз намуда,ин мактаби роҳбарӣ ва маърифатсозиаш садҳо шогирдонро ба мақоми роҳбарӣ дар риштаҳои илми ва масъулияти ватандорӣ овардааст. Эътибори баланди педагогӣ ва инсониву мардумпарварияш миёни устодони донишгоҳ ва аҳли илму эҷоди кишвар ифтихори ҳама ватандорон мебошад. Далели ин ҳама муҳаббат ва самимияти роҳбариаш гуфтаҳои яке аз устодони соҳибарҷу эҳтироми Донишгоҳи миллии кишвар, ки дар синни бистунуҳсолагиаш рисолаи доктории илмро бомуваффақият ҳимоя намудааст, метавонад, ки буда бошад. Ҳама муваффақиятҳояшро он устод дар ин ҷода ба устоди азизу арҷманд ва соҳибэҳтиром Мирализода Абдусалом Мустафо нисбат дода, мегӯяд: «Ростӣ аз замони донишҷӯӣ, ки устод ба мо дарси одамият медод, ба илм ва тадқиқот дилбастагӣ пайдо намудам. Шароити вазнини рӯзгор, ки модарам баъд аз гузаштани падар дар тарбияи мо шаш нафар фарзанд бо ранҷҳои зиёд пуштисар мекард, моро хеле нороҳат месохт. Хостам тарки хондан намояму ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия равам. Устоди азизам Мирализода аз вазъи ногуворам воқиф гардида, маро наздаш хонд. Бо муҳаббат ва самимияти зиёди падарона таъкид намуд, ки ин дониш ва истеъдоди фавқулодаро хор макун. Ҳар кумаке, ки аз дастам биёяд аз ту дареғ нахоҳам дошт. Устод тамоми чораҳои рӯи даст доштаашро истифода бурда, нагузошт, ки ман тарки донишгоҳ намоям. Ҳамин тавр, донишгоҳро бо сари баланду баҳои аъло хатм намуда, коромӯзи Донишгоҳи миллӣ гардидам. Дар тӯли наздик ба даҳ сол рисолаи номзадӣ ва докториямро дифоъ намуда, бо ифтихори зиёд ба шогирдон дарс мегӯям. Аз сиёсати фарҳангӣ ва ватанхоҳонаи Пешвои муаззами миллат ҳамеша пуштибонӣ намуда, меҳру муҳаббат ва садоқати бепоёни ватандориро, ки устоди азизам Мирализода Абдусалом Мустафо дар замони донишҷӯиям дар қалби кӯчакамон ҷой дода буд, бо муҳаббат ва садоқат мепарварам. Ба шогирдон ҳамеша бо таъкид аз мактаби садоқати ватандории Пешвои муаззам ва муҳаббати башардӯстиаш мисолҳо оварда, устодамро бо ифтихор яке аз мубаллиғони сиёсати фарҳангӣ ва башардӯстии Пешво ном мебарам».
Ростӣ, чунин қиссаҳои меҳрангез аз фаъолияти педагогии устод Мирализода Абдусалом Мустафо хеле зиёд буда, замони аз муовини раиси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба мақоми раиси Китобхонаи милии Тоҷикистон омаданаш ҳамагон мегуфтанд: «Хуш ба ҳоли кормандони Китобхонаи миллӣ. Мақдами мубораки файзрези устод ба Китобхонаи миллии кишвар низ файзу баракати зиёде овард». Ободкориву созандагӣ дар ин гулбоғи маърифати миллӣ дар чашми ҳамагон айён буд. Хидматҳои бузурги Пешвои муаззами миллат дар сохтмони ин иншооти маърифатхези кишвар бе ҳадду ҳудуд буда,чунин бинои муҳташам дар қитъаи Осиё набояд буда бошад. Замоне, ки устод Мирализода ба мақоми раиси ин кохи маърифату маонӣ таъйин шуд системаи ягонаи гармидиҳӣ ва барқу рӯшанафканӣ бо сабабҳои техникӣ ба талаботи хонандагон ҷавобгӯ набуд. Толорҳои калони барҳаво дар фасли дай бо он таҷҳизоти гармдиҳӣ наметавонист, ки ҳарорати толорҳоро гарм нигоҳ бидорад. Як соли аввали фаъолияти кориаш бо таъмиру тармим гузашт. ӯ аз уҳдаи ин корҳо бо сарбаландӣ баромада, соли дуввуми корӣ сафи хонандагонро зиёд намуда, корҳои илмиву тадқиқотии олимон ва шумораи китобу маҷалла ва рӯзномаҳо хеле зиёд гардид. Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сифати кор дар китобхона баланд гардида, шароити фаъолияти хонандагон ва муҳақиқини кишвар беҳ гардид. Ранҷу заҳматҳои созандагии раиси нави китобхона дар дили ҳазорон хонандагон меҳру муҳббат ба ин кохи маърифату маониро зиёд намуда, эътибори устод Мирализода Абдусалом Мустафо миёни мардум хеле зиёд гардид. Номи некаш сархат ва сарахбори маърифатпаноҳони кишвар гашта, толорҳои маърифатии ин даргоҳ лабрези ташнагони дониш ва маърифати миллӣ гардиданд. Иқдомҳои маърифатхезаш дар ҳама маҳфилу конфронс ва симпозиумҳои байналмилалӣ, ки дар онҷо сурат мегирифт, вирди забони ҳамагон буд. Ёд дорам, меҳмони яке аз конфронсҳои байналмилалӣ, ки аз Олмон дар он ширкат дошт, гуфт,ки ду сол пеш фасли зимистон дар ин толор ҳузур доштааст. Он замон толорҳо чунин гарму муназам набудаанд. Имсол бошад, хеле гарму муназам буда, ҳамакнун ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Ҳамин эътибори баланди созандагӣ ва кордониву лаётқатмандӣ ва роҳбари хирадманду оқил буданаш буд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои муаззами миллат, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моҳи январи соли 2020 ӯро ба мақоми ректори Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ таъйин намуд. Ин бор низ устод Мирализода Абдусалом Мустафо бо ҳама мушкилиҳои иҷтимоиву иқтисодии донишгоҳ нигоҳ накарда, қавл дод, ки ҳамаи камбудиҳои ҷойдоштаро бо дастгирии бевоситаи коллективи беш аз панҷсаднафараи устодон ва Вазорати илм ва маорифи кишвар батараф намуда, эътибори баланди донишгоҳро чун замони собиқи Шӯравӣ барқарор хоҳад намуд. Ҷаҳду талошҳои созанда ва ватанхоҳонаи устод аз рӯзи нахустини ба ин мақоми пурифтихор омаданаш оғоз гардид. Нахустин вохӯрӣ бо устодон нишон дод, ки ҷамъияти илмиву маърифатии панҷсаднафараи донишгоҳ ӯро хеле хуш пазируфта, бо ифтихормандӣ гуфтанд, ки паҳлу ба паҳлу аз сиёсати хирадмандонаву маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат пуштибонӣ хоҳанд намуд. Як моҳи аввали ошноӣ бо ҳайати донишгоҳ ва бурду бохтҳои он дар соли таълимии 2019 ӯро водор сохт, ки ба ҳар як масъала ва мушкилоти ҷойдошта ҷидди муносибат намояду бо рӯҳи баланди созандагӣ дар паи таъмири онҳо шавад. Донишгоҳ дорои чаҳор раёсат, панҷ шуъба ва даҳ факултет буда, инчунин, коллеҷи омӯзгорӣ, маркази касбомӯзӣ дар ноҳияи Муъминобод, муассисаи такягоҳии литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб, кӯдакистони «Ситора» дар назди донишгоҳ, Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи устод Сайдалӣ Вализода, истироҳатгоҳи «Истиқлол» дар ноҳияи Муъминобод шомили он мебошад.
Яъне барои ректори тозаинтихоби донишгоҳ хеле вақт мебояд, ки аз ҳар кадоми ин муассисаҳои таълимиву фароғатӣ дидан намояду дарду доғҳои онҳоро бишнавад. Устод Мирализода, ки таҷрибаи бой ва истеъдоди фавқулодаи роҳбариро аз Донишгоҳи миллии Тоҷикистон андӯхта буд ва бо панҷ роҳбари Донишгоҳи миллӣ сарбаландона фаъолият намуда, роҳу равиши корро хеле устодона ба роҳ монд. Дар тӯли ёздаҳ моҳи фаъолияти корӣ бо ҳайати беш аз панҷсаднафараи устодон шаш китоби дарсӣ, нӯҳ монографияи илмӣ, бисту ҳашт дастури таълимӣ-методӣ ва зиёда аз панҷсаду ҳафтод мақолаи илмиро интишор намуда, эътибори илмии донишгоҳро хеле баланд бардошт. Новобаста ба душвориҳои молиявӣ бо дастгирӣ аз сиёсати мардумпарваронаи Пешвои муаззами миллат иловатан ба кумакҳои молии иттиҳодияи синфии донишгоҳ ба 41 нафар ятимони кулл, ки ба кумак ниёз доштанд, аз фонди захиравии идрорпулии донишҷӯён аз 1.09.2020 то31.01.2021 бо маблағи 23275 сомонӣ кумак расонида шуд. Фонди умумии китобхонаи донишгоҳ дар давраи ҳисоботӣ 99008 номгӯй китобро ташкил дода, фонди умумии китобхонаи электронӣ бошад, дар соли нави таҳсили 2020-21 ба 196325 номгӯй расонида шуд. Солҳои охир дар донишгоҳ 79 синфхона мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта, 2255 ҷои нишаст дар ихтиёри донишҷӯён гузошта шуд.
Шуъбаи хоҷагии донишгоҳ бошад, моҳи феврал ва марти соли 2020 дар Бӯстонсарои ш.Кӯлоб дар майдони 0,4 га гул ва буттаҳои ҳамешабаҳори ороишӣ 5 га дарахти ҳамешасабзи санавбар шинонда, дар майдони 1 га ҷорӯби найшакар ва дар майдони 0,5 га дони ҷуворимакка ва лӯбиё коридаанд. Ҳамзамон, дар ҳамин давра хобгоҳи донишҷӯён пурра таъмир гардида, дар ду ҳуҷраи осоишгоҳ дастгоҳи нафасдиҳии сунъӣ ва чароғҳои нурафкан насб гардиданд. Инчунин, хобгоҳи донишҷӯён ки солҳои зиёд аз беобӣ ранҷ мебурданд, бо системаи ягонаи обу корези ҳозиразамон пайваст гардида, 22 ададташтҳои ҳамом, 25 дастшӯяк ва 22-то воситаҳои санитарӣ иваз карда шуданд. Боиси ифтихор ва шарафмандии зиёд мебошад, ки бо мақдами мубораки созандагии устод дар донишгоҳ Маркази илмии «Ҳамадоншиносӣ» ва як китобхона бо теъдоди 300 номгӯй адабиёти соҳавӣ дар факултети филологияи тоҷик мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Метавон бо қаноатмандӣ ва ифтихори зиёди ватандорӣ аз иқдомҳои созандаву ватанхоҳонаи устод Мирализода Абдусалом Мустафо дар ҳошияи Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ ва Маҷлиси намояндагони кишвар ифтихор намуд. Яъне устод Мирализода Абдусалом Мустафо машъалафрӯзи сиёсати маорифпарваронаи ғояҳои ватанхоҳонаи Пешвои муаззами миллат буда, ин сиёсати хирадмандонаро бо ифтихори зиёди ватандорӣ мавриди омӯзиши ҳама устодону донишҷӯён қарор додааст. Ва шояд ҳамин буда бошад, ки ӯ дар хилвати андешаҳои созандааш мегӯяд:

То машъали эътибор ба дастам доданд,
Чун майсаи пурдона ба бодам доданд.

Ҷумъахони ТЕМУРЗОДА

Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: