Бақайдгирӣ Ворид
Ворид ба сомона
tj

САДОИ ЁДҲО

16-12-2020, 15:23
Хабарро хонданд: 926 нафар
Назарҳо: 0
(Сухане чанд аз рӯзгори аввалин зан, аввалин модар ва аввалин дилбари тоҷик Гулнора Комиловна Пулодова, ки дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ дар мақоми вазири тандурустии Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон ба хотири фардои дурахшони миллат қаҳрамониҳои зиёде нишон додааст.)
Ман модарам, маломати дунё кашидаам,
Ман модарам ба қисмати дунё гиристаам.

Зиндагиномаи ин зан, ин модар, ин дилбар ва ин духтари номбардори миллат дар сафаҳоти китоби номуси ватандорӣ, бо ҳарфҳои тиллоӣ сабт гардида, аз тавлид то вопасин нафас пур аз сару садоҳои матонату қаҳрамонӣ мебошад. Ҳаштуми марти соли 1936 ӯ дар хонадони ду ситораи тиллоии театр ва кинои тоҷик, Артисткаи халқии Тоҷикистон, аввалин зан дар саҳнаи театр ва кинои тоҷик, ситораи муҷаллои нақшофарӣ София Тӯйбоева ва Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, қаҳрамони арсаи кору пайкори Шӯравӣ, барандаи Ҷоизаҳои Ленинӣ ва Сталинӣ ва даҳҳо нишони пурифтихори Иттиҳоди Шӯравӣ Комил Ёрматов дар шаҳри Душанбе чашм ба олами ҳастӣ кушода, мақдами муборакаш аввалин филми пуровозаи кинои тоҷик «Муҳоҷир»-ро манзури оламиён гардонида, номи поки пурифтихори падару модари азизаш шуҳрату шони кинои тоҷик ва тоҷику Тоҷикистонро рашки ҳазорон эътибори олами ҳастӣ намуда буд. Гулнора дар хонадони ин ду ахтари муҷаллои театр ва кинои тоҷик чашм ба олами ҳастӣ кушода, бо ҳазор умеду орзу ба ояндаи дурахшон гомҳои хешро мегузошт. Ҳамагӣ чаҳор сол дошт, ки қисмат ва сарнавишт занҷири муҳаббати падару модари азизашро гусаст. Устод Комил Ёрматов бо андаке гулранҷишҳои рӯзгор тоб наоварда, Тоҷикистонро тарк намуда, муқимии кишвари ӯзбекистони Шӯравӣ мешавад. Тарбияи Гулнора бар дӯши модари бузургвораш уфтода, бо тамоми серкорӣ, яъне саҳнаи театр ва кино ва омӯзишҳои мустақилона нигоҳ накарда Гулнораро дар рӯҳияи ватанхоҳӣ тарбият намуда ба хотири фардои дурахшонаш тамоми неруву тавоноиашро сарфи тарбияти ӯ намуд. Дар шароити сангини рӯзҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки барои ҳар як бошандаи кишвар мушкилоти зиёди иқтисодиву иҷтимоиро ба бор оварда буд, модари мушти пари ӯ тавониста, ки ӯро бо матонату қаҳрамонӣ тарбият намояд. Он гуна, ки худи Гулнора Комиловна Пулодова замоне дар мавриди заҳматҳои модараш дар роҳи тарбия ва ба воя расониданаш гуфта буд. «Баъди он ки падарам Тоҷикистонро тарк намуд, ҳама мушкилоти рӯзгор бар дӯши модарам уфтод. Модарам шабу рӯз дар саҳнаи театр ва кино заҳмат кашида, гоҳо ба тарҷимаи асарҳои саҳнавӣ ва дубляжи киноҳо машѓул гардида, рӯзгорамонро пеш мебурд. Ҳамсоягии мо ба шоири инқилобӣ устод Лоҳутӣ ва ҳамсари ӯ Силсилабону барои модари азизи ман такягоҳи бузурге буд. Устод Лоҳутӣ ва ҳамсараш Силсилабону маро духтари худ хонда, ҳамеша ѓамхори ман буданд. Модарам ҳамроҳи устод Лоҳутӣ дар тарҷимаи бисёре аз асарҳои классикони ҷаҳонӣ аз русӣ ба тоҷикӣ ҳамкорӣ менамуд. Ҳамин ҳамкорӣ ва ҳамсоягиву ҳамнишинии хонадони мо бо хонадони устод Лоҳутӣ дар таълиму тарбия ва хонишу фаъолияти кории ман таъсири бузурги хешро гузошта, мо узви як пайкараи фарҳанги ҷаҳонӣ гардида будем. Вақте ки устод Лоҳутиро баъзе аз роҳбарони вақти Тоҷикистони Шӯравӣ бо ҳар роҳу восита садди роҳи эҷодаш гардиданду ӯ Тоҷикистонро тарк намуд, ману модарам ҳар сол тобистон ба аёдати устод мерафтем. Ёд дорам, ки тобистони соли 1956 ману модарам дар шаҳри Маскав ба аёдаташ рафтем. ӯ аз шодиву фараҳ чи гуфтанашро намедонист. Як акси бисёр зебояшро ба ман тақдим намуда, пушти он соядасташро гузошт. То ҳанӯз он акс пурарзиштарин мероси устод дар хонаи мо нигоҳ дошта мешавад». Он соядастеро, ки шоири шаҳири инқилобӣ устод Абулқосим Лоҳутӣ барои Гулнора ба ёдгор гузоштааст, худ як навъ пешгуии хирадмандонаи устод ба ояндаи дурахшони ин дилбар, ин духтар ва ин модари ифтихори тамоми модарони тоҷик мебошад. Баъди ҳашт сол устод Комил Ёрматов ба хотири навори филми Абуалӣ ибни Сино ба шаҳри (Сталинобод) Душанбеи кунунӣ меояд. ӯ ҳеҷ бовар надошт, ки дар ин сафари корӣ бо духтари азизаш Гулнораи дувоздаҳсола рӯ ба рӯ мегардад. Ғайричашмдошт онҳо бо ҳам вохӯрда, бо муҳаббату самимият соате бо ҳам суҳбат намуда, аксеро низ ба ёдгор барои таърих монданд. Шуълаи умед ва меҳру муҳаббат дар дили Гулнора аз нав шарораҳои рахшону меҳрро афрӯхта, дасти навозиши падари қаҳрамонашро оѓӯш намуда, мебӯсид. Падар низ сари ӯро сила намуда, бо муҳаббат ва самимият мегуфт, ки ба ҳамааш ман гунаҳкорам. Ин ҳама чун навори кино баъди чанде ба бойгонии ёдҳо зиндонӣ гардид. Гулнораи ҷавон бо модари мушти пар ҳама рӯзу рӯзгорро бо ҳазорон орзуву умед пушти сар менамуд. Дониш ва фазилати баланди ӯ ҳама ҳамсинфон ва устодонашро ба ҳайрат оварда буд. Аз дружинаи пионерии мактаб то ташкилоти комсомоли Ленинии мактаби №20 шаҳри Душанбе ӯро ҳамчун хонандаи аълохон ва ташкилотчии матиниродаву соҳибэътибор мешинохтанду арҷаш мегузоштанд. Ҳарчанд орзуи модар дар риштаи санъат ва ҳунари театрӣ давом додани таҳсилоти ӯро хоста бошад ҳам, орзуи Гулнора табиб шудан буд.
МАРҲАМИ ДАРДҲО
Пеши чашмаш захмиҳои даврони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва модарони дардманди чашм ба роҳи фарзандон ҷилвагар гардида, ӯро ором намегузошт. Ниҳоят баъди хатми мактаби миёнаи №20 шаҳри Душанбе ҳуҷҷатҳояшро ба Донишкадаи тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино супурда бо гирифтани холҳои баланд сазовори номи пурифтихори донишҷӯ мегардад. Дар баробари таҳсил корҳои ташкилотчигиаш аз роҳбарии комсомоли факулта ва донишкада то ба мақоми узви Ҳизби коммунистии донишкада мерасад. Баъди хатми донишкада муддате дар курсҳои тахассуси таҳсилоташро давом дода баъди чанде унвонҷӯи унвони илмӣ гардида, дар баробари унвонҷӯй буданаш, дар корҳои ҷамъиятии донишкада фаъолияти пурсамар намуда, ба узвияти раёсати Ҳизби коммунисти донишкада шомил гардида, ҳамеша дар корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва иҷтимоиву сиёсии донишкада парчамбардор буд. Шояд ҳамин корҳои ташкилотчигиаш буда бошад, ки корҳои илмиаш каме тӯл мекашад. ӯ ки коромӯзи Донишкадаи илмӣ-тадқиқотии ҷарроҳии асаби ба номи Бурденкои Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ дар шаҳри Маскав буд, ин ифтихороти бузург ӯро водор сохт, ки рисолаи илмиашро дар як муддати муайян дифоъ намояду фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва пизишкиашро бар манфиати мардуми Тоҷикистони азизаш истифода намояд. Ҳамин тавр, рисолаи номзадиашро соли 1966 бомуваффақият дар шаҳри Маскав дифоъ намуда, ба шаҳри азизи Душанбе бармегардад. Ин донишманди ҷавон ягона мутахассиси касбии ҷарроҳии асаб миёни занҳо, дилбарон ва духтарони Тоҷикистони Шӯравӣ буд. Ҳамакнун, мехост аз рӯи тахассус марҳами дарди садҳо модарон гардад. Азбаски он замон аксари табибони ҷарроҳи асабшинос мардони аз фронт баргашта буданд, ӯ маҷбур шуд, ки на аз рӯи тахассус балки аз рӯи ҳунар ва истеъдоди баланди пизишкиаш марҳами дарди беморон бошад. Ҳарчанд мехост тадқиқоти илмиашро бо тахассуси ҷарроҳи асаб ва табобати авзои рӯҳии бемор дар Донишкадаи тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино, ки худ парвардаи он даргоҳ буд ва ҳамчун олими воқеӣ ва ташкилотчиву роҳбари соҳибарҷу эҳтиром давом бидиҳад вале ба ӯ ин имкониятҳои корӣ даст надод. Ва муддате чанд дар дармонгоҳи №3, ки наздики хонаашон буд ба фаъолияти пизишкӣ машѓул гардида, дар як муддати кӯтоҳ ҳамчун табиб соҳиби арҷу эҳтироми баланди тамоми пизишкон гардида, даҳҳо модарону духтарон аз дасти ӯ шифо ёфта, бо эҳтиром ва самимияти баланд номашро ба духтарони хеш гузошта умед бар он доштанд, ки мисли Гулнора ба дарди ҳамаи модарон шифобахшанда гардад. Фаъолияти кории Гулнора Комиловна дар ҳамин дармонгоҳи овозадори ҷумҳурӣ оѓоз гардида, ӯро соҳиби арҷу эҳтироми баланд намуд.Таҷрибаи касбиаш донишу фазлу фаросат, сиришти поки инсонӣ, муносибат бо беморон, ѓамшарики онҳо будан, аз ҳолу аҳволи ҳар як бемор пурсидан, дар дили ноумеди аксари беморон бахшидани умед ӯро на танҳо бо беморон балки бо ҳалқаи табибону ходимони илмӣ ва роҳбарияти дармонгоҳ хеле наздик намуда буд. Вақте ки фарзанди нахустини онҳо Зебо ба дунё меояд ва хотири нигоҳубини он ӯ маҷбур мешавад, ки боз ба тадқиқотҳои илмӣ баргардаду корро дар Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино дар кафедраи «Нормальной физиологии» давом диҳад. Ваҳамин тавр ҳам шуд. Ва дар ҳамин кафедра то мақоми дотсенти кафедра фаъолият намуда, соли 1980 ӯро ба хотири қобилияти баланди ташкилотчигӣ доштанаш ба мақоми олии роҳбари коммунистони донишкада таъйин менамоянд. Набояд фаромӯш кард, ки тамоми роҳбарияти Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Сино ҳама аъзои ҳизби ҳокими коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ буданд. Кумитаи Ҳизби коммунисти ин донишкадаи овозадори ҷумҳурӣ наздик ба сесад нафар аъзо дошт, ки даҳҳо нафари онҳо он замон академикҳои шуҳратёри Тоҷикистони Шӯравӣ буда, даҳҳо нафари дигар докторҳои илм ва машҳуртарин табибони Тоҷикистони Шӯравӣ ба шумор мерафтанд. Табибони ҷарроҳи устухони рӯю ҷоѓи шаҳраки табибони Донишкадаи давлатии тиббии ба номи Абуалӣ ибни Синои шаҳри Душанбе дар тамоми қаламрави Иттиҳоди собиқи абарқудрати Шӯравӣ хеле овозадор буданд. Мушкилтарин ҷарроҳиҳоро пизишкони тоҷик анҷом дода, эътибори онҳо дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ хеле овозадор буд. Он замон як зумра академикҳо ва докторҳои илми тиб, ки ҳамзамон,роҳбарии кафедраҳоро бар дӯш доштанд, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шуҳратёртарин олимони на танҳо қаламрави ТоҷикистониШӯравӣ балки шинохтатарин олимони қаламрави Иттиҳоди собиқи абарқудрати Шӯравӣ буданд. Ногуфта намонад, ки шавҳари Гулнора Комиловна низ доктори илмҳои тиб, профессор Абдулло Ѓоибов иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд. Яъне муносибати хуби ӯ бо коллектив ва роҳбарияти донишкада ва қобилияти баланди ташкилотчигияш ӯро ба ин мақоми олӣ овард. Моҳи феврали соли 1985 ӯро роҳбарияти олии кишвар ба мақоми вазири тандурустии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон пешбарӣ намуда, барои тасдиқи ин мақом ӯро ба шаҳри Маскав назди вазири тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ академик Е. И. Чазов мефиристанд. Ногуфта намонад, ки мақоми вазири тандурустии понздаҳ ҷумҳурии қаламрави Иттиҳоди Шӯравиро то омадани Гулнора Комиловна мардҳо бар дӯш доштанд. Аксари вазирони тандурустии кишварҳои Иттиҳоди собиқи Шӯравӣ мӯйсафедон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ буданд. Дармаҷлиси васеи Вазорати тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ 24 феврали соли 1985 Гулнора Комиловна ягона зан-модар ва дилбари тоҷик буд, ки миёни понздаҳ нафар вазирони мард рост меистод. Вазири тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ академик Е.И. Чазов Гулнора Комиловнаро ба ҳайати раёсати Вазорати тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ шинос намуда, аз вазирони вақт хоҳиш намуд, ки агар касе дар мавриди Гулнора Комиловна чизеро фаҳмидан хоҳанд марҳамат аз худи ӯ бипурсанд. Ҳамагон бо ҳайрат ба ӯ менигаристанд. Хомӯшии тӯлониро вазири тандурустии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Украина Романенко шикаста, назарногирона аз Гулнора пурсид: «Никак не пойму. Я вот министр, а моя жена, стало быть- министерша. А ты кто?» Гулнора бе ягон истиҳола мегӯяд: «Министерва», ин посух вазири вақти Украинаро хеле нороҳат намуд. Аз шарм ва хиҷолат чи гуфтанашро намедонист. Боз Гулнора барои аз вазъи ногувор баровардани ӯ гуфт, ки ӯ шӯхӣ намуд. Ин ҳозирҷавобӣ ва ҷасорату матонати ӯро вазири тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ академик Е.И. Чазов хеле хуб пазируфта, дар охир гуфт, ки густохӣ ва донишмандии Гулнора Комиловна моро водор месозад, ки ба занҳо дар корҳои роҳбарӣ бештар бовар намоем. Ҳамин нахустиштироки ӯ дар маҷлиси васеи раёсати тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ ӯро бо тамоми вазирони вақти тандурустии кишварҳои Иттиҳоди Шӯравӣ, махсусан бо вазири тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ академик Е.И. Чазов хеле наздик намуд. Онҳо дар сурати ин зани қаҳрамон тавонотарин вазири қаламрави Иттиҳоди Шӯравиро медиданд. Воқеият ҳам ҳамин буд. Гулнора, ки дар сират ба падар бештар шабоҳат дошт, ҳама хулқу атвор ва ҷасорату матонаташ ба падари қаҳрамонаш Артисти халқии Иттиҳоди Шӯравӣ, барандаи ҷоизаҳои Ленинӣ, Сталинӣ ва давлатии Иттиҳоди Шӯравӣ, қаҳрамони арсаи меҳнати Иттиҳоди Шӯравӣ дурахшонтарин ахтари кинои Иттиҳоди ШӯравӣКомил Ёрматов хеле шабоҳат дошт.Ҳамин тавр, Гулнораи далер ва ҷасур бори гарони сиҳати мардуми Тоҷикистони Шӯравиро бар дӯш гирифта, дар ин мақоми олии пурмасъулият аз вазирони тандурустии чаҳордаҳ кишвари бародар, ки ҳама қаҳрамонони майдони набарди оташу хун буданд, ҳеҷ камиву костие надошт. Ин зан, ин модари ҷасури тоҷик баъди тасдиқ ба ин мақом дар шаҳри Маскав аввалин касе, ки ӯро ба ин мақом муборакбод гуфт, дӯсти дерини хонадони онҳо, ҳамсари азизи шоири шаҳири инқилобӣ устоди зиндаёд Абулқосим Лоҳутӣ Силсилабону буданд. Силсилабону ки «Шоҳнома»-и абадзиндаи устод Абулқосим Фирдавсиро аз форсӣ ба русӣ тарҷума менамуд, бо ҳамроҳии устод Лоҳутӣ наздиктарин дӯсти хонадони Гулнора Комиловна буданд. Замони дар мақоми вазири тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистони Шӯравӣ будани Гулнора Комиловнаро академик Минҳоҷ Ѓуломов хеле хуб ёдоварӣ намуда, дар мусоҳибаи тахассусиаш дар мавриди ӯ чунин гуфта буд: «Омадани Гулнора Комиловна Пӯлодова ба мақоми вазири тандурустии Тоҷикистони Шӯравӣ нишони барҷастаи шукуфоии ояндаи Тоҷикистон аст. Гулнора дар хонадони аҳли фарҳанг ба дунё омада, ҷоннисори тамоми табибони кишвар мебошад.Таҷрибаи бузурги корӣ тадқиқотҳои илмии ӯ дар шароити иқлими кӯҳистони тоҷик эътибори баланди илмӣ ва ташкилотчигиаш ӯро такон медиҳад, ки соҳаи тандурустии кишварро хеле боло бардорад. Муносибати хуби ӯ бо вазири тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ академик Е.И. Чазов ба ӯ имкон медиҳад, ки чандин иншоотҳои қариб вайроншударо аз нав таъмир намояд. Инчунин, дар бунёди бисёре аз иншоотҳои нави тиббӣ тавассути Вазорати тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ саҳмгузор бошад. Ростӣ, ман омадани Гулнора Комиловнаро ба мақоми вазири тандурустии кишвар давраи нави шукуфоии Вазорати тандурустии кишвар медонам». Ин баҳои як олими шинохта, академики номвари кишвар он қадар воқеият дошта будааст, ки ҳанӯз иншоотҳои сохтаи ӯ дар риштаи тандурустии кишвар дар хидмати шабонарӯзии мардум мебошанд. Иншоотҳои сохтаи ӯ дар кишвар аз қабили Таваллудхонаи шаҳрии №3 касалхонаи вилоятии вилоти мухтори Бадахшон, касалхонаҳои ноҳияи Ёвон ва Куйбишев (ҳоло Абдураҳмони Ҷомӣ), Омӯзишгоҳи тиббӣ дар Саргазони ноҳияи Данѓара, маркази дармонбахшӣ барои иштирокчиёни ҶБВ. (ҳоло табобатхонаи ҳарбии Вазорати Мудофиа), диспансери наркологӣ ва машҳуртарин Маркази ташхиси беморӣ дар Осиёи Миёна, дар маҳаллаи 46-уми шаҳри Душанбе нишони баръалои тавонмандии ӯ мебошад. Набояд фаромӯш кард, ки замони Шӯравӣ барои сохтмон ва ё тармими як иншоот ризогии Маскавро гирифтан осон набуд. Гулнораи ҷасуру донишманд ва соҳибэътибор дар миёни чаҳордаҳ вазири ҷамоҳири Шӯравӣ тавонотарин вазир будааст. Ин ҷо хеле ба маврид медонам, ки дар мавриди таърихчаи ин бинои муҳташам «Маркази ташхиси беморӣ», ки он замон дар Осиёи Миёна ягона марказ ба ҳисоб мерафт, чанд ҳарфро ёдоварӣ намоям. Охири солҳои ҳаштод рӯзномаи «Правда» мақолаеро дар мавриди ҳангоми таваллуд фавтидани тифлҳо дар Осиёи Марказӣ мавриди муҳокимаи Роҳбарияти Олии Иттиҳоди Шӯравӣқарор медиҳад. Баъди интишори ин мақола Роҳбарияти Олии Иттиҳоди Шӯравӣ дар ҷустуҷӯи пешгирии ин талафоти ҷонӣ, чораҳои зарурӣ андешида, аз Вазорати тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ сабабҳои онро мепурсад. Вазорати тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ таҳти сарварии академик Е.И. Чазов комиссияи босалоҳияте таъсис дода, ба ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мефиристад. Баъди омӯзишу тадқиқот комиссия хулосаашро ба роҳбарияти олии кишвар пешниҳод намуда, интизори посух мешаванд. Баъди шаш моҳи санҷиш Роҳбарияти олии Иттиҳоди Шӯравӣ ба академик Е.Н. Чазов супориш медиҳад, ки барои сохтани як бинои муҳташами ба талаботи тибби ҷаҳонӣ ҷавобгӯ дар Осиёи Миёна яъне «Маркази ташхиси беморӣ» маблаѓҳои зарурӣ ҷудо намоянду ин бино ҳарчи зудтар сохта, ба истифода дода шавад. Ҳамин тавр, вазири тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ академик Е.Н. Чазов аз вазирони тандурустии Осиёи Миёна хоҳиш менамояд, ки фурсат бисёр кам мондааст, агар касе аз вазирони кишварҳои Осиёи Миёна ҳамин хел бино, ки ба талаботи меъёрҳои «Маркази ташхиси беморӣ» ҷавобгӯ пайдо намояд, Вазорати тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ он биноро бо тамоми таҷҳизоти ташхиси замони нав бо кадом маблаѓе, ки лозим шавад таъмин менамояд. Вазирони чаҳор кишвари Осиёи Миёна дар талоши пайдо намудани бино ба кишварҳои худ баргаштанд.
ТАЛОШҲОИ ВАТАНДОРӣ
Гулнора мехост ҳарчи зудтар биное пайдо намояду онро дар Душанбеи азизаш мавриди баҳрабардорӣ қарор бидиҳад. Беш аз як моҳ сари ин масъала бедорхобӣ кашида, ниҳоят биноеро дар маҳаллаи 46-ум пайдо намуд. Ин бинои баландошёна чанд сол боз аз набудани маблаѓи зарурӣ ба гӯшаи фаромӯшӣ уфтода буд. ӯ бо котиби аввали Ҳизби коммунисти вақт Қаҳҳор Маҳкамов дар мавриди он бино машварат намуд. Қаҳҳор Маҳкамов гуфтанд, ки ин бино дар ихтиёри роҳбарияти Тоҷикистон набуда, балки ин биноро Институти лоиҳакашии «Гипрострой»-и Иттиҳоди Шӯравӣ сохтаасту ба ҷуз Маскав касе ин масъаларо ҳал карда наметавонад. Гулнора Комиловна худи ҳамон рӯз бо вазири тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ академик Е.И. Чазов тавассути телефони хидматӣ мулоқот намуда, аз ӯ хоҳиш намуданд, ки бинои мувофиқе барои он марказ пайдо намудааст. Аммо роҳбарияти вақти кишвар қудрати додани он биноро ба Вазорати тандурустӣ надоранд. Академик Е.И. Чазов, ки дар баробари вазир буданаш духтури табобатии роҳбарияти олии кишвар буд, Гулнораро гуфт, ки агар барои гирифтани бино иҷозаи Маскав лозим бошад, худи пагоҳ ман ин масъаларо ба роҳбарияти олии кишвар мефаҳмонам. Муждаи пирӯзиро дар ин талошҳо Гулнора Комиловна баъди ду рӯз гирифт. Ҳама ҳуҷҷатҳои расмӣ имзо шуда, ба Вазорати тандурустӣ оварда шуданд. Харидорони он бино, ки бо баъзе аз давлатмардони замон хеле наздик буданд, бо ҳамдигар забон як карда, бар таҳдиди вазири тандурустӣ пардохтанд. ӯро дар маҷлисҳои Ҳукумат таънаву маломат намуда, бо ҳазор туҳмати гӯшношунид бадномаш месохтанд. Мегуфтанд, ки мо давлатмардҳо як пули пачақ намеёбем, ки иншоотҳои аввалияи мардумро таъмир намоем. Магар ин зан девона шудааст, ки як бинои чандин солҳо хобрафтаро гирифта, таъмир намояду ҳамаи ҳуҷраҳои онро бо таҷҳизот таъмин кунад. ӯро Маскав бозӣ доронда шармандааш месозад. Ин ҳама таънаву маломат вуҷуди Гулнораи далеру пуршуҷоати ватанхоҳро дар оташ месӯзонд. Аммо пеши чашми ӯ ҳазорон бемор бо дарду ҳасрат дар кураи дарди ҷонкоҳ месӯхт. Тӯли шаш моҳи бедорхобӣ бино шаклашро дигар намуда, қоматаш баъди таъмиру тармим дилработар гардид. Ин ҷоннисорӣ ва талошҳои ватанхоҳонаи Гулнора Комиловна дар маркази диққати вазири тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ академик Е.И. Чазов қарор дошт. Ниҳоят охири соли 1989 маблаѓи ҳафт миллион доллари амрикоӣ ба хазинаи ҷумҳурӣ ворид гардид. Таҷҳизотҳои навтарини ташхиси беморӣ аз бузургтарин ширкатҳои ҷаҳонӣ«Siemens», «Heilige», аз Олмон мебоист тавассути ҳавопаймоҳои Боинг ба Душанбе оварда мешуд. Майдони ҳавоии Душанбе ҳавопаймоҳои бузургро қабул карда наметавонист. Барои нишастани онҳо дар майдони ҳавои Душанбе мушкилоти зиёде буд. ӯ боз ба вазири тандурустии Иттиҳоди Шӯравӣ академик Е.И. Чазов дар мавриди овардани таҷҳизотҳо ба Душанбе мулоқот намуда, кумак хост. Ин бор низ академик Е.И. Чазов бо роҳбарияти идораи ҳавопаймоии Иттиҳоди Шӯравӣ машварат намуда, иҷозати ворид гардидани ҳавопаймоҳои калони боркаш ба майдони ҳавои Душанберо гирифт, ҳамин тавр, тамоми таҷҳизотҳо ворид шуданд. Насб кардани он асбобҳо низ сар шуд. Шабу рӯзи дароз вазир- Гулнора Комиловна болои сари коргарон буд, то он таҷҳизотҳои пурқимат дуруст васл гарданду дар хидмати мардум бошанд. Рақибонаш бошад, чанд давлатмарди бешараф ӯро бадном сохта, бо ҳар роҳу восита ӯро аз ин мақом дур кардан мехостанд. Ниҳоят рақибони нотавонбинаш нимаи дуюми соли 1990 ӯро аз мақоми вазири тандурустии Тоҷикистони Шӯравӣ барканор намуданд. Баъди чанде бинои хуштарҳи «Маркази ташхиси беморӣ» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Дар рӯзи тантанаи кушодашавии он ӯро даъват накарданд. Шояд он нотавонбинон пиндоштанд, ки Гулнораро шикастанд. Не. Зинҳор не. ӯ як зан, як модар, як дилбари тоҷик буд, ки барои мардумаш зиндагӣ карда, то вопасин нафас бо садоқат бар Ватан ва миллати қаҳрамони гурдзои тоҷикаш зиндагӣ карда, чун падару модари бузургвораш умрашро фидои ободии кишвар намуд. Садои ёдҳо аз дуриҳои дур гӯши ҷони моро аз фаромӯшшудаҳо ёдрас намуда, бо садои дард мегӯяд:
Нохуни хаёл хун шуду накшудем.
Як кӯргиреҳи зиндагиро ҳаргиз.


Ҷумъахони Темурзода

РS. Хеле бамаврид мебуд, ки баъди ин шаҳрдори азизи Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки бо мақдами муборакаш Душанбе рашки сад Ландону Порис гаштааст, тоблуеро ба хотири номи пок ва қаҳрамонии ин зан, ин модар, ки дар бунёди ин маркази ташхис, ки он замон назираш дар қаламрави Шӯравӣ набуд, саҳми бузургашро гузоштааст, дар девори бинои ин кохи сарсабзии миллат сабт намуда, номи поки ӯро ба ин марказ мегузоштанд.
Мақоми мавод:
  
Чоп
Хонандаи азиз, ба сомона Шумо ҳамчун истифодабарандаи қайднагардида ворид гардидед. Аз ин рӯ, барои пайдо намудани имкониятҳои бештари сомона ба Шумо тавсия медиҳем, ки худро ба қайд гиред ва ё бо номи қайдшудаи худ вориди сомона гардед.
Назари худро гузоред
Номи Шумо: *
E-mail: *
Матни назар:
Полужирный Наклонный текст Подчеркнутый текст Зачеркнутый текст | Выравнивание по левому краю По центру Выравнивание по правому краю | Вставка смайликов Вставка ссылкиВставка защищенной ссылки Выбор цвета | Скрытый текст Вставка цитаты Преобразовать выбранный текст из транслитерации в кириллицу Вставка спойлера
Рамз: Включите эту картинку для отображения кода безопасности
Агар рамз ноаён бошад, он гоҳ пахш намоед
Рамзро ворид кунед: